Қурбонӣ. Онро ба кӯдакон чӣ тавр бояд фаҳмонид?

Идҳо аз ҳама бештар ба кӯдакон маъқуланд. Хусусан, идҳои суннатӣ онҳоро бештар болидарӯву хурсанд месозанд. Онҳо дар рӯзҳои ид либосҳои наву зебо пӯшида, ба хонаҳои хешу ақрабо, ёру ошно мераванд. Бешак, дар рӯзҳои ид нидои «Иди нав муборак» шунида мешавад. Ва инак, баъди чанд рӯз иди нав ҳам меҳмони мо мешавад. Иди саиди Қурбон.

Яке аз хусусиятҳои ин ид қурбонӣ ё забҳ кардани чорвост. Вале мо ба кӯдакон аҳамияти қурбонӣ, чӣ будани онро фаҳмонидаем? Оё онҳо медонанд, ки чаро ин идро Қурбон номидаанд? Агар не, пас зарур аст, ки ҳар як падару модар аҳамият ва таърихи онро ба фарзандони худ фаҳмонанд.

Дар хусуси фаҳмонидани ин нозукиҳои иди Қурбон ва суннати қурбонӣ олимони илоҳиёт андеша доранд, ки пеш аз ҳама волидон дар хусуси мавзуъ бояд маълумоти кофӣ дошта бошанд. Ва месазад ба кӯдакон таърихи пайдоиши қурбониро бо ҳикояҳои хурд фаҳмонид. Аммо психологҳои кӯдакона бар ин назарнд, ки барои ба кӯдак фаҳмонидани баъзе мавзуъҳо синну соли муайян ҳаст, ки бояд он ба инобат гирифта шавад.

Ба андешаи олимони илоҳиёт агар ҳаёти ҳазрати Иброҳим ва ҳазрати Исмоил ба кӯдакон бо як услуби фаҳмо нақл карда шавад, ин метавонад то як дараҷа ба саволи «Ба кӯдакон қурбониро чӣ тавр фаҳмонем?» ҷавоб гуфта бошад. Зеро, андеша доранд олимон, бо ин васила кӯдак мефаҳмад, ки Худованд қурбониро бар ивази паёмбари дӯстдораш – ҳазрати Исмоил аз ҷаннат ҳамчун ҳадя фиристодааст. Ба ин васила раҳму меҳрубонии кӯдак нисбат ба ҳайвонҳо гум намешавад ва онҳо қурбониро ҳамчун амри Худованд қабул мекунанд.

Равоншиносон синни то се солагиро даврае унвон мекунанд, ки дар ин давра мафҳумҳо дар майнаи кӯдак нақш мебандад. Ҳаминро ба назар гирифта ба кӯдак додани ҳадяҳои кӯчак ва омаду рафти меҳмонҳо ба хона дар рӯзи ид метавонад таъсири мусбат расонад.

Ҳамчунин Иди Қурбон ва қурбонӣ метавонад фурсати хубе бошад, барои дар синну соли 3 то 6-сола ба кӯдак ҳисси кӯмакрасониро талқин кард. Синну соли 7-12 бошад, давраест, ки мафҳумҳои маргу зиндагиро кӯдак фарқ мекунад. Дар ин давра ба ӯ бо лаҳни мувофиқ бояд фаҳмонд, ки бо амри Худованд гӯсфанд, гов барин ҳайвонҳо забҳ карда шуда, аз гӯшти он ба эҳтиёҷмандон тақсим карда мешавад.

Бо таври мувофиқ масъалаи қурбонӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандонро фаҳмонда, аз кӯдакони ин синну сол (7-12) метавон барои тақсими гӯшти қурбонӣ кӯмак пурсид. Манзараи забҳи ҳайвонҳоро ба кӯдакони синни хурд нишон додан мумкин нест. Танҳо агар хоҳиш дошта бошад, баъди 9-солагӣ мешавад ӯро ба забҳгоҳ бурд.

Аммо агар волидон синну соли кӯдакро ба назар нагирифта, ба ӯ оиди қурбонӣ ва ё ҳар мавзӯи дигар маълумот диҳанд, ин метавонад таъсири манфӣ дошта бошад. Ҳатто таъсири манфии равонӣ низ расонданаш мумкин аст. Хусусан, ба кӯдакони ҳассос нишон додани манзараи забҳи ҳайвон, метавонад таъсири бад расонад. Кӯдак чандсолае, ки набошад, ӯро маҷбуран ба забҳгоҳ набояд бурд ва ё ба ӯ манзараи қурбонии чорворо маҷбурӣ нишон додан мумкин нест.

«Навид.tj»

  1. Як_бача:

    Кудак курбонира чикораш мекунад, брава як карат-карата азёд кунад ё ки як сураи Куръонро аз худ кунад!!!!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *