Сайидои Насафӣ (дар асрҳои XVI-XVII зиндагӣ кардааст)

Сайидои Насафӣ — шоири асримиёнагии тоҷик. 

Соли таваллудаш номаълум, соли вафоташ 1711. Сайидо дар шаҳраки Насаф таваллуд шуда буд. Ӯ аз хурдӣ истеъдоди хуби шеъргӯйи дошт. Аз ҳамин сабаб падараш Миробид фарзандашро ба шаҳри Бухоро барои илмоӯзӣ фиристод. Муаллифи девони ғазалиёт ва «Баҳориёт» мебошад. Дар ашъораш норозигӣ аз сатҳи иҷтимоияш бисёр во мехӯрад. Ғазалҳои ишқии бисёре низ сурудааст.

Намунае аз эҷодиёти ӯ:

Дар дили мо гар намеоӣ ба чашми мо биё.
Аз муҳит андеша дорӣ бар лаби дарё биё.
Хок бар чашмам занад наззора ҳамчун гирдбод
Эй насими пираҳан аз домани саҳро биё
Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,
Бар сари сайди худ эй сайёди бепарво биё
Синаро чун лола аз доғат чароғон кардаам,
Дар чаман баҳри тамошо эй гули раъно биё
Рӯзгоре шуд, ки чашми Сайидо маъвои туст,
Офтобе дар мақоми худ биё, танҳо биё

Сайидо Насафӣ бузургтарин шоири асри XVII ва ибтидои асри ХVIII –и тоҷик аст. Соли таваллудаш маълум нест. Аҷдоди ӯ аз Насаф (Қаршӣ) буда, вале худаш дар Бухоро дар оилаи ҳунарманди камбизоат ба дунё омадааст. Зиндагии Сайидо Насафӣ дар аиёми ҷавонӣ ниҳоят душвор ва пурмашаққат гузаштааст. Вай дар Бухоро ба таҳсил шурӯъ карда, дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Лаби Ҳавзи Нодир Девонбегӣ маскан гирифта, то охири умр дар он ҷо зиндагӣ кард. Ҳангоми таҳсил ба омӯзиши илмҳои фалсафа, ахлоқ, мусиқӣ, бадеъ машғул шудааст. Зиндагии Сайидо Насафӣ ҳангоми таҳсил дар мадраса ва солҳои аввали хатми он нисбатан осудаҳолона мегузашт, зеро он вақт дӯстони хунармандаш ба ӯ ёрии моддӣ мерасонданд. Маҳорати адабии ӯ дар ҳамин давра такмил ёфта, беҳтарин осори дилпазиру пурмазмунаш дар ҳамин айём офарида шудаанд. Ашъораш дар байни мардум паҳн гардида, ҳамчун шоири тавоно ном баровард. Сайидо Насафӣ шоири касбӣ гардид, вале ин боиси аз байн рафтани некӯаҳволии ӯ шуд. Сайидо Насафӣ ба сабаби бенавоӣ ва муҳтоҷӣ мехост, ки бо кӯмаки соҳибдавлате ба «ному нон» соҳиб шавад. Ва ӯ бо баъзе амалдорони давлатӣ робита пайдо карда, дар сӯҳбату маҷлисҳои онҳо иштирок мекунад. Сайидо Насафӣ бо ҳокими Самарқанд Раҳимбой робита дошта, аз ӯ кӯмаки моддӣ дидааст. Чунон ки аз тазкираи Малеҳо маълум мешавад, Сайидо Насафӣ бо даъвати Раҳимбой ду бор ба Самарқанд рафта, зимнан, бо шоирону фозилони он ҷо ҳамсӯхбат гаштааст. Вале мансабдорони мазкур он соҳибдавлатони суханшиносу ҳунарпарвар набуданд, ки шоир меҷуст. Аз ин ҷост, ки Сайидо Насафӣ қарор медиҳад, аз арбобони давлат «дасти матлаб» -и худро кӯтаҳ кунад ва аз дари онҳо пояшро канад.

Сайидо Насафӣ низ мисли бисёр аҳли илму адаби он замон аз тангии рӯзгор ба андешаи сафари Ҳиндустон афтод. Вале аз сабаби дил канда натавонистан аз ватан ва ҳамчунин фаро расидани пирӣ ба Ҳинд сафар накард. Беқадрии шеъру шоири дар назди ҳукуматдорон Сайидоро дар аиёми пирӣ ба гӯшанишинӣ водор кард. Вале гӯшанишинии ӯ маънии мардумгурезиро надошт. Шоир фақат бо табақаи ҳукумрон қатъи робита намуда, ба гӯшаи қаноат нишаст. Сайидо Насафӣ дар гӯшанишинӣ аз ризқу рӯзии «таваккалӣ» тадриҷан канда шуд ва шоир бе маблағ ва воситаи рӯзгузаронӣ монд. Аз тарафи дигар Сайидо Насафӣ аз ҳаёти хилватнишинии худ дилгир шуда буд, аз шавқи зиндагӣ ва дидори дӯстон, ба гуфти худаш «дилаш даруни сина метапид». Зеро Сайидо шоири зиндадил буд, бо ҳаёт ва аҳли ҷамъият пайванди зич дошт. Инак, шоир қарор медиҳад, ки гӯшанишиниро тарк карда, ба сӯи «бозор» равад, яъне ба ҷӯши зиндагӣ ворид шавад:

Ҳосил нашуд зи гӯшанишини муроди ман,
Худро зи хона бар сари бозор мекашам.
Он ки мегиряд ба ҳолам, чашми хунини ман аст,
В-он ки бардорад сарам аз хок, болини ман аст.
Гул ба гулшан даъвои соҳибкамолӣ мекунад,
Ҳар ки зар дорад, таманноҳои олӣ мекунад.
Ҳар ки худро мекунад дар базми нодонон сифат,
Пеши кӯрон даъвои соҳибчамолӣ мекунад.
Дар муҳаббат тифли ашкам гавҳари дил мешавад,
Чун мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад.

Бино ба маълумоти “Убайдуллонома “ маьлум мешавад, ки Сайидо Насафӣ соли 1707 ҳанӯз зинда буда, ҳамон сол дар мадҳи Убайдуллохон (1702-1711) қасидае гуфтааст. Муаллифи ин сарчашма ҳамчунин дар замони ҳукумронии хони мазкур аз ҳаёт чашм пӯшидани шоирро қайд кардаст. Аз ин рӯ, вафоти ӯ байни солҳои 1707-1711 иттифоқ афтодааст.

Эҷодиёти Сайидо Насафӣ

Сайидо Насафӣ аз худ осори баландмазмуну рангини фаровон мерос гузаштааст, ки онхо аз ҷумлаи дурдонаҳои таьрихи адабиёти тоҷик хисоб меёбанд. Мероси адабии Сайидо Насафӣ, ки ба шакли куллиёт ва девони ашьор фароҳам омада, то замони мо расидааст , аз ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мухаммасу мусаддас, рубоиёту қитъахо, асари тамсилии “Баҳориёт”, «Шаҳрошуб” иборат буда, 8500 байтро дар бар мегирад. Куллиёти Сайидо Насафӣ бо ғазал огоз шуда , қисми бештари маҷмӯаро ташкил медиҳад ва шумораи он ба 550 мерасад, Сайидо Насафӣ дар ғазал анъанаҳои шоирони маьруфи гузаштаро давом дода, ба мавзӯъ , мазмун ва шакли он тозакорӣ дохил кардааст. Вай аз имкониятҳои ғазал моҳирона истифода бурда, дар доираи он мавзӯъҳои танкиди замон ва аҳли он, тарғиби касбу ҳунар, ҳаёти мушкили заҳматкашон, аҳволи халқу мамлакат ва ғайрахоро баён кардааст. Нуқтаи басо мӯҳими эҷодиёти Сайидо Насафӣ боварии ӯ ба қудрати азими халқ мебошад . Ӯ аҳли ситамро огоҳ мекунад, ки ҳар касе ба душмании халқ кор кунад, сари худро мехӯрад:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Дар асари тамсилии “Баҳориёт” (“ҳайвонотнома ”)-и Сайидо Насафӣ низ ғояи иттифоқу ягонагии халқ баён шудааст. Ин ғоя дар асари мазкур ба шакли тамсил, яьне ба воситаи амалиёт ва гуфтори ҳайвонот ифода гардидааст. Мундариҷаи “Баҳориёт ”-ро баҳсу мунозираи 18 ҳайвон ташкил кардааст. Ҳар як ҳайвон хислатҳои бади ҳайвони дигарро баён карда, баьд ба таърифи худ мепардозад . Сайидо Насафӣ дар образи ҳайвонот хислатҳои хоси намояндагони табакаҳои гуногуни ҷамъияти замони худро инъикос намудааст. Сайидо Насафӣ бахшида ба ҳаёти халқи мехнаткаш, ҳунармандон асаре дорад, ки бо номи “Шаҳрошӯб” машҳур аст ва дорои 405 байт мебошад. «Шаҳрошӯб» жанри махсуси назм аст, ки ба таъриф ё танқиди гурӯҳи муайяни ҷамъияти шаҳр бахшида шудааст. Сайидо Насафӣ, ки худ намояндаи табақаи меҳнатӣ буд, дар “Шаҳрошӯб” –аш ҳунармандону косибонро васф кардааст. Забони асарҳои Сайидо Насафӣ аз забони зиндаи гуфтугӯӣ сарчашма гирифтааст. Ӯ сухансароест, ки забони шеъри классикии тоҷикро ба забони гуфугӯии халқ наздик кардааст . Забони осори Сайидо Насафӣ ба сабаби алокаи наздик ва омезиши худ бо забони гуфтугӯӣ ба забони имрӯзаи тоҷик каробат дорад. Сайидо Насафӣ гӯё бо забон ва тарзи баёни имрӯзаи тоҷик шеър гуфтааст.

Шамъ баъд аз куштани парвона қасди худ кунад,
Хуни ноҳақ шӯьлаи домони қотил мешавад.
Дар ҷаҳон аз ҳиммати пирон биҷӯ роҳи наҷод,
Қомати хамгашта бар дарёи оташ пул шавад.
Зи дунё ҳар ки шуд лабрез, умраш бебақо гардад,
Чу киштӣ пур шавад аз об, гирдоби фано гардад.
Шудам пиру намеояд бурун гаҳвора аз ёдам,
Қадам дар мулки ҳастӣ то ниҳодам, хонабардушам.
———————————————————————————————————————————–

Дар фикри дона мўрчае буд даргузар,
Омад ба шеру гуфт, ки: Ай Рустами замон!
Аз иттифоқи мўрчагон ғофилӣ магар
В-арна чаро ҳақир шуморию нотавон?
(Сайидои Насафӣ)

Тарҷумаи ҳол
Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбҳои ҳунармандӣ пешаи бофандагӣ ривоҷ дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосвориҳои арзонбаҳое тайёр мекарданд, дар он рўзгор соҳибиззат буданд. Касби бофандагӣ меҳнати душворро талаб мекард. Бесабаб нест, ки халқ бо дили пурдард дар бораи сахтию душвориҳои бофандагӣ сурудҳо эҷод кардааст:

Дилакам зардоб шуд аз чақ-чақи бофандагӣ,
Чашмакам пуроб шуд аз риштаҳои кандагӣ.
Аз саҳар то шом почак мезанам дар чаҳ-чаҳак,
Қоматам дар тоб шуд аз кору бори зиндагӣ.

Миробид Сайидои Насафӣ барои таъмини рўзгори хеш пайваста нозукиҳои касби меросии бофандагиро меомўзад ва дар баробари касбомўзӣ Сайидо дар мактаб низ таҳсил мекард. Ин буд, ки тадриҷан хату савод бароварда, эҷодиёти пешиниёнро меомўхт. Ашъори Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасан, Ҳофизу Камол ва бисёр дигаронро ҳифз мекард ва худ низ аҳён-аҳён шеър мегуфт. Муҳаббат ба мероси маънавии гузаштагон, санъати волои суханварӣ, ҳунари нотакрори ҳар як эҷодкор ўро кайҳо мафтун намуда буд. Ҳамин дилбастагӣ ўро водор сохт, ки роҳи Бухороро пеш гирад. Ў ба Бухоро омада, таҳсили олии худро дар мадрасаи Лаби Ҳавзи Нодир – девонбегӣ пеши олимону донишмандони бузурги замон давом медиҳад. Пас аз дарс Сайидо бештари вақти худро барои омўхтани ашъори пешгузаштагону муосиронаш сарф намуда, нозукиҳои каломи бадеъ, сирри ҳунари эҷодро меомўхт. Илова бар ин, ба табақаҳои ҳунарманди ҷомеаи онрўзаи Бухоро пайваста дар иртибот буд. Аз миёни тоифаи мазкур дўстони зиёде пайдо мекунад ва он ёрону дўстонаш дар мавридҳои зарурӣ ва Сайидо ёрии моддӣ мерасонанд, то ки ў таҳсилашро давом бидиҳад. Чун вазъи зиндагӣ имконият дод, ки Сайидои Насафӣ таҳсили мадрасаро бомуваффақият ба анҷом расонад ва дар айни замон маҳорати суханварию нуктасанҷии худро такмил диҳад. Беш аз ин дар ҳаёти адабии шаҳр ширкат варзад. Сонитар ҳаёти оилавӣ Сайидои Насафиро маҷбур месозад, ки дар рўзгори ҷавонӣ пешаи бофандагиро давом бидиҳад. Ў дар ғазали «Мекунам бофандагӣ» аз ноҷўриҳои аҳди худ шикоят менамояд:

Дар баҳор аз фоқа ранги заъфарон бошад маро,
Пораҳо бар дўш аз барги хазон бошад маро.
Баҳри рўзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,
Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.
Гаштаам аз фоқа ҳамчун тири бепар гўшагир,
Хонаҳои хушку холӣ чун камон бошад маро.
Чун фалак аз меҳру маҳ бар суфра дорам нони қоқ,
Рўзу шаб шармандагӣ аз обу нон бошад маро.

Сайидои Насафӣ бо мақсади раҳоёбӣ аз мушкилоти рўзгор бо баъзе соҳибмансабони замонааш Ҳоҷидодхоҳ ва Раҳимбӣ Юз наздикӣ пайдо мекунад. Шоир ҳатто бахшида ба ҳокимони давр Абдулазизхону Субҳонқулихон ва Убайдуллоҳхон бо нияти дарёфти инъому эҳсон чандин шеърҳо менависад. Сайидои Насафӣ ашъори ҳадафноки мадеҳавии худро камарзиш дониста, ба ин восита аз миёни сарватмандону соҳибмансабон дигар муттакоҷўиву мураббикобӣ намекунад, зеро ба ў асрори дарбору дарбориён то андозае ошкор мегардад, ки зимомдорони давр камхираду бедонишанд. Аз ин рў, дур будан аз эшонро авлотар меҳисобад. Ин аст, ки Сайидо мегўяд:

Дар аҳди мо ривоҷ ба аҳли ҳунар намонд,
Имрўз обрўй ба лаълу гуҳар намонд.
Аз ҳеҷ хонае набаромад садои ҷуд,
Дар рўзгори мо зи каримон асар намонд.
Гардуни сифла беҳунаронро ривоҷ дод,
Азбаски эътибор ба соҳибҳунар намонд.

Ҳол он ки ашъори Сайидо ҳанўз дар замони худи ў на танҳо дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон,ҳатто дар қаламрави Эрону Ҳиндустон паҳн гардида буд. Шоир ба ин маънӣ мегўяд:

Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам,
Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.

Чун зимомдорон аз аҳли шеъру адаб, илму фарҳанг қадршиносӣ намекарданд, бисёре аз фарҳангиёни замони шоир ҷалои диёр карда буданд ва бештари онҳо ба сарзамини Ҳинд мерафтанд. Шоир ба ҳолати мазкур чунин ишора менамояд:

Ҳамраҳон рафтанду ман по дар ватан дорам ҳанўз,
Такя чун сурат ба девори бадан дорам ҳанўз.

Аз як тараф, заъфи пириву дурии роҳ ва аз тарафи дигар, бебизоатию тангдастӣ ба Сайидо имкони сафар карданро намедод, ки азми сафари Ҳиндро ихтиёр бикунад:

Аз тиҳидастӣ чу сарви боғ поям дар гил аст,
Рахт мебандам, агар зоди сафар бошад маро.
Кўшишу такопўҳои Сайидо бенатиҷа поён ёфт ва ин ҳолатҳо шоирро рўҳан азият медод. Ин буд, ки шоир раҳоӣ аз ин ҳолати пешомадаро дар гўшанишинӣ, канораҷўӣ пайдо кардан хост ва ин роҳро низ пеш гирифт. Муддате узлатшинӣ намуд. Гўшанишинӣ аҳволи Сайидои Насафиро боз ҳам вазнинтар, ҳолоти рўҳии ўро заъифтар намуд. Чуноночи, шоир мегўяд:

Он ки мегиряд ба ҳолам, чашми хунини ман аст
В-он ки бардорад Сарам аз хок, болини ман аст.

Ин буд, ки шоир аз рўи эҳтиёҷоти рўзгор боз рў ба миёни мардум меорад ва ғалати худро фаҳмида дар як муддати кўтоҳ ислоҳ менамояд: Ҳосил нашуд зи гўшанишинӣ муроди ман, Худро зи хона бар сари бозор мекашам. Ў на танҳо азоби эҷодиро аз сар мегузаронду тоқат менамуд, балки меҳнати ҷисмонӣ-бофандагӣ мекард ва дар ин роҳ худро ба Фарҳоди кўҳкан ҳамсангу монанд медонист. Ба ин маънӣ ишора намуда мегўяд:

Ба зўри дасту бозў мехўрам, ай Сайидо, рўзӣ,
Маро чун кўҳкан хуни ҷигар бошад беҳ аз ширам.

Аз баъзе тасвирҳои иҷтимоии шоир бисёр лаҳзаҳои рўзгори ўро метавон пеши назар овард, ки барои барқарору пурра намудани зиндагиномаи Сайидо ёрӣ мерасонад. Масалан, ба ин тасвири иҷтимоии шоир агар таваҷҷўҳ карда шавад, аҳволи иҷтимоии адиб боз ҳам равшантар мегардад:

Видоаш карда мерафтам ба хона,
Таваҷҷўҳ зад қадам бар остона.
Даре дидам ба нокомӣ кушода,
Ба роҳам дидаи во истода.
Фиғон ногаҳ зи қуфли дар баромад,
Ки : «Имшаб турфа дузде бар сар омад.
Қавичангол гурге тезхашме,
Ба бозу филзўру тангчашме.
Сари ўро зи дор андешае не,
Ба ғайр аз дуздӣ ўро пешае не».
Ман он ҷо то саҳар дар хоби роҳат,
Кушода дузд ин ҷо дасти ғорат.
Даруни хонаам ҷуз бўрё не,
Ба зери пой ғайр аз нақши по не.
Зи беасбобиям дар сина чок аст,
Матои хонаи ман обу хок аст.
Чӣ гўям ман ба рўи хонаи худ,
Шудам шарманда аз кошонаи худ.
Шудаш тороҷи ў кунҷи фаромўш,
Зи дасти дузд гаштам хонабардўш.
Туро бод, ай фалак, даврон мусаллам,
Ба як шодӣ кунӣ омода сад ғам.

Дар ин ҷо асосан вазъи хонаводагии шоир, аҳволи иҷтимоии Сайидо рўи тасвир омадааст. Зимни он норизоии шоир аз низоми давлатдории соҳибдавлатону мансабдорони даврони худ ҳатто бо қавитарин оҳангҳои эътирозӣ мушоҳида карда мешавад. Хусусан, берҳмию ҷафопешагии дуздон, ки онҳо аз низоми сустии давлатдорон истифода бурдаанду заррае тарсу ҳарос надоранд, хеле хуб ба тасвир гирифта шудааст. Поёни умри Сайидои Насафӣ низ дар Бухоро гузаштааст ва ў тахминан соли 1711 дар ҳамон ҷо вафот кардааст.

Мероси адабии Сайидо

Осори адабии Сайидои Насафӣ, ки «Куллиёт»-и ўро фароҳам овардааст, дорои 8500 байт мебошад. Дар осори маҳфузмондаи шоир ҷои аввалро ғазал ишғол менамояд, ки миқдори он 4600 байт аст. Мухаммас бошад пас аз ғазал дар ҷои дуюм буда, 1050 байтро ташкил медиҳад. Эҷоди онҳо низ хеле ҳунармандона аст. Инчунин, Миробид Сайидои Насафӣ ба ҳунармандон, намояндагони ҳунарҳои мухталиф як силсила шеърҳо бахшидааст. Сайидо чанд маснавии дигар низ дорад, ки ҳаҷми онҳо аз 16 то 68 байтро дар бар мегиранд. Яке аз чунин маснавиҳои ў «Дар мазаммати дузде, ки хонаи шоирро ғорат кардааст»-ном дорад, хеле ҷолиб буда, дар баробари арзиши адабӣ – эстетикӣ аҳамияти иҷтимоию шарҳиҳолӣ низ дорад. Дигар аз асарҳои Сайидо, ки то ба ҳадде шўҳрати эҷодии шоирро таъмин мекунад, «Шаҳрошўб»-и шоир аст, ки ў ба эҷоди ин асари худ, аз як тараф, анъанаи адабиро давом дода бошад, аз тарафи дигар, авзои ҳунару фарҳанги замони худ, ривоҷи касбу ҳунарҳо ва тарзи зиндагии муосирони хешро ба таври бадеӣ баён кардааст. Ин асари Сайидои Насафӣ оид ба ҳунару пешаи 212 нафар ҳамзамонони ў ва ҷузъиёти ҳунарию хусусиятҳои дигари фаъолияти мардуми меҳнаткаш маълумот медиҳад. Аз ҷумла, доир ба намояндагони касбу корҳои мухталифи давр: заргару бофанда, кўлолу мўзадўз, деворзану кабобпаз ва ғайра васфу тавсифҳои рангин ба назар мерасад. Теъдоди ашъори мазкур низ басо ҷолиб буда аз як то се-чор байтро фаро мегирад. Шеърҳои ба ҳунармандон бахшидаи Миробид Сайидои Насафӣ аз нигоҳи истифодаи авзон низ гуногун буда, аз «Шаҳрошўб» бо он фарқ мекунанд, ки дар ашъори ба аҳли ҳунар ихтисосдода ҳаҷву ҳазв хеле малеҳ дида мешавад. Маснавии тамсилии Сайидо, ки «Баҳориёт» ё «Ҳайвонотнома» ном доранд, шўҳрати шоирро дар эҷоди ин навъи адабӣ таъмин менамояд.

Мавзўъ ва мундариҷаи ғазалиёти Сайидо

Ғазал дар осори адабии Сайидо мақоми аввалиндаҷа дорад. Мавзўи ғазалиёти ў ҳамоно ишқу ошиқӣ, дўстдориву муҳаббат, эҳсосоти қалбӣ, шўру исёнҳои ботинии инсонҳо ва ғайра буда, ин ҷанбаи анъанавии мундариҷавии ғазалиёти шоир аст. Ҳунари Сайидо дар сурудани мавзўъҳои иҷтимоӣ-ситёсӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷамъиятӣ-инсондўстӣ, фардӣ-шарҳиҳолӣ ва монанди инҳо низ ҳаст. Албатта, ҷанбаъҳои мавзўи мазкур бо оҳангҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ ҳанўз аз Саъдии Шерозӣ шурўъ шуда буд. Сайидо мавзўъҳои ҳасбиҳол ва умуман адолати иҷтимоиро ба баландтарин нуқта расонида тавонист ва дар ҳамин замина тозакориҳову навовариҳо кард. Танқиди ноадолатиҳои замон, нобасомониҳои давр, хориву беқадрии инсон, зикри нодорию бенавоӣ, камбағаливу бечорагӣ, ҳимояи аҳли меҳнат ва фуқарову дармондагон, танқиди аҳли ҳусуд, золимон, соҳибмансабони бераҳм, риёкорону чоплусон, зоҳидони зоҳирбин, тасвири аҳволи бади хеш, мазаммати бухлу кинаварзӣ ва ғайра низ асоси мундариҷавии ғазалҳои Сайидоро ташкил медиҳанд. Сайидо ҳатто ғазалҳое ҳам дорад, ки саропо арзиши шарҳиҳолӣ доранд:

Бо кӣ равшан созам аҳволи дили афгори хеш,
То ба кай чун шамъ сўзам бар сари бемори хеш?
Баҳри осоиш гар аз ғамхона сар берун кунам,
Мениҳам чун соя паҳлу бар таҳи девори хеш.
Юсуфи ман аз харидорон касодӣ мекашад,
Бар дўкон оташ занам аз сардии бозори хеш.
Бар сари ман осиё гардад, таҳаммул16 мекунам,
Чун намебинам касеро зери гардун ёри хеш.
Бар бадан аз нолаи ҷонкоҳ дорам рахнаҳо,
Бастаам чун най камар, умрест бар озори хеш.
Аз баланду пасти олам гашт сўҳон комёб,
Хасм17 меболад ба худ аз вазъи ноҳамвори хеш.
Сайидо, бошад кудурат18 рўзии соҳибҳунар,
Шохи гул аз пой натвонад кашидан хори хеш.

Ҳолати мазкур, яъне ҷанбаи тамоман воқеии тасвир бахшидан ба ғазал яке аз хизматҳои Сайидо дар таърихи адабиёти тоҷик аст.

Андешаҳои панду ахлоқии Сайидо.
Аслан панду ахлоқ ва тарбияву таълим мақсади адабиёти бадеӣ аст. Эҷодкоре, ки ба эҷоди бадеӣ рў меорад, ҳатман муносибати худро ба ин масъала баён мекунад. Ғазалиёти Сайидо дар баробари фаро гирифтани мавзўъҳои дигар, ақидаҳои тарбиявӣ-ахлоқии шоирро низ дарбар гирифтаанд. Аз тарафи дигар, ба ин восита таълимоти фалсафаи амалии Сайидо маърифат мешавад, ки хеле муҳим низ ҳаст. Масалан, Сайидо ҷонибдори саъю кўшиш, ҷаҳду ҷадал, амалу ҳаркат аст. Барои дарёфти қути лоямут инсон бояд мисли санги осиё пайваста дар ҷадал бошад, яъне ризқи худро ҳалол кунад, тавассути меҳнат ба даст биёрад. Ў ба ин маънӣ таъкид мекунад, ки:

Рўзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.
Ба ақидаи шоир, инсон набояд ғафлат варзад, балки бояд мақсади муайян дошта бошад. Ў кўшишу ҳаракат, ҷаҳду талош, саъю ҷадалро талаб меномад ва мегўяд:

Бе талаб, ай Сайидо, мақсад намеояд ба даст,
Ҷо ба маҷлис мекунад най аз фиғони хештан.

Меҳнату кор, машғулияту фаъолият, обрў ва эътибори инсон аст ва мардумоне, ки ин сифатҳоро доро ҳастанд, соҳибҳунаранд ва дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ хору залил нахоҳанд шуд:

Рў намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехурад.

Ё худ:

Шир мегардад бурун аз кўҳ баҳри Кўҳкан,
Ризқи худ соҳибҳунар аз санг пайдо мекунад.

Сайидо барои инсони меҳнаткаш на танҳо саҳрову дашт, балки ҳама ҷоро меҳнаткада медонад ва бояд дар ҳама ҳолату дар ҳама ҷо кас фориғ аз саъю кўшиш набошад:

Мурғи кабоб рўзии соҳибтараддуд аст,
Дар хона анкабут шикори магас кунад.

Ё ин ки:

Устухони хушк беташвиш кай ояд ба даст
Аз паи рўзӣ магў табъи ҳумо осуда аст.

Шоир, ки худ бо меҳнати ҳалол зистааст, муфтхўронро чашми дидан надорад. Ҳатто дасту пои инсон, ки агар вазифаи худро ба ҷо наоранд, онҳоро бояд баст, мегўяд:

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,
Дасте, ки масдари эҷод нест, бастанист.

Ба назари шоири меҳнатдўсту покизакор, хисоли ҳамидаи инсонӣ аз қабили вафодорӣ, сидқу сафо, ростгўӣ, ростқавлӣ, некиву некўкорӣ, раҳму шафқат, инсондўстиву мардумнавозӣ, илмомўзиву донишмандӣ, сабру тоқат, бурдбориву пуртоқатӣ ва ғайраро тарғиб намуда, оммавӣ гардидани онҳоро ҷонибдор аст: Ў мегўяд:

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

Ё худ:

Рафиқ аз каф мадеҳ, душман агар хоҳӣ забун гардад,
Туро сўзан ба даст афтод, хор аз по бурун афтад.

Барои доро гардидани инсонҳо бо хислатҳои ҳамида ҳатман тарбият зарур аст. Аз ин рў, ба андешаи шоир, инсон ҳатман бояд аз мактаби тарбия мегузарад. Дар ғазалиёти Сайидо ба ҷуз мавзўъҳои маъмулии жанри мазкур, мавзўъҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, танқидӣ-ҳаҷвӣ, шарҳиҳолӣ-хонаводагӣ ва ғ. хеле баланд садо додаанд, ки нигоҳи тоза ба мазмуну мўҳтавои ғазалсароӣ мебошад. Ин ҳамин маъниро дорад, ки Сайидо ба ин восита адабиётро ба ҳаёти ҷамъият, ба рўзгори халқ, ба зиндагии табақаҳои иҷтимоӣ хеле наздик намуда, нияту мақсад ва орзуву омоли мардумонро асосан инъикос намудааст.

Аз тарафи дигар, тозакории Сайидо дар ғазалсароӣ ба хусусиятҳои шаклии жанр тааллуқ надорад, яъне ў дар қофияву радиф, вазн ва сохтори дигари шаклии ғазал гардиши ҷиддӣ ворид накардааст. Тозакориҳову навовариҳои шоир дар мундариҷаи ғазалсароӣ, моҳияти тематики ғазал дахл дорад, ки ғазали ў оинаи рўзгори асри шоир гардидааст. Ғазалҳои Сайидо саршор аз тазодҳову зиддиятҳои ҳаёту зиндагӣ, низоъҳои сиёсӣ-таърихӣ, ҳаёти-иҷтимоӣ, тоифавию табақавӣ ва ғайра аст. Инҳо низоъҳо ва тазодҳои рўзгори ҳамарўзаи ҷомеъа мебошад, пас ғазалиёти Сайидо инъикосгари ҳаёти инсонҳост. Ў ин ҷанбаъро низ бо ҳунари хоси шоирона ва бо сабку шеваи фардӣ-индивидуалии худ эҷод кардааст.

  1. ташаккур!!! мешудаст агар хохи….

  2. ma’muriyam man bo shumo chixel xamsuxbat shavam meshad?

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *