Системи омил (Operating systems)

Системи омил (Operating systems) маҷмўи барномаҳоест, ки кори системаи компютерро идора мекунад. Системи омил намояндаи барномаҳои системӣ мебошад. Имрўз намудҳои маъмули системаҳои омил ин СО-и Microsoft Windows ва UNIX ба ҳисоб мераванд. Рӯйхати гуногунии системҳои омил:

UNIX, BSD, GNU/Linux, AmigaOS, DOS, FreeDOS, Microsoft Windows, IBM OS/2, ReactOS, Plan 9, Inferno OS ва ғайра …

Системи омил барномаи асосии ҳар як компютер ба ҳисоб меравад. Системи омил дар дискетаҳо (дискҳои қаиш) ё дискҳои дурушт (сахт) ё флешка ҷойгиранд. Бе мавҷудияти системи омил компютер кор карда наметавонад.

Системи омили Microsoft Windows

Системи омили Microsoft Windows маҳсули кори Microsoft мебошад. Агар калимаи Windows-ро таҳлил карда бароем, пас дар тарҷума калимаи «Панҷараҳо» пайдо мешавад. Сабаби ном гирифтани Windows дар он аст, ки он ба мо имконият медиҳад, ки дар як вақти додашуда якуякбора бо якчанд барномаҳо (вазифаҳо) кор кунем.

Маъмурият:    Дилшод Ҳамидов



  1. Браво программисты!!!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *