Тошхӯҷа Асирӣ

Тошхӯҷаи Асирӣ соли 1864 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Падари Тошхӯҷа одами меҳнатӣ ва ҳунарманд буд. Ӯ санги осиё метарошид ва ин ҳунарро аз кӯдакӣ ба писараш ҳам ёд дода буд. Асирӣ саводи ибтидои ва хондану навиштанро дар мактаби кӯҳна омӯхта буд. Дар синни 15-16-солагӣ падараш ӯро барои хондан ба Қӯқанд мефиристад. Асирӣ дар ин ҷо ба яке аз мадрасаҳои Қӯқанд дохил шуда, ба касби илму дониш машғул мешавад. Тарзи таҳсили илм ва барномаи дарсҳои мадрасаҳои Қӯқанд ҳам мисли мадрасаҳои Бухоро буд, яъне дар он ҷо ғайр аз илмҳои динӣ ва забони арабӣ илму дониши дигарро намеомӯхтанд. Асирӣ ҳам чанд вақт ноилоҷ ба омӯхтани ҳамин илмҳо машғул шуд.

Қӯқанд дар ин солҳо ба хайъати шоҳигарии Русия дохил шуда, дар ин ҷо қонуну қоидаҳои ҳукумати Россия ҷорӣ гардид. Дар ин шаҳр баробари мактабҳои кӯҳна, барои бачагони маҳаллӣ мактабҳои русӣ кушода шуда буд. Ба Қӯқанд аз Тошканд ва Тотористону Бошкирдистон рӯзномаву маҷаллаҳо меомаданд, ки дар онҳо аз воқеаҳои ҷаҳон ва навигариҳои илму маданият хабар дода мешуд. Асирӣ дар вақти таҳсили мадраса ба воситаи баъзе шиносҳояш ин рӯзномаҳову маҷаллаҳоро гирифта мехонд ва чашми ӯ ба ҷаҳони илму маданият кушода мешуд. Асирӣ дар Қӯқанд забони русиро ба тарзи мустақил омӯхта, ин забонро ба қадри навиштану хондан ёд гирифт. Қӯқанд дар ин солҳо яке аз марказҳои адабии вилояти Фарғона буд. Дар ин ҷо ҳам аз вилоятҳои ӯзбекнишин ва ҳам аз музофотҳои тоҷикзабон шоирон ҷамъ омада буданд. Дар ин ҷо аксари шоирон ба ду забон – ба забонҳои тоҷикиву ӯзбакӣ шеърҳо менавиштанд. Асирӣ, ки аз хурдӣ табъи шоирӣ дошт, бо таъсири ҳамин муҳити адабӣ ба шеър навиштан шурӯъ кард. Баробари шеърҳои тоҷикӣ ба забони ӯзбакӣ ҳам шеърҳо мегуфт.

Дар ин давр дар Қӯқанд як гурӯҳ шоирони пешқадам ва мутараққӣ буданд, ки ба муқобили ҷавру зулм ва таассубу ҳурофоти динӣ мебаромаданд, амалдорону мансабдоронеро, ки ба халқу раият ҷавру ситам мекарданд, дар шеърҳояшон танқиду мазаммат менамуданд, мардумро ба сӯйи илму дониш ва мактабу маориф даъват мекарданд. Дар байни онҳо махсусан Муқимӣ ва Фурқат шоирони демократии ӯзбак ба муҳити адабӣ ва эҷодиёти бисёр шоиру нависандагон таъсири мусбат расониданд. Асирӣ бо эҷодиёти Муқимӣ нағз ошно шуд. Бо Фурқат дӯсти наздик гардид, ки ин ду шоир ба мазмуну мундариҷаи эҷодиёти Асирӣ таъсири бисёр калон гузоштанд. Асирӣ бо таъсири ин шоирон ба муҳит ва ҳаёти иҷтимоии он давр бо назари танқидӣ нигоҳ мекардагӣ шуд. Дар шеърҳои ӯ махсусан муллоҳои саллакалоне, ки илму дониши дуруст надоштанду, аммо ғуруру манмании онҳо аз ҳад зиёд буд, сахт танқид карда мешуданд. Чунончи шоир дар як шеъраш образи ҳамин гуна олим – фақеҳеро чунин тасвир кардааст:

Фақеҳе рӯзе аз роҳе баиде,

Бар сар як қуллаи кӯҳи сафеде.

Ҳамеомад ба сӯйи ман хиромон

Ту гӯи сӯйи Рустам деви Аквон.

Чу, омад бар сари ман рост истод,

Сари алломагӣ орост истод

Бар ӯ гуфтам: «Ба сар ин борат аз чист?

Мисоли гунбад ин дасторат аз чист?

Ҷавобам дод, к-ин табъи киром аст.

Шиори суннати хайруланом аст!

Дигар алломагон ин гуна банданд,

Чу ман алломаи вақтам чи ханданд?

Бад-ӯ гуфтам: «Агар аллома бошӣ,

Чаро дар зери ин аммома бошӣ

Агар алломаи аммомаат чист?

В-агар аммомаи алломаат кист?

Асирӣ мебинад, ки таҳсили ӯ дар мадраса умрро беҳуда гузаронидан аст ва дар ин ҷо илму донише, ки барои ҷамъият ва халқ зарур ва лозим бошад, омӯхтан мумкин нест. Бинобар ин ӯ баъди ҳашт соли таҳсил хонданро нотамом гузошта, ба Хуҷанд бармегардад. Вай худаш ба тарзи мустақил таъриху адабиёт, илмҳои табиию риёзиро меомӯзад, аз рӯйи газетаву журналҳо аз воқеаҳои сиёсии ҷаҳон бохабар шуда меистад. Асирӣ баъди бозгашт ба Хуҷанд бисёртар бо фаъолияти адабӣ машғул мешавад. Ӯ пеш аз ҳама, ба авлоди навраси худ таъкид мекунад, ки аз баҳри мактаби кӯҳна гузашта, ба мактаби усули нав раванд, зеро танҳо дар ҳамин хел мактабҳои нав илму дониши ҳақиқиро ҳосил кардан мумкин аст. Вай ба насли наврас омӯхтани он илмҳоро ташвиқ мекунад, ки онҳо барои ободии ҷаҳон ва некуаҳволии халқ кор дода тавонанд. Барои ободии ҷаҳон ва некуаҳволии халқ бошад, пеш аз ҳама илмҳои дунявиро омӯхтан лозим аст:

Дигар илму забони аср омӯз

Ҳамон илме, ки дунё созад оғоз

Туро созад зи банди ҷаҳл озод

Ба илми дунявӣ кӯшиданат беҳ

Аз ин оби бақо нӯшиданат беҳ.

Забон ва сабку услуби шеърҳои Асирӣ нисбат ба шеърҳои шоирони доираи адабии Бухороӣ ҳамин давр мураккабтар ва душвортар аст. Асирӣ дар шеърҳояш ҳанӯз аз услуби душвори Бедил, ки ба шоирони доираи адабии Қӯқанд таъсири бузург дошт, озод нашуда буд. Бинобар ин, Асирӣ мазмунҳои нав ва ташвиқу тарғиби мактабу маорифро бо ҳамон сабку услубу шеъри анъанави иншо мекард. Дар шеърҳо калима ва ибораҳои арабӣ бисёр во мехӯрданд, таъбиру мақолаҳои халқӣ бошад, камтар ба назар мерасад. Асирӣ соли 1915 дар Хуҷанд вафот кардааст.

Чу омад асрӣ нав, кӯшиш намоед,

Мутобиқ бар ҳамин ҳиммат физоед!

 

Намунаҳо аз ашъори Асирӣ

Бародарҳо, чу бар сар ҳуш доред,

Ба таърихи ниёгон баргуморед!

Ниёгони шумо машҳур буданд,

Ба касби ҳар ҳунар мақдур буданд.

Ба кори дунявӣ чолок буданд,

Ба роҳи азми худ бебок буданд.

Асарҳое, к-аз эшон ёдгор аст,

Биною буқъаи хайриштиҳор аст,

Ҳам бо тахту услуби худаш буд,

Ба ҳар аср ингуна бунёд мешуд,

Чу омад асри нав кӯшиш намоед,

Мутобиқ бар ҳамин ҳиммат намоед.

Кушода чашми худ бар илми дунё,

Бинокории нав созед эҳё.

Рубоиёт

Айёми бақо чу боди наврӯз гузашт,

Рӯзу шаби мо ба меҳнату сӯз гузашт.

То чашм ниҳодем, ба ҳам субҳ дамид,

То чашм кушодем зи ҳам, рӯз гузашт.

Дарсе, ки ҳақиқат аст, дар сина бувад,

Дарсина бувад ҳар он чӣ дар сина бувад.

Сад хона китоб хонӣ, судат накунад,

Бояд, ки китобхона дар сина бувад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *