Вирусҳои компютерӣ ва пешгирии онҳо

Тараққиёти босуръати илму техника инсониятро водор месозад, ки ҳарчӣ бешатр ба техника ва технологияи ҳозирзамон рӯ оварда, маълумоти заруриро ба даст оварад. Барои ба даст овардани маълумот, албатта,ба мо компютерҳо телефонҳо ва дигар лавозимоти техникӣ хизмат мерасонад.

Компютерҳо ба воситаи барномаҳои махсусе, ки барои раванди кори компютер пешбинӣ шудаанд, кор мекунад. Барномаи компютери дар навбати худ вазифаҳои махсусро иҷро мекунанд, ки аз ҳамдигар фарқ доранд. Масалан мо наметавонем ба воситаи барномаи Microsoft Word ва ё Microsoft Excel кореро иҷро намоем, ки он ба барномаҳои барномасозӣ тааллуқ дошта бошад.

Вирусҳои компютерӣ барномаҳои махсуси тартибшудаи зараррасони ҳаҷман начандон калон мебошад, ки ба раванди муқаррари корӣ компютер дахолат карда, ногаҳон ба таркиби диску файлҳо даромада онҳоро пурра ё қисман хароб месозад. Аввалин маротиба соли 1986 вируси Brain ихтироъ шуд, ки ин вирус ба воситаи дискетҳо аз компютер ба дигараш мегузашт. Баъдтар вирусҳо ба таври “оммавӣ” паҳн шуд, ки то ҳол ин раванд давом дорад. Мисоли вирусҳои компютерӣ яке аз масъалаҳои рақами якуми асри нав гаштааст. Яке аз хосиятҳои вирусҳои компютерӣ ин аст, ки ҳангоми сирояткунӣ ҳар лаҳза нусхаашонро зиёд карда, метавонад дар лаҳзаи барояшон созгор фаъол гарданд ва ба раванди кори комрютер халал расонанд.

Аз рӯйи дараҷаи зараррасониашон вирусҳоро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд: вирусҳои бехатар, вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон паст, вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон миёна ва вирусҳои хатарнокиашон баланд.

Ин намуди вирусҳо чунин хосиятҳоро доро мебошанд, ки дар баъзе ҳолатҳо тираи дискро ишғол карда, суръати кори компютерро суст мекунанд ва дар экран ҳаргуна чизҳои нолозимро намоиш дода, вазифаҳои тугмаҳои клавиатураро иваз менамоянд. Инчунин информатсияи дар диск бударо хароб сохта, метавонанд ҳуҷҷатҳои лозимаро несту нобуд кунад. Дар ин ҳолат винчестер ё дигар дискҳои компютерро аз нав формат кардан лозим меояд.

Аз рӯйи намуди объектҳои сирояткунанда муҳит ва мавқеи ҷойгиршавӣ вирусҳоро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо менамоянд. Вирусҳои файлӣ. Ин гурӯҳи вирусҳо бо роҳҳои гуногун ба файлҳои иҷрошаванда дохил шуда, ҳангоми ба кор даровардани онҳо фаъол мегарданд ва то хотимаи кор дар хотираи компютер сайр мекунанд. Вирусҳои боркунанда. Ин намуди вирусҳои нусхаҳои худро дар сектори боркунандаи (омодасозандаи кор) диски системавӣ зиёд намуда, мисли вирусҳои файлӣ амал мекунанд. Муҳофизати профилактикӣ аз ин вирусҳо аз истифода набурдани дискетҳои системавӣ иборат аст. Макро – вирусҳо. Ин намуди вирусҳо файлҳои ҳуҷҷатҳои протсессорӣ матнии Microsoft Word ва китобҳои ҷадвали электронии Microsoft Excel – ро сироят мекунанд. Мақсад аз муҳофизати профилактик танҳо нест кардани онҳо мебошад. Вирусҳои шабакавӣ. Ин намуди вирусҳо яке аз хатарноктарин вирусҳо ба шумор мераванд. Зеро онҳо ба воситаи шабакаҳои интернет паҳн шуда, ба ҳамаи компютерҳои бо ҳам пайвастбуда метавонад сироят кунад. Чунин вирусҳо бештар ба воситаи шабакаи ҷаҳонии интернет ва почтаи электронӣ паҳн карда мешаванд.

Умуман, аксарияти истифодабарандагони компютер дар чунин ҳолатҳо асабонии зиёд шуда, бо қаҳру ғазаб компютерҳоро хомӯш мекунанд ва ба ҷони худ зарари рӯҳию молӣ мерасонанд, дар ҳолате, ки “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ” гуфтаанд, ба ин маъно ки дар вақти истифодаи шабакаҳои интернетӣ ва дигар лавозимоти техникӣ эҳтиёткор будан мебояд.

Муҳиддин Хушвахтов донишҷӯи ДМТ

  1. Дар бораи установкаи “Антивирусхо” маълумот дихетон илтимос.

  2. Рустам Мукумов:

    чи гун б сайт хамрох шам

  3. azimjon gulomov:

    антивирус яъне маълумот дар бораи зиддивируси компютери!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *