Хирсаки серкор

Рӯзе хирс саҳари барвақт хеста ба ҷангал барои ҳезум меравад. Баъдан ба хона бар мегардад оташ дар мегиронад ва барои кӯдаконаш шӯрбо мепазад ва барои бедор намудани кӯдаконаш меравад ва баъд аз чанде бӯйи шӯрбо ба машомаш мерасад ва давидакунон ба назди дег меояд.

Худ мегӯяд:

«Намак ва қаламфури гузошта, куҷо бошад то ки бинам чигуна хӯрок бомазза шудааст.»

Вай як дугонаи рӯбоҳ дошт ки дар ҷангал хеле машҳур буд. Хирс қарор гирифт ки рафта аз дугонааш мурч гирад.

Хирс саросемавор сӯйи хонаи рӯбоҳ мерафт то ки шӯрбояш пухта насӯзад, ки дар ҳамин вақт аз роҳаш харгӯш баромада мегӯяд:

-Хуби нағзи дугона? – Хона биё, бо карам зиёфтат мекунам.

Ин гуна онҳо қариб ду соат сӯҳбат карданд.

«Эй кош бо харгӯш во намухӯрдам, ин қадар вақтамро бефоида гузаронидам», -инро гуфту ба роҳаш шитофта рафт.

Ногаҳон овозе аз дарахт мебарояд ва мибинад ки ҳезорсурхаке нишастааст ва хирс мегӯяд:

– Гӯш, кун ҳезорсурхак ман мехостам имрӯз туро бинам.Ту саҳарӣ барвақт хеста дарахтонро мекӯби ва аз ин писарони маро ором намегузорӣ!

Ҳамин тавр сӯҳбати онҳо як соат давом кард ва ба хотири хирс мурч расида шитоб мекунад.

Дар ҳамин вақтҳо хирсчаҳо худашон бархеста барои бозӣ кардан ба ҷангал мераванд.Дар ҷангал ҷӯйборчае буд, ки хирсчаҳо дар он ҷӯйборча киштичаҳояшонро сар медоданд . Пас аз бозӣ вақти наҳорӣ ҳам гузашт ва вақти хӯроки нисфирӯзӣ омад. Хирсчаҳо ба хона омада мегӯянд:

«Вақти хӯрок омад,

Модари мо куҷост?

Не коса ҳасту не қошуқ,

Каме хӯрдан мехоҳем! »

Ва инро пас гузошта, онҳо гурусна ба истироҳат мераванд.

Хирси калон бошад дар роҳ ду дугонаи дигарашро дида бо онҳо сӯбат мекунад ва ба якдигар ҳодисаҳои дар ҷангал рӯйдодаро хабар доданд. Хирс аз ҳама чиз бохабар шуда боз шитобон роҳ гирифта буд, ки дугонаи наздикаш Хорпуштро дид.

Хорпушт дар ин вақт бемор буд ва хирс ба хорпушт маслиҳатҳои муфид дод.

“Шумо каме истироҳат кунед! Шояд шуморо сулфа ё зуком фаро гирифтааст – Каме аспирин гирифта, чой ҷӯгонда бо малина бинӯш, ҳатман даво мебахшад!».

Хирс дар давоми сӯҳбат қариб ки аз шӯрбояш фаромӯш кунад

Аллакай қариб, ки осмон ба торикӣ табдил ёфта буд  ва хирс роҳро давом медод.Дар ин муддат ба назди дарахте наздик шуда санҷобакеро бо мушаке дид.Мушак дар банде нишаста ҳаракаткунон суруд мехонд ва санҷобак бошад барои тайёрӣ ба зимистон хӯрока ҷамъ мекард. Дар ин сӯҳбат як соати дигар ҳам барбод рафт.

Аллакай дар осмон моҳ бо ситораҳои дурахшон намоён шуд. Дар ин вақт бошад хирс фикр кард ки хӯрокаш дар гирифта писаронаш ӯро интизоранд. Хирс бо тамоми қуввааш сӯйи хона давида омад. Ӯ давон омада дад ки писаронаш гурусна хобанду шӯрбояш аллакай сӯхта рафтааст. Пас, хирс бо ин сӯҳбатҳои дароз ҳатто ба рӯбоҳ нарасид ва писаронашро низ сер накард. Аз ин хирс хеле зиқ шуда ба хоб рафт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *