Табрикот «Зодрӯз муборак!»

img_zod

Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»!

Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо, ҳама, шуморо дӯст медорем.

Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ҳамкоронатон «Ном» ва «Ном»

***

Муаллимаи азиз, «Ном?»! Шуморо ба ин санаи мубораки умратон таҳният гуфта, хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастам. Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.

Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.

Бо эҳтиром шогирдатон «Ному Насаб»

***

Устоди азиз, «Ном?»! Шуморо бо ҷашни «чанд?» – солагии зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд!

Бо эҳтиром шогирдатон «Ному Насаб»

***

Дӯсти гиромӣ, «Ном?»! Туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар таҳсил ва дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошӣ. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароят умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Сарбаланд бош!

Бо эҳтиром дӯстат «Ному Насаб»

***

«Ном?»-и азиз! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.

Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.

***

«Ном?»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Яксолагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем. Орзуи онро мекунем, ки:

Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.

Бо эҳтиром, «Ном ё якчанд номҳо?»

  1. ба ман табрикнома дар чашни зодрузи аммам даркор

    • Фирдавс Мегӯяд

      «Амма»-и мехрубон! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.

  2. Sobirjon Мегӯяд

    Хело ХуБ !!! Офарин ! ба шумо !

  3. Masuda Мегӯяд

    Салом! Ба ман табрикот бахшида ба 23 феврал ба хамкоронам лозим, хуб мешуд хамин руз то соати 14:00 дастрас намоям, барои хамкори рахмат

    • Маъмурият Мегӯяд

      Мўҳтарам ҳамкорон, Шуморо ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳар кадоми Шумо сиҳатию саломатӣ, рӯзгори хуш, осмони соф, хушбахтии оилавӣ ва дар ҳифзи Ватан бурдбориҳо орзу менамоям.
      Идатон муборак!

  4. Masuda Мегӯяд

    рахмат

  5. Ману Мегӯяд

    ИДАТОН МУБОРАК БОШАД МОДАРОН ВА ЗАНОНИ ТОЧИК!!!
    Bihisht,ki rizoi mo dar on ast,
    Dar zeri qudumi Modaronast.
    Bale Modar qimatarin nemati dunyo,Sarchashmai muhabati bekanor,himatbalandtarin shakhsi bashar ast.Kanori modar khud maktadi avvalini hayoti most.Misli ogushi modar bihishtoso makoni digare nest.Modar misli zamin tanho va yaktost.Modar dar hama holat ch hoziru ch goib payvasta dar yodi farzand hast.Az dast raftani Modar baroi farzand fojeai khelo garon ast;

  6. Shabnam Мегӯяд

    Салом! ба ман табрикоти дар бораи зодруз бахри дугонаам мегуфтед

  7. Shabnam Мегӯяд

    Табрикот бахри шавхарам мегуфтед!

  8. JAMIK Мегӯяд

    ба ман табрикот даркор барои дусдоштаам ,ба рузи таваллуд???????????

  9. Тохир Мегӯяд

    ба ман табрикот барои зодруз бо мисрахои шеър лозим

  10. Сунатулло Мегӯяд

    Табрикот ба рузи дониш даркор Барои духтар

Мондани тавзеҳ

E-mail -и Шумо чоп намешавад, Хамаи майдонҳоро ҳатман пур кунед.

*

Вы можете использовать это HTMLтеги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>