Нон неъмати зиндагӣ

Муҳимтарин чизе, ки дар зиндагӣ ва ҳаёт барои ҳар инсон зарур аст ин нон мебошад. Нон нури чашму қуввати дили инсон аст. Нон неъмати нодирест, ки бе вай ҳаёт нест. Дар бобати нон ва эҳтироми он мехостам фикри худамро баён намоям. Аҷдодони мо ҳазорсолаҳо инҷониб нонро аз ҳамаи неъматҳо болотар мегузоштанд, ҳар як резаи онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекарданд, азизу мӯътабар медонистанд. Дар арзиш аз симу зар, гавҳару ёқут ва лаълу марҷон қиматтар гузоштаанду ҳар як резаи онро аз замин бардошта, бӯсакунон ба чашм мемолиданд, ки ин урфу одат ниёгонамон аз насл ба насл то ба имрӯз омадааст. Дар замони пеш қимати нон ончунон баланд буд, ки ҳатто барои собит кардани ҳақиқат “нон занад”, “нон кӯр кунад” гуфта қасам мехӯрданд. Касе, ки нонро хор кунад, огоҳ мекарданд, ки “нонро хор макун, вагарна кӯр мешавӣ”. Занон агар ба меҳмонӣ раванд, пеш аз ҳама нон мегирифтанд, зеро ягон тӯҳфаро аз нон бештар азиз намедонистанд. Мизбон меҳмони олиқадрро бо нон пешвоз мегирифт. Мардум нонро ҳомӣ ва балодуркун медонистанд, бинобар ин ба ҷое рафтанӣ шаванд, албатта ҳамроҳ нон мегирифтанд. Дар гавҳора модарон зери болини кӯдакашон нон мегузоранд. Мардум аз рӯи дастурхон нонрезаҳоро чида мехӯрданд – ҳамаи ин ҳисси эҳтиром нисбати нон аст. Дар ҳадисе омадааст “Ҳар касе, ки хӯрад резаи нон аз дастурхон ризқаш фарох гардида, ҷаҳл ва нодонӣ аз ӯ ва наберагонаш бардошта мегардад”.

Ривоят мекунанд, ки шахсе шутурсавор аз як шаҳр ба шаҳри дигар мерафт. Дар роҳ ҳангоми нон хӯрданаш, ба замин як резаи онро афтонд. Он шахс аз шутур фаромада резаро кофт, нонрезаҳоро ёфта натавонист. Ниҳоят гирди онро девор кард, то ки нонреза ба зери пои касе намонад. Аз ҳамон вақт мақоли “нон ҳам нону нонреза ҳам нон” боқӣ мондааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи мо дар қатори дигар халқҳо азоби гуруснагиро кашидаанд. Як бурида нон намеёфтанд, ки хӯранд. Одамон ба ҷои нон решаҳои гиёҳро ҷӯшонида хӯрдаанд. Ҳар рӯз садҳо одамон аз гуруснагӣ ҷон медоданд. Хушбахтона мо ин рӯзҳоро надидаем. Дар даврони мо нон фаровон аст.

Аммо сад дареғ, ки бачаҳои имрӯза нонро чун пешиниён эҳтиёт намекунанд, буридаи нони худро то охир намехӯранд. Дар хусуси азиз доштани нон Мирзо Турсунзода чӣ хуш гуфтааст:

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,

Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.

Аз навиштаҳои боло ба хулосае омадам, ки нон неъмати ҳаётбахш, пойдевори ҳаёт аст. Ризқу рӯзӣ, рӯи сурху қуввати дармони одамон аст. .

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин