Оқилона истифода бурдани захираҳои обӣ

Об дар рӯи замин яке аз моддаҳои маъмул буда, ҳаҷми умумии он ба 1.4 миллиард км3 мерасад. Аз ин 90 млн км3-ро обҳои масоҳатҳои хушкӣ ташкил медиҳанд. Баҳрҳо ва уқёнусҳои сайёра 71 фоизи масоҳати заминро дар бар мегиранд, ки ин хеле калону парешон аст ва маҳз барои ҳамин обро захираи тамомнашаванда меноманд.

Бояд дар назар дошт, ки обҳои шӯри уқёнусҳо, баҳрҳо ва кӯлҳо аз тарафи одам кам истифода мешаванд. Захираҳои обҳои ширин хеле кам буда, асосан аз ҳисоби борону барф ва пиряхҳо ҷамъ мешаванд, ҳаҷман маҳдуданд. Асосан обҳои ширин барои обёрии растаниҳои дастпарвар ва гирифтани ҳосили баланд истифода мешаванд. Тахмин меравад, ки барои обёрии заминҳои корам дар солҳои наздик ҳамон миқдори обҳои ширин истифода мешаванд, ки он дар як сол 7000 км3 баробар аст.

Истифодаи об вобаста ба афзудани аҳоли ва ҷойгиршавии он дар шаҳрҳо ва марказҳои саноатӣ зиёд мешавад. Дар ин рӯзҳо аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра аз нарасидани оби ширин танқисӣ мекашад. Дар навбати аввал ин ба аҳолии шаҳрҳои калон ва марказҳои саноатии давлатҳои мутараққӣ таалуқ дорад.

Саноат оби бисёрро талаб мекунад ва сабаби нарасидани он барои инсоиият ва ҳамаи организмҳои зинда мегардад. Масалан, барои гудозиши 1 тонна чӯян ва табдили он ба оҳани тоза 300 м3 об, 1 тонна никел-4000м3 об, 1 тонна каучуки синтстикӣ-3600 м3 об, 1 тонна капрон-5600м3 об сарф мсша­вад. Миқдори зиёди об барои ҳал ва дур кардани боқимондаҳои пасмондаҳо сарф мешавад, ки он дар солҳои наздик ба 34 фоизи талаботи солонаи инсоният ба оби ширин рост меояд.

Дар Ҷумхурии Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон аз 10 то 300 км мавҷуд аст, ки ҳамаашон кӯҳиянд. Дарозии умумии ин дарёҳҳо қариб 30000 км аст ва дар давоми як сол аз онҳо 60 миллиард метри куби об ҷорӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон 1300 кўл мавҷуд аст, ки масоҳати умумиашон 705 километри квадратиро ташкил медиҳад. Оби кулҳои Сарез, Зоркӯл, Яшикӯл, Искандаркӯл ширин аст. Кӯли калонтарини Тоҷикистон Қарокӯл мебошад, ки дар Помири Шарқӣ вокеъ аст ва обаш ба мисли кӯлҳои Шӯркӯл ва Рангкӯл шӯр аст.

Дар Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба оқилона истифода бурдани захираҳои обӣ чораҳои зарурӣ дида мешаванд. Ин буд, ки соли 2001 Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон «Консепсия оид ба оқилона истифодабарӣ ва муҳофизати захираҳои обӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон», барномаҳои миллии «Оид ба гигиена ва муҳофизати муҳити атроф», «Оби тоза ва санитария»- ро қабул намуд.

Соли 2006 бошад, Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо қарори №191 «Нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист»-ро тасдиқ намуд.

Нарасидани оби тоза (нушокӣ) ба ифлосшавии обҳо аз боқимондаҳои саноатӣ, механикӣ, наклиётӣ ва хоҷагӣ вобастагӣ дорад. Обҳои ширинро аз ҳама зиёдтар боқимондаҳои коғазу селлюлёза, металлургия, коркарди нафт, фабрикаҳои бофандагӣ, соҳаи кишоварзӣ ифлос мекунанд.

 

3+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин