Оила ва аҳамияти он

Оила макони муқаддасест, ки кўдак дар он ба воя мерасад. Оилае, ки аз аввал нағз бунёд шудааст, бо афроди онро ташкилкунанда як миллат ва ҷомеаи хурд ба ҳисоб меравад. Оилае, ки аз бобо, бибӣ, падар, модар, бародар, хоҳар, додар, хола, амма ва ғайра ташкил ёфтааст, ҷомеаи мавзун, ботартиб ва бонизом мебошад.

Тухми муҳаббат ва эҳсоси ҳуввияти миллӣ дар ин ҷомеаи хурд кошта шуда, рушду нумўъ мекунад. Одоб, ахлоқ ва муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта инкишоф меёбад. Калонсолонро иззату эҳтиром кардан, ба хурдсолон шафқату меҳрубонӣ нишон додан, ба рафиқон самимию дилсўз буданро кўдак дар оила меомўзад. Касе, ки дар оила ба бобою бибияш меҳрубон будан, падару модарашро эҳтиром ва ба онҳо итоат кардан ва ба ҳамсолонаш муоширати инсонӣ намудан ва мурувватро меомўзад, дар ҷамъият ҳам бо ҳамин хислатҳои наҷибаш ворид мешавад. Онҳое, ки дар оила ноқис ба воя мерасанд, дар ҷомеа ба зуҳури ҷараёнҳои иҷтимоии нолозим ва зараровар сабаб мешаванд. Аз ин рў, эҳтиёҷи ҷомеа барои тарбия ба оилаҳои мустаҳкам, устувор ва хуб хеле зиёд аст. Кўдаконе, ки дар оилаҳои нағз ба воя мерасанд, барои миллат фоидаовар мебошанд. Дар акси ҳол оила ба монанди фабрикае мебошад, ки душмани ҷомеа истеҳсол мекунад ва ҳамеша алайҳи Ватану миллат кор мекунад.

Барои тарбияи дуруст ва мукаммал гирифтани фарзандон дар оила волидайн чунин масъулиятҳо доранд:

1 ) Падару модар дар муносибат бо якдигар ва иҷрои вазифаҳояшон бояд боэҳтиром бошанд. Ҳар як рафтори хуби падару модар ба монанди гавҳари бемислу монандест, ки дар зеҳни кўдак ҷой мегирад ва вақташ ки расид, зеҳни кўдак кушода мешавад ва он гавҳари бемислу монандро истифода мекунад. Дар акси ҳол ҳар як ҳаракати ноҷои падару модар ба монанди як хати сиёҳе дар хотири кўдак боқӣ мемонад. Хати сиёҳе, ки онҳоро манфӣ муаррифӣ мекунад ва доимо ҳақиру нотавон нишон медиҳад.

2 ) Афроди оила бояд дар атрофи сардори оила муттаҳид шаванд ва ўро дар ҳама кори хона ҳамчун сардор эътироф намоянд. Чунин муносибат барои дар хона пойдор шудани мафҳуми итоат ва таъсис додани тартибу низом ва ягонагӣ кўмак мерасонад.

3 ) Сардори оила бояд нисбати ҳамаи афроди оила, хусусан хурдсолон муомилаи нарм карда, бамеҳр бошаду ба онҳо хизмат карда, корҳои писанди онҳоро таҳсин кунад.

4 ) Сардори оила аз рўйи имконият дар рўзҳои ҷашну ид, зодрўз ва ғайра ба аҳли хонавода ҳадяҳо диҳад. Дар ҳолати тўҳфа дода натавонистан сабабашро шарҳ диҳад, то ки дар дили онҳо норозигӣ пайдо нашавад. Дар акси ҳол ин норозигиро баъзеи онҳо ба дил гирифта, рафта-рафта боиси низоъҳои оилавӣ шуда метавонад.

5 ) Сардори оила дар корҳои хона ба ҳамсар ва фарзандон бояд кўмак кунад. Агарчи ин кор дар баробари корҳои доштааш барои ў вазнин бошад ҳам, барои нигоҳ доштани салобати ў дар хона ва барои фарзандон, ки дар оянда оила барпо мекунанд, аҳамияти басо муҳим дорад.

6 ) Афроди оила ба якдигар бисёр бо эҳтиром рафтор карданашон зарур аст. Чунин ҳаракат хоҳ-нохоҳ ба кўдак низ таъсир мерасонад. Ғайр аз ин, вақте ки навбати оила ташкил кардани фарзандон мерасад, онҳо низ дар оилаҳои бунёдкардаашон нисбат ба якдигар меҳрубону ғамхор мешаванд.

7 ) Падару модар бояд падару модари худро низ ҳурмату эҳтиром намоянд, ки ин беҳтарин дарси тарбия барои кўдакон мебошад. Имрўзҳо оилаҳои ба истилоҳ «замонавӣ» бобою бибиҳоро дар канори худ ҳаққи зиндагӣ кардан намедиҳанд, ки ин амал ба шаъни миллати мо зебанда нест. Кошки, дар хонаҳоямон онҳоро ҷой дода метавонистем ва ба бобою бибӣ имкони дўст доштани наберагонро медодему худамон имконияти хизмат кардан ба падару модарро пайдо мекардем.

Ҳоло бошад, аз як тараф бобою бибии ба нигоҳубин мўҳтоҷ ва ташнаи навозиши фарзандон, аз тарафи дигар падарони бетаҷриба, ки тамоми бори гарони зиндагиро танҳо ба дўш доранд ва кўдакони бадбахти аз назорату нигоҳубин бенасиб мондаро мебинем. Бори дигар такрор кардан зарур аст, ки макони амн ва шодию нишот гаштани оила аз муоширати мутақобилаи аъзои он вобаста аст.

Падару модар фарзандонашонро дўст медоранд, шафқату меҳрубонӣ нишон медиҳанд. Кўдакон бошанд боз зиёдтар масъулият ҳис карда, волидайнашонро бисёртар иззату эҳтиром мекунанд.

Барои дар инсон инкишоф ёфтани ҳисси масъулиятшиносӣ заҳмати дуру дароз лозим аст. Кўдак бояд чандин маротиба бинад, ки падару модарро чӣ гуна эҳтиром мекунанд, то ки онро дуруст дарк карда дар ҳаёт татбиқ намояд.

Аз назарияҳои хушку холии бесамар натиҷаи дилхоҳро чашмдор шудан бисёр мушкил, ҳатто ғайри имкон аст. Шартҳои ҳаёти имрўза афроди оиларо маҷбур сохтааст, ки дар ҷойҳои гуногун умр ба сар баранд. Ин бошад, садди роҳи таъсиси оилае, ки мо орзуяшро дорем, шуда, истодааст.

8 ) Ҳама корҳои хона хусусан, корҳое, ки ба нигоҳубини кўдак вобаста аст, пешакӣ бояд ба танзим дароварда шуда, татбиқи амалии он бо барномаи махсус ҷараён гирад. Дар ин маврид чунин шартҳоро иҷро кардан зарур аст:

а ) Хуфту хоб ва хўрду хўрокро ба танзим даровардан;

б ) Вақти хондан, фикр кардан, кор кардан ва ба кўдакон машғул шуданро ба танзим даровардан;

в ) Муайян кардани вақтҳои кўдак, ки дар мактаб, кўча ва бо рафиқон мегузаронад.

Дар оилаҳое, ки хўрду хўрок, хуфту хоб ба танзим дароварда нашудааст, аз муваффақият, истироҳат ва саломатӣ сухан гуфтан имкон надорад. Бале, дар оилаҳое, ки афроди он ба танзими вақти хўрокхурию хоб диққат намедиҳанд, вақти машғулиятҳо бо вақти истироҳат омезиш ёфтааст, ҳам истироҳат вайрон мешавад ва ҳам машғулиятҳо бенатиҷа ва бесамар мемонанд. Дар оилаҳое, ки яке вақти хоб ё вақти машғулияти дигареро вайрон мекунад, дар он хона имкони ягон кор кардан намемонад. Аз ин рў, кўдаконро дар соатҳои ба онҳо мувофиқ хоб кунондан, хунукиву гармии ҳаворо ба назар гирифта, онҳоро ба берун баровардан ва ҳар рўз бо онҳо машғул шуда, онҳоро тарбия кардан фоидаовар аст. Муҳимтарин роҳ барои муваффақ шудан дар тарбияи кўдакон ин риояи амали сегона: муҳаббат, интизом ва ҷиддият мебошад. Падару модароне, ки ин роҳро пеш мегиранд, беташвиш ва осуда, ҷомеа бошад, масъуд ва бехатар мешавад.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 1, соли 2007
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *