Омода сохтани ҷавонон ҳамчун омӯзгорони оянда ба истифодаи шаклу воситаҳои ҳамкории субъектҳои тарбия дар раванди таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасон

Таҷрибаи кори таълиму тарбия дар муассисоти таҳсилоти миёнаи умумӣ кайҳо боз собит сохта, ки яке аз роҳҳои ноил гаштан ба беҳтаршавии сифати таълиму тарбияи насли наврас, махсусан раванди тарбияи ҳуқуқии толибилмон роҳандозии фаъолияти муштараки субъектҳои тарбия дар ин самт ба шумор меравад. Бад-ин хотир донишҷӯёни макотиби олии омӯзгориро, ки бо даргузашти муддате чанд ишғолкунандагони пешаи муаллимӣ хоҳанд шуд, мебояд аз мазмуни шаклҳои ҳамкорӣ ва воситаҳои бо ин мақсад корбастшаванда то ҳадди зарурӣ огоҳ бошанд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар доираи ҳамин мавод маҳз атрофи ин масъала сухан гуфта бошем.

Басо рамзист, ки комгор шудан дар ҳалли ҳамагуна масъала қабл аз ҳама аз амалишавии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар фаъолияти субъектҳои ин ё он раванд вобастагии зич дорад. Аз ин нигоҳ, бо дарназардошти он, ки рафти ташаккулёбии фард дар айёми наврасӣ аз як тараф бо мушкилӣ сипарӣ мешаваду аз сӯи дигар «бо душвориҳои ин давра омӯзгорону волидайн ва худи наврасон бори нахуст вомехӯранд»,[1] ҷараёни татбиқи муваффақонаи тарбияи ҳуқуқии наврасон низ бидуни ҳамкории субъектҳо ва ашхоси саҳмгузор дар ин самт мутобиқ ба талабот амалӣ нахоҳад шуд. Азбаски дар баробари амалисозии тадбирҳо бобати афзунгардонии захираи донишҳои ҳуқуқии наврасон бояд такмилёбии сатҳи фарҳанги ҳуқуқии худи омӯзгорону волидайн низ таъмин гардад, бинобар ин, ҳолати мазкур бори дигар зарурияти таъмини робитаи наздики институтҳои асосии иҷтимоиро ҷиддан ба миён меорад.

Лозим ба тазаккур аст, ки ба субъектҳои тарбия – институтҳои иҷтимоӣ, мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва алоҳида дохил мешаванд, ки ба раванди тарбияи ҳуқуқии наврасон таъсири худро дар сатҳи гуногун мерасонанд. Аслан дар созмон додани ҳамкории мутташакилу бомароми субъектҳо ваколатдори асосӣ мактаб ба шумор меравад. Чаро ки мутахассисони кори таълиму тарбия дар ҳамин макон сарҷамъ буда, маҳз онҳо аз нозукиҳои кор дар самти интихобу амалигардонии шаклҳои дурусти ҳамкорӣ мутобиқ ба талаби вазъиятҳои гуногун бархӯрдор ҳастанд. Ҳамзамон ҷиҳати ба амалбарории ҳамкорӣ бо мақсади мусоидат дар таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасон оила, хадамоти кор бо ноболиғони ШКД ва машваратгоҳи ҳуқуқӣ низ муввазаф буда, мебояд аз худ дар ин ҷода ҳамвора ташаббуси фаъол зоҳир намоянд (ниг. ба нақша).

Бояд гуфт, ки тибқи нишондоди аксари маводҳои илмии соҳа дар ин ҷода ҳамкории мактабу оила афзалият дошта, ин ҳар ду ҳамчун институтҳои асосии иҷтимоӣ хонда мешаванд. Кулли шаклҳои ҳамкорие, ки миёни субъектҳо амалӣ мешаванд, аз нигоҳи теъдоди иштирокчиёни ин раванд ба: коллективию фардӣ ва аз лиҳози тарзи фаъолият ба: назариявӣ ва амалӣ тақсим мешаванд, ки зимни фаъолияти назариявӣ — густаришёбии шуури ҳуқуқӣ ва аснои фаъолияти амалӣ — ҳосилшавии маҳорату малакаи рафтори ҳуқуқӣ сурат мегирад.

Яке аз шаклҳои коллективона ва назариявии ҳамкорӣ, ки дар ҷодаи афзунгардонии фарҳанги педагогиву ҳуқуқии волидайн нақши арзанда дошта, дар як вақт метавонад фарогири доираи нисбатан васеи падару модарон бошад, ин маҷлиси умумимактабии волидайн маҳсуб меёбад. Дар доираи ин чорабинӣ, ки дар як сол 1 ва ё 2 маротиба баргузор шуданаш мумкин аст, дар баробари ҳалли як қатор масъалаҳо, инчунин ҳалли паҳлӯҳои зиёди масъала вобаста ба беҳтар сохтани раванди тарбияи ҳуқуқии наврасон, ки дар пояи таҳкимёбии фарҳанги педагогӣ ва ҳуқуқии волидайн даст медиҳад, имконпазир аст.

Одатан, дар ин шакли ҳамкорӣ аз тарафи намояндаи маъмурияти мактаб пас аз натиҷагирӣ аз вазъи рафтори ахлоқии мактабиён дар умум, масъулияти падару модарон бобати таълиму тарбияи фарзанд бо такя ба моҳияти қонунгузориҳои кишвар фаҳмонида мешавад. Ҳамчунин аҳамияти доштани донишҳои ҳуқуқӣ дар содиршавии рафтори шоиста аз сӯи мактабиён зикр меёбад. Дар идомаи маҷлис роҳҳои таъмини тарбияи ҳуқуқӣ дар шароити оила бо дарназардошти хусусиятҳои фардии фарзандон, тариқи оростани сӯҳбат бо онҳо атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ, намунаи ибрати волидон дар назди фарзандон ва ғайра баррасӣ меёбанд.

Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби маҷлис бо мақсади амалисозии таъсиррасонии мушаххас ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ аз ҷониби падару модарон дар самти тақвиятбахшии тафаккури ҳуқуқии наврасону хурдсолон баромади коршиносро дар мавзӯи «Роҳҳои пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон» метавон ташкил намуд, ки ин корро корманди даъватшудаи ин ё он сохтори ҳифзи ҳуқуқ амалӣ менамояд.[2]

Шакли дигари барқарорсозии робита бо падару модарон монанд ба чорабинии аввал ин, дар интиҳои ҳар чоряк доир шудани маҷлиси синфии волидон мебошад. Дар фарқият аз маҷлиси умумимактабӣ дар ин чорабинӣ танҳо падару модарони як синф ширкат меварзанд ва маҳз бо ҳамин хусусияти худ шакли номбурдаи ҳамкорӣ қодир ҳаст, ки робитаи нисбатан устувори волидайнро бо мактаб таъмин созад.

Дар доираи маҷлиси синфии падару модарон дар қатори дигар масоил ҳамчун як ҷузъи таркибӣ масъалаи сайқал додани фарҳанги педагогии волидон дар самти таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасон метавонад ҳалли худро пайдо кунад. Ҳамчунин дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба коҳишёбии сатҳи фарҳанги ҳуқуқии толибилмон ва ё дар бастагӣ ба тағйирёбии талаби низоми қонунгузориҳои кишвар маҷлис метавонад пурра ба ҳалли ҳамин қазия бахшида шавад.

Ба гунаи мисол, дар оғози гузаштан ба баррасии масъалаи мазкур роҳбари синф метавонад аз вазифаҳои тарбияи ҳуқуқӣ дар зинаи синну соли хурди наврасӣ ёдовар шуда, пасон ба падару модарон бобати амалигардонии ин раванд дастуру ҳидоятҳои мушаххас бо дарназардошти хусусиятҳои ҳамин давра пешниҳод созад. Аз ҷумла имкони таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, яъне омӯзонидани тарзи итоат ба қоидаҳо ва оқибати саркашӣ аз онҳо, омӯзонидани тарзи рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, чӣ гуна амал кардан ҳангоми дучор шудан бо соири мушкилоти ҳуқуқӣ ва ғайра. Дар фароварди расидагирӣ дар ҳалли масъала роҳбари синф кулли ҳозиринро барои ширкат ба ҷараёни мубодилаи афкор даъват намуда, ба ин васила роҳҳои беҳтари тарбияи ҳуқуқиро дарёфт ва баҳри татбиқ дар амал ба волидон тавсия мекунад.

Дар тарғиби ҳаматарафаи донишҳои педагогӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии мактабиёни наврас дар байни волидони онҳо лекторияҳо, ки бештар дар мактабҳо таъсис дода мешаванду тӯли 1-2 сол амал хоҳанд кард,[3] нақши муассир доранд. Дар кори лектория намояндагони раёсати мактаб, омӯзгори фанни «Инсон ва ҳуқуқ», кормандони даъватшудаи мақомоти адлия, прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзида, ҳузури шунавандагон бо лексияҳои пурмӯҳтаво дар мавзӯъҳои:

— Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ – пояи тарбияи ҳуқуқӣ;

— Тарбияи ҳуқуқӣ — омили асосӣ дар роҳи пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои наврасон;

— Асосҳои тарбияи ҳуқуқии наврасон;

— Нақши оила дар таъмини тарбияи ҳуқуқии муҳасилини наврас;

— Давраи наврасӣ зинаи созгори синнусол ҷиҳати азбаркунии донишҳои ҳуқуқӣ;

— Наврасони хурдсол доир ба ҳуқуқ чиро бояд донанд;

— Аҳамияти намунаи ибрати волидайн дар тарбияи ҳуқуқии фарзандон;

— Вазифаҳои падару модар дар афзунгардонии захираи донишҳои ҳуқуқии хонандагони синфҳои миёнаи мактабӣ;

— Аҳамият ва зарурияти таъмини дарки меъёрҳои ҳуқуқӣ аз сӯи наврасон;

— Роҳҳои ёрмандии аъзоёни оила дар азхудкунии донишҳои ҳуқуқӣ аз тарафи наврасони хурдсол

ва ғайра баромадҳо хонанд кард.

Лексия барои падару модарон – дар фарқият аз лектория метавонад ба сифати шакли тарғиби донишҳои педагогию ҳуқуқӣ, на танҳо дар ҷараёни лекторияҳо, инчунин аснои фаъолияти донишгоҳҳои падару модарон, дар ҷараёни маҷлиси волидайн ва ё дар алоҳидагӣ созмон дода шавад. Лексия ҳам монанди лектория бо тайёрии пухта, хоса ҳангоми додани тавсияҳои мушаххас ба шунавандагон бобати тарзи истифода аз донишҳои педагогию ҳуқуқӣ дар кори тарбия аз ҷониби коршиносони ҷудогона ташкил карда мешавад. Набояд фаромӯш сохт, ки самаранокии лексия ҳамон вақт метавонад таъмин гардад, ки агар лектор маводи лексия мекардаашро пешакӣ бо истифода аз китобу дастуроти ғояи баланди илмӣ-оммавӣ дошта тайёр карда бошад.

Боз як шакли судбахши ҳамкорӣ, ки дар ҷараёни он низ тарғиби донишҳои педагогӣ оид ба тарзи амалисозии тарбияи ҳуқуқии наврасони хурдсол роҳандозӣ мегардад – конфронси волидайн ба шумор меравад. Конфронси волидайн дар мавзӯи ҳуқуқӣ соле як маротиба гузаронида шуда, дар рафти он асосан мубодилаи таҷрибаи пешқадами оилаҳо роҷеъ ба ҳамин мавзӯъ ҷараён меёбад.

Мавзӯи мушаххаси матраҳшаванда дар кори конфронс марбут ба масъалаи таъмини раванди густаришёбии тасаввуроти ҳуқуқии наврасон метавонад пешакӣ аз сӯи роҳбари синф ва ҳайати кумитаи падару модарон мутобиқ ба авзои замон муайян шавад.

Чун қоида сарвари мактаб, роҳбари синф ва ё дар баъзе маворид раиси кумитаи падару модарон, ки агар аз зумраи ашхоси ошно бо кори таълиму тарбия бошад, ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, ҳини баромади худ аз аҳамият ва ногузирии таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасон дар таъмини рушди ҳамаҷонибаи онҳо бо овардани далелҳои возеҳ ёдовар шуда, ҳамзамон атрофи камбудиҳои мавҷуда дар самти мазкур ва зарурияти дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ҳарф хоҳад зад. Сипас, навбати баромад ба волидони хоҳишманд ва ё қаблан омодагӣ гирифта дода мешавад, ки онҳо зимни суханрониҳои кӯтоҳи хеш атрофи таҷрибаи пешқадами худ сухан ронда, ҳамзамон вазъияти баҳсталаби кори худро ба муҳокимаи умум пешниҳод мекунанд.

Вазъиятҳои проблемавии ба ҳамин минвол ҷамъшуда дар идомаи кори конфронс байни ҳайати ширкаткунандагон мавриди муҳокима қарор мегиранд. Масалан, ба сифати яке аз вазъиятҳои баҳсталаб метавонад масъалаи шавқу ҳаваси беандоза доштани наврасон ба бозиҳои компютерии инъикоскунандаи майдони ҳарбу зарб ва таъсири манфии ин гуна бозиҳо дар тарбияи ахлоқӣ-ҳуқуқии онҳо бошад.

Ҳамчунин айнан ҳамин гуна муҳокимаро, ки мақсад аз он бедор кардани фаъолии волидон ҷиҳати минбаъд мустақилона пайдо карда тавонистани роҳҳои ҳалли мушкилоти падидоянда дар раванди тарбияи ҳуқуқии фарзандон мебошад, метавон дар доираи конфронс пас аз намоиш додани филмҳои кӯтоҳмуддати ҳунариву ҳуҷҷатӣ, барномаҳои садову симо ва ё порае аз онҳо ташкил намуд.

Мавриди ёдоварист, ки созмон додани муҳокимаи филму намоишномаҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар як вақт метавонад ҳамчун шакли алоҳидаи ҳамкорӣ баромад кунад. Ҳамзамон ин гуфтаҳо нисбати шакли дигари ҳамкории коллективона – мубоҳиса низ дахл дорад.

Баъдан дар марҳилаи ниҳоии чорабинӣ аз муваффақияту норасоиҳои кори конфронс натиҷагирӣ сурат гирифта, фикру мулоҳизаҳои волидон бобати боз ҳам беҳтар сохтани сифати ҳамоиш шунида шуда, дархосту пешниҳодоти муфид ҳатман аз сӯи ҳайати тадорукот барои дафъаи дигар ба инобат гирифта мешавад. Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби марҳилаи номбурда рафти боздиди волидон аз толори намоишу фурӯши асарҳои педагогии марбут ба таълиму тарбияи фарзандон ва китобҳо барои кӯдакону наврасон амалӣ мегардад, агар чунин намоишгоҳ ташкил шуда бошад. Ва бо ҳамин ба кори конфронс ҳусни анҷом мебахшанд.

Шакли дигари ҳамкории коллективона дар роҳи додани донишҳои педагогию ҳуқуқӣ ба волидайн, ки мероси замони шӯравист, ин Донишгоҳҳои наздимактабии падару модарон аст. Дар ин муассисаи таълимӣ ба волидони хоҳишманд аз сӯи олимону мутахассисон, тибқи нақшаву барномаи муайян донишҳои ҳамаҷонибаи педагогӣ, аз ҷумла оид ба тарзи ташкили дурусти тарбияи ҳуқуқии фарзандон дар шакли иддае аз корҳои то ин дам зикрёфта омӯзонида мешаванд. Бояд гуфт, ки дар донишгоҳҳои падару модарон бар хилофи донишгоҳҳои муқаррарӣ маъракаи имтиҳонсупорӣ вуҷуд надошта, аммо ба шунавандагони он пас аз ду соли таҳсил диплом дода мешавад. Инчунин ба ҳангоми фаъолияти донишгоҳҳои номбурда ба шунавандагони он тавсияи адабиёти илмии педагогиву ҳуқуқӣ сурат мегирад, ки аз ин амал дар як вақт ҳамчун шакли алоҳидаи ҳамкорӣ истифода кардан имконпазир аст. Тавсияи адабиёти илмӣ ба волидайн имкон медиҳад, то ки онҳо сатҳи маърифати педагогию ҳуқуқии худро, на танҳо ҳангоми иштироки бевосита дар ҷараёни чорабиниҳои гуногун, балки зимни мутолиаи мустақилонаи адабиёти зарурӣ дар вақтҳои фориғ аз кор баланд бардошта, ҳамзамон дари як қатор масоили норавшани тарбияи ҳуқуқии наврасонро ба рӯи худ боз намоянд.

Кумитаи падару модарони синф ва мактаб низ метавонад дар ҳамкорӣ бо раёсати мактаб баҳри васеъ сохтани доираи тасаввуроти ҳуқуқии наврасони хурдсол саҳми арзишманде дошта бошад. Ин шакли ҳамкорӣ назар ба дигар ашколи раванди мазкур пояи устувор дорад, зеро фаъолияти он ба таври доимӣ дар давоми сол амалӣ мегардад. Дар дохили кумитаи падару модарон барои идоракунии фаъолияти он зимни баргузории ҷамъомади волидайн дар оғози сол ҳайати раёсат интихоб мегардад. Ҳамзамон дар дохили кумита якчанд комиссия оид ба таъмини раванди тарбияи ҳуқуқии муҳасилини наврас таъсис дода мешаванд, ки онҳо иборат аз комиссияи чораҷӯии таъҷилӣ, комиссияи таълиму тарбия, комиссияи оммавӣ-фарҳангӣ, комиссия оид ба боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии оилаҳо ва комиссия оид ба корҳои варзишӣ-солимгардонӣ мебошанд. Ҳамаи комиссияҳои номбурда метавонанд бо дарназардошти салоҳияти худ дар раванди тарбияи ҳуқуқии наврасон саҳмгузор бошанд. Аз ҷумла, вазифаи комиссияи чораҷӯии таъҷилӣ аз пешбарии фаъолияти дигар комиссияҳо иборат буда, аъзоёни он ҳуқуқ доранд, ки дар ҷараёни кори дигар комиссияҳо ширкат варзанд.

Дар умум фаъолияти ҳамаи аъзоёни комиссияҳои мухталифи кумитаи падару модарон аз зоҳир намудани ёрмандӣ дар ташкилу гузаронидани корҳои беруназсинфию беруназмактабии талабагон оид ба тарбияи ҳуқуқии онҳо, аз қабили: сӯҳбату мубоҳисаҳо, саёҳат ба коргоҳу муассисаҳои мақомоти қудратӣ, тамошои филмҳову муҳокимаи онҳо, соатҳои саволу ҷавоб, мусобиқаҳои сатҳи гуногун, викторинаҳо, баровардани рӯзномаи деворӣ, таҷлили ҷашнвораҳо, вохӯриҳо, маҷаллаҳои шифоҳӣ, маҳфилҳо, соатҳои тарбиявӣ ва ғайра; амалигардонии шаклҳои то ин дам номдурдаи ҳамкории мактаб бо оилаҳо, ҳамзамон ҳамкории мактаб бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ; созмон додани тарбияи ҳуқуқии мактабиён ҳангоми осоиши эшон дар фароғатгоҳҳои тобистона; бурдани корҳои махсуси ислоҳӣ бо мактабиёни аз нигоҳи педагогӣ қафомонда; тарғиби донишҳои педагогиву ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ ва ҳоказо иборат мебошад.

Боз шакли дигари ҳамкорӣ бо мақсади амалигардонии расонидани кӯмакҳои педагогӣ ва методӣ ба волидайн оид ба тарбияи ҳуқуқии наврасон ин, ташкили рӯзҳои падару модар дар мактабҳо мебошад, ки дар ин асно аз шакли ҷудогонаи ҳамкорӣ — сӯҳбатҳои гурӯҳӣ ва фардӣ бо волидон истифода мекунанд. Дар ҷараёни сӯҳбат асосан масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо бобати вусъатбахшии ҳарчӣ бештари захираи донишҳои ҳуқуқии наврасон баррасӣ гардида, роҳҳои ҳалли мушкилот дар ин самт дар ҳамфикрии якҷоя муайян ва мавриди пешбарӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин ҳастанд ҳолатҳое, ки аксаран падару модарони наврасони «душвортарбия» аз иштирок дар чорабиниҳои гурӯҳӣ канораҷӯӣ мекунанд ва ин ҳолат, бешак зарурияти истифодабарии шаклҳои фардии ҳамкориро ба миён меорад. Яке аз ҳамин гуна шаклҳои барқароркунии робитаи мактаб бо волидон машваратҳои (консултатсияҳои) педагогӣ ба шумор меравад, ки ҳамзамон шакли гурӯҳии он низ мисоли сӯҳбат вуҷуд дорад. Илова бар ин, истифодаи чунин шакли корро зарурияти сайқал додани донишҳои ҳуқуқии падару модарони ҷавону дараҷаи начандон баланди маълумотро соҳиббуда ва ё махсусияти бархе аз оилаҳо талаб мекунад. Ҳини гузаронидани машваратҳои педагогӣ ҳаргиз нашояд, ки аз ҷониби омӯзгор ба волидайн маслиҳату тавсияҳои мушаххаси кор ва ё ин ё он тарзи рафтор дар ҳолатҳои муайян пешниҳод гардад, балки бояд мубодилаи афкор сурат гирифта, бад-ин васила роҳи раҳоӣ аз душворӣ нисбатан осон дарёфт гардад. Инчунин машварати педагогиро мумкин аст бо салоҳдиди муаллим моҳе як маротиба дар рӯзи муайян туфайли қаблан даъват сохтани гурӯҳи волидайн ба машварати мавзӯӣ ва ё ҳамчун пурракунандаи ин ё он шакли кор, масалан лексия дар идомаи он ба таври фардӣ ташкил намуд.

Шакли ниҳоии кор ин иштироки волидайн дар чорабиниҳо оид ба тарбияи ҳуқуқии мактабиён маҳсуб меёбад, ки мо аз ин хусус муфассалтар мавриди баёни вазифаҳои кумитаи падару модарон изҳор дошта будем.

Аммо ғайр аз ин ҳама ашколи номбурдаи ҳамкорӣ олими равоншинос Беличева С.А. зимни як таҳқиқоти илмии хеш дар доираи муайянсозии шаклҳои ҳамкории мактаб бо оилаҳо бо мақсади беҳтар сохтани вазъи таъсиррасонии муҳити хонавода ба тарбияи фарзандон (аз он ҷумла дар самти таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасон) – маҳви бесаводии педагогӣ-психологиро ҳамчун шакли ҷудогонаи ин раванд пешниҳод кардааст. Вобаста ба ин, ба назари рисоланигор беш аз понздаҳ шакли ҳамкорие, ки то ин дам каму беш тавсиф шуданд, дар маҷмӯъ ҳамаи онҳо ифодакунандаи ғояи аслии ҳамин шакли ҳамкорӣ буда, ҳадафи татбиқи онҳо дар кори мактаб аз боло бурдани фарҳанги педагогиву психологӣ ва ҳуқуқии волидайн иборат аст.

Қобили зикр аст, ки доираи ҳамкории мактаб бо институтҳои иҷтимоӣ дар самти дуруст созмон додани тарбияи ҳуқуқии толибилмони наврас, на танҳо фарогири робитаи муассисаи таълимӣ бо хонавода, балки ҳамкории мактабро бо гурӯҳи махсуси субъектҳои тарбия (хадамоти кор бо ноболиғони мақомоти умури дохила ва машваратгоҳҳои ҳуқуқӣ) дар бар мегирад. Зимнан, шаклҳои ҳамкории мактаб бо гурӯҳи махсуси субъектҳои тарбия, ки ба таҳким бахшидани пояи маърифати ҳуқуқии омӯзгорон нигаронида шудааст, ин сари ҳар чанд вақт таъмини ширкати бевоситаи муаллимон дар кори донишгоҳҳо ва лекторияҳои донишҳои ҳуқуқӣ, лексияҳои алоҳидаи коршиносон, семинару конфронсҳо ва иттиҳодияҳои методӣ мебошад. Ҳамчунин шаклҳои дигари омӯзиши меъёрҳои қонунгузориҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ аз бар кардани донишҳои ҳуқуқӣ аз сӯи муаллимон вуҷуд дорад, ки ин иборат аз: а) мустақилона ҳазмкунии маводи адабиёти ҳуқуқии тавсияшуда аз ҷониби кормандони мақомоти номбурда; б) иштироки фаъол дар ҷараёни ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба тарбияи ҳуқуқии хонандагон дар ҳамдастӣ бо намояндагони хадамоти кор бо ноболиғон ва машваратгоҳҳои ҳуқуқӣ; в) бо дархости муассисаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот бурдани кор дар самти тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ миёни аҳолӣ; г) гоҳ-гоҳ ташриф овардан ба машваратгоҳҳои ҳуқуқӣ бобати дарёфти саривақтии маслиҳату ҳидоятҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Одатан, ба машваратгоҳҳои ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо падидаи замони соҳибистиқлолист, на танҳо муаллимон, балки афроди дорои касбу кори гуногун, аз ҷумла волидон ва ҳатто худи наврасон низ метавонанд бевосита муроҷиат намуда, ба суолҳои хеш, ки аз боби ҳуқуқ ҳастанд, посухҳои амиқу мушаххас пайдо кунанд. Аз ин рӯ, фаъолияти машваратгоҳҳои ҳуқуқӣ дар роҳи додани донишҳои ҳуқуқӣ, ҳам ба омӯзгорону волидайн ва ҳам ба наврасон хуб арзёбӣ мегардад ва аз тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо он пурсамар истифода кардан аз фоида холӣ нест.

Гузашта аз ин, боз гурӯҳи алоҳидаи шаклҳои ҳамкории дабистону субъектҳои махсуси тарбия мавҷуданд, ки ҳадафи татбиқи амалии онҳо маҳз ба густурдасозии доираи фаҳмиши ҳуқуқии наврасони хурдсол равона шудааст. Азбаски дар ин хусус дар доираи дастуроти методии алоҳида оид ба «Нақши корҳои беруназсинфӣ дар густаришёбии шуури ҳуқуқии наврасон» гуфтаҳо мавҷуданд, бинобар ин мо аз баёни он ин ҷо худдорӣ мекунем. Ва фақат ҳаминро ёдовар мешавем, ки истифодаи мақсадноку пурсамар аз ин гурӯҳи шаклҳои ҳамкорӣ низ дар роҳи таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасон ногузир буда, ҳамзамон ин ҳолат яке аз омили асосии расидан ба ҳадаф дониста мешавад.

Дар ҷодаи комилгардонии раванди ҳамкории субъектҳои тарбия бо мақсади мусоидат дар рушди ҳуқуқии наврасони хурдсол ба ҷуз аз шаклҳо нақши воситаҳои ҳамкорӣ низ басо бузург мебошад. Таҳти мафҳуми воситаҳои ҳамкорӣ ҷамъи асбобу лавозимот ва таҷҳизоту васоити техникие фаҳмида мешавад, ки ҷиҳати таъмини робитаи устувори субъектҳо мавриди корбарӣ қарор мегиранд. Асри ХХI, ки асри иттилооту коммуникатсия маҳсуб меёбад, шароити мусоидро баҳри истифода аз воситаҳои сершумори ҳамкорӣ миёни субъектҳо фароҳам сохтааст. Зимнан, воситаҳои коммуникатсияи муосир туфайли хусусияти оммавии хеш қодир ҳастанд, ки дар як вақт алоқаи мутақобилаи ҳамаи субъектҳои ранҷбарро дар самти амалисозии раванди тарбияи ҳуқуқии толибилмони наврас мунтаззам таъмин карда бошанд. Ҳамзамон бо истифода аз воситаҳои ҷадиди коммуникатсионӣ робитаи наздики субъектҳои тарбияро новобаста аз мавҷудияти фосила дар сатҳи хеле олӣ роҳандозӣ намудан имконпазир аст. Аз ин лиҳоз, истифода ва корбарии чунин васоити аз ҳар ҷиҳат муфиди ҳамкориро дар фаъолияти амалии ҳамаи субъектҳо ҷиҳати воқеъшавии ҳамқадамии онҳо бо пешрати замона ҳатмӣ ва ниҳоят муҳим мехонем.

Падидоии шумораи ҳарчӣ бештари воситаҳои таъминкунандаи ҳамкории субъектҳои тарбия аз ривоҷёбии дастовардҳои коммуникатсионӣ дар ҷомеаи башарӣ вобаста буда, ҳар кадоми он метавонад вобаста аз дараҷаи натиҷабахшӣ ва созгории тарзи истифодакуниаш ҳамон қадар зиёдтар мавриди корбарӣ қарор ёбад. Аз ҷумла, зимни пажӯҳиши мо ҳашт адад воситаҳои ҳамкорӣ муайян гаштанд, ки шояд теъдоди онҳо аз ин адад бештар бошад ва ё дар солҳои баъдӣ зиёд гардад. Ҳамзамон мо ин ҳашт адад васоити ҳамкориро дар бастагӣ аз хусусиятҳояшон шартан ба ду гурӯҳ: техникӣ ва ғайритехникӣ ҷудо кардем. Сараввал, аз шарҳи воситаҳои ғайритехникии ин раванд шурӯъ хоҳем кард, ки истифодабарии онҳо дар фаъолияти субъектҳо ҳанӯз дар асри ХХ маъмул буд.

Мусаллам аст, ки яке аз воситаҳои сермаъмули таъминкунандаи иртиботи мактаб бо хонавода — рӯзномаи хонанда ба шумор меравад, ки дар он ҳар ҳафта на танҳо вазъи азбаркунии донишҳои фаннӣ аз тарафи хонанда ифода меёбад, балки дар он дар фароварди ҳафта аз ҳолати ахлоқи талаба низ натиҷагирӣ аз сӯи роҳбари синф сурат мегирад. Бар зами ин ҳангоме, ки хонанда дар рӯзи муайян рафтори ғайриахлоқӣ ва ё хилофиқонунӣ содир мекунад, дарҳол ин ҳолат дар рӯзномаи ӯ қайд гардида, бад-ин тариқ падару модари наврас огоҳонида ва ё ба сӯҳбати инфиродӣ даъват карда мешаванд. Ба ҳамин монанд даъвати волидайн ба маҷлиси синфии падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ, ҳамзамон муроҷиати волидон ба омӯзгор ва ё баръакс муроҷиати мушаххаси роҳбари синфу намояндаи раёсати таълимгоҳ нисбати падару модар таввассути рӯзномаи хонанда амалӣ карда мешавад. Бо дарназардошти ин ҳама вазифаҳои рӯзнома месазад, ки онро воситаи муҳими мусоидаткунанда дар таъмини ҳамкории дабистону хонавода ҷиҳати амалигардонии рушди ахлоқӣ-ҳуқуқии наврасон донист.

Воситаи дигари таъминкунандаи иртиботи мактабу хонавода ҷиҳати сайқалбахшии донишҳои ҳуқуқии падару модарон, ки аз ин навъи восита дар як қатор адабиёти илмии соҳа низ гуфтаҳо мавҷуданд, ташкили гӯшаи синфии падару модарон мебошад. Дар гӯшаи синфии падару модарон чун қоида андар боби ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд иқтибосҳо аз банду моддаҳои қонунгузориҳои гуногуни марбут ба ҳамин масъала оварда мешаванд. Ҳамзамон иқтибос аз Оинномаи худи мактаб доир ба масъулияти падару модар дарҷ мегардад, ки волидон метавонанд ҳини ташриф овардан ба мактаб аз ин воситаи судманд дидан ва мӯҳтавои онро мутолиа намоянд.

Ҳамчунин ба хотири изҳори фикру хоҳишҳои муфассал аз тарафи як субъект нисбати субъекти дигар бобати дар сатҳи нисбатан хубтар татбиқкунии ҷараёни тарбияи ҳуқуқии наврасон воситаи аз ҳама қулай ин ирсоли нома ба унвонии якдигар мебошад. Мавриди ёдоварист, ки аз чунин воситаи ҳамкорӣ ҳанӯз дар замонҳои қадим субъектҳо миёни ҳам ба таври хеле фаровон истифода мекарданд. Афзалияти ин воситаи ҳамкорӣ дар он зоҳир мегардад, ки он на танҳо пайвандгари мактабу оила, балки қодир ҳаст, ки иртиботи ҳамаи субъектҳои тарбияро бо мақсади тавъамсозии маҷмӯи қувваҳо дар тарбияи ҳуқуқии муҳасилини наврас таъмин намояд. Чунончӣ маълум аст, дар ҳоли ҳозир ирсоли нома ба суроғаи якдигар метавонад бо роҳи расмӣ, яъне тариқи «Почтаи давлатӣ» ва ё ғайрирасмӣ, яъне тавассути шахси боваринок амалӣ гардад. Масалан, бо дарназардошти роҳи аввал волидайн метавонанд баҳри посух гирифтан ба суоли мазмуни ҳуқуқидоштаи хеш ва ё дарёфтани роҳи раҳоӣ аз вазъияти мураккаби ҳуқуқии баамаломада, ки яке аз воситаҳои афзунсозандаи ҳаҷми донишҳои ҳуқуқии эшон мебошад, номаеро бо дархости ирсоли мактуби ҷавобӣ, ба унвонии машваратгоҳи ҳуқуқӣ навишта, ҳамзамон дар рӯи мактуб индекси почта ва суроғаи муассисаро дуруст инъикос намуда, онро тариқи «Почтаи давлатӣ» ирсол намоянд. Пас аз гузашти чанд рӯз мактуби ҷавобӣ ба манзили истиқоматии онҳо боз ҳам тавассути хаткашони расмӣ ва ё як тан намояндаи машваратгоҳи ҳуқуқӣ дастрас хоҳад шуд. Вале бояд дар хотир дошт, ки дар замони гузариши ҷомеа ба низоми нави иқтисоди бозоргонӣ, одатан хизматрасониҳои ҳуқуқӣ низ бар ивази пардохти маблағи муайян амалӣ мешаванд.

Ирсоли нома тавассути шахси боваринок, ё худ татбиқи ғайрирасмии ин амал онро дар назар дорад, ки мавриди ошкоршавии ҳолатҳои берун аз чаҳорчӯби талаботи қоидаҳои ахлоқӣ рафторкунии хонандаи муайян роҳбари синф имкон дорад, ки бо мақсади рафъ сохтани чунин рафтори наврас дар доираи ҳамкорӣ бо оила номаеро бо нишон додани вазъи бади ахлоқи ӯ ва роҳу усулҳои методии пешгирӣ аз чунин ҳолатро нигошта, онро бо дасти ягон нафар ба падару модари навраси ахлоқаш халалёфта равон намояд.

Табиист, ки солҳои охир бо тадриҷан созгоршавии низоми корбарӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи таълиму тарбия туфайли пайдо шудани воситаҳои ҷадиди техникӣ доираи истифодашавии васоити ғайритехникии таъминкунандаи ҳамкории субъектҳои тарбия торафт маҳдуд гашта истодааст. Албатта ин ҳолат хуб аст ва боиси қаноатмандии ҳар фард мебошад.

Зимнан, яке аз воситаҳои техникии ҳамкорӣ — истифодабарии телефони боварӣ дар низоми фаъолияти субъектҳо, ё худ тамосгирии субъектҳо тавассути телефон дар ҳалли масъалаи таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасон мебошад. Бояд гуфт, ки нақши телефони боварӣ дар таъмини иртиботи субъектҳои тарбия басо барҷаста буда, ҳамзамон ин навъи восита дар болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқии чӣ наврасону чӣ падару модари эшон ва омӯзгорон аҳамияти беназирро дорост. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо тавре аз роликҳои таблиғотии соири шабакаҳои телевизионии Русия бар меояд, феълан дар қаламрави ин кишвар телефони боварии ройгон амал мекунад, ки вазифаи он аз дароз намудани дасти кӯмак тавассути ироа сохтани маслиҳату тавсияҳои муфиди коршиносон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳуқуқии наврасон ва осон намудани рафти тарбияи ҳуқуқии онҳо аз тарафи волидону омӯзгорон иборат мебошад. Телефони боварӣ дар ҳар ноҳия метавонад, ҳам аз тарафи Хадамоти кор бо ноболиғони ШКД, ҳам аз ҷониби машваратхонаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам аз тарафи мактабҳо таъсис дода шавад, то ки волидайн тавонанд бо ин институтҳои иҷтимоӣ иртиботи доимӣ барқарор намуда, туфайли анҷом додани сӯҳбатҳои инфиродӣ бо мутахассисони соҳа, ҳам донишҳои ҳуқуқии хешро афзун гардонанду ҳам тарбияи ҳуқуқии фарзандонашонро дуруст ба роҳ монанд. Мавриди таъкид аст, ки телефони боварӣ дар ин роҳ воситаи нисбатан судманду мусоид буда, тавассути он метавонад дилхоҳ масоили пешорӯомада марбут ба таъмини тарбияи ҳуқуқии мактабиёни наврас миёни субъектҳо матраҳ ва ҳалли худро пайдо намояд.

Лекин бо ин ҳама судмандиаш, мутаассифона дар ҳудуди давлати мо бинобар сабаби ҳамоно суст будани заминаҳои моддӣ-техникӣ, сатҳи бади таъминоти кадрӣ ва нокифоя будани маблағгузории муассисоти давлатӣ то кунун дар низоми фаъолияти онҳо чунин воситаи хуби ҳамкорӣ таъсис дода нашудааст. Бинобар ин, мақомоти дахлдори давлатиро мебояд бо дарназардошти вазъи маърифати ҳуқуқии наврасони имрӯза ва бо баҳисобгирии заминаҳои иқтисодии ҷойдошта сари ин масъала низ боре андеша намоянд ва дар ин самт тадбирҳои мушаххаси амалиро ҳарчӣ тезтар рӯи кор оранд.

Ҳамчунин боз як восиати нисбатан ҷадиди теҳникӣ, ки феълан дар таъмини робитаи субъектҳои тарбия нақши фаъол дошта, ҳамзамон маҳз бо ҳамин хусусияти хеш доираи истифодашавии васоити ғайритехникии ин раванд, ба вижа ирсоли номаро миёни субъектҳо ниҳоят танг сохтааст, ин созмонёбии суроғаи почтаи электронии субъектҳои алоҳида дар шабакаи ҷаҳонии интернет мебошад. Почтаи электронӣ низ ҳамчун натиҷаи дастовардҳои муосири техникӣ воситаи комилан созгори ба роҳмонии ҳамкории мутақобила буда, он алъон дар низоми фаъолияти кулли субъектҳо бо суръати баланд доман густурда истодааст. Хусусияти фарқкунандаи ин навъи воситаи таъминкунандаи ҳамкорӣ аз телефонии боварӣ дар он аст, ки онро метавонанд, на танҳо субъектҳои муассисавӣ, инчунин оилаҳо низ таъсис диҳанд ва ҳатто падар ва модар ҳар кадом дар алоҳидагӣ метавонанд суроғаи почтаи электронии худро дошта бошанд, ки воситаи сатҳи олиест ҷиҳати созмонёбии иртиботи мутақобилаи ҳамаи субъектҳои тарбия байни ҳам.

Тавассути почтаи электронӣ низ, чунончӣ дар мавриди таъиноти ирсоли нома гуфта будем, метавонад ироаи саволу пурсишҳо ва дархосту пешниҳодоти муфид бобати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди камолёбии ҳуқуқии наврасон дар шароити хонавода ва мактаб миёни субъектҳои дар ин ҷараён саҳмдор сурат пазирад.

Илова бар ин, монанд ба почтаи электронӣ, вале аз ин ҳам қулайтар солҳои охир воситаи дигари таъминкунандаи иртиботи мустақими субъектҳо бобати расидагирии онҳо дар баррасии дилхоҳ масъала миёни ҳам ба вуҷуд омадааст, ки онро «чат» (англ. chat — лаққидан) гӯянд. Ин воситаи ҳамкорӣ, ки истифодааш танҳо тариқи интернет ипконпазир аст, ба субъектҳои тарбия имкон медиҳад, то ҳамаи онҳо дар як вақт аз нишастгоҳи хеш берун наомада, атрофи ин ё он масоили тарбия байни ҳам табодули назар ва муҳокимарониҳо намоянд ва бад-ин васила якдигарро аз нозукиҳои кори тарбия, махсусан аз татбиқи раванди тарбияи ҳуқуқии наврасон огоҳ созанд. Гузашта аз ин, дар доираи имконоти «чат» субъектҳои тарбия имкон доранд, ки шаклҳои мухталифи ҳамкории хешро бо якдигар, ба монанди: гузаронидани ҳамоишу сӯҳбатҳои гурӯҳӣ, конфронсу семинарҳои омӯзишӣ ва ғайраҳоро тариқи истифодаи босамар аз ин навъи воситаи ҳамкорӣ роҳандозӣ намоянд. Яъне волидайн ва дигар ашхоси саҳмдор дар ин раванд дар сурати ташкил шудани ҳамоиш тариқи «чат» аз тарафи ин ё он институти иҷтимоӣ имкон доранд, ки бидуни қадам ранҷа намудан ба даргоҳи муайян, аниқтараш аз қароргоҳи хеш набаромада метавонанд дар кори ҳамоиш ширкат ва ҳамзамон нуқтаи назари худро дар ҷараёни он иброз доранд. Чунончӣ, аз тарзи истифодабарии ин навъи воситаи таъмингари робита, ки на ҳама субъектҳо аз он пурра огаҳӣ доранд, бар меояд, он имкон медиҳад, ки ҳам вақти иштирокчиёни ҳамоиш сарфа гардад ва ҳам субъектҳои муассисавӣ барои гузаронидани чорабиниҳои гурӯҳӣ ба толорҳои алоҳида ниёз надошта бошанд. Ва судмандии «чат» ҳам баҳри татбиқи ҳамкории субъектҳои тарбия бо мақсади беҳтарсозии раванди тарбияи ҳуқуқии наврасони хурдсол маҳз дар ҳамин хусусияташ зоҳир мегардад.

Ғайр аз ин, сомонаҳои интернетӣ, ки аз ҷониби ҳамаи субъектҳои тарбия, ба истиснои оилаҳо дар шабакаи ҷаҳонӣ боз карда мешаванд, дар таъмини иртиботи институтҳои иҷтимоӣ ва болоравии савияи донишҳои ҳуқуқии эшон саҳми босазо доранд. Дар доираи ин гуна сомонаҳо вобаста ба ҳаҷмашон метавонад матни пурраи қонунгузориҳо, аз қабили: Кодексҳои ҳуқуқӣ, қарору фармонҳои сатҳи маҳалливу ҳукуматӣ, қонунҳои алоҳидаи амалкунанда ва дигар матолиби мазмуни ҳуқуқидошта ҷой дода шаванд, ки метавонанд дар сайқалёбии фарҳанги ҳуқуқии омӯзгорону волидайн аҳамияти муҳим дошта бошанд. Ҳамзамон бо дарназардошти талаби замон машваратгоҳҳои ҳуқуқӣ бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории хеш бо институтҳои асосии иҷтимоӣ баҳри мусоидат дар таъмини дурусти тарбияи ҳуқуқии наврасон аз тарафи онҳо ва зоҳир намудани мадад ҷиҳати рафъ сохтани мушкилоти ҳуқуқии эшон имкон доранд, дар саҳифаи сомонаи муассисаашон раванди посух гуфтан ба саволҳои ҳуқуқиро ба роҳ монанд. Ё худ сомонаи алоҳидаеро бо ин ҳадаф боз намоянд, ки айни ҳол фаъолияти пурсамар доштани сомонаи маслиҳати ҳуқуқии ройгон дар фазоии иттилоотии кишвар бо суроғаи www.humanrts.tj. намунаи возеҳи ҳамин гуфтаҳост.

Ва воситаи ниҳоии ҳамкории субъектҳои тарбия, ки ҳам техникӣ ва ҳам ғайритехникӣ буда метавонад, васоити ахбори омма (ВАО) ба шумор мераванд. Ба воситаҳои ғайритехникии ВАО рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ дохил мешаванд, ки тавассути онҳо аз сӯи ин ё он намояндаи институтҳои иҷтимоӣ тарзу усулҳои мушаххаси фарохгардонии доираи тасаввуроти ҳуқуқии мактабиёни наврас, мавҷудияти проблемаҳои ҳалталаб дар ин самт ва дигар нуқтаҳои марбут ба ҳамин масъала дар шакли мақолаҳои илмӣ-оммавӣ нашр гардида, дастраси дигар субъектҳои тарбия гардонида мешаванд. Ҳамин тариқ, дар ҳар шумораи матбуоти даврӣ дар як вақт теъдоди зиёди субъектҳои тарбия аз ҳар гӯшаю канори мамлакат фикру мулоҳизоти хешро дар бастагӣ ба қазияи мазкур навишта, бо ҳамин ҳиссаи худро дар низоми ҳамкорӣ доир ба тарбияи ҳуқуқии наврасон мегузоранд.

Ба воситаҳои техникии ВАО бошад, садову (радио) симо (телевизион) шомил ҳастанд, ки аз тариқи инҳо низ туфайли пахши барномаҳои гуногунмазмун андешаҳои ҷолиби диққати коршиносони бахши таълиму тарбия роҷеъ ба вазъи кунунии фарҳанги ҳуқуқии наврасон, ҳолати рафторҳои мактабиёни имрӯза ва роҳҳои беҳтарсозии ин хусусиятҳо дар насли наврас аз тарафи оилаву ҷомеа, шунавонида ва намоиш дода мешаванд. Ҳамзамон тавассути васоити мазкур раванди фаҳмондадиҳии моҳияти қонунгузориҳои мухталиф бо услуби публисистӣ аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон ва худи журналистон сурат мегирад, ки онро тамоми омӯзгорону волидон метавонанд дарк намуда, аз ин ҳама хулосаҳо бароранд ва мавриди татбиқи тарбияи ҳуқуқии наврасон ба кор баранд. Бо ҳамин, нақши ВАО дар қатори дигар воситаҳои мусоидаткунанда дар таъмини ҳамкории субъектҳои тарбия бобати амалимсозии ҷараёни густаришпазирии шуури ҳуқуқии наврасони хурдсол аз ҳар ҷиҳат муҳим хонда мешавад.

Хулоса, татбиқи амалии ҳама шаклҳои ҳамкорӣ ва истифодаи оқилонаи васоити таъминкунандаи ин раванд, ки яке аз омилҳои асосӣ дар роҳи расидан ба ҳадаф бобати таъмини муваффақонаи тарбияи ҳуқуқии наврасони хурдсол мебошад, танҳо ҳамон вақт метавонад имконпазир гардад, ки агар дар низоми корбарии ҳамаи субъектҳои тарбия соири тадбирандешиҳои мушаххаси аввалия дар ин самт ҷоннок карда шаванд. Ба монанди: а) беҳтарсозӣ, ё худ мутобиқ ба талаботи замон гардонидани вазъи маблағгузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; б) беҳтарсозии ҳолати таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои номбурда; в) беҳтаргардонии заминаҳои моддӣ-техникии субъектҳои муассисавӣ ва вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии оилаҳо; г) боло бурдани сатҳи кордонӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносии кормандони субъектҳои муассисавӣ ва ҳамчунин масъулиятшиносии худи волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон.

Адабиёт:

1. Вознесенская И.Н. Психологические основы формирования дисциплинированности у младших подростков. Автореф. дис. канд. псих. наук. – М., 1994.

2. Гринкевич В.В. Педагогические основы нравственно-правового воспитания старших подростков. Автореф. дис. канд. пед. наук. – Минск, 1991.

3. Давыдов Г.П. Основы правового воспитания учащихся общеобразовательной школы. Автореф. дис. докт. пед. наук. – М., 1984.

4. Кашкарев Г.В. Сиситема работы с несовершеннолетними по предупреждению правонарушений. Автореф. дис. канд. пед. наук. – Киев, 1991.

5. Корниенко Л.М. Проблемы формирования правосознания школьников. Автореф. дис. канд. юрид. наук. – М., 1974.

6. Методика правового воспитания учащихся / Под ред. А.В.Мицкевича, В.М.Обухова. – М.: Просвещение, 1982.

7. Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, «Ҳумо», 2007.

8. Ҳамидов У.Т. Донишҳои ҳуқуқӣ омили пешгирии қонуншикании наврасони хурдсол. – Душанбе: «Ирфон», 2011.

9. Ҳамкории мактаб, оила ва аҳли ҷамъият дар тарбияи коммунистии хонандагон: Дастури методӣ барои муаллимон ва падару модарон. – Душанбе, 1979.

10. Ш.К.Хасанов Правовое воспитание как средство преодоления деформации правосознания осужденных: общетеоретический аспект. Автореф. дис. канд. пед. наук. – Душанбе, 2009.

11. Шилова В.И., Кузмина Т.П. Роль общественности и семьи в предупреждении  преступности среди несовершеннолетних. Л., 1970.

12. Шингирей Т.А. Осознание старшеклассниками гражданских прав и обязанностей как условие нравственного формирования личности. Автореф. дис. канд. пед. наук. – М., 1980.

13. Юнусов Й. Педагогика. – Душанбе: «Маориф ва фарҳанг», 2005.

Ҳамидов Умед – ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Copyright © 2011 Umed Hаmidov. All rights reserved.


[1] Вознесенская И.Н.Психологические основы формирования дисциплинированности у младших подростков. Автореф. дис. канд. псих. наук. – М., 1994.

[2] Методика правового воспитания учащихся / Под ред. А.В.Мицкевича, В.М.Обухова. – М.: Просвещение, 1982, с. 125.

[3] Юнусов Й. Педагогика. – Душанбе: «Маориф ва фарҳанг», 2005, с. 299.


0
  1. BOBOJONМАН МЕХОХАМ САЙТ СОЗАМ АММО НАМЕТАВОНАМ ИЛТИМОС БА МАН КУМАК КУНЕД.TJ

    0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *