ОЗМУНИ «СОМОНАИ БЕҲТАРИНИ НАВРӮЗ»

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, Фонди ҷамъиятии «Интернет», Фонди «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет», ҶДММ «Вавилон-Т», Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Тселл» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯз»-ро эълон менамояд. Дар озмун хонандагону донишҷӯён, муассисаҳои таълимӣ, шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, метавонанд ширкат варзанд.

Озмун рӯзи 29 март ҷамъбаст карда мешавад. Ғолибон бо ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тӯҳфаҳои арзанда ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Барои дастрас кардани маълумоти иловагӣ ба Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия аз тариқи телефонҳои: 227-28-37, 221-33-63 ва нишони электронии E-mail: markazi-tik@maorif.tj муроҷиат намоед.
Тартиби баргузории озмунро хоҳишмандон метавонанд аз сомонаҳои www.edu-maorif.tj ва www.cipi.tj дастрас намоянд.

ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «СОМОНАИ БЕҲТАРИНИ НАВРӮЗ»

Мақсади Озмун:
• Таҳияи сомонаҳои интернетӣ оид ба мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ва инъикоси арзишҳои миллии он дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ;
• Ҳавасмандкунии ҷавонон баҳри пурмӯҳтаво гардонидани сомонаҳо ва таъмини фаъолияти доимии онҳо;
• Баланд бардоштани малакаю маҳорат ва дониши хонандагон, донишҷӯён вобаста ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
• Истифодаи шабакаи Интернет баҳри рушди таҳсилот;
• Таҳким бахшидани ҳамкориҳо миёни оила ва мактаб, омӯзгор ва хонанда;
• Тарғибу ташвиқи сомонаҳои беҳтарин ҳамчун воситаи фаъоли омӯзиш ва эҷодкорӣ.

Иштироккунандагони Озмун:
— хонандагон ва донишҷӯён;
— муассисаҳои таълимӣ;
— муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
— муассисаҳои илмӣ;
— шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз кишвар кору фаъолият доранд.

Ташкилкунандагони Озмун:
• Вазорати маорифиҶумҳурии Тоҷикистон (http://www.edu-maorif.tj/);
• Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет (http://www.ispa.tj/);
• Фонди ҷамъиятии «Интернет» (http://www.schools.tj/);
• Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» (http://www.cipi.tj/).

Сарпарастони Озмун:
• Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Вавилон-Т»;
• Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Тселл».

Ӯҳдадориҳои ташкилкунандагони Озмун:
• Эълони Озмун: таҳия ва интишори шартҳои Озмун;
• Ташкили ҳайати доварон барои баҳогузории маводи ба Озмун пешниҳодгардида;
• Қабул ва коркарди маводи ба Озмун пешниҳодшуда;
• Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои баҳогузорию ҷамъбастии Озмун;
• Таҳия ва интишори натиҷаи Озмун.

Кумитаи тадорукоти Озмун ҳуқуқ дорад:
• Мазмун ва миқдори ҷоизаҳои Озмунро муайян намояд;
• Ҷоизаҳои иловагии Озмунро пешниҳод ва тасдиқ намояд;
• Дархости иштирокчиёнро ба Озмун қабул намояд;
• Ҳайати доваронро тағйир диҳад;
• Меъёрҳои баҳогузорӣ ба маводи пешниҳодшударо муайян намояд;
• Сарпарастонро ба кори Озмун ҷалб намояд;
• Ҳадаф, раванд ва натиҷаи Озмунро таблиғ намояд.

Тартиби ташкил ва гузаронидани Озмун:
• Эълони оғози Озмун ва ба таври расмӣ фиристодани мазмуни он ба Раёсат, шӯъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ то 19 феврали соли 2012;
• Интишори эълони Озмун тавассути сомонаҳои ташкилкунандагон ва сарпарастони он;
• Интишори дархости электронии иштирок дар Озмун тавассути сомонаҳои ташкилкунандагон ва сарпарастони он.
• Қабули сомонаҳо барои иштирок дар Озмун аз ҷониби иштироккунандагон то 25 марти соли 2012 тавассути ҷойгир намудани сомона дар Интернет ва ирсол намудани суроғаи он ба Кумитаи тадорукот бо суроғаи office@cipi.tj,markazi-tik@maorif.tj ва расонидани нусхаи электронии сомона ба Кумитаи тадорукот.
• Баҳогузории сомонаҳо ва гузаронидани чорабинии чамъбастии Озмун 29 марти соли 2012;
• Интишори натиҷаи Озмун тавассути сомонаҳои ташкилкунандагон ва воситаҳои ахбори омма;
• Ҷой додани овезаҳо (баннерҳо)-и ғолибони Озмун дар сомонаҳои ташкилкунандагони он ба мӯҳлати 1 сол.

Талабот нисбати маводи пешниҳодгардида ва иштирокчиёни Озмун:
• Барои иштирок дар Озмун сомонаҳои шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва муассисаҳои таълимию илмӣ бахшида ба Наврӯз, ки аз ҷониби хонандагон, муаллимон, донишҷӯён, китобдорон ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз макони зист, сохта шудааст, қабул карда мешаванд;
• Мавод (матн, сурат, акс ва навор) бояд моликияти зеҳнии муаллиф бошад;
• Ҳангоми истифода аз маводҳои шахсони дигар иҷозати муаллиф ва истинод ба сарчашма хатмист;
• Маводҳои пешниҳодгардида бояд муақал ба се забон бошад: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ;
• Шарти ҳатмии иштирок дар Озмун ҷой додани рамзи Озмун дар сомонаи пешниҳодшаванда мебошад. Рамзи Озмунро метавонед аз сомонаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилкунандагони Озмун дастрас намоед.

Меъёрҳои баҳодиҳӣ.
• НИЗОМИ УМУМИИ ЗОҲИРӣ: пуррагии саҳифаҳои, сабку услуб ва ороиши сомона, ба осонӣ хондани мавод ва роҳбаладӣ дар сомона (сомонаҳое, ки аз мавзӯҳои ороиши озоду кушодаасос истифода менамоянд, аз рӯи ҷоизаи «Ороиш» баҳогузорӣ намешаванд);
• ФАЪОЛИЯТИ ИРТИБОТ: мавҷуд будани форумҳо, пурсишҳо, намудҳои гуногуни муомила бо истифодабарандагон, яъне, ки имконоти муштариён барои зоҳир намудани фаъолият дар сомона;
• СЕРМАЗМУН: мавҷуд будани иттилооти ҷолиб ва манфиатнок барои хонандагон, волидайн, омӯзгорон ва ҳамаи шахсони ҳавасманд. Пуррагии иттилоот оид ба Наврӯз, ороиши расмҳо ва дилхушӣ, имконоти ҷойгир кардани мавод аз тарафи хоҳишмандон (ва ё ҷойгир намудани пайванд ба сомонаҳои худ), ба таври фаврӣ ва мунтазам нав кардани иттилооот, сифати маводи намоишӣ, мантиқу услуби ҷобаҷогузории мавод бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (ҷой додани мавод бо забонҳои дигар боиси таҳсин мегардад)
• ТАРЗИ ИҶРО: тарзи иҷро ва сифати кор.
• БАҲОДИҲИИ МУШТАРИЁН: баҳодиҳии муштариён дар яке аз сомонаи ташкилкунандагон.

Вазифаҳои аъзои ҳакамони Озмун:
• Баҳогузории ҳакамон аз рӯи ҳар як меъёр то 10 воҳид сомона;
• Баҳогузории маводи пешниҳодгардида мувофиқи меъёрҳои муайяншуда;
• Ҳангоми баҳогузорӣ, ба инобат гирифтани андешаҳои ташкилкунандагони сомонаҳои Озмун;
• Пешниҳод намудани натиҷаи баҳогузорӣ ба Кумитаи тадорукот.
• Иштирок дар чорабинии ҷамъбастии Озмун.

Муайян намудани ғолибони Озмун:
1. Сомонае, ки ҷамъи бештари холҳоро дар ҷоизаҳои Озмун мегирад, ғолиби Озмун дар ҷоизаи «Сомонаи беҳтарини Наврӯз» дониста мешавад;
2. Сомонае, ки холҳои бештарро дар ҷоизаи «Сермазмун» мегирад, сомонаи беҳтарин дар ҳамин ҷоизаи Озмун дониста мешавад;
3. Сомонае, ки холҳои бештарро дар ҷоизаи «Ороиш» мегирад, сомонаи беҳтарин дар ҳамин ҷоизаи Озмун дониста мешавад;
4. Сомонае, ки холҳои бештарро дар ҷоизаи «Интерактивӣ» мегирад, сомонаи беҳтарин дар ҳамин ҷоизаи Озмун дониста мешавад;
5. Сомонае, ки холҳои бештарро дар ҷоизаи «Маҳорати иҷро» мегирад, сомонаи беҳтарин дар ҳамин ҷоизаи Озмун дониста мешавад.

Барои иштирокчиёни Озмун ҷоизаи махсус муқаррар шудааст:
— беҳтарин эҷодкор-хонанда;
— беҳтарин эҷодкор-донишҷӯ;
— беҳтарин эҷодкор-устод;
— беҳтарин эҷодкор-шаҳрванд.
— Сайбер Малика

Мукофотонидани ғолибон:
— ғолибони Озмун бо ифтихорномаи махсуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тӯҳфаҳои арзанда ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Суроғаи Кумитаи тадорукот:
Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: 221-33-63; 227-28-37
E- mail: markazi-tik@maorif.tj, office@cipi.tj
Ғайр аз ин метавонед маълумотҳои лозимаро аз сомонаҳои зерин дастрас намоед: www.edu-maorif.tj, www.cipi.tj

0