Панду андарз дар ашъори Камоли Хуҷандӣ

Нақша:

1. “Андалебест Камол омада дар боғи маонӣ…”
2. “Олам сухани Камол бигрифт.”
а) Мақоми панду андарз дар ашъори Камол
б) Таҳлили абёт
3. “Гар ба сад қарн биҷӯянд, наёбанд Камол…”

Андалебест Камол омада дар боғи маонӣ,

Ки бисозад ғазалу бар гули рӯйи ту сарояд.

Алғараз, ҳамин инсони рашиду вораста, порсою соиб, ҷаводу матинтабъ, ки Шайх Камолаш мехонанд, бо нури ҳидояти хеш зулмати дилҳоро равшан, ба сеҳри сухани худ нафсҳои саркашро афсун мекард, дар маҷлиси мавъиза ба чашмҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшид, дар кишвари хаёлии хеш шоҳу гадоро мартабаи баробар илқо месохт, он қадар қудрату тавоноии маънавиро соҳиб буд, ки агарчӣ хишт зери сар дошт, бар тораки ҳафт ахтар мегузошт:

Хишт зери сару бар тораки ҳафт ахтар пой,

Дасти қудрат нигару мансаби соҳибҷоҳӣ.

Шайх Камол аз хоки поки Хуҷанд буда, соли 1318 басират ба олами ҳастӣ боз менамояд. Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар зодгоҳаш сипарӣ мешавад. Сипас, ба муҷиби нооромиву ошуфтаҳолии Хуҷанд тарки зодгоҳ намуда, ба Табрез рӯй меоварад. Бештари умри Камол дар ғарибӣ мегузарад ва ҳамеша орзу мекард, ки ба диёр, ба Ватан баргардад. Вале ба ӯ муяссар намешавад. Камол соли 1401 дар Табрез равон ба Яздон таслим менамояд. Оромгоҳи ин шоири беназир то кунун мавриди пазири аҳли назар аст.

Олам сухани Камол бигрифт,

Имрӯз ҷуз ин сухан, сухан нест.

Хоҷа Камол бо соири азамату нубуғи шоирӣ нахли сухани панду мавъизатро дар мазраи равони хеш сабз кард. Онро аз чашмасори файзбори хирад об дод. Маънишикофию мазмунпардозӣ кард ва бо баёни малеҳ, лутфу узубат ҷони шефтагони мавъизатро дар ин мотгаҳи хирман масҳур гардонид. Камол ба воситаи таҷрибаву озмоишҳои бисёре, ки дар тӯли умр андӯхта ва ба воситаи донистаниҳои фаровоне, ки дар он муддат фаро гирифта мероси бениҳоят пурарзиш боқӣ гузаштааст. Дар ҳар ҳарфу сухани Камол, ки мурод танҳо насиҳат аст, маонии фаровоне нуҳӯфтааст. Онҳоро   бояд бо нерӯи маърифат ва хираду фазилат дарёфта, дурҷи маониро боз намуда, гавҳари он нисори мақдами маърифатгарон бояд кард.
Газоф нест, бигӯем, ки суханҳои ҳикматноки устод дар ақсои олам паҳну парокандаанд ва аҳли ом ин панду ҳикматҳоро шоду мамнунона дар сиришти хеш парвариш медиҳанд. Дар ҳақиқат, дар зиндагӣ аз ҳама чизи беҳтарин қабул намудани панду андарз, ки инсонро ба асли инсонӣ мерасонад.

Дар эҷодиёти оламгири Хоҷа Камол панду андарз мақоми шоиста дорад. Ӯ чун муршиди иршодгар моро ба роҳи рост ҳидоят намуда, огоҳ месозад, ки ҳамеша ҷӯянда бошем, то инки ёбанда низ бигардем:

Ёфт дар ин раҳ яке гавҳар, дигаре хок,

Ҳиммати ҷӯянда ҳар чӣ буд, ҳамон ёфт.

Аз як ғазали Камол бармеояд, ки ӯ ба худ дӯсти муносибе пайдо намуда, ризо аст, ки аз ҷониби дӯсташ тамоми ҷабру ҷафою ранҷро хуш бипазирад:

Дӯст медорад дилам ҷабру ҷафои дӯстро,

Дӯстар аз ҷону сар дарду барои дӯстро.

Мо низ бояд ба ин пири маърифат ва донандаи ҳикмат пайравӣ намуда, ҳеҷ вақт дӯстонро наозорем ва аз санги ҷафояшон напарҳезем.

Аслан, Камол шоири аҳли ирфон аст. Яъне ирфон ҷараёнест, ки ориф фақат дар бораи одам, олам ва пайдоиши он сухан меронад. Дар баъзе абёти бо оҳангҳои андарзӣ пайваст шуда, истеъдоди олии Камолро боз ҳам возеҳтар баён месозанд.

Ҷуръае бар сари хок аз майи ишқ афшонданд,

Аршу курсӣ ҳама бар хок ниҳоданд ҷабин.

Ин чӣ хок аст, ки аршу курсӣ ҷабин ниҳода саҷда ба ҷо овардаанд? Хоки одам аст! Ин чӣ гавҳар аст, ки дар дили одамӣ ҷой додаанд? Ҷавҳари ишқ аст. Оре, ишқ латифаи рӯҳонӣ, мавҳиботи илоҳӣ ва муҳимтарин мақолаву паём аст, ки аз мағзи ашъори Камоли Хуҷандӣ набъон карда, ҳастаи маъноиву мабдаи ашъори ҳикматнокашро ташаккул додааст:

Ё ҷойи дигар фармуда:

Мо аз пас сад парда тамошои ту кардем,

Соҳибназарӣ ҳаст зи анвои каромат.

Ба назари Камол танҳо инсони соҳибназар метавонад ба ваҳдатхонаи Ҳақ раҳ кушояд ва гиреҳкушои хутути мастури ӯ шавад. Ашъори Камол, аслан иборат аст аз каломи муниру равшан, танҳо чашми соҳибназаре бояд овард, ки аз паси сад парда ҷамоли Ҳақро бубинад бад-он гуна, ки худи ҳазрат аз паси парда ҷамоли Ҳақро мебинад. Байти дар боло зикршуда дар баробари мазмуни ирфонӣ доштан ба мазмуни андарзӣ низ кам майл дорад. Камол дӯстдори инсони соҳибназар аст ва мехоҳад, ки пайравонаш низ аз ин баҳрамандӣ бонасиб гарданд.

Чаро мо низ нахоҳем ба ин мартабаи воло расидан? Ба райъи ман низ хушбахтарин инсон соҳибназар аст, ки ба туфайли дур намудан аз қалби хеш ғаразҳоро ва киштани тухми некиву покӣ чунин мақоли бузургро соҳиб шудааст. Хушо ба ҳоли касе, ки аз тоифаи соҳибназарон аст!

Табаҳҳури комили Шайх Камол бар илму дониш зевари ҳастии ӯ буд, ки сифатҳои фавқониро дар меҳвари худ ҷамъ мекард ва ба фазилати ҳамин баҳрамандии комил он авсофи ҳамида дар сиришти ӯ парвариш ёфтаанд. Аммо Камол он мавридҳое, ки дар дили ӯ ҷой доштанд, он хираду фазилате, ки дар тинати ӯ вуҷуд доштанд, намехост, ки ба ноаҳлон арза дорад:

Пеши ноаҳлон чӣ ҳосил фикри пургӯӣ, Камол,

Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро.

Онҳое, ки қобили фаҳми матлабе нестанд, пеши онҳо марвориди сухан беқадр аст, мисли мурғи арзанхорае, ки пешаш гавҳар арзиш надорад. Аз ин рӯ, сухан суханварони мумтози мо орзуманди хонандаи ҳушманду маърифатгари огоҳ аз бемаърифатӣ будаанд:

Маърифат нест дар ин қавм Худоро, мададе,

То барам гавҳари худ ба харидори дигар.

Моро мебояд, ки ба панду андарзе, ки бузургони мозӣ ба ёдгор мондаанд, эҳтиром гузошта, онҳоро истифода барем ва инчунин дар амал татбиқ намоем.
Камол худ, ки закӣ ва дӯстори панду андарз аст, дигаронро низ барои расидан ба ҳамин фазилати инсонӣ ҳидоятгар аст.

Кӯлвори хираду ҳикмати ин ситораи рахшандаи адабиёти форсӣ пурбор, пурнур ва ҷовидонист, ки ҳаргиз ин нурҳои пурҷило ғайб ва абгор нахоҳанд гашт. Ҳофизи бузургвор, ки аз зумраи ҳамзамонони Камол маҳсуб меёбад, дар тинати ӯ бузургмандиву заковатмандиро эҳсос намуда, фармудааст:

“Машраби ин бузургвор олист ва суханаш софӣ ва инсоф он аст, ки поктар ва ширинтар аз ғазалҳои ӯ мутақаддиман ва мутааххирин нагуфтаанд.”

Гар биҷӯянд ба сад қарн, наёбанд, Камол,

Булбуле чун ту хушилҳом ба чаманҳои Хуҷанд.

Камоли Хуҷандӣ аз ҷумлаи шоирони мумтози дирӯзу имрӯзу фардост. Ӯ бо насиҳату мавъизати худ ҳамеша зиндаву ҷовид аст. Камол тавассути илму дониш, панду андарз ва хираду заковати хеш дар замири мардум нури маърифат бигустуронда, дар зеҳни онон мақоми волоро соҳиб шудааст. Сафинаи ашъори Хоҷа Камол нусхаи ҳуснро мемонад. Мо бояд ин амонатро ба ҳамон рангу тароват ва ҳусну малоҳати маъниҳояш пос дорем ва барои ояндагон ба ирс гузорем.

Пас, биёед, эй толибилмон, аз каломи забардастони мозӣ мунири илм ҷӯё бишавем, ҳамдигарро дар шуунати нек сабқат бидиҳем ва пайваста ба дарки ҳилму салби илм иштиғол варзида, умри хештанро зоеъ нагузаронем.

Аслан, мо ҷавонони хушбахтем, зеро дар зери ливои бахту иқболи Ватан ба камол мерасем. Сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмон фармудааст, ки ояндаи миллат дар дасти ҷавонони саодатманд аст. Пойдорӣ ва устувории давлату миллат бар донишу фазилат аст, на ба коҳиливу ҷаҳолат. Аз ин рӯ, моро лозим он аст, ки дар рушди камолоту маънавиёти хеш кӯшиш намуда, дар гул-гулшукуфонии Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

Аз бузургонамон аз ҷумла аз Камол бояд, ки ибрат гирифт, зеро бо ин ҳама ғами ғарибӣ ва дурӣ аз ёру дӯстон, ҳамеша дар ёди Ватан буд:

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бе сару бе по ғариб.

 

Иншои ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон аз забон ва адабиёт Саноат Шокирзода, хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи №29-и ноҳияи Масчоҳ

0

4
Назари худро бинависед

avatar
4 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
4 Муаллифони тавзеҳҳо
ДустмуродMehronСарвар АшуровАмирхамза Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Амирхамза
Меҳмон
Амирхамза

Ман низ иштирокчии олимпиадаи забон ва адабиёт мебошам дар вилоят чои 1-умро гирифтам аз вилояти Хатлон Худо хохад дар Чумхури иштирок хохам кард. Ман кариб хар руз ин иншоро мехонам аз ширинию чаззобияти он дил канда наметавонам. Офарин, ахсант ба Саноат.

Сарвар Ашуров
Меҳмон

Ин кадар иншои бамаьне офарин

Mehron
Меҳмон
Mehron

Фикр мекунам, дар шархи байти охир, ки аз газали машхур: “Дил мукими куи…”-и худи шоир аст, иштибох кардед, рафик муаллифи маъруза.

Дустмурод
Меҳмон

бехтарин барои ин гуна иншо ташакур ба шумо барори кор