25 одатҳои муфид!

1. Бас кунед шунидани маслиҳатҳои нафаронеро, ки тавре ки шумо зиндагӣ кардан мехоҳед, он гуна зиндагиро надоранд.
2. Рӯзатонро бо ханда оғоз кунед. Ҳеҷ чиз бештар аз ханда наметавонад рӯҳияи шуморо болида гардонад.
3. Саҳаргоҳон ғусл (душ) намоед. Ин амал баробар ба қабули як пиёла қаҳва ба бедоршавиатон мадад мекунад.
4. Аз тамокуву алкоҳол даст кашед.
5. Қаблан банақшагирии рӯзи ояндаро омӯзед.
6. Фикратонро зебову босаводона изҳор намоед. Ба суханонатон аҳамият диҳед. Аз шеваатон калимаҳои ҳақоратомез ва калимаҳо-паразитҳоро истисно кунед.
7. Фикронии мусбӣ дошта бошед. Дар ёд дошта бошед, ки фикрҳои шумо – сароғози ҳама корҳост.
8. Қоматро мавзун нигоҳ доред, рост роҳ гардед.
9. Барвақт аз хоб хестанро ёд гиред. Соатҳои барвақти рӯз ба шумо ҳамеша фурсати бештар даст медиҳад, назар ба вақтҳои баъдӣ.
10. Ба одамон сидқан хушомад гӯед, хайрхоҳ бошед.
11. Ҳамарӯза ба мутолиаи адабиёти манфиатбахш вақт ҷудо намоед, лоақал 30 дақиқа.
12. Ба давидан оғоз намоед, ки ин тобовариро сайқал мебахшад.
13. Аз хоб сер шавед. Худро ба ҳамон як вақт хобидану бархостан одат диҳед.
14. Сайругашти ҳаррӯзаро дар ҳавои тоза ба ҷо оред.
15. Манбаҳои нави ғайрифаъоли даромадро созмон диҳед.
16. Шукргузор бошед аз он ҳама рӯйдодҳое, ки дар давоми 24 соати ахир аз сар гузаронидед. Дуои аз ҳама воло – ин шукргузорист.
17. Фикрҳои ҷолиб ва ақоиди судмандро, ки ба саратон меоянд, дарҳол навишта кунед.
18. Ба афроди ношинос табассум кунед.
19. Пеш аз хоб ҳавои ҳуҷраро тоза кунед. Дар салқинӣ хоб равед.
20. Ҳар рӯз ба рӯбучини бошишгоҳи хуб 15 дақиқа ҷудо намоед.
21. Худробароикомёбиҳоятон хурсанд намоед. Ба синамо равед, маҳси касбиро ба нақша гиред ва ё рӯзи худро дар боғи дилхушиҳо гузаронед.
22. Ба таъхиргузориро бас кунед. Фардо — яъне ҳеҷ гоҳ. Ҳар қадаре ки супориши кӯчак ҳам бошад, қадами аввалро ба таъхир нагузоред, худи ҳозир онро анҷом диҳед.
23. Ба нолидан хотима диҳед. Худи ҳозир ва ба ҳамешагӣ.
24. Аз бозиҳои компютерӣ, бемақсадона нишастан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайругашти аблаҳона дар интернет худдорӣ кунед.
25. Одамонро самимона таъриф кунед, хайрхоҳ бошед.

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

  1. хусрав:

    бехтарин гап

  2. Муҳаммад:

    Ташаккур ба тарҷумон ва ташкилкунандаи ҳамин кор. Беҳтарин кор тарбияи ҷавонон аст, барои калонсолон. Гуфтаи ҷаноби олӣ-президент: Як ҷаҳон ташаккур!

  3. DavlatmanD:

    Рости вакти ин чунин суханхоро мехонам афсус мекашам ки дер шуд (((

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *