Ҳикмати рӯз

Чаҳор чиз обурӯйро мерезонад: дурӯғ, бешармӣ, пурсидан бе зарурат (гадоӣ) ва гуноҳи бисёр.

Китобҳо меҳмонони хубрӯйи лол мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ аз касе озурда намегарданд…, аммо онҳо ором ва ҳамсуҳбатони нотакроранд.

Омӯзгорӣ ишқ аст. Чунин ҷойгоҳе ҳаргиз ба дасти ғайр мабод.

Дар талаби илм то ба гўшаҳои олам низ роҳ рав.

Мероси гарон пурарзиштар аз ростӣ ва дурустӣ нест.

Ба аъмоле, ки пас аз маргат бароят фоида мерасонад, бикўш.

Андешаҳо ба сўйи умед мечарханд.

Умри ҷавонатро ғанимат дон, чун медонӣ ҷовидон нестӣ.

Пайваста дар кори хайр бикўш ва гунаҳи дўсти худ дидӣ, бипўш.

Аз нодон бипарҳез, зеро дар рўзи сахтӣ бароят зиён хоҳад овард.

Бузургонро қадр кун, аз онҳо боло магузар, ту худ андеша кун ва аз онҳо баҳра бубар.

Касе, ки хирад надорад ҳамвора аз кардаҳои худ пушаймон ва дар ранҷ аст.

Ин ки ташна бимирам беҳтар аз он аст, ки ваъдаамро хилоф кунам.

Тафовути инсонҳо дар доштан ва надоштани истеъдодҳо нест, балки дар чигунагии истифода аз он аст.

Қурбоқа, ки ба арши тилоӣ гузошта шавад боз ба ҳамон қулмоқ мепарад.

Одатҳои писандида зеварҳои тоза ва нав ҳастанд, ки куҳна намешаванд, фикр ойнаи пок ва соф аст.

Сахтиҳои бузург ба одамӣ нерўи дучандон мебахшад.

Дониш арзиши онро дорад, ки ранҷҳо бикашӣ.

Он қадар ташвиқ кунед, ки ташвиқ нашудан танбеҳ бошад.

Ҳеҷ чизе хубтар аз забон нест агар хуб шавад ва ҳеҷ чизе бадтар аз он нест агар бад шавад.

Худованд барои мо ду гуш ва як забон офаридааст, то шуниданамон бештар аз гуфтанамон бошад.

Мардумро дар ғайб ҳамон гӯй, ки дар пеши рӯй тавони гуфт.

Агар ҳама метавонистанд аз истеъдодҳои худ дуруст баҳра бигиранд, дунё ҳамон биҳишти мавъуд мешуд, ки ҳама мехоҳанд.

Аз иштибоҳоти худ шарманда нашавед ва онро ҷурм надонед.

Шикаст беш аз мувафақият омӯзанда аст, касе, ки ҳеҷгоҳ иштибоҳ намекунад ҳаргиз ба ҷое намерасад.

  1. Ёкубов Бузургмехр Валиевич:

    Худованд хамрохи сабурон аст.

  2. Ёкубов Бузургмехр Валиевич:

    ташаккур ба маъмуриятатон.
    Худоё нуткатон бурро ва тавоно гардад суханхои оли чаноб офарин.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *