Зарбулмасалҳои форсӣ тоҷикӣ

Ростӣ
Ба сарат шамшер ояд ҳам, рост гӯй
Гапи рост талх мешавад
Каҷ нишину рост гӯй
Ростиро завол нест

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон
Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад
Сайидои Насафӣ

Ростии хеш кас ниҳон накард
Бо сухани рост касе зиён накард

Сояи дарахти рост каҷ намешавад

Агар хоҳи накӯ боши накӯ бош
Ҳамеша ростқавлу ростгӯ бош
Амир Хусрави Деҳлавӣ

Мардӣ, нангу номус
Аз гунҷишк тарсӣ, анзан накор
Аз мард роғу боғ, аз номард дарду доғ
Аз марди то номарди як қадам

Гапи мард мардат кунад
Гпи номард сардат кунад

Гапи мард якта
Гар ба мансаб бираси, маст нагардӣ мардӣ

Ё мард бош, ё дар хидмати мард
Мард агар аз қавлаш бигардад аҳмақ аст

Мард бояд ки ҳаросон нашавад
Мушкиле нест ки осон нашавад

Мардро дар майдон бин аспро дар ҷавлон
Ҷои мардон дар майдон
Мард дар майдон номард дар каҳдон

Худситои пешаи Шайтон бувад
Ҳарки худро кам гирад, мард он бувад

Як рӯз бошу хурус бош
Аз зери нанг зери санг беҳтар аст
Ҳама чиз садқаи ҷон ҷон садқаи номус
Ҷон равад, равад, номус наравад

Биҳишт он ҷо ки озораш набошад
Касеро бо касе кораш набошад

Дузд бош баинсоф бош
Ҳақ ба ҳақдор мерасад

Бадӣ
Аз одами хуб обу гил мемонад, аз одами бад доғи дил

Аз хубон шарофат
Аз бадон касофат

Аспи бадро сад қамчин
Аспи хубро як қамчин

Бо моҳ шини моҳ шавӣ
Бо дег шини сиёҳ шавӣ

Сад бор бадӣ кардиву неки ту накарди
Неки чи бади дошт, ки як бор накардӣ

Сад бор бади кардию шарми ту наёмад
Неки чи бади дошт, ки як бор накардӣ

Ҳар баланди пастиҳо дорад

Эҳтиёткорӣ
Аввал бубин ҷои худ
Баъд бимон пои худ

Агарчи сухан зар аст сукут гавҳар аст
Агар шикори рубоҳ рави барои шер аслиҳа гир
Аз абри сафед битарсу аз риши бузург
Аз бало ҳазар
Аз девори каҷ ҳазар

Аз боди баҳор баҳра бардор
Аз боди хазор худро нигаҳ дор

Аз пургӯи хатогӯй
Ба даст деҳу ба по дав
Ба бом бароӣ фаромаданашро ҳам андеша кун
Ба номард сирри дил гуфтан хатост
Бо думи шеру дами шамшер бози макун
Бори каҷ ба манзил намерасад
Пои дуруғ кутоҳ

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ
То ба охир меравад девор каҷ

Даҳони пушида сад тилло
Девор муш дорад муш гуш
Дил сурфа нест ки ба ҳама кушоӣ
Зар пинҳон сар пинҳон

Каси доно бувад пайваста хомӯш
Ки деги пухта камтар мезанад ҷуш

Кур асояшро як бор гум мекунад
Моргазида аз банди ало метарсад
На сих сузад на кабоб
Пулро аз роҳ ёфти ҳисоб кун
Хоната эҳтиёт куну ҳамсоята дузд магир
Эҳтиёт ними ҳаёт
Ҷавоби аҳмақ сукут
Ҷомаи бомаслиҳат кутоҳ намеояд

Таваккул
Аз карнайча як пуф
Кори девонаро Худо осон кардаст
Ё сар кафад ё девор
Таваккал нар бувад андеша мода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *