Панду андарзҳои ниёгон

 

 

 

 

 

 

Аз ҳакиме пурсидаанд:
Одамро чӣ заруртар аст?
Гуфт: Ақл
Гуфтанд: Агар он ноқис бошад?
Гуфт: Адаб
Гуфтанд: Гар аз он ҳам бебаҳра бошад?
Гуфт: Пас, мурдан илоҷи ўст.

***

Илм дар хурдӣ, нақш бар санг аст.
Мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб.

***

Ақлу давлат қарини якдигаранд.
Ҳар киро ақл нест, давлат нест.
Саъдӣ

***

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Ҷалолиддини Румӣ

***

Шунидам, ки бошад забони сухан,
Чу алмоси буррону теғи кўҳан.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сўрох бурун оварад морро.
Абўшакури Балхӣ

***

Тарҷумони дил аст нутқу забон,
Марзбони тан асту суду зиён.
Абулмаҷди Саноӣ

***

Донӣ, ки сухандон кӣ бувад? Он ки бидонад,
Бадро зи накў боз накўро зи накўтар,

***

Боядат мансаби баланд бикўш,
То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд.
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Абдураҳмони Ҷомӣ

***

Ҳеҷ алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба ватан нест.
Афлотун

***

Ҳар киро ҳубби ватан нест, номус не.
Вар киро номус нест, саодат не.

***

Бикун некию дар дарёш андоз,
Ки рўзе дар канорат оварад боз.
Фахриддини Гургонӣ

***

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ дил ба даст ор.
Саъдӣ

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 1, соли 2007
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *