Парандаи насиҳатгӯ

Як шикорчӣ, паррандаеро ба дом андохт.

Парранда гӯфт: – Ой марди бузургвор!

Ту дар тӯли зиндагии худ гӯшти гов ва гӯсфанд бисёр хӯрдаӣ ва ҳеҷ вақт сер нашудаӣ. Аз хӯрдани бадани кӯчак ва рези ман ҳам сер намешавӣ. Агар маро озод кунӣ, се панди арзишманд ба ту медиҳам то ба саодат ва хушбахтӣ бирасӣ.

Панди аввалро дар дастони ту медиҳам ва агар озодам кунӣ, панди дуюмро вақте ки руйи боми хонаат нишинам ва панди савумро вақте ки бар дарахт биншинам ба ту медиҳам.

Мард қабул кард.

Паранда гуфт: – Панди аввал он ки сухани маҳолро аз касе бовар макун.

Мард билфосила ӯро озод кард.

Паранда бар сари бом нишаст ва гуфт: – Панди дувум он ки ҳаргиз ғами гузаштаро махӯр ва чизе, ки аз даст додӣ ҳасрат махӯр.

Паранда руйи шохи дарахт парид ва гӯфт: – Ой бузургвор дар шиками ман як марвориди гаронбаҳо ба вазни даҳ дарам аст. Вале мутаъсифона он қисмати ту ва фарзандонат набудаст, вагарна бо он сарватманд ва хушбахт мешудӣ.

Марди шикорчӣ аз шунидани ин сухан бисёр нороҳат шуд ва оҳу нолаҳояш баланд шуд.

Паранда бо  ханда ба ӯ гӯфт: Магар туро насиҳат накардаам, ки бар гузашта афсӯс махӯр? Ё панди маро нафаҳмидӣ ё кар ҳастӣ?

Панди дувум ин буд, ки сухани номумкинро бовар накунӣ. Эй содалав!

Ҳама вазни ман се дарам бештар нест, чӣ гуна мумкин аст, ки як марвориди даҳ дарам дар шиками ман бошад?

Мард ба худ омад ва гӯфт: – Ой парандаи доно пандҳои ту бисёр гаронбаҳост. Панди савумро ҳам ба  ман бигӯй.

Паранда гӯфт: – Оё ба он ду панд амал кардӣ, ки панди савумро ҳам бигӯям. Панд гӯфтан бо нодони хоболуд монанди базр пошидан дар замини шӯразор аст.

Омодакунанда: Ҳасанзода Бузургмеҳри Рустамшо, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи педиатрия, гурӯҳи 1

3+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин