Печении чормағздор

Маҳсулоти лозима :
Тухм 3 дона, маргарин 200 гр, шакар 150 гр, орд, каме моддаи ковоккунанда, чормағз (кӯфта шуда) 1 стакан.

Тарзи тайёр намудан:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Сафедии 2 тухмро гирифта як тараф мегузорем. Боқимонда маҳсулотҳоро тухм,маргарин,шакар,модаи ковоккунанда ва ордро омехта карда хамир мешурем.
Аз хамир ба мисли чормағз кулула шакл 3 см диаметраш карда мегузорем. Сафедии тухмҳоро бо 50 гр шакар лат мезанем, ҳар як кулулачаро ба сафедии тухм тар карда баъд ба чормағз меолонем .Ҳамин тавр ҳамаи кулулачаҳоро мекунем ба лаълии тафдон мечинем ва дар ҳарорати 180 дараҷа мепазем 30 дақиқа. Метавонед болои печениҳоро бо глазур оро диҳед.

0
  1. Салом,дар кучо тортхои зиёдтарро ёбем,илтимос гуед.

    0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *