Пирог бо кефир

Махсулоти лозима:
Кефир 1 кутти= 400 гр  (ман  аз кефири меваги истифода бурдам), асал 2 қошуқи чоӣ, тақрибан 5 қошуқи ошӣ равғани растанӣ, тухм 2 дона, сода 1 қошуқи чоӣ, шакар  1 стакан, орд.

Тарзи тайёр кардан:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ба дохили кефир сода меандозем ва мегузорем 5-10 дакика баъдан ба дохили кефир тухм, шакар, асал ва равғанро андохта хуб  аралаш мекунем, орд андохта хамир мекунем. Хамир бояд аз хамири бисквит каме сахттар бощад. Тафдонро дар харорати 180 дараҷа мегузорем, то ин ки гарм шудан гирад. Лаълии тафдонро каме равған молида баъдан хамирро ба он мерезем. Баболояш мурабо мемолем ва ба тафдон мегузорем, то пухтанаш. Аз тафдон, ки гирифтем ба болояш мавизи реза кардашуда мепошем.
Бо иштихои том

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин