Пирог “Мавзун”

Махсулоти лозима:
Тухм- 3 дона, шакар — 1 стакан, қаймойқ — 3 қошуқи калон, моддаи ковоккунанда — 1 пачка, маргарин 100 гр, какао 1 қошуқи калон, орд.

Тарзи тайёр кардан:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Тухму шакарро каме лат мезанем, баъдан қаймоқро бо моддаи ковоккунанда ҳамроҳ карда, хуб аралаш мекунем, орд ҳамроҳ карда хамир мешурем. Хамирамон бояд ба мисли хамири печенӣ бошад. Сипас ба лаълии тафдон каме равған молида, хамирамонро дар дохилаш тунук мекунем, ба тафдон мегузорем, дар ҳарорати 180 дараҷа, то пухта шуданаш. Баъди пухта шуданаш метавонед ба рӯяш мурабо молед. Ман бошам ба рӯяш креми аз торт боқӣ мондаамро молидам ва каме чормағзро аз турбтарошак гузарондам.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *