Пироги осону арзону болаззат

Маҳсулоти лозима:
Муррабо (кадом намуде ки бошад) 1 стакан, сода 1 қошуқи чойӣ, кефир (чурғот) 1 стакан, шакар 1 стакан, тухм 2 дона, орд 2 2,5 стакан.

Тарзи тайёр кардан :

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Мурраборо(аз ман муррабои аз нок тайёркардашуда буд) гирифта бо сода ҳамроҳ мекунем ва мегузорем то 2-3 дақиқа дам занад. Баъди дам заданаш ба он кефир, тухм, шакар ва ордро ҳамроҳ мекунем, ҳамаи маҳсулотҳоро хуб омехта мекунем. Хамири тайёршударо ба қолаби равғанмолида мерезем. Ба тафдони 180 дараҷа гармшуда дар муддати 45- 60 дақиқа мегузорем.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин