Писарбачагон чаро аз волидайн силоҳбозичаҳо талаб мекунанд!!!

Тасаввур кунед, ки шумо рўзе бо писаратон ба маркази савдо барои харид рафтед ва вақте ки аз назди бахши бозичаҳои мағоза мегузаред, писаратон аз шумо харидани силоҳи снайперии аз ҳама калону ба аслаш бисёртар монандбударо талаб мекунад.

Бозича ҳам бошад шумо ҳамчун волидайне, ки бар зидди ҷангу хунрезӣ мубориза мебаред, чӣ тавр рафтор мекардед? Фарз кардем, ки шумо дар он ҳолат писаратонро ўҳда карда аз мағоза бозичаро нахарида баромадед. Пас, вақте фарзандатон дар дасти ҷўраҳояш бозичаҳои мисли онро дида аз шумо талаб кардан гирад, ба ин чӣ тавр монеъ мешавед? Ва ё тапончаю бомбачаҳои дастӣ барин бозичаҳое, ки хешу таборон ба писаратон ҳадя мекунанд, онҳоро чӣ тавр қабул намекунед? То чӣ дараҷа мароқ доштани бачаҳо нисбати силоҳ дар кўдакӣ, оилаҳоро, ки дар бораи ояндаи фарзандонашон андеша мекунанд, ба тарсу ҳаяҷон меоварад ва ба фикр мебарад, ки оё фардо вақте ки фарзандонашон калон мешаванд, ба силоҳ чунин ишқу ҳавас дошта метавонанд ё на? Оилаҳое, ки ин проблемаро бо роҳи манъкунӣ ҳал карданӣ мешаванд, доимо дар байни онҳо ва фарзандонашон як хафагию нофаҳмӣ ба воҷуд меояд. Мутахассисон бошанд пеш аз манъ кардан сабабҳоеро, ки кўдак ба бозикунӣ бо силоҳ майл мекунад, собит карда, бартараф кардани онҳоро тавсия медиҳанд. Зеро кўдакеро, ки бо филмҳои тасвирӣ, телевизионӣ, муҳити номатлубе, ки вобаста бо ҷангу силоҳ ўро иҳота карда аст, тамоман ба ў манъ кардани истифода аз бозичаҳои силоҳӣ, барои муҳофизати зеҳни ў аз ин гуна одатҳои бад, кофӣ нест. Баръакс, дар ин ҳолат ҳаваси кўдак нисбати чизи манъ кардашуда боз бештар авҷ гирифта бар зидди амалҳои волидайн ҳаракат мекунад.

Педагог Адем Гунеш дар ин бора мегўяд, ки бузургтарин хатари бозикунии кўдак бо силоҳбозичаҳо ин ҳавас кардани онҳо ба шахсони калонсоли силоҳдор мебошад. Бо силоҳи дар даст доштааш кўдак худро ба бузургсолони силоҳдор монанд карда, рафторҳои худро ба рафтори ин гуна одамони силоҳдор монанд карданӣ мешавад ва худро дар ҷои онҳо тасаввур менамояд.

Дар баъзе мавридҳо, таваҷҷўҳ надоштани волидайн ба кўдак ва ё бо ҳақорату дашномҳо дучор гардонидани кўдак, дар ақли ў чунин мулоҳизаҳоро пайдо мекунонад: то чӣ дараҷа силоҳи калонтару даҳшатноктар дошта бошам, то ҳамон дараҷа бар зидди ‘ганда’-ҳое, ки дар ҳаёт мавҷуд ҳастанд, бақувваттар мубориза бурда метавонам.
Кўдак аз аввал аз падару модар ва шахсоне, ки ҳар рўз ба онҳо дар тамосанд, дар мавриди ҳалли проблемаҳо ба ҷои ҷангу ҷидол истифода бурдани меҳру муҳаббатро ёд гирифта метавонад. Духтури рўҳшинос Доктор Дотсент Кемал Саяр таблиғ мекунад, ки ба кўдак ба таври сода ва аёнӣ то кадом дараҷа бад будани ҷангу ҷидол, зарарҳои ҷанг ба ҳаёти одамон ва як гуноҳи бузургу беталофӣ будани он бояд фаҳмонида шавад. Аз тарафи дигар дар бораи хуб будани бо роҳҳои меҳру муҳаббат, хушӣ ба хушӣ ҳал кардани проблемаҳо нисбат ба ҳамаи мавҷудот ва ҳодисаҳоро низ нақл кардан лозим аст. Дар ин гуна ҳолатҳо намуна овардани рафтору кирдори шахсоне, ки кўдак онҳоро мешиносад ва эҳтиром дорад ба мақсад мувофиқ аст. Боз Кемал Саяр илова мекунад, ки падару модар дар бораи бад будани ҷангу ҷанҷол ба фарзандонашон насиҳат мекунанд, аммо гоҳ-гоҳ дар вақти хариду фурўш ва ё дар мавридҳои дигар ҳашму ғазаби худро идора карда натавониста, аз забонашон суханҳои нофорам баромаданаш мумкин. Масалан, дар вақти рондани мошин: “Фуромада ин хел шофёри ношударо як-ду лағат гирифтан даркор”, ё ҳамин гуна ифодаҳои дағалонаи дигарро истифода баранд, таъсири ҳама гуна насиҳатҳои ба кўдак кардаашон ба сифр баробар машавад.

Кўдаконро чӣ тавр аз бозиҳои силоҳӣ бояд дур кард?

Доктор Адем Гунеш ба падару модароне, ки андеша доранд, ки кўдакон аз сабаби истифода аз бозичаҳои силоҳӣ оҳиста-оҳиста дағал ва ҷангара мешаванд, пеш аз сар кардани мубориза бо чунин муаммо тавсия медиҳад, то ба масъалаҳои зерин диққат кунанд:

— Кўдаконро аз тамошои филмҳое, ки дар онҳо зўроварӣ ва ҷангу ҷанҷол тасвир ёфтаанд, дур доштан;
— Дар бозиҳои технологӣ ва компютерӣ дараҷаи ҷангу ҷанҷол ва зўровариро ба сифр паст кардан;
— Кўдакро дар оила паст назадан, дашному ҳақорат накардан, ва ҳуқуқи ўро эҳтиром кардан;
— Агар дар оила проблема ва ҷангу ҷанҷолҳо мавҷуд бошанд, ба хотири кўдак ба онҳо хотима бахшидан, ё ҳеҷ набошад, дар пеши кўдак ҷанҷол накардан;
— Дўстони фарзандонатонро дуруст интихоб карда, аз он кўдаконе, ки силоҳбозиро дўст медоранд, дур нигоҳ доштан;
— Барои барҳам додани майлу рағбати кўдак бозичаҳоеро, ки зеҳну ақли онҳоро инкишоф медиҳанд, харидан;
— Дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки барои берун кардани силоҳ аз олами кўдак, аввал он “қаҳрамони силоҳдор”-еро, ки дар рўҳи ў ҷой гирифтааст, бояд берун кард.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 2, соли 2009
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *