Писари гумгашта

Ҷавоне, ки солҳо боз ба сафар баромада буд ва хабаре аз ӯ набуд, модараш ҳамеша дар хона нишаста дуо мекард то солим ба хона баргардад. Ин зан ҳар рӯз барои аъзои хонаводааш нон мепухт ва як нони изофӣ ҳам ба номи писараш мепухт ва онро пушти дар мегузошт, то роҳгузар ё мусофири гуруснае онро гирифта бихӯрад.

Ҳар рӯз марди кӯзапуште аз он ҷо мегузашт ва он нонро гирифта, ба ҷои он ки сипосгузорӣ кунад, мегуфт: “Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад ва ҳар кори неке анҷом диҳед ба шумо боз мегардад”. Чун ин марди роҳгузари кӯзапушт ҳар рӯз ин суханашро такрор мекард, зан норохат шуда ба худ гуфт: Ин мард на танҳо ташаккур намекунад, балки ҳар рӯз ин суханашро такрор мекунад, намедонам мақсадаш чист? Як рӯз зан, ки аз шунидани ин суханон бисёр нороҳат шуда буд ба худ гуфт ман бояд коре кунам аз шарри ин марди кӯзапушти фақир халос шавам. Нонро заҳролуд карду бо дастони ларзон онро пушти дар гузошт. Аммо пас аз чанд лахзае ба худ омаду гуфт: Ин чӣ корест, ки ман мекунам? Дарҳол нонро гирифту нони дигаре пухта пушти дар гузошт. Мард чун одат омада нонро гирифту боз суханонашро такрор карду ба роҳи худ рафт. Худи ҳамон шаб дари хонаи занро касе кӯфт, вақте ин пиразан дарро кушод, дид ҷавони лоғар ва хамидае бо тани хаставу гурусна ва либосҳои порашуда пушти дар истодааст, зан вақте хубтар нигарист дид, ки фарзанди худаш аст. Гуфт: фарзанди ҷонам! Туро чӣ шудааст? Ҷавон гуфт: модар агар ин мӯъҷиза намебуд наметавонистам худро ба назди шумо бирасонам. Дар роҳ ба инҷо чунон гурусна ва нотавон шуда будам, ки дар роҳ афтода, наздик буд, ки аз хуш биравам. Ногаҳон роҳгузари кӯзапуштеро дидам, ки аз дур ба наздам омад ва аз ӯ луқмаи ғизое хостам, ӯ ба ман як нон дод ва гуфт: ин ягона чизе аст, ки ҳар рӯз ман онро мехӯрам ва имрӯз онро ба ту медиҳам, зеро ту ба он бештар аз ман ниёз дорӣ. Вақте модар ин моҷароро шунид ранг аз чеҳрааш парид ва ба ёд овард, ки нони заҳролуде барои он мард пухта буд, агар ба садои виҷдонаш он замон гӯш намекард ва нони дигареро барои ӯ пухта намемонд, чӣ ҳоле ба сари фарзандаш меомад. Ин ҷо буд, ки зан маънои суханони рӯзонаи марди кӯзапуштро дарёфт, ки мегуфт: “Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад ва ҳар кори неке анҷом диҳед ба шумо боз мегардад”.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *