Питса

Маҳсулоти лозима барои  хамир:

Шир –  1 пиёла, маргарин  – ним пачка, шакар 2 қошуқи ошӣ, каме намак, дрожж- 1 қошуқи ошӣ, орд.

Маҳсулоти лозима барои начинка:

Помидор   3-4 дона, бодиринг  3-4 дона, ҳасиб  такрибан 200 гр, майонез 5-6 қошуқи ошӣ, панир  100-150 гр, пастаи томат 2-3 қошуқи ошӣ.

Тарзи тайёр намудан:  (хамир)

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ширро ба  болои алав мегузорем, то каме гарм шавад, аз  алав  гирифта  ба он маргарин, намак ва шакарро ҳамроҳ мекунем, хуб аралаш карда баъдан дрожжу ордро ҳам ҳамироҳ карда  хамир мекунем ва мегузорем ,то дам гирад, ним соат дар ҷои гармӣ.
Вақте, ки хамири мо дам гирифт ба  лаълии  тафдоне, ки равған молидаем тунук мекунем.

Ба болои хамир пастаи томатро мемолем. Бодирингро даврашакл бурида аз болои томат мечинем аз болои бодиринг бошад помидорро низ даврашакл бурида мечинем. Аз болои помидор майонез мемолем, ҳасибро низ реза карда мечинем. Тафдонро то 180 дараҷа гарм карда питсаамонро мегузорем, то пухта шуданаш. Аз тафдон гирифта ба болояш дарав панирро аз турбтарошак гузаронда мепошем, то панири мо об шавад.

Питсаи мо омода шуд иштиҳои том : )

0

7
Назари худро бинависед

avatar
5 Занҷираи тавзеҳ
2 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
4 Муаллифони тавзеҳҳо
mahinaАбдуманнофSHOKIRМаъмуриятМанижа Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Манижа
Меҳмон

Илтимос агар имконият бошад бисёр пухтупазхоро чойгир намоед. Мо як гурух дугонахо ба сайти шумо даромада истифода мебарем. Мо хамаи пухтупазхои шуморо скачать кардем. ИЛТИМОС!!! Агар илочаш мешуд бисёр пухтупазхои зиёдро чойгир мекардед!

Манижа
Меҳмон

Бале бисёр бомазза,МЕҲМОН МЕШУДЕД АЗ ИН НОЗУ НЕЪМАТҲО БАРОИ КОРГАРОНИ Maktab.tj ТАЙЁР МЕКАРДАМ.
🙂 :):):):):):):):):):):):):)

SHOKIR
Меҳмон

Ба фикрам Иди Курбонро бо пухтупазу ретсептҳои ин сомона мегузаронед! 😉

Абдуманноф
Меҳмон
Абдуманноф

Барои хамааш рахмати калон дар панохи худо бошенд!!! Дастатон дард накунад иллохим!!!

mahina
Меҳмон

Az shumo bo ehtiromona khohish mekardem,ki tarzi tayor kardani khurishu pukhtupazhoro bo surathoyash joy kuned…