Порчаҳо аз пандномаи рӯзгор

Аз марди бараҳнарӯй зар металабам,
Аз хонаи анкабут пар металабам.
Ман аз даҳани мор шакар металабам,
Аз пашшаи мода шери нар металабам.
Илм аст бараҳнарӯй, таҳсил зар аст,
Тан хонаи анкабуту дил болу пар аст.
Заҳр аст ҷафои илм, маънӣ шакар аст,
Ҳар пашша к-аз он чашид, ӯ шери нар аст.

***

Ҳар чанд бувад калиди ҳар кор забон,
Макшой ба қавли ҳарза бисёр забон.
Эй хоҷа, ту шамъию сухан боду ҳавост,
Хоҳӣ наравад сарат – нигаҳ дор забон!

***

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст,
Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст.
Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем, касе ёри касе нест.
Ҳар марди шутурдор Ҳувайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи яманӣ нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ, хеш маёзор,
Зеро, ки Абӯҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.
Бо марди Худо панҷа маяфкан чун абрӯ,
Ин ҷисми халил аст, ки оташ заданӣ нест.
Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллоҳ зи ширинсуханӣ нест.
Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.
Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав, эй дӯст, ки модар шуданӣ нест.

***

Дур бош аз панҷ хислат, эй писар,
То нарезад обрӯят дар назар.
Аввало, кам гӯй бо мардум дурӯғ,
З-он ки гардад обрӯят барфурӯғ.
Ҳар ки истеза кунад бо меҳтарон,
Обрӯйи худ бирезад бегумон.
Аз сабуксорон машав, эй некхӯ,
Аз сабуксорӣ бирезад обрӯ.
Аз хилофу аз хиёнат бош дур,
То бувад пайваста дар рӯи ту нур.
Аз вафоти душманат шодӣ макун,
Аз касе пеш аз кас озодӣ макун.
Бар сари болини беморон гузар,
З-он ки ҳаст ин суннати хайрулбашар.
То тавонӣ, ташнаро сероб кун,
Дар маҷолис хидмати асҳоб кун.
Хотири айтомро дарёб низ,
То туро пайваста Ҳақ дорад азиз.
Он, ки хандонад ятими хастаро,
Бозёбад ҷаннати дарбастаро.
Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон бошӣ ту низ!

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин