Муайян намудани дараҷаи мустақилии шахс

Маълумоти умумӣ

Мустақилӣ – сифати иродавии шахс аст ва он дар маҳорати мувофиқи ташаббуси шахсии худ мақсад гузоштан, ёфтани роҳи ноил шудан ба он ва ба таври амалӣ иҷро намудани қарори қабулшуда зоҳир мешавад. Одами мустақил намехоҳад, ки дигар кас ба ҷои ӯ кор кунад. Мустақилӣ сифати муқобили талқиншавандагӣ аст. Мустақилӣ табиати модарзодиро надошта, бо болоравии синну сол ташаккул меёбад ва дар ҳар як зинаи синнусолӣ хусусиятҳои ба худ хосро пайдо мекунад. Ҳанӯз дар синни панҷ-шаш моҳагӣ кӯшиши аз тарафи кӯдак мустақилона гирифтани бозича, нишастан ва хобиданро сарахбори мустақилӣ шуморидан мумкин аст. Бо ибтидои саршавии фаъолияти таълимӣ инкишофёбии мустақилӣ суръати тоза мегирад ва дар синни наврасӣ онро ҳамчун хусусияти шахсияти наврас баҳогузорӣ мекунанд. Мақсаднокӣ бо сифати иродавии суботкорӣ алоқаи зич дорад.

Суботкорӣ – сифати иродавӣ буда, маҳорати то ба охир бурда расонидани қарори қабулкардашуда, дар роҳи он ҳар гуна монеаю душвориҳоро бартараф намудан ва ба мақсади гузошташуда ноил гардидан мебошад. Суботкориро бояд аз сифати муқобилмаънои он якравӣ фарқ кард. Одами якрав одатан танҳо фикру андешаи шахсии худ, далелу асосҳои худашро эътироф мекунад ва дар амалу рафторҳои худ ҳарчанд нодуруст бошад ҳам, онҳоро ба роҳбарӣ мегирад.

Мустақилӣ сифате ба шумор меравад, ки аз шахс барои иҷрои бевосита ва фаъолият кӯшишро талаб мекунад.

Бояд қайд намоем, мақсади асосии мо бунёди ҷамъияти демократӣ, ҳуқуқасос ва дунявӣ аст ва барои ташаккули ин пеш аз ҳама тафаккури мустақил зарур аст. Ин намуди тафаккур пеш аз ҳама дар мактаб ташаккул дода шавад. Муаллимон бояд аз усулҳои «таълими проблемавӣ», «таълими интерактивӣ» ва ғайра истифода карда, дар ташаккули тафаккури мустақили хонандагон мусоидат намоянд.

Шумо бо ёрии ин пурсишнома муайян намоед, ки то кадом дараҷа худатон дар қабул кардани қарор мустақилед. Ҳастанд шахсоне, ки мустақил нестанд ва мушкилоти худро ба сари дигарон бор мекунанд. Боварӣ дорем, ки шумо ба ин гурӯҳ дохил намешавед.

Саволнома

Дастур: ба ҳар ҷавоби «а» 4-хол, «б» 2-хол, «в» 1-хол дода мешавад.
1. Шумо баъди хатми мактаб касбу кори ояндаи худро чй хел муайян намудаед?
а) мустақилона ҳал кардед ва такя ба шавқу ҳаваси худ намудед;
б) ба ақидаи волидайн ва хешу табор гӯш додед;
в) фақат ба маслиҳати дӯстони наздик такя кардед.

2. Шумо ҳангоми интихоби таълимгоҳ ба чӣ такя намудед?
а) фақат ба қувваи худ;
б) ба барории имтиҳонҳои дохилшавӣ;
в) ба шиносҳо.

3. Шумо ҳангоми таҳсил ба дарсҳо ва имтиҳонҳо чӣ гуна тайёрӣ медидед?
а) ба меҳнатдӯстии худ такя мекардед;
б) аз муаллимон ва ҳамсинфони худ баъзан ёрӣ мепурсидед;
в) фақат ба ёрии ягон кас умедвор мешудед.

4. Шумо чӣ тавр ба кор омадед?
а) бо роҳхат;
б) пеш аз ҳама ахбороти шиносҳоеро истифода бурдед, ки одамонро хуб медонанд;
в) бо восита ба кор омадед.

5. Шумо барои ҳалли мушкилоти пайдошуда чӣ кор мекунед?
а) ба дониш ва таҷрибаи худ такя менамоед;
б) баъзан бо ҳамкоронатон маслиҳат менамоед;
в) фақат бо маслиҳат онро ҳал мекунед.

6. Оиладоршавии шумо чӣ гуна сурат гирифт?
а) шумо худатон ба ин хулоса омадед;
б) ба ақидаи наздикони худ такя намудед;
в) шумо номзади худро ба наздиконатон шинос кардед ва бо онҳо маслиҳат намудед.

7. Агар ҳамсаратон дар сафари хизматӣ бошад, шумо қодиред, ки худатон сару либос, ашёи хонаро интихоб намоед ва дигар қарорҳои муҳимро қабул кунед?
а) ҳа;
б) албатта, метавонед ин корро кунед, лекин беҳтараш ин қарорро ба мӯҳлати дигар партоед;
в) не.

8. То кадом андоза шумо дар наврасиатон дар фикри худ сахт истодагарӣ мекардед?
а) ҳамеша ақидаи худро ҳимоя менамудед ва ин ба низоъ бо волидайн низ мебурд;
б) дар ақидаатон меистодед, лекин ақидаи волидайнро низ эҳтиром мекардед;
в) шумо худатон ба ягон қарор омада наметавонистед.

9. Шумо ҳоло то чӣ андоза ақидаи худро дар кор, хона ва дӯстонатон мегузаронед?
а) албатта, новобаста аз вазъият дар ақидаатон мемонед;
б) дар бисёр ҳолатҳо – ҳа;
в) баъзан.

10. Инкишофи шумо дар соҳаҳои хизматӣ, ҷамъиятӣ ҳамчун шахс чӣ гуна аст?
а) ба касбатон тамоман дода шудаед;
б) ба шумо ақидаи ҳамсаратон хело муҳим аст;
в) шумо фикру ақидаи дигаронро қабул менамоед.

11. Агар шумо бинед, ки ҳамсар ё наздиконатон ягон чизро ба зарари саломатии худ мекунанд, он гоҳ:
а) шумо маҷбур мекунед, ки онҳо худашонро назорат кунанд;
б) боодобона мегӯед, ки чӣ бояд кард;
в) кӯшиш мекунед, ки ягон маслиҳат диҳед, вале ин гоҳо муяссар намешавад.

Ҷамъбасти натиҷа:
Аз 30 то 40 хол. Шумо аз ҳад зиёд мустақилед ва аз ин рӯ намехоҳед, ки ба коратон ягон кас дахолат кунад. Шумо ҳатто ба фикри ягон кас гӯш намедиҳед. Шумо боварӣ доред, ки ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии масъала дуруст баҳо дода метавонед, магар шумо барои ба мақсад расидан якравӣ намекунед. Дар хотир доред, ки худбоварӣ хуб аст, лекин аз меъёр гузарад, метавонад ба камбудӣ мубаддал шавад.

Аз 15 то 29 хол. Шумо феъли хуб доред ва мушкилиҳоятонро начандон бад паси сар менамоед. Шумо дӯсти боваринок буда, ба оянда бо боварӣ менигаред. Шумо аз дигарон вобаста нестед, ба фикри дигарон низ гӯш медиҳед ва аз ин хотир шуморо меписанданд.

Аз 1 то 14 хол. Шумо то дараҷае беҷуръатед. Шояд барои ҳамин аст, ки бо шумо дар муомила кардан эҳтиёт мекунанд. Намешуд, ки мустақилиятро ба даст гиреду меъёрро риоя кунед. Бояд чунин кард, ки беҷуръатии шумо аз андоматон маълум нашавад, мустақилтар шавед ва он гоҳ ба худ боварӣ пайдо мекунед, зеро ҳамин чиз ба шумо намерасад.

Барои ташаккул додани мустақилӣ чунин амалҳоро нисбати кӯдакон анҷом додан лозим аст:
а) кӯдаконро ба масъулиятшиносӣ одат кунонидан лозим аст;
б) кӯдаконро барои иҷрои кор сафарбар намудан лозим аст;
в) ба ҷои ӯ масъалаҳоро (мисолҳо ва вазифаҳои хонагӣ) ҳал накунед;
г) аз кӯдакон иҷрои саривақтии корро талаб намоед;
ғ) серталабиро нисбати кӯдакон дар ҳадди муайян нигоҳ доред;
д) беасос кӯдакро сарзаниш накунед;
е) кӯдакро дар наздаш бо дигар кӯдакон муқоисаанамоед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *