Саволномаи «омӯзиши дараҷаи ташкилотчигии шахс»

Ташкилотчӣ хусусияти фардию психологии шахс ба шумор меравад. Доштани чунин қобилият махсусан барои муаллимон, роҳбарон ва сардорон зарур мебошад. Ташаббускорӣ бо мафҳуми ташкилотчигӣ дар алоқамандӣ аст. Шахси ташкилотчӣ ҳамеша ба мақсадҳои дар пеш гузоштааш мерасад. Ташаббускорӣ – пешдастӣ, водоршавии ботинӣ ба иҷрои шаклҳои нави фаъолият, нақши роҳбарикунанда дар рафти иҷрои ягон амал аст. Ташаббускорӣ фаъолии ҷамъиятӣ ва амали эҷодии иҷтимоии шахс ё гурӯҳро ифода мекунад. Ташаббускорӣ фаъолияти ихтиёрӣ (баҳри манфиатҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ), муносибати эҷодиро ба меҳнат ва ба тарзи одатшудаи рафтор (одатҳо, расму русумҳо, анъанаҳо) дар бар мегирад. Ташббускор, ба маънои ахлоқӣ, бо он тавсиф дода мешавад, ки шахс одатан масъулияти беандоза калонро ба ӯҳда мегирад ва аз оғоз то анҷом фаъолият мекунад. Ташаббускории манфиатбахш ва зарароварро бояд фарқ кард. Баъзан навоварие, ки зимни ташаббускорӣ ба вуҷуд меояд, барои афкори ҷамъиятӣ ногаҳонӣ мешавад, зеро дар ташаббускорӣ унсури таваккалкорӣ ҳам ҷой дорад ва ташаббускор ҳамеша наметавонад тамоми оқибатҳои амали иҷрошавандаро пайхас барад. Аз ин рӯ, натиҷаи амали ташаббускорӣ метавонад бо интизориҳои ҷамъият мувофиқат накунад.

Ҳамин тавр, ҳамаи одамони ташкилотчӣ ва ташаббускор ҳамеша одамони эътиборнок, самарабахш ва пуртаваҷҷӯҳанд. Шахси ташкилотчӣ се баробар нисбат ба шахси ташкилотчӣ набуда кор мекунад. Вақте ки шахс ташкилотчӣ шуд, вақтро оқилона истифода бурда метавонад.

Тести пешниҳодшуда барои муайян кардани дараҷаи ташкилотчигии мизоҷ имконият медиҳад. Инчунин, ин санҷиш воситаест барои ташаббускор шудани шумо.

Саволнома

Дастур: ба Шумо 13 савол пешниҳод мешавад. Ҳар яки ин саволҳоро бодиққат хонда, як ҷавобашро, ки мувофиқ ба рафтори Шумост, интихоб кунед. Кӯшиш намоед, ки ҳангоми ҷавоб додан бисёр фикр накунед.

1. Оё Шумо дар зиндагӣ баҳри ноилшавӣ ба мақсадҳои худ саъю кӯшиш менамоед?
а) ман дорои чунин мақсадҳо ҳастам;
б) агар чунин мақсадҳо бошанд, ҳаёти манро ноустувор мекунанд;
в) ман мақсади асосӣ дорам ва зиндагиамро бо он мақсадҳо тобеъ мекунам;
г) ман мақсад дорам, лекин фаъолияти ман ба рафти ноилшавӣ ба мақсадҳо кам мусоидат мекунад;

2. Оё Шумо барои ҳафтаи пешомада бо истифода аз маҷаллаю ҳафтаномаҳо нақша мекашед?
а) ҳа;
б) не;
в) на «ҳа» ва на «не», зеро ки корҳои муҳимро дар майнаи сар ва нақшаи рӯзи гузаштаро дар сар ва ё дар қоғаз қайд мекунам;
г) кӯшиш кардам, ки бо истифода аз маҷаллаю ҳафтаномаҳо нақша созам, лекин баъдан фаҳмидам, ки ин кор хеҷ натиҷаи хуб намедиҳад;

3. Оё Шумо барои иҷро накардани нақшаи якрӯза ва якҳафтаина худро сарзаниш мекунед?
а) «сарзаниш мекунам» дар он ҳолате, ки айби худро бинам, яъне танбалӣ ё ин ки сустҳаракатӣ;
б) ба сабабҳои субъективӣ ва объективӣ нигоҳ накарда «сарзаниш мекунам»;
в) ҳоло ҳама якдигарро маломат мекунанд, пас чаро ман худро «сарзаниш накунам»;
г) ман тарафдори чунин принсип: ҳар он чизеро, ки имрӯз иҷро кардам – хуб ва чизеро, ки натавонистам, пас рӯзи дигар ба итмом мерасонам.

4. Чӣ тавр Шумо дафтарчаи қайди рақамҳои шиносу рафиқон ва хешу таборро истифода мебаред?
а) ман соҳиби дафтарчаи худ ҳастам ва чӣ тавре ки мехоҳам, ҳамон тавр рақами телефон ва ному насабро қайд мекунам, зеро агар рақами телефон лозим шавад, ҳатман меёбам;
б) бисёр вақт дафтарчаамро иваз мекунам, зеро ки онро бераҳмона «истисмор» менамоям. Дар вақти кӯчонидани телефонҳо кӯшиш мекунам, ки хамаашро ба таври илмӣ иҷро намоям, лекин баъзан боз ба сабти шартӣ бармегардам;
в) қайди телефон ва ному насабро бо «хати рӯҳия» мегузаронам. Дар куҷо дар кадом саҳифа каҷ ё рост навиштан барои ман фарқ надорад;
г) ном, насаб, рақами телефонро аз рӯи алифбо қайд менамоям. Агар лозим ояд, маълумоти иловагиро (истиқомат, ҷои кор ва ғ.) низ менависам.

5. Шуморо чизҳое иҳота намудаанд, ки барои истифода ба кор лозиманд. Аз рӯи кадом принсип онҳоро ҷо ба ҷо мегузоред?
а) ҳар чиз дар ҳар ҷо;
б) тарафдори чунин принсипам: ҳар як чиз ҷойю макони худро дорад;
в) вақт ба вақт чизҳоро ҷо ба ҷо мегузорам. Баъдан боз дар ҳар ҷо мегузорам, сониян муддати чанд лаҳза боз ба кор шурӯъ мекунам ва ғ.;
г) чунин меҳисобам, ки саволи овардашуда ба ташкилотчигӣ ҳеҷ дахле надорад.

6. Оё Шумо гуфта метавонед, ки дар куҷо, чӣ тавр ва бо кадом сабабҳо вақти худро беҳуда сарф намудед?
а) танҳо вақти сарфшударо метавон гуфт;
б) танҳо ҷойю макони вақти сарфшударо метавон гуфт;
в) агар вақти сарфшуда ба пул мубаддал мегашт, ман онро ҳисоб мекардам;
г) на танҳо тасаввур мекунам, ки вақт дар куҷо, чӣ тавр ва бо чӣ сабаб сарф шуда буд, ҳатто тарзҳои кӯтоҳ кардани вақти сарфшударо медонам.

7. Агар дар рафти маҷлис сӯҳбат бефоида гузарад, он гоҳ Шумо чӣ тавр рафтор мекунед?
а) пешниҳод менамоям, ки ба масъала диққати ҷиддӣ диҳанд;
б) дар ҳамаи маҷлисҳо чизҳои даркор ва ҳам нодаркор пайдо мешаванд, ки бо ҳамин маҷлис ба итмом мерасад ва бо ҳамин ҳеҷ кор карда намешавад. Ба гӯш кардан маҷбур мешавам;
в) ба олами «фано» фурӯ меравам;
г) бо он корҳое машғул мешавам, ки бо худ гирифта будам. Ин дар ҳолате, ки сӯҳбат бефоида мегузарад.

8. Тахмин мекунем, ки Шумо бо маьрӯзаи худ баромад хоҳед кард. Оё Шумо ба қисматҳои маърӯза эътибори ҷиддӣ медиҳед?
а) асосан ба муқаддимаи маърӯза аҳамияти ҷиддӣ медиҳам. Ба фикри ман, давомотро тахминан муайян кардан лозим аст. Агар маърӯза шавқовар бошад, он гоҳ ба он вақт ҷудо кардан лозим аст;
б) чӣ ба муқаддима ва чӣ ба давомоти маърӯза аҳамият медиҳам. Ин вобаста аст аз вақту вариантҳояш.

9. Оё Шумо кӯшиш мекунед, ки ҳар як дақиқаро барои иҷрои кори ба нақша гирифташуда истифода баред?
а) мекӯшам, вале на ҳама вақт вобаста ба қувваю сабабҳои шахсӣ (рӯҳафтодагӣ, хастагӣ ва ғ.) бобарор аст;
б) он қадар намешитобам, зеро ки ба фикрам дар муносибат бо вақт хӯрдагир будан лозим нест;
в) шитофтан лозим нест, зеро вақт дарёфт карда намешавад;
г) ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда кӯшиш мекунам.

10. Шумо намуди системаи бақайдгирии супориш ва масъалаҳоро истифода мебаред?
а) дар дафтарчаи ҳафтаномаи худ кайд менамоям, то ки супориш дар ҳамин мӯҳлат иҷро карда шавад;
б) супориш ва масъалаҳои муҳимро дар дафтарча қайд менамоям, то ки «майда-чуйдаро» дар хотир нигоҳ дорам. Агар онҳоро аз хотир барорам, ман инро норасогӣ намеҳисобам;
в) кӯшиш мекунам, ки ҳамаи супориш ва масъалаҳоро дар хотир нигоҳ дорам, зеро ин хотираро устувор мегардонад. Бояд гуфт, ки хотираам чандин бор маро фирефта намуда буд;
г) ба принсипи «хотири баргашта» такя мекунам: касе, ки супоришро додааст, ҳамон кас бояд онро дар ёд дошта бошад. Агар супориш муҳим бошад, барои ҳалли он албатта маро ҷеғ мезананд.

11. Оё Шумо ба маҷлис, мулоқот ва ё вохӯриҳои муҳим саривақт меоед?
а) 5-7 дақиқа пештар меоям;
б) дар вақти муайяншуда расида меоям;
в) чун одати доимӣ дер мекунам;
г) ҳамавақт дер мемонам, ҳарчанд кӯшиши ба вақташ расиданро кунам ҳам;
д) агар чунин қонун «барои дер накардан» муқаррар шавад, он гоҳ шояд ман дер накарданро ёд гирам.

12. Шумо ба иҷрои супоришҳои дар айни ҳол вуҷуддошта чӣ хел аҳамият медиҳед?
а) ба фикри ман, иҷрои кор айни ҳол аз тавонистани кор ва пояи ташкилотчигӣ вобаста аст;
б) ба фикрам дар вақти иҷро шудани супориш шитоб кардан лозим нест;
в) ба ман беҳтараш кам гап зану дар вақташ супоришро иҷро намо мувофиқ меояд;
г) иҷрои супориш дар айни вақт – ин пайдо намудани шикояти ёфтани чизи нав мебошад. Иҷронамоӣ ҳамеша худнамоӣ мебошад.

13. Тахмин мекунем, ки Шумо ба рафиқи худ дар ягон кор ёрӣ расонданро ваъда додед. Вале шарт чунин шуд, ки Шумо барои иҷрои ваьдаи худ имконият наёфтед. Дар чунин шароит чӣ гуна рафтор мекунед?
а) ба он шахс дар бораи дигаргун шудани шароит ва набудани имконият ба иҷрои ваъда хабар медиҳам;
б) ба он шахс дар бораи пайдо шудани мушкилиҳо хабар медиҳам ва дар баробари ин мегӯям, ки рӯҳафтода нашавад;
в) барои иҷро намудани ваъдаи худ кӯшиш мекунам. Агар иҷро кунам – хуб ва агар на, ҳеҷ гап не, ман на ҳама вақт ба ваъдаам вафодорам;
г) ҳеҷ чиз ваъда намедиҳам. Ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, ваъдаро иҷро мекунам.

Ба натиҷаи тест мувофиқи ҷадвал баҳо диҳед.

Рақами савол А Б В Г Д
1 4 0 6 2
2 6 0 3 0 0
3 4 6 0 0
4 0 0 0 6
5 0 6 0 0
6 2 1 0 4 6
7 3 0 0 6
8 2 6
9 3 0 0 6
10 6 1 1 0
11 6 6 0 0 0
12 3 0 6 0
13 2 0 0 6

Шарҳи холхои бадастовардашуда:

Аз 72 то 78 хол. Шумо шахси ташкилотчӣ ҳастед. Ба Шумо танҳо як чизро таманно кардан лозим аст: дар ноилшавӣ ба мақсадҳои худ устувор бошед. Инкишоф додани ташкилотчигии худро давом диҳед. Бигузор бароятон нанамояд, ки Шумо аз ҳад гузарондаед. Ташкилотчигӣ нисбат ба табиат таъсири беҳамтоеро ба он касон мебахшанд, ки сарватҳои табииро бепоён меҳисобанд.

Аз 63 то 71 хол. Шумо ташкилотчигиро чизи чудонопазир мешуморед. Ин ба шумо бартарии бепоёнро бар он шахсоне медиҳад, ки ташкилотчигиро танҳо дар ҳолати ҳарбӣ ва ногувор будан талаб мекунанд. Ба ҳар ҳол, Шумо нисбати ташкилотчигии худ бодиққат бошед.

Аз 48 то 62 хол. Чунин ҳаётгузаронии Шумо ва он чизе, ки шуморо иҳота намудааст, мумкин аст камтар ташкилотчӣ буданро ёд диҳад. Ташкилотчӣ баъзан дар фаъолиятҳои шумо пайдо мешавад ва боз гум мешавад. Ин нишонаи набудани системаи аниқи ташкилотчӣ мебошад. Ташкилотчигии объективӣ қонун ва принсипҳои обеъективиро дорад. Кӯшиш кунед, ки ҳама вақт тарзи иҷрои корҳои худро таҳлил намоед. Шумо он чизеро мебинед, ки аз он гумонбар ҳам набудед. Барои шахси ташкилотчӣ будан, бояд дар кор ӯҳдабаро бошед. Аз ин рӯ, ба Шумо иродаи қавӣ ва суботкор будан лозим аст.

Аз 35 то 47 хол. Чунин ба назар мерасад, ки гӯё фаъолияти ташкилотчигӣ барои ҳаёти шумо ягон аҳамияте надорад, лекин ин то андозае шуморо аз фаъолӣ боз медорад. Агар шумо хусусияти ташкилотчигиатонро ташаккул диҳед, он гоҳ барои худ роҳеро мебинед, ки боз ҳаёти шуморо рангинтар месозад. Шумо метавонед аз ӯҳдаи ин кор бароед ва фақат барои Шумо кӯшиш лозим аст.

Камтар аз 34 хол. Шахсияти сохтаи Шумо дар бисёр ҳолатҳо шуморо фаъол гардонида наметавонад, балки мавқеи шуморо паст менамояд. Баъзан боварӣ ба худ дар Шумо нест шуда, мушкилоти мавҷударо ҳалнашаванда меҳисобед. Як назар ба шахсияти худ намоед ва тарафҳои ҳубу бади худро бубинед. Дар натиҷа, барои худ маълум хоҳед кард, ки чӣ корҳоро бояд ба анҷом расонд. Агар ин барои шумо мушкилотро эҷод кунад, он гоҳ ба равоншинос муроҷиат намоед.

  1. Чихел саволхои тестиро пайдо мекунед????

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *