Тадқиқи агрессияи шахс

Маълумоти умумӣ

Мафҳуми агрессия дар луғатҳо ба мазмунҳои гуногун шарҳ дода мешавад: душманӣ, қассосгирӣ, бадхашмӣ, дағалӣ ва ғайра. Агрессия дар луғати русӣ-тоҷикӣ ба маънон таҷовуз оварда мешавад, вале ин мазмуни пурраи онро ифода карда наметавонад. Чунин гуногунии шарҳи мафҳуми агрессия дар адабиёти психологӣ мушоҳида мешавад: масалан агрессияро ҳамчун аксуламали модарзодии одам барои «муҳофизати ҳудуди ишғолкарда» (Лоренс, Ардри); ҳамчун саъю кӯшиш ба ҳукмронӣ (Морисон); ҳамчун аксуламали шахс ба муҳити хусуматомез дида мебароянд. Зери мафҳуми агрессия рафтору амалҳои фард ё гурӯҳе фаҳмида мешавад, ки барои расонидани зарари ҷисмонӣ ё психологӣ, ё худ нобуд сохтани одами дигар ё гурӯҳи одамон равона шудаанд. Ба ақидаи Адлер, агрессия ин аксуламали ҷавобии бешууронаи одам ба маҷбуркунӣ ва ба хулосабарории ҳар як фард барои эҳсос кардани худ ҳамчун субъект мебошад. Яке аз намояндагони равияи психоанализ Э.Фром ду намуди агрессияро ҷудо кардааст: якум – ҳимоявӣ, яъне «хушсифат», ки барои зиндагонии одам хизмат карда, заминаи биологӣ дорад ва баъд аз бартараф шудани хатар ва тактикаҳои ҳаётӣ боз хомӯш мешавад: дуюм – «бадсифат», яъне тезхомӯшӣ, ки танҳо ба одамон хос аст ва дорои омилҳои гуногуни психологию иҷтимоӣ мебошад.

Рафтори агрессивӣ-хусусияти номақбули шахс аст, ки дар ҳудуди муносибатҳои субъект бо субъект зоҳир мешавад. Ҷанбаи мусбати агрессия дар он ифода меёбад, ки баъзан ба шахс барои бартараф намудани монеаҳо низ қувват мебахшад ва ҳамчун воситаи баромадан аз вазъиятҳои фрустратсионӣ хизмат мекунад. (Фрустратсия – шакли ҳиссиётест, ки ҳангоми мувоҷҷеҳ шудани шахс ба саду душвориҳо дар роҳи расидан ба мақсади дилхоҳ ба вуҷуд меояд). Аксарияти психологҳо дар он ақидаанд, ки рафтори агрессивӣ заминаи таҳаввулӣ ва физиологӣ дорад. Қисми дигари психологҳо чунин мешуморанд, ки рафтори агрессивӣ ғариза (инстинкт) ё танҳо таъмини қисми атрофии анализатори қувва аст, ки он барои ғолиб омадан ба монеаҳо ва дар роҳи қаноатмандкунии дигар майлҳо метавонад хизмат кунад. Ҳамин тариқ, рафтори агрессивӣ – ин қувваест, ки ба воситаи он одам муҳаббат ва бадбинии худро нисбати атрофиён ё нисбати худ ифода мекунад ва тавассути он кӯшиш менамояд, ки талаботҳои ғаризавии (инстинктивии) худро қаноатманд гардонад. Рафтори агрессивӣ аксари мавридҳо баъд аз ҳолати фрустратсия ба амал меояд.

Хулоса, агрессия – ҳолати гирифторшавӣ ба хашмгинӣ ва қаҳру ғазаб мебошад, ки бештар аз сӯи одамони сустирода, аз он ҷумла наврасон дар шакли зоҳир кардани рафтори таҳдидомез ва таҷовузу зӯроварӣ нисбати шасхи дигар ва ё ашёҳо амалӣ мегардад.

Методикаи пешниҳодшуда «Оё Шумо бадхашм ҳастед?» ном дорад ва он имконият медиҳад, то ки дараҷаи рафтори агрессивии шахсро муайян кунем.
Мақсад: муайян намудани дараҷаи рафтори агрессивии шахс.

Рафти иҷрои супориш: ба саволҳои пешниҳоднамуда ҷавоби «ҳа» ва ё «не» диҳед.

1. Оё Шумо ба осонӣ аз сабру тоқат мебароед?
2. Оё Шумо ба бартарии қувва аз болои ақл боварӣ доред?
3. Агар Шумо бо ягон кас қатъиян розӣ набошед, он гоҳ аз низоъ худдорӣ карда метавонед?
4. Оё Шумо чунин меҳисобед, ки дигарон ба шумо аз ягон ҷиҳат ҳасад мебаранд?
5. Оё Шумо барқасди дигар одамон ягон кор карданро дӯст медоред?
6. Оё ба Шумо масхара кардани дигарон маъқул аст?
7. Оё Шумо хондан ва нигоҳ кардани филмҳои детективӣ ва ё ҷанговаронаро дӯст медоред?
8. Оё дар ҳаётатон ягон шахсе вуҷуд дорад, ки ӯро тамоман дӯст надоред?
9. Ба Шумо ҳолате мешавад, ки ба дигарон дағалона муносибат кунед?
10. Шумо барои атрофиён ягон вақт дилнокаш будед?
11. Шумо тез-тез кӯдаконро, агар онҳо онро сазовор бошанд, танбеҳ медиҳед?
12. Оё Шумо ба ҳукми қатли ҷинояткор розиед?
13. Шудааст, ки Шумо дар ҳолати бадхашмӣ ягон предметро шикаста бошед?

Ҷамъбасти супориш: акнун холҳоро ҳисоб менамоем: Ба ҳар ҷавоби «ҳа» – 5 хол ва ба ҳар ҷавоби «не» – 0 хол диҳед.

Аз 65 то 25 хол. Шумо бешубҳа дараҷаи баланди рафторҳои бадхашмиро соҳибед ва дар шумо гум кардани идоракунӣ аз болои худ ба назар мерасад. Мазмуни ақидаҳои шумо аз он шаҳодат медиҳад, ки шумо дар бораи зарар расондан ва рӯҳан осеб додани дигарон фикр мекунед. Гоҳ вақт шумо ҳатто гумон ҳам намебаред, ки ҳамин ақидаронии рӯйрости шумо муайянкунандаи бадхашмии шумост. Ҳамчунин Шумо ба баҳодиҳии манфии ёру наздикон бовар накарда, овоз баланд мекунед ва нуқтаи назари худро бо далелҳо тез баён менамоед.

Андеша кунед, ки оё чунин рафтори шумо дуруст аст? Оё чунин мавқеи таҳдидкунанда ҳатмист? Шояд, ки шумо ин таънаҳои истеҳзоомези худро дар шакли ҳазлу шухӣ иброз намоед. Шумо кӯшиш намоед, ки норозигиатонро нисбати дигарон оромона ва ба таври ҳазлу шӯхӣ баён кунед.

Аз 20 то 0 хол. Шумо бо шахсоне, ки нисбат ба атрофиён софдиланд, меҳр доред. Эҳтимол донед, ки ин тарзи дурусти робитаи дутарафа аст. Шумо ба боигарии рӯҳии инсон, ба некӣ, муҳаббат, адолат ва ғайра майл доред. Шумо ба осонӣ дикқати дигаронро ҷалб карда наметавонед ва аз ин рӯ, дар амаликунии мақсадҳо ба душвориҳо дучор намешавед. Аз ҳад зиёд ба гузашткуниҳо роҳ надиҳед, чунки дар дигарон нисбати шумо тасаввуротҳои нохуб пайдо мешавад. Шумо фикри дигар одамонро ба осонӣ қабул мекунед. Ин аст, ки ҳамавақт ба шумо хушбахтӣ оварда наметавонад.

Инчунин, дар натиҷаи методикаи пешниҳодшуда чунин дараҷаҳои муайяни агрессия ошкор мегарданд:
аз 0 то 6 хол – дараҷаи пасттарини агрессия;
аз 7 то 16 хол – дараҷаи пасти агрессия;
аз 17 то 30 хол – дараҷаи миёнаи агрессия;
аз 31 то 45 хол – дараҷаи баланди агрессия;
аз 46 то 65 хол – дараҷаи баландтарини агрессия.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *