Тест барои муайян намудани дараҷаи изтиробнокии шахс

Маълумоти умумӣ

Изтироб – ҳолати психикӣ, ки бо нооромии ҳаракатнок ва ҳаяҷони пуртаъсир тавсиф дода мешавад. Аксар вақт изтиробнокӣ бо тарс омехта карда мешавад. Тарс дар шуури одам инъикоси таъсирбахши эмотсионалию таҳдидҳои мушаххас ба ҳаёт ва оромии ӯ мебошад; изтироб – эҳсоси тезутунди эмотсионалии таҳдидҳои дар пешистода аст. Изтироб дар фарқият аз тарс, на ҳама вақт ҳамчун ҳиссиёти манфӣ дарк карда мешавад, чунки он метавонад дар шакли ҳаяҷонҳои хурсандӣ ва интизории баҳаяҷоноваранда вуҷуд дошта бошад.

Изтиробнокӣ хусусияти одам аст, ки бо ҳолати нооромии аз ҳад зиёд ва эҳсоси тарсу ваҳм тавсиф дода мешавад, ки сабабашон стрессор ва фрустраторҳо мебошанд. Изтироб метавонад ҳамчун хусусияти ҳолати лаҳзавӣ ва ё ҳамчун хислати устувори шахс баромад кунад. Аз ин ҷиҳат изтиробнокии лаҳзавӣ ва шахсиро ҷудо мекунанд. Кӯдаки аз ҷиҳати эмотсионалӣ носозгор, вобаста ба сохти психологии шахс, таҷрибаи ҳаётӣ, муносибат бо калонсолон ва ҳамсолон метавонад ҳам изтироб ва ҳам тарсро аз сар гузаронад. Ҳолатҳои бенизомӣ, безобитагии номуайян, изтироб аз объектҳо ва фикрҳои муайян ҳисси тарсро ба вуҷуд меоваранд.

Асоси тарс ва изтиробро ҳисси безобитагӣ ташкил медиҳад. Ин ҳиссиёт дар он ифода меёбад, ки шахс ҳангоми шунидани савол худро гум мекунад, барои ҷавоб суханҳои мувофиқ намеёбад, бо овози ларзон сухан мегӯяд ва аксар вақт тамоман хомӯш менишинад. Ботин сард, бадан «вазнин» ва дилтанг мегардад. Кафи дастатон тар шуда, ҳаракатҳои зиёдатӣ пайдо мешаванд, ё баръакс, беҳаракат ва шах шуда меистад. Ин ҳолат аз бошиддатии аз ҳад зиёди функсияҳои психофизикии организм шаҳодат медиҳад.

Дар тадқиқотҳо се дараҷаи изтиробнокиро муайян намудаанд: баланд, миёна ва паст.

Дараҷаи изтиробнокии ниҳоят баланд ба рафти азхудкунии дониши хонанда таъсир мерасонад ва намегузорад, ки ӯ маводҳои таълимиро дуруст аз худ намояд. Ӯ аз иҷрои кор метарсад, зеро ҳамеша хатарро ҳис мекунад. Ӯ дар байни ҳамсолон мавқеи пастро соҳиб буда, ҳамеша аз кор ва рафторҳои худ розӣ нест.
Шахсоне, ки дараҷаи изтиробнокии пастро доранд, онҳо бепарво, бемасъулият, ноӯҳдабаро ва дар фаоъолият пассив ҳастанд. Чунин хонандагон дар мактаб ҳамеша бетарафиро ихтиёр мекунанд ва танбаланд.

Изтиробнокӣ дар мактаббача ба таври махсус зоҳир мешавад. Ӯ дар вазъиятҳои таълимӣ ҳамеша нигарони ҳаяҷон ва ташвиши баланд аст.

Ҳар кӯдаке, ки ба синфи як меравад ва ё аз он мактаб ба дигараш меравад, ӯро изтироби рӯҳии баланд фаро мегирад. Ин изтироб худбаҳодиҳии он кӯдакро паст мекунад, ӯро пассив гардонда, дар азхудкунии маводи таълимӣ душвориҳо эҷод менамояд.

Мавқеи беҳтарин он аст, ки шахс дараҷаи изтиробнокии миёнаро соҳиб бошад. Шахсе, ки дорои дараҷаи изтиробнокиашон миёна аст, ӯ ба ҳамагуна таъсиротҳои олами иҳотакарда мӯътадил ҷавоб медиҳад. Ӯ имкон дорад, ки тарафҳои мусбӣ ва манфии худро донад. Барои муайян кардани ҳолати изтиробнокӣ саволномаи психолог Тейлорро меоварем.

Саволнома
Мақсади супориш: муайян намудани дараҷаи умумии изтиробнокии шахс.

Иҷрои супориш. Ҳар як муҳокимаро бодиққат хонда, мавҷудияти онро дар худ тасдиқ «ҳа» ё инкор «не» намоед, ё агар барои ҷавоб додан душворӣ кашед, ҷавоби намедонамро «нд» истифода баред.

Маводи зарурӣ. Шкалаи (саволномаи) Тейлор:
1. Ман одатан ором мебошам ва маро асабонӣ кардан осон нест.
2. Асабҳои ман аз асабҳои дигар одамон зиёдтар вайрон шудаанд.
3. Ҳодисаҳои қабзият (сахтшавии меъда) дар ман гоҳ-гоҳ рӯй медиҳанд.
4. Сари ман гоҳ-гоҳ дард мекунад.
5. Ман кам хаста мешавам.
6. Ман қариб ҳамеша худро комилан хушбахт ҳис мекунам.
7. Ман ба худ боварӣ дорам.
8. Ман одатан ҳаргиз сурх намешавам.
9. Ман нисбат ба дӯстонам худро одами комилан ҷасур меҳисобам.
10. Ман на зиёдтар аз дигарон сурх мешавам.
11. Дар ман ҳодисаҳои тапидани дил ва диққи нафас кам рӯй медиҳанд.
12. Одатан дасту пойҳои ман ба дараҷаи кифоя гарм мебошанд.
13. Ман аз дигарон бештар шармгин нестам.
14. Ба ман боварӣ доштан нисбат ба худ намерасад.
15. Баъзан чунин менамояд, ки ба ҳеҷ чиз кор намеоям.
16. Дар ман чунин лаҳзаи нооромӣ пайдо мешавад, ки ман дар як ҷой истода наметавонам.
17. Меъдаам маро сахт безобита мекунад.
18. Ман ҳеҷ гуна ҷуръате надорам, ки душвориҳои ояндаро бартараф намоям.
19. Ман мехостам, ки монанди дигарон хушбахт бошам.
20. Баъзан ба назарам мерасад, ки дар назди ман чунин душвориҳое ҷамъ шудаанд, ки онҳоро бартараф карда наметавонам.
21. Ман бештар хобҳои даҳшатнок мебинам.
22. Ман ҳангоми ба иҷрои коре кӯшиш намудан ба ларза даромадани дастонамро мушоҳида мекунам.
23. Хоби ман ниҳоят ноором ва канда-канда мебошад.
24. Бемуваффақиятҳои имконпазир маро бағоят ба изтироб меандозанд.
25. Ман ҳатто вақтҳое, ки ба ман таҳдид накардани ягон чизро аниқ медонистам, меҳаросидам.
26. Ба ман тамоми диққати худро ба иҷрои супорише мутамарказонидан душвор аст.
27. Ман бо тамоми ҷидду ҷаҳд кор мекунам.
28. Ман ба осонӣ саросема мешавам.
29. Ман қариб ҳамеша барои ягон кас ё барои чизе дар изтироб мебошам.
30. Ман барои ба ҳамаи чизҳо ҷиддӣ муносибат кардан майл дорам.
31. Ман зуд-зуд гиря карда меистам, гирёнчак мебошам.
32. Маро бисёр вақт хуруҷи қайкунӣ ва дилбеҷошавӣ азоб медиҳад.
33. Моҳе як маротиба (ё баъзан бештар) ман дарунрав шуда меистам.
34. Ман бисёр вақт аз он метарсам, ки мабодо сурх нашавам.
35. Ба ягон чиз пурра равона кардани диққат ба ман ниҳоят душвор аст.
36. Аҳволи моддии ман маро хеле ба ташвиш овардааст.
37. Ман бисёр вақт дар бораи он чизҳое фикр мекунам, ки дар бораи онҳо ба касе гап назадан беҳтар аст.
38. Ман вақтҳоеро аз сар гузаронидам, ки изтироб маро ба бехобӣ дучор карда буд.
39. Баъзан, вақте ки ман ошуфта мешавам, маро арақ зер мекунад ва ин маро сахт ба хиҷолат меандозад.
40. Ман ҳатто дар рӯзҳои хунук зуд арақ мекунам.
41. Баъзан ман чунон ба ҳаяҷон меоям, ки хобам ба душворӣ мебарад.
42. Ман одами ба осонӣ баҳаяҷоноянда мебошам.
43. Баъзан ман худро одами тамоман бефоида ҳис мекунам.
44. Баъзан ман гумон мекунам, ки системаи асаби ман шалақ шудаасту ман ҳозир худамро гум мекунам.
45. Ман бисёр вақт нохост ҳис мекунам, ки чизе маро ба изтироб оварда истодааст.
46. Ман нисбат ба аксарияти одамони дигар ҳассостар (зудҳискунанда) мебошам.
47. Ман баъзан барои як пула гапу кор зиқ мешавам.
48. Ман қариб ҳамеша гуруснагиро ҳис мекунам.
49. Ҳаёти ман ҳамеша бо шиддатнокии ғайриоддӣ алоқаманд аст.
50. Интизорӣ ҳамеша маро асабонӣ мекунад.

Ҷамъбасти супориш: Ҷавобҳои озмудашаванда бо хол ифода карда мешавад:

1) ба ҳар як ҷавоби «не»-и ҷумлаҳои 1 – 13 ба озмудашаванда 1 хол гузошта мешавад;
2) ба ҳар ҷавоби «ҳа»-и ҷумлаҳои 14 – 50 низ 1 хол дода мешавад;
3) ҳар ҷавоби намедонам «нд» 0,5 хол ҳисоб карда мешавад;
4) суммаи ҳамаи холҳо ёфта мешавад.

Суммаи холҳо дар бораи дараҷаи изтиробнокии шахс чунин маълумот медиҳад:
аз 0 – 5 хол – шахси изтиробнокиаш хело паст;
аз 6 – 15 хол – шахси изтиробнокиаш миёна (майл ба поён);
аз 15 – 25 хол – шахси изтиробнокиаш миёна (майл ба боло);
аз 25 – 40 хол – шахси изтиробнокиаш баланд;
аз 40 – 50 хол – шахси изтиробнокиаш хеле баланд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *