Хуриш «Азизам»

Маҳсулоти лозима барои 3 – 4 нафар:

Лаблабу- 3 дона
Картошка- 2 дона
Тухм -2 дона
Сабзӣ- 2 дона
Бодиринг -2 дона
Нахуди сабз
Майонез

Тарзи тайёр намудан:

Лаблабуи сурх, картошка, сабзӣ ва тухмро да об ҷӯшонида мепазем. Баъди пухта хунук шуданашон онҳоро пӯст карда аз турбтарошак мегузаронем. Бодирингро бошад, бо даст реза мекунем, чоркунҷа. Ҳамаи маҳсулотҳоро хуб аралаш мекунем. Хуриши омодашудаи худро ба пиёла мегирем, ва барои шакл пайдо карданаш бо қошуқ сахт зер мекунем. Ба болои лаълича пиёларо гузошта, оҳиста хуришро аз пиёла ба лаълича холӣ мекунем. Ана ҳамин тавр шакли худро пайдо мекунад хуриши мо. Болои хуришро бошад бо нахуди сабз ва майонез оро медиҳем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *