Торти резонак

Маҳсулоти лозима барои хамир:
300 гр равғани маска
100 гр шакар
1 пачка модаи ковоккунанда
3 дона тухм
Орд то ҳадди лозима
Барои креми 1:
1 қутти (250гр) равғани маска
1 қутти ширқиём
Равғани маскаро бо ширқиём ҳамроҳ карда бо мискер хуб лат мезанем.
Барои креми 2: (Заварной крем)
1 стакан шир
Ним стакан шакар
1 дона тухм
2 қошуқи оши орд

Ҳамаи маҳсулотҳоро аралаш мекунем дар болои алави паст мегузорем ва то ғафс шуданаш мекобем.Гирифта мегузорем то хунук шавад.
Креми 1 ро ҳамроҳи креми 2 мекунм ва бо миксер лат мезанем,ҳамин тавр креми мо омода мешавад.

Тарзи тайёр намудани хамир:
Аз маҳсулотҳои зикршуда хамир мешурем, мегузорем 10 15 дақиқа дам гирад.Баъдан гирифта 5 қисм тақсим мекунем. Ҳар як зуволачаро тунук карда ҳаҷман 28 см доирашакл,мепазем.
Коржҳои пухташударо каме об молида баъдан крем мемолем.Ба хоҳиши дил оро медиҳем

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *