Хуриши “Офтобак”

Маҳсулоти лозима:

Картошка (дар об пухта шуда) – 3 дона
Сабзӣ 3 -4 дона
Тухм -3 дона
Картошка -1 дона (дар равған сурх карда шуда, барои ороиши хуриш)
Майонез
Намак
Ҳасиб ё гӯшти пухташуда 100 – 150 гр.

Тарзи тайёр кардан:
Ҳамаи маҳсулотҳоро чоркунҷа майда мекунем, ғайр аз зардии тухм. Баъдан қабат ба қабат маҳсулотҳоро мегузорем: картошка -майонез, сабзӣ – майонез, ҳасиб – майонез, сафедии тухм – майонез, баъдан зардии тухмро майда мекунем ва ба болои хуриш мепошем. Сипас бо картошкаи дар равған сурхкарда оро медиҳем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *