Қаҳрамонони Тоҷикистон

Ҳар, ки бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,
Номи худро сархати девони миллат мекунад.

Халқи тоҷик аз замони зуҳур то имрўз дар зинаҳои мухталифи ташаккул раванди рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад.

Фарзандони бонангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодиро ҳимоя карда, қаҳрамонӣ нишон додаанд. Корнамоии Шерак, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Темурмалик раҳнамои зиндагии мост.

Ҳар як аз ин мардони майдон дар ҳифзи адолат ва хоки аҷдодӣ саҳми беназир доранд ва мо то имрўз аз ҷонисории эшон ҳарф мезанему ифтихор менамоем.
Хушбахтона, минбаъд низ ашхоси ҷонфидо баҳри амният ва боло будани сатҳи худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ шабу рўз заҳмат кашида, парчамбардори миллат гардидаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба шаш нафар фарзандони барўманди халқи тоҷик унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

2Қаҳрамонӣ заҳмату ранҷи бешумор, аз худ гузаштан ва ҷоннисориро тақозо мекунад. Ин унвони олӣ насиби ҳар кас намегардад. Новобаста аз дигаршавии сохи ҷомеа ҳар замон қаҳрамон ва хирадманди худро меофарад. Барҳақ, устод Лоиқ фармудааст:

Гар хирадманде пушаймон рафт аз рўи Замин,
Боз дар рўи Замин рўяд хирадманди дигар.

Боэътимод метавон гуфт, ки шумори шахсиятҳои нотакрор ва қаҳрамонони миллати тоҷик дар оянда зиёд хоҳад гашт. Хизмати арзанда барои Ватан ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.

1+

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *