«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ҚАРОР
аз 4 октябри соли 2011 №458 ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таҳсили 2011-2012 барои дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ҷори намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тадбирҳо андешад.

3) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмхои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, нашри фарҳанги имло, дастурҳои таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рўзномаву маҷаллаҳо ва ҳамчунин асноди меъёриро бо дарназардошти Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монад.

4) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои махсус Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таблиг намояд.

5) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори мазкур дар доираи маблаѓҳои дар буҷет пешбинишуда чораҳои зарурӣ андешанд.

6) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, №355 «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«Омӯзгор»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *