Қиссаи “Девори сиёҳ”

Дар яке аз ҳуҷраҳои беморхона се нафар бемории фалаҷ мехобиданд, яке аз онҳо, ки якумин шуда ба беморхона омада буд, дар назди тиреза мехобид, дуввумин дар байн васаввумин дар назди дар ҷой гирифта буданд. Бемори дар байни ҳуҷра хобида, аз дигар беморон фарқ мекард, вай аз бемории худ рўҳафтода набуд, бо суханони нарми худ дигаронро низ хушҳолмекард. Яке аз рўзҳои сарди зимистон беморе, ки дар назди тиреза хобида буд аз олам гузашт. Ўро аз ҳуҷра бурданд, ва бемори дар байни ҳуҷра хобида, ба ҷойи ў гузашт, ва беморе, ки дар пеши дар буд ба байни ҳуҷра ва бо ҷойи ў бемори навро ҷойгир карданд. Беморе, ки дар пеши тиреза мехобид ва хеле болидарўҳ ва хушҳол буд, он чизеро, ки дар берун медид ба шариконаш нақл мекард.

Вай дар бораи боғи зебо, чанорҳои калон-калони сари роҳ, паррандаҳо, одамоне, ки ба кор мерафтанд, бачагоне, ки шоду-хуррам дар боғ бозӣ мекарданд ва дар бораи водиҳои пур аз гул, ки дар кўҳҳои рў ба рўи тиреза ҷойгир ҳастанд нақл мекард, ва бо ин нақлҳои аҷиби худ ба дарди дили шарикони худ каме ҳам бошад малҳам мебахшид.

Дере нагузашта ин шахс ба одамоне, ки аз кўча мегузаштанд ном ҳам гузошт. Ва ҳамин тавр шариконаш ҳикояҳои рафиқи худро дар бораи онҳое, ки саҳар ба кор мерафтанд, дар сари кўча ягон чиз мефурўхтанд ва бегоҳӣ аз кор монда ба сўйи хона бармегаштанд гўш меандохтанду, дар пеши чашми худ қиёфаи онҳоро тасаввур мекарданд. Акнун он сукунати вазнине, ки дар ҳуҷра ҳукмрон буд, оҳиста, оҳиста нест мешуд. Ва ҷойи онро дақиқаҳои пур аз ҳикояҳои пурмазмун мегирифт. Яке аз ин рўзҳо ба сари беморе, ки дар байни ҳуҷра мехобид фикре омад. Агар беморе, ки дар назди тиреза хобидааст ба ягон фалокат дучор шавад, ў ба ҷойи он бемор мехобад, ва он вақт метавонад бо чашмони худ ҳамаи он гуфтаҳои рафиқашро бинад… Ин фикр ба ў маъқул шуд. Дар ҷойи хобидааш ҳам фақат ҳаминро фикр мекард, ягон чораашро ёфтан мехост. Ва охир ба як қароре омад. Баъзан рафиқаш аз дарди дил азоб мекашид ва сари синаашро чангол мекард. Дар ин ҳолат ў дарҳол аз дорўҳое, ки дар болои сараш буд гирифта,мехўрд.
Як бегоҳӣ беморе, ки дар назди тиреза мехобид боз дилаш хуруҷ кард, аммо ин бор шарикаш, ки дар байни ҳуҷра мехобид, бо ранҷу машаққатаҳои зиёд зарфи дорўҳоро аз болои сари ў ба замин афтонд. Ва зарф пора-пора шуд…
Рўзи дигар ҳама диданд, ки бемори дар назди тиреза хобида, кайҳо ҷон ба Ҳақ супурдааст. Ўро аз ҳуҷра бурданд. Ба ба ҷойи ў беморе, ки дар байни ҳуҷра буд ва орзўи дар назди тиреза хобидан ва бо чашмони худ ҳамаро дидан мехост, гузаронданд.
Бемор ба нияти худ расида буд, акнун ў барои бо чашмони худ кўчаро дидан аз оина ба берун нигоҳ кард, вале аз ҳайрат шох шуд. Чункӣ як чанд қадам пас аз оина ғайр аз девори сиёҳ дигар чизе набуд…

Хонандаи гиромӣ худ қазоват кунед аз одамӣ ва аз ин ҳама кирдору рафтори ў ва аз анҷоми кори ў………

0

1
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
1 Муаллифони тавзеҳҳо
А Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
А
Меҳмон
А

Бисер хам киссаи гамангез
🙁 ва таьсир бахш