Қоидаҳои талабагӣ

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани азизи худро дӯст дорад. Рамзҳои давлат — Парчам ва нишонро эҳтиром кунад. Суруди Миллиро донад. Забони давлатиро эҳтиром кунад. Аз шаҳрванди Ҷумхурии Тоҷикистон буданаш фахр намояд.
2. Таърих ва географияи кишварро омӯзад. Конститутсияи мамлакатро омӯзад ва эҳтиром намояд.
3. Дар бораи Президенти мамлакат маълумоти пурра дошта бошад.
4. Мероси ниёгонро омӯзад ва эҳтиром кунад. Ватандӯсту башардӯст бошад, ифтихори баланди Миллӣ дошта бошад.
5. Суботкорона дониш омӯзад ва омодагии касбӣ бигирад. Фаъолона, бодиққат ва бо қатъият мушкилиҳоерою ки дар таҳсилу омӯзиш, корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва зиндагӣ дучор меояд, бартараф карда тавонад. Дар байни хонандагон кор бурда тавонад, худро ба зиндагии имрӯза омода созад.
6. Рафиқон ва ҳамсабақонашро аз кирдорҳои бад, ки шарафи мактаб ва оиларо доғдор мекунад, нигоҳ дорад. Нисбати вайронкунандагони қоидаҳои ҳамзистии шахрвандӣ оштинопазир бошад.
7. Дар ҳаёти ҷамъиятӣ — фарҳангии мактаб, ободии мaҳала, ноҳия, шаҳр caҳми фаъол бигирад.
8. Маданияти худро доим баланд бардорад, мунтазам адабиёти бадеӣ, илмӣ — оммавӣ ва рӯзномаю маҷалаҳоро қироат кунад. Мусиқӣ гӯш кунад, ба театру кино равад, ба тарбияи эститикии худ диққати махсус диҳад.
9. Худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб дода, мунтазам ба варзиш машғул бошад. Қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя карда, барои тозагии мактаб, хона, кӯчаю хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷидду ҷаҳд намояд.
10. Тартибу низом ва реҷаи кори мактаб, талаботу фармоишҳои роҳбарони мактаб, муаллимон, роҳбари синф ва кормандонро дар вақташ ва аниқ иҷро намояд.
11. Фикру ақида ва дархостҳои коллективиро эҳтиром карда, боварии онро ба ҷо оварда тавонад, дар иҷрои супоришҳои коллектив ва созмони «Ворисони Сомониён» гардад. Дӯстиро дар коллектив ва муносибатҳои рафиқонаи байни ҷавонону духтаронро мустаҳкам намояд.
12. Ба молу ашёи ҷамъиятӣ ғамхориву дилсӯзона муносибат намояд.
13. Дар мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ хоксору фурутан, боодобу хушомила бошад, тозаю озода, ботартибу шинам либос пӯшад. Ҳангоми вохӯрӣ бо омӯзгорон, калонсолон, дӯстон ва ҳамсабақонаш салом диҳад.
14. Бо одамони калонсолу хурдсолон, маъюбон, беморон меҳрубон бошад, ба онҳо дар ҳолати даркори ёрӣ расонад.
15. Волидайнро эҳтиром кунад ва дӯст дорад, ба тамоми аъзои оила ғамхор бошад ва дар корҳои хона ба онҳо ёрӣ расонад.
16. Аз амалҳои ношоистаи шаробнушӣ, нашъамандӣ, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад, худдорӣ намояд.
(Бо қарори Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрели соли 2006 тасдиқ карда шудааст)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *