Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №22, мод. 336; с. 1997, №23-24, мод. 333; с. 2000, №11, мод. 527; с. 2008, №3, мод. 189; с. 2009, №12, мод. 822; с. 2010, №1, мод. 4; с. 2015, №11, мод. 974; Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 с., №1458)

 

Мақсади Қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ҳуқуқии ҳаракат дар роҳ ҷиҳати ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, системаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, тартиби банақшагирӣ ва маблағгузории чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.  (ҚҶТ аз 20.03.08с., №370)

БОБИ 1

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур

 

Қонун муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он танзим намуда, ҳуқуқу вазифаҳо ва масъулияти субъектҳо – иштирокчиёни ҳаракати роҳ, вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ (минбаъд вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо) муайян мекунад.

Вазифаҳои  Қонуни мазкур  аз ҳифз намудани ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин ҳифзи манфиатҳои ҷамъият ва давлат ба воситаи пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини онҳо иборатанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст. (ҚҶТ аз 20.03 08с, №370; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

 

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ – шахсоне, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигар, ки барои аз як ҷой ба ҷои дигар расонидани мусофирон ва кашондани борҳо тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва ғайра бевосита иштирок менамоянд.

Роҳи автомобилгард – маҷмӯи иншооти муҳандисӣ  мебошад, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо пешбинӣ шудааст.

Воситаи нақлиёт – механизме, ки барои бо роҳҳо интиқол намудани одамон, бор ё таҷҳизоти дар болои он васлшуда, таъин шудааст.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

Ҳаракат дар роҳ – маҷмӯи муносибатҳое мебошанд, ки дар раванди ҳаракати одамон ва борҳо бо ёрии воситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард ба вуxуд меоянд;

Бехатарии ҳаракат дар роҳ – ҳолати раванди мазкур буда, инъикоскунандаи дараxаи муҳофизати иштирокчиёни он аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва оқибатҳои онҳо аст;

Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ – фаъолияте мебошад, ки барои пешгирии сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини он нигаронида шудааст.

 

Моддаи 4. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воситаҳои нақлиёт ҳаракат ва аз тарафи дасти рост муқаррар карда шудааст.

Тартиби оғози ҳаракат, тағйири самти ҳаракат, ҷойгирии воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо, интихоби суръати ҳаракат ва фосила, гузаштани чорраҳаҳо, гузаргоҳҳои пиёдагардҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти истифодаи умумӣ, истифодаи асбобҳои нурафшони берунӣ, қоидаҳои ҳаракати пиёдагардҳо, ҳаракати велосипедсаворон, инчунин масъалаҳои ташкили ҳаракат ва бехатарии он тавассути Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешаванд.

 

БОБИ 2.

СИСТЕМАИ ИДОРАКУНИИ ҲАРАКАТ ДАР  РОҲ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН

 

Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар  роҳ

 

Идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор сурат мегирад. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №370)

 

Моддаи 6. Иштироки вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

 

Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо дар доираи салоҳияти худ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд, барои иҷрои барномаҳои давлатӣ ва соҳавии ҳаракат дар роҳ масъулият доранд, доир ба ҳаракат дар роҳ санадҳое мебароранд, ки хилофи қонунгузорӣ намебошанд, иҷрои тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ба ҳайати онҳо дохиланд, таъмин мекунанд.

Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе вазифаҳои идоракунии байнисоҳавиро вобаста ба ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он иҷро карда метавонанд.

Дар вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, дар корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки воситаҳои нақлиёт доранд, вазифаи мутахассис оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ё хадамоти бехатарии ҳаракати роҳ ташкил карда мешавад.

Низомнома оид ба хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

 

Моддаи 7. Иштироки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

 

Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидориашон, барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ чорабиниҳо таҳия намуда, онҳоро амалӣ месозанд. Дар коллективҳои меҳнатӣ оид ба риояи талаботи қонун дар бораи ҳаракат дар роҳ тадбирҳои пешгириву фаҳмондадиҳиро ба амал мебароранд.

 

Моддаи 8. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалӣ гардонидани чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

 

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон бояд ба мақомоти давлатӣ дар амалӣ гардонидани чорабиниҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат намоянд. Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо вазифадор ҳастанд, ки таклифҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро оиди масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ба назар гиранд.

Давлат сиёсати андози имтиёзнокро нисбати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсади асосиашон амалӣ гардонидани чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад, татбиқ менамояд.

 

БОБИ 3.

САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

 

Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ

 

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз инҳо иборатанд:

муайян кардан ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

муқаррар намудани низоми ягонаи қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;

таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он, инчунин ҷавобгарӣ барои риоя накардани онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

муайян кардани ваколатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳаракат дар роҳ;

ташкил додани мақомоти давлатии ваколатдор дар соҳаи ҳаракат дар роҳ, роҳбарӣ ба фаъолияти онҳо;

таҳия ва тасдиқ намудани барномаҳои давлатии тараққии ҳаракат дар роҳ ва бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;

бо маблағ таъмин, роҳбарӣ ва назорат кардан ба иҷрои барномаҳои давлатии тараққии ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он;

ташкил додани фондҳои Ҷумҳуриявии таъминоти моддӣ ва молиявии тараққии ҳаракат дар роҳ ва мустаҳкам намудани бехатарии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ;

назорати давлатӣ ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии он;

муайян намудани тартиботи ягонаи ташкили ҳаракат дар  роҳ ва бехатарии он;

муқаррар намудани талаботи ягона оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон, тармим, таъмир, нигоҳубин ва ҳифзи роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, тасдиқ кардани барномаҳои сохтмони онҳо:

муқаррар намудани талаботи ягонаи таҳия ва xорӣ намудани нақшаҳои умумӣ, лоиҳаҳои банақшагирии тафсилӣ ва хонасозӣ дар маҳали аҳолинишин, нақшаҳои комплексии нақлиёт ва планҳои хонасозии алоҳида;

муқаррар намудани талаботи ягона оид ба тармим ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд;

муайян намудани тартиби додани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ва сертификатҳо барои фаъолияти вобаста бо сохтмон, таъмир ва истифода кардани воситаҳои нақлиёт, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, тайёр намудани ронандаҳо, сохтмон, тармим, таъмир ва нигоҳубини роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва дигар навъҳои фаъолият, ки ба бехатарии ҳаракат таъсир мерасонад;

муайяи намудани принсипҳои умумии суғуртакунии ҳатмии воситаҳои нақлиёт, ронандаҳо ва мусофирон;

барпо намудани системаи ягонаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои асосии омории ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он;

ташкили корҳои тадқиқоти илмӣ ва конструктории технологӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он;

таъсиси системаи ягонаи иттилоотию кофтуковӣ ва бонки маълумоти баҳисобгирии ронандаҳо, воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва оқибатҳои онҳо, инчунин нишондиҳандаҳои дигар;

иштирок дар фаъолияти байниҳукуматӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳаракат дар  роҳ ва бехатарии он.

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар масъалаҳои дорои аҳамияти давлатӣ оид ба соҳаи ҳаракат дар роҳ, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, низ дохил мешаванд.

 

Моддаи 10. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

 

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дохил мешавад:

-таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, танзим ва назорати иҷрои онҳо;

-таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди минтақаи дахлдор;

-ташкили иҷрои корҳо оид ба сохтмон, тармим, таъмир ва таъмини воситаҳои техникӣ дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми таъиноти маҳаллӣ, кўчаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;

-дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №370)

 

Моддаи 11. Салоҳияти соҳибони роҳҳои автамобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан

 

Салоҳияти соҳибони роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ё мақомоти ваколатдори онҳо дар соҳаи ҳаракати роҳ аз инҳо иборат аст:

таҳияи барномаҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба тараққӣ, такмил, таъмир ва барои ҳаракат дар ҳолати бехатар нигоҳ доштани роҳҳо, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва қитъаҳои барои онҳо xудокардашуда;

муайян кардани сохтори идора, лоиҳакашӣ, сохтан ва нигоҳубин кардани роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;

иштирок дар таҳияи низомномаҳо дар бораи сохторҳои махсуси идоракунии ҳаракат дар роҳ;

ҷуброни ҳароxоти соҳибони воситаҳои нақлиёт, инчунин пардохти кeмакпулии якдафъагй ба осебдидагон, агар ҳодисаҳои наклиёти роҳ аз сабаби нигоҳубини ғайриқаноатбахши роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо гузаргоҳҳои роҳи оҳан рӯй дода бошад;

таъмини шароити бехатар, босарфа ва ҳаловатбахши ҳаракат дар роҳ;

ташкили чорабнниҳо ва амалӣ намудани онҳо барои ҳифзи муҳити табиат;

таъмини иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ бо ахбор дар бораи масъалаҳои ҳолати садамаовар ва пeшиши роҳ ва шароити дигар;

ҳалли масъалаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан дар вазъиятҳои фавқулодда;

муайян кардани меъёрҳо ва xудо намудани маблағи лозима барои сохтмон, тармим, таъмир ва нигоҳубини роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;

вогузор кардани ҳуқуқ барои сохгмони иншооти коммуналӣ ва иншооти дигар, кашидани хатти алоқа, барои корҳои муҳофизатӣ ва иншоот, иншооти хизматрасонӣ ва таҷҳизонидани онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ташкили корҳо оид ба аҳолшинонӣ ва нигоҳубини ниҳолҳои назди роҳҳо ва ғайра;

фавран бартараф намудани харобиҳои роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;

таъмини кори хадамоти махсус оид ба амалӣ намудани чорабиниҳои ташкили ҳаракат дар роҳ;

сари вақт ошкор намудани монеаҳои ҳаракат дар роҳ ва бартарафкунии онҳо ва дар сурати ғайриимкон будани ин кор фавран бо аломатҳои роҳ  воситаҳои манъкунанда ва роҳнишондиҳанда нишонагузорӣ наму­дани он ҷойҳо;

ташкили иҷрои талаботи муқарраршуда оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;

ҳалли дигар масъалахои ҳаракат дар роҳ мувофики санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 12. Салоҳияти соҳибони воситаҳои нақлиёт

 

Салоҳияти соҳибони воситаҳои нақлиёт (ба истиснои шахсони воқеӣ) аз инҳо иборат аст:

дидани чораҳо оид ба ривоxу равнақи истифодабарӣ ва нигоҳубини воситаҳои нақлиёт;

васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр наму­дани ронандагони воситаҳои нақлиёт ва такмили ихтисоси онҳо;

ташкил ва татбиқи чораҳои таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ;

ташкил ва татбиқи чораҳои муҳит аз таъсири бади нақлиёт;

баҳисобгирии ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таҳлили сабабҳо ва шароити ба амал омадани онҳо;

ташкил ва бо маблағтаъминкунии чораҳои пешгирӣ намудани маъюбшавии вобаста бо ҳодисаҳои садамавӣ дар роҳ;

ҷуброни зарари дар натиxаи ҳодисаи нақлиёти роҳ бо айби онҳо расонидашуда, инчунин пардохти ёрдампулии яквақта ба шахсони дар ин гуна ҳодисаҳо зарардида бо қарори мақомоти судӣ;

ҳалли масъалаҳои истифодаи нақлиёт дар вазъияти фавқулодда.

 

БОБИ 4

ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҲАРАКАТ ДАР  РОҲ

 

Моддаи 13. Ҳуқуқу вазифаҳои асосии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ

 

Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дорои ҳуқуқи зайл мебошанд:

ба шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҷуброни зиёне, ки бинобар ба талаботи бехатарии ҳаракат мутобиқат накардани ҳолати роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан расонида шудааст;

ба ҷуброни зиён ва додани ёрдампулии яквақта аз ҳисоби онҳое, ки ба ҳодисаи нақлиёти роҳ айбдоранд;

ба суд шикоят кардан нисбати амалҳои шахсони мансабдор ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар сурати аз тарафи онҳо вайрон намудани қонуни мавxуда;

омeхтани меъёрҳо ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

гирифтани ахбор аз ташкилотҳои роҳ, коммуналӣ ва ғайра дар бораи шароити ҳаракат дар роҳ.

Иштирокчиёни ҳаракати роҳ вазифадоранд:

талаботи Қонуни мазкур, Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ то xое, ки барояшон дахл дорад, донанд;

барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амалҳо ё беамалии худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ зиён нарасонанд;

товони зиёнеро, ки бо айби онҳо бинобар риоя накардани талабо­ти қонун дар бораи ҳаракат дар роҳ расонида шудааст, ҷуброн кунанд;

амри мақомоти назорат ва бозрасии давлатиро оид ба риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳаракат дар роҳ иҷро намоянд.

Ҳуқуқу вазифаҳои ронандаи воситаи нақлиёт, пиёдагард, мусофир (пассажир), велосипедрон ва чорворон бо Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 14. Қоидаҳои асосӣ барои додани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёт

 

Агар синну соли шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синну соли муқарраркардаи  Қонуни мазкур мувофиқ буда, камбудии xисмонӣ ё беморие надошта бошад, ки монеи идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёт ва ҳосил кардани малакаи кофии идоракунии воситаҳои нақлиёт гардад, ӯ ҳуқуқ дорад барои идоракунии воситаҳои нақлиёт иҷозат гирад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

Тартиби ба идоракунии воситаҳои нақлиёт иҷозат доданро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Номгўи ноқисиҳои ҷисмонӣ ва ё бемориҳое, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо ба шахс бобати гирифтани шаҳодатнома барои идораи воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад, аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёти категорӣ ё хелҳои дахлдор бо шаҳодатномае, ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилӣ дода мешавад тасдиқ карда мешавад, ки онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ва байналмилалие амал мекунанд, ки ба Конвенсияи ҳаракат дар роҳ мувофиқанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

 

Моддаи 15. Асосҳо барои қатъи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт

 

Қатъи истифодаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт (маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт) ба сабаби бад шудани саломатии ронанда, ки барои идоракунии бехатарии воситаҳои нақлиёт монеь мешавад, ҳамчунин барои иҷро накардани вазифаҳои тавассути Қонуни мазкур муқарраргардида дар мавридҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, сурат мегирад.

Қатъи истифодаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт бинобар бад шудани саломатӣ дар асоси хулосаи муассисаи тиббӣ, ки ба идора­кунии воситаҳои нақлиёт қобил буданро муайян мекунад, сурат мегирад.

Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт бинобар eҳдадориҳои бо қонунгузорӣ муқарраргардидаро ба xо наовардани ронанда дар асоси материалҳои парвандаи қонунвайронкунии маъмурии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар мавридҳое, ки Қонун пешбинӣ намуааст, қатъ мегардад.

Аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт маҳрум намудани ронанда то замони пурра аз байн рафтани сабабҳое, ки барои бехавфу хатар идора кардани воситаи нақлиёт монеъ мегарданд, идома меёбад ва дар мавриди eҳдадориҳои муқарраргардидаро ба xо наоварданаш ба мeҳлате, ки дар Қонун муайян шудааст, давом мекунад.

Агар ронанда Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро, ки рӯйхати онҳо дар қонунгузорӣ муқаррар карда мешавад, риоя накунад, eро шахсони мансабдори боваколати Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши донишаш ба комиссия мефиристанд.

 

Моддаи 16. Омўзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ

 

Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шаклҳои моликият барои таълим додани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба шаҳрвандоне, ки ба тариқи кироя кор мекунанд, тадбирҳо андешида, амалӣ мегардонанд.

Мақомоти маориф таълими Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар ҳамаи кeдакистонҳо, мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ ва олӣ, дар омeзишгоҳҳои касбию техникӣ, ҳамчунин таълими мутахассисони даркориро ба роҳ мемонанд.

Ба бачагон омeхтани малакаҳои дар роҳ бехавфу хатар рафтор кар­дан дар кeдакистонҳо аз якунимсолагӣ оғоз мешавад. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба талабагон аз рeи барномае таълим дода мешавад, ки онҳо дар давраи хонданашон дар мактабу омeзишгоҳ барои идора кардани мотосикл ҳуқуқдор гашта, шаҳодатнома мегиранд.

Мақомоти ҳифзи иxтимоии аҳолӣ тадбирҳое меандешанд, ки мақсад аз онҳо ба мeйсафедон ва маъюбон таълим додани ҳаракати бехавфу хатар дар роҳ, инчунин муҳофизати онҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳ аст.

Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ мувофиқи барномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ тасдиқ намудаанд, бо пешниҳоди мақомоти маориф ва ҳифзи иxтимоии аҳолӣ таълим дода мешаванд.

Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои давлатӣ, ва ғайридавлатӣ таълим дода мешаванд. ҳамчунин шаҳрвандон ин Қоидаҳоро мустақилона меомeзанд. Шаҳрвандон имтиҳоноти давлатиро барои соҳиб гаштан ба ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт танҳо дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупоранд.

Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, воситаҳои ахбори омма ба мақомоти дахлдор барои амалӣ намудани чораҳои профилактикӣ ва ба гурeҳҳои иxтимоии аз ҷиҳати синну сол гуногуни аҳолӣ таълим додани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ёрӣ мерасонанд.

 

БОБИ 5

РОҲҲОИ (КӮЧАҲОИ) АВТОМОБИЛГАРД

 

Моддаи 17. Роҳҳои (кӯчаҳои) автомобилгард, тақсиму тафриқа ва истифодаи онҳо

 

Тартиби тақсиму тафриқа ва истифодаи роҳҳои (кӯчаҳои) автомобилгардро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 18. Талаботи асоси оиди кашидани лоиҳаи роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан

 

Ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳое, ки лоиҳаҳои типӣ ё инфиродии сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳанро мекашанд, бояд маҷмӯи тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар  роҳ, талабҳои экологиро бо назардошти эҳтиёxоти хос маъюбон пешбинӣ намоянд.

Аз ҳисоби ихтисори тадбирҳое, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсир мерасонанд, кам кардани ҳарxи маблағ манъ аст. Лоиҳаҳои сохтмони, навсозӣ ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд мавриди экспертиза қарор дода шаванд. Мувофиқаи назорати давлатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ, қоидаҳо, меъёру стандартҳои бехатарии ҳаракати роҳро роxеъ ба мутобиқати ин лоиҳаҳо ба талабҳои қоида, меъёру стандартҳои бехатарии ҳаракати роҳ ва экспертизаи экологӣ гирифта, бояд ба ҳеx гуна каxравӣ аз талаботи онҳо роҳ дода нашавад.

 

Моддаи 19. Талаботи асосӣ оид ба сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан

 

Тамоми корҳои сохтан, навсозӣ ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд мувофиқи лоиҳа ва талабҳои қоидаю меъёрҳо ва стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ба xо оварда шаванд.

Агар барои амалӣ сохтани баъзе лоиҳаҳо шароит имкон надиҳад иҷрокунандаи кор бояд аз ин ба лоиҳакаш ва фармоишгар бо мақсади андешидани чораи бехатарии ҳаракат дар роҳ хабар диҳад.

Сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иштироки мақомоти назорати давлатӣ оид бо риояи қонунгузорӣ, қоидаю меъёр ва стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ баъд аз иҷрои чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар  роҳ қабул карда мешаванд.

Қоидаҳои ягонаи таъмир ва нигоҳубини роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, Қоидаҳои истифодаи онҳо ва муҳофизати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 20. Бо иншоотҳои хизматрасонӣ таҷҳизонидани роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан

 

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ҳамроҳи мақомоти роҳсозию роҳдорӣ барои xиҳозонидани роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иншооти хизматрасонии автомобилӣ мувофиқи меъёрҳои тасдиқкардаи лоиҳакашӣ, нақшаҳои сохтмон ва схемаҳое генералии ҷойгиронии чунин иншоотҳо тадбирҳо андешанд. ҳамчунин кори онҳоро бо мақсади пурратар қонеъ гардонидани талаботи иштироккунандагони ҳаракати роҳ ташкил кунанд. Роҳҳою кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, ки серҳаракатанд, барои даъвати мошини ёрии таъxилии тиббӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ташкилотҳои роҳсозӣ ва истифодаи он бо воситаҳои кeмакрасонии алоқа таҷҳизонида мешаванд.

 

Моддаи 21. Маҳдуд ва манъ кардани ҳаракат ҳангоми иҷрои кор дар роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан

 

Ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба мақсади пешгирии фалокати нақлиёт ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан маҳдуд ё қатъ шуда метавонад.

 

Моддаи 22. Ташкили ҳаракат дар роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан

 

Ташкили ҳаракат дар роҳ аз тарафи хадамоти махсус сурат мегирад, ки низомномаҳои онҳоро мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ тасдиқ менамояд.

Дар мавриди ба амал омадани таҳдид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ шахсони мансабдори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти роҳсозию роҳдорӣ ва коммуналӣ ҳуқуқ доранд ба ташкили ҳаракат дар роҳ фаврӣ тағйирот дохил намоянд.

 

Моддаи 23. Вазифаҳои шахсони мансабдоре, ки ба сохтмон, тармим, таъмиру истифода ва ободонии роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан масъуланд

 

Шахсони мансабдоре, ки барои сохтмон, тармим, таъмиру истифода ва ободонии роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан кeпрукҳо ва иншоотҳои дигар масъул мебошанд, вазифадоранд, ки;

Иншоотҳои мазкурро тавре нигоҳубин намоянд, ки ба талабҳои муқарраркардаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мувофиқ ва ҷавобгe бошанд;

агар ҳолате пеш ояд, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ хавф таҳдид набояд, барои сари вақт манъ ё маҳдуд кардани ҳаракат, ҳамчунин барои муҳайё намудани шароити бехатарии ҳаракат тадбирҳо андешида, амалӣ гардонанд;

ҳангоми сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан оиди бехатарии ҳаракат ҳаматарафа чора бинанд;

ҷойҳои иҷрои кор, ҷойҳоеро, ки он xо дар роҳ, кӯча, гузаргоҳи роҳи оҳан мошину механизмҳо масолеҳи бинокорӣ ва ғайра монда шудаанд, бо аломатҳои махсуси роҳ, панxараҳо ва воситаҳои роҳнишондиҳанда ва дар торикӣ ва туман – бо чароғҳои огоҳкунанда, ки меъёрҳои мавxуда пешбинӣ менамоянд, аломатгузарӣ кунанд;

ҳангоми ба анxом расонидани кор дар роҳ, кӯча ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд ҷойҳоро фавран ба ҳолате биёранд, ки ҳаракати бемонеа ва бехатарӣ воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо таъмин гардад ва минтақаҳои ба ин мақсад xудокардашударо бехатар созанд;

дар сурати ифлос шудани қисми мошингарди роҳҳо, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан барои тоза кардани онҳо ва сари вақт хабардор кардани иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аз пайдо шудани хатари ҳаракат дар роҳ чораҳои таъхирнопазир андешанд;

онҳоро бо воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ таҷҳизонанд;

қитъаҳои харобу хатарнок ва ҷойҳои зиёд шудани ҳодисаҳои нақлиёти роҳро ошкор намоянд ва дар чунин ҷойҳо ҷиҳати бехатар сохтани шароит ва ташкили ҳаракат дар роҳ барои таъмини бехатарии он тадбирҳои дахлдор андешанд;

монеаҳои ҳаракат дар роҳоро сари вақт ошкор намуда, бартарафшавии онро таъмин намоянд, дар сурате ки ин кор ғайриимкон бошад, бо аломатҳои роҳ, панxараҳо ва воситаҳои роҳнишондиҳанда фавран нишонагузорӣ кунанд;

ҳар моҳ фалокатҳои роҳро таҳлил намоянд;

ба имкони ҳодисаҳои тавассути воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан рехтани хок, санг ва ё дигар мавод роҳ надиҳанд;

хароҷоти соҳибони воситаҳои нақлиётро ҷуброн кунанд, агар мувофиқи қарори мақомоти судӣ ҳодисаҳо бо айби ғайриқаноатбахш будани истифодабарии роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан рӯй дода бошанд.

Соҳибони роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, мансабдорони ташкилотҳои истифодабарии роҳ, дар сурати бо айби онҳо рӯй додани ҳодисахои нақлиётӣ, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.

 

БОБИ 6

ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

 

Моддаи 24. Иҷозат додани воситаҳои нақлиёт барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ

 

Барои иштирок дар ҳаракати роҳ ба ҳамон воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад, ки конструксия (сохт) ва ҳолати техникиашон ба Қоидаҳои муқарраршудаи байнидавлатии соҳавӣ, меъёрҳо ва стандартҳо ҷавоб диҳад ва аз санҷиш, қайд ва муоинаи техникии давлатӣ гузашта, мувофиқи тартиби муқарраршуда суғурта шуда бошанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

Барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ ба воситаҳои нақлиёти маҷмўи идоракуниашон аз тарафи рост иҷозат дода намешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №370)

 

Моддаи 25. Талаботи асосӣ оид ба истеҳсоли воситаҳои нақлиёт

 

Конструксияи (сохти) воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи қоидаҳо, меъёру стандартҳои муосир, ки барои дараxаи партови маводи ифлоскунандаи ҳаво муқаррар гардидааст, ҷавоб дода тавонад ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии онҳо бояд бо мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқа шуда бошанд.

 

Моддаи 26. Талабҳои асосӣ  оид ба дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт

 

Дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, яъне тағйир додани навъ ё марка (тамға), таъинот ё андозаҳои сохти воситаҳои нақлиёте, ки мавриди истифода қарор доранд, тавассути насби кабина, кузов ва ё қисмҳои онҳо, таҷҳизоти махсус ва рақамҳои агрегатҳо, ки тибқи ҳуҷҷатҳо барои ҳамин воситаи нақлиёт пешбинӣ нашудаанд, бояд ба қоидаҳо ва меъёрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад.

Дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, ки ба тағйири маълумотҳои тавсифии воситаҳои нақлиёт боис гаштааст, бояд дар ҳуҷҷатҳои қайди он сабт гардад.

 

Моддаи 27. Талабҳои асосӣ оид ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, ки мавриди истифода қарор доранд

 

Ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, ки мавриди истифода қарор доранд, дар бобате, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист дахл дорад, бояд ба қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳое мувофиқ бошанд, ки аз рӯй тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд.

Барои таъмини ҳолати лозимаи техникии воситаҳои нақлиёт соҳибони онҳо ё дигар шахсони мувофиқи қонуни мавxуда аз онҳо истифодакунанда вазифадор мебошанд.

 

Моддаи 28. Ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт

 

Ҳамаи воситаҳои нақлиёти механикӣ, ки дар ҳаракат дар роҳ иштирок мекунанд, ҳамчунин ядакҳояшон бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

Соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти ба худашон тааллуқдоштаро дар давоми даҳ шабонарeз, аз лаҳзаи харидан (гирифтан), сарфи назар аз ҳолати техникии онҳо ё сар задани ҳолатҳое, ки дар натиxаашон бояд воситаҳои нақлиёт дубора аз қайд гузаранд (дохил кардани тағйирот дар маълумотҳои баҳисобгирӣ), аз қайд гузаронанд.

Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

 

Моддаи 29. Муоинаи техникии давлатии воситаҳои нақлиёт

 

Воситаҳои нақлиёти механикие, ки дар ҳаракати роҳ иштирок доранд, ҳамчунин ядакҳои (нимядакҳои) онҳо аз рeи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бояд ҳатман аз муоинаи техникӣ гузаранд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

Ба воситаҳои нақлиёти механикие, ки аз муоинаи ҳатмии навбатии техникӣ нагузаштаанд, минбаъд барои истифода иҷозат дода намешад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

 

Моддаи 30. Талабҳои асосӣ оид ба хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт

 

Соҳибони воситаҳои нақлиёт ё шахсоне, ки аз онҳо истифода мебаранд, барои сари вақт ва дар ҳаxми пурра, мутобиқи меъёрҳои аз тарафи истеҳсолкунандагони воситаҳои дахлдори нақлиёт муқарраршуда гузаронидани корҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмир вазифадор мебонанд.

Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ҷиҳати хизматрасонӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт кeмак мерасонанд, бояд барои гузаронидани чунин корҳо иҷозатнома  дошта бошанд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бояд корро ба роҳ монда, баҳри ташкили шабакаи хадомоти ёрии фаврии техникӣ ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мустақиман дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан аз ҳар ҷиҳат кeмак намоянд.

 

Моддаи 31. Манъи истифодабарии воситаҳои нақлиёт

 

Истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад:

а) бо кушода гирифтани рақамҳои бақайдгирии давлатӣ дар чунин ҳолатҳо:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

дар сурати ҷой доштани носозиҳо ва шартҳое, ки феҳристи онҳо дар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар карда шудааст;

аз нав таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт бе иҷозати дахлдор;

нагузаштани муоинаи техникии давлатӣ;

надоштани санади суғуртаи масъулияти граждании соҳиби нақлиёт;

б) бо боздошт намудани воситаи нақлиёт бо нигоҳдории он дар истгоҳи махсус дар мавридҳои:

идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсон дар ҳолати мастӣ, ҳамчунин надоштани ҳуҷҷатҳо оиди ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодабарии воситаи нақлиёт ё гузаштани муҳлати амали онҳо; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1253)

идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлўӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки  нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ  (ГОСТ)  мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, инчунин мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ ва воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рўйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад; (Қ ҶТ аз  9.01.10с., №579).

идоракунии воситаҳои нақлиёте, ки рақамҳои қисму агрегатҳояшон ё рақамҳои бақайдгирии давлатиашон пинҳон, сохтакорӣ ё бо ягон усул тағйир дода шудаанд, ҳамчунин бо навиштаҳои дар ҳуҷҷати бақайдгирӣ зикргардида мувофиқат накардани рақамҳои қисму агрегатҳои воситаҳои нақлиёт;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

идоракунии воситаҳои нақлиёт, ки ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта нашудаанд ё рақамҳои бақайдгирӣ надоранд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

халалдор кардани ҳаракат дар роҳ тавассути вайрон кардани қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи воситаҳои нақлиёт.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

 

Моддаи 32. Суғуртаи ҳатмии давлатии воситаҳои нақлиёт

 

Ҳамаи воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракати роҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанду дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта мешаванд, бояд аз бобати масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани осеб ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё расонидани зиёни моддӣ дар рафти истифодаи ин воситаҳои нақлиёт, суғурта карда шаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

Тартиби суғуртаи ҳатмӣ ва андозаи пардохтҳои суғуртавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Суғуртапулй аз рeи суғуртаи ҳатмии давлатӣ новобаста из маблағи суғуртаи иxтимоии давлатӣ, таъминоти иxтимоӣ ва аз рeи тартиби ҷуброни зарар, пардохта мешавад.

 

Моддаи 33. Вазифаҳои шахсони мансабдоре, ки барои истифода ва ҳолатӣ техникии воситаҳои нақлиёт масъуланд

Шахсони мансабдоре, ки барои истифода ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт масъул мебошанд, вазифадоранд:

хостагирӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии ронандагонро таъмин карда, вазъи саломатии онҳо ва риоя шудани низоми кор ва истироҳатро таҳти назорат қарор диҳанд;

ба идоракунии воситаҳои нақлиёт шахсонеро роҳ надиҳанд, ки шаҳодатномаи идора кардани ин ё он навъи нақлиётро надоранд, дар мeҳлати муқарраршуда аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, дар ҳолати мас­тӣ, заҳролуд ё нашъамандӣ, ҳолати беморӣ ё таҳти таъсири доруҳое қарор доранд, ки хушёрӣ ё диққати онҳоро суст менамояд;

бе роҳҳати ҳаракат ба роҳ баромадани воситаҳои нақлиётеро иҷозат надиҳанд, ки ҳолати техникӣ ва таҷҳизоташон ба талаботи Қоидҳои ҳаракати роҳ ҷавобгe нест, ҳамчунин аз рeи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд, ё аз муоинаи техникии давлатӣ нагузаштаанд;

ҳолати зарурии техникии воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд;

ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва вайронкуниҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба ҳисоб гиранд, сабабу ҳолатҳои рӯй додани онҳоро таҳлил кунанд, барои аз байн бурдани онҳо чораҳо андешанд;

бо Бозрасии давлатии автомобили хатҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти истифодаи умум, хатҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнок мекашонанд, кашондани борҳои вазнин ва калонҳаxм, тартиби кашида бурдани ду ва беш аз воситаҳои нақлиёти механикӣ ва тағйир додани таҷҳизоти воситаи нақлиётро мувофиқа намоянд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

 

БОБИ 7

БАНАҚШАГИРӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАДБИРҲОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

 

Моддаи 34. Банақшагирии тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро таҳия, тасдиқ ва иҷро менамоянд. Таҳияи ин барномаҳо дар асоси мутобиқати дурусти онҳо бо баплангирии минтақавӣ ва соҳавӣ, ташкили нишондиҳандаҳои ба ҳамдигар алоқаманду ҳамоҳанг бо назардошти шароити иxтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақаи мушаххас, дараxаи тараққии шабаки роҳҳо, ҳодисаҳои роҳ ва дигар нишондиҳандаҳои системаи ягонаи баҳисобгирии давлатии ҳаракат дар роҳ сурат мегирад.

 

Моддаи 35. Маблағгузорӣ барои тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

 

Маблағгузорӣ барои тадбирҳои дар барномахо пешбинишуда, хамчунин дигар тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз хисоби буxети Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағxудокунии вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо,  сурат мегирад.

Ба мақсади маблағдиҳӣ барои корҳои лоиҳасозӣ, сохтмон, тармим ва нигаҳдории роҳҳои автомобилгард фондҳои Ҷумҳуриявӣ ва вилоятии роҳ ташкил карда мешаванд.

Принсипҳои ташкилдиҳӣ ва истифодаи фондҳои роҳро Ҳукуматм Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 36. Принсипҳои умумии ташкили системаи давлатии баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи баҳисобгирии давлатии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он барои воситаҳои нақлиёт, ронандагон, роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, маъюбшавии вобаста ба нақлиёти рох, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва ғайра муқаррар карда мешавад.

Феҳристи нишондиҳандаҳои омории ҳаракат дар роҳ, тартиби баҳисобгири ва ҳисоботдиҳӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 8

ТАЪМИНИ ТИББИИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР  РОҲ

 

Моддаи 37. Таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ

 

Таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар  роҳ инҳоро дарбар мегирад:

ҳатман аз муоинаи тиббӣ ва муоинаи такрории тиббӣ гузаштани ронандашавандаҳо ва ронандагони воситаҳои нақлиёт, пеш аз сафар гузаронидани муоинаи тиббии ронандагон, расонидани ёрии тиббии аввалӣ ва осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохили ва дигар воҳидҳои махсус, инчунин ба аҳолӣ ёд додани тарзу усулҳои расонидани ёрии пешакии тиббӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ то расидани духтурон.

Давраҳои муоинаи тиббӣ ва тартиби ташкили ёрии тиббӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто муайян карда мешавад.

 

БОБИ 9

НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲАРАКАТИ РОҲ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН

 

Моддаи 38. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ

 

Назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ барои аз тарафи вазоратҳо, дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва иттиҳодияҳо, ҳамчунин шаҳрвандон риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ташкил карда мешавад.

 

Моддаи 39. Мақомоте, ки дар соҳаи ҳаракат дар роҳ назорат мекунанд

 

Назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии ба ин кор махсус ваколатдоршуда (Назорати давлатӣ), ҳамчунин аз тарафи вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо (назорати идоравӣ) сурат мегирад.

Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои махсуси контролӣ, назоратӣ ва иҷозатдиҳиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ иҷро менамояд.

Ба системаи Бозрасии давлатии автомобилӣ мақоми Ҷумҳуриявии идоракунии Бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти идоракунии Бозрасии давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дохил мешаванд.

Ба Бозрасии давлатии автомобилӣ Сарбозраси давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бошад, сарбозрасҳои давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо роҳбарӣ мекунанд.

 

Моддаи 40. Ҳифзи муҳити зист

Вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораю иттиҳодияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки машғули лоиҳасозӣ, истеҳсол ва истифодаи воситаи нақлиёт мебошанд, вазифадор ҳастанд, ки маҷмӯи тадбирҳоро оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири зараровари воситаҳои нақлиёт ба муҳит таҳия намуда, риояи қонунҳои ҳифзи табиатро таъмин кунанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1458)

 

БОБИ 10

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНИ МАЗКУР

 

Моддаи 41. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 42. Масъулияти сохибони воситаҳои нақлиёт барои зарар расонидашуда

 

Соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд зарареро, ки воситаҳои нақлиёти онҳо расонидаанд, мувофиқи қарори мақомоти суд ҷуброн намоянд.

Дар сурати ҳалокати иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки бо айби онҳо ҳодисаи нақлиёти роҳ рӯй додааст, ба оилаи шахси ҳалокшуда ё нонхeрони e ба андозаи маоши сесолаи шахси ҳалокшуда ёрдампулии яквақта мепардозанд, ки ин маблағ аз шахсони гунаҳкор ситонда мешавад.

Дар ҳолати маҷрӯҳ шудани иштирокчии ҳаракат дар роҳ соҳибони воситаҳои нақлиёт ба вай аз маоши яксола то дусола ёрдампулии яквақта мепардозанд, ки ин маблағ аз шахсони гунаҳкор ситонда мешавад.

 

БОБИ 11

ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 43. Шартномаҳои байналмилалӣ

 

Агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз қоидаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ фарқ кунанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ татбиқ мегарданд.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                        Э.  РАҲМОНОВ

 

ш. Душанбе,  4 ноябри соли 1995,

№196

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *