Рӯбоҳи маккор ва гурги нодон

Буд-набуд, як рӯбоҳ буд. Вай аз ҷумлаи рубоҳҳо ҳушёру маккор ва аз кор безору ба хӯрдан тайёр буд. Ҳаминаш аҷиб буд, ки ҳар чӣ мехост, мешуд, ҳар чӣ мекофт, меёфт. Рӯзе боғе дарёфт, аҷаб нозанин, сабзу хуррам, себзору токзор.

-Худо дод!-гуфт рӯбоҳ ва нисфишабӣ ба он ҷо рафту аз таги девор гузашта ба хӯрдани ангур даромад. Қанд барин ширин буд суп-сурхи соҳибӣ, азон ширинтар ангури суп-сурхи соҳибӣ, аз он ширинтар ангури ҳусайнию дороӣ. Хӯрд хӯрд, аз сери маст шуду “шикамаш сер шуд, ғамаш дур шуд” гӯён руйи сабзаи фораму мулоим ғел зад. Чанд шаб кайфу сафое дошт рӯбоҳ дар он боғи пур аз меваҳои лазиз. Соҳиби боғ, ҳар саҳар дар боғи худ осори тороҷу ғорат, сарҳои ангури ним-ним хӯрда ба чор тараф партофта гулу сабзаи поймол шудагиро дида, хуни дил мехӯрд. Билохира ӯ дар қасди ҷазо додани ғоратгар шуд.

Рӯбоҳ шаб омаду дар сари роҳаш дунбаро дид. Думбаи пӯсткандаи сап сафеди мулоим равғани хушмаззаро дида, иштиҳояш карнай шуд, даҳонаш об кушод, ишкамаш танбӯр навохт. Хост аз думба порае биканад, вале худро нигоҳ дошт. Фирефтаи нафс нашав, ки гирифтори дом хоҳӣ шуд! Думба кори худро кард. Дилаш дигар ангур наталабид, ангур ба назараш туршу бемазза намуд. Ту аз ҷинси даррандаҳои рӯбоҳ, гуфт худ ба худ. Гӯшт бояд бихӯрӣ, на ангур, ба думба чашм дӯхта буду оби даҳонашро фурӯ бурда, беист лаб мелесид. Чӣ кор кунам, ки даҳонам ба ин равған бирасаду, дандонҳоям, ки кайҳо боз гӯшт нахойдаанд, ин равғани ҷонбахшро бихоянду рӯдаҳои хушкшудаам мулоим шаванд? Ба ҳамин хайёл аз боғ берун рафт. Пойҳтояш ӯро рост ба хонаи гург расониданд. Гург рӯбоҳро дида, хурсанд шуд:

-Марҳамат, марҳамат, меҳмони азиз,-гуфт гург. — Кайҳост, ки дар орзуи дидори ту будам. Туро Худо фиристод, ки бо пойи худ ба пеши дарам омадӣ. Даро натарс, дандонҳоям алмос барин чунон боэҳтиёт мехӯрамат, ки ягон ҷоят озор намеёбад.

— Нияти бад накунед, паҳлавон! – гуфт рӯбоҳ.

— Ман бо нияти нек пеши шумо омадам.

— Бори аввал мебинам, ки махлуқе аз зоти рӯбоҳ бо нияти пок пеши мо гургон омадааст. Агар ғаразе дар дил намедтоштӣ, инҷо намеомадӣ, — ғуррид гурги гурусна.

— Савганд ба рӯҳи муқаддаси саравлоди зоти рӯбоҳ, ки маро ғаразе дар дил нест, — гуфт рӯбоҳ.

— Аҳмақ аст оне, ки ба савганди ту рӯбоҳ бовар кунад!

— Табассум кард гург.

— Ҳеҷ гумон накарда будам, ки шумо ба ин андоза бад гумон ҳастед. Ман омадам, ки шуморо ба боғе сабзу хуррам даъват кунам. Онҷо думбаи сап-сафеду бузурге ҳаст.

Даҳони гург аз шунидани дунбаи сап сафед об кушоду ҳамаро фаромӯш карда, ҳамроҳи рӯбоҳ равон шуд. Омадан замон, бо ҳирс худро ба болои думба андохт ва нафаҳмида монд, ки чӣ хел ду пойи пешаш гирифтори дом шуд. Худро ба ақиб кашид, ба чапу рост зад, вале бефоида. Қариб буд, ки пойҳояш шиканад.

-Эй рӯбоҳ, — гуфт гург, ту зиракӣ, илоҷи ҳар корро меёбӣ, бигӯ, чӣ кор кунам, ки пойҳоям аз дом раҳо шаванд.

Рӯбоҳ гуфт:

-Ту худат паҳлавонӣ, қуввати сад рӯбоҳро дорӣ, то тавонӣ зӯр зан. Гург ончунон зӯр зад, ки пойҳояш шикастанду аз ҳуш рафт. Рӯбоҳи маккор ба серӣ дунбаро хӯрду ба ҳоли гурги нодон хандида баромада рафт.

Омодакунанда: Носиров Анис, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 57

1+

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *