Рақс дар дарс

Масъалаҳои раёзиро на танҳо бо тарзи алгебравӣ, балки бо тарзҳои дигар низ ба хонандагон ёд дода, завқу ҳаваси онҳоро нисбат ба фанни риёзӣ зиёд намудан мумкин аст. Масъалаҳои риёзиро бо тарзи бозиҳо, ҳаҷвия ва ҳангоми рақс ҳам ҳал намудан имкон дорад. Мисол, китобчаҳои аз ҷониби мо таҳияшуда «Кӣ ғолиби ҳисоб?» ва «Ҳаҷвияҳои риёзӣ» завқи хонандагонро зиёд мекунанд, онҳо метавонанд мустақилона масъалаҳои нав ба нав тартиб диҳанд.

Дар ин китобчаҳо ададҳои римӣ ҳам ҳангоми ҳалли масъалаҳо истифода бурда шудаанд. Ин ҷо чанд шеър низ ба таври математикӣ таҳлил шудааст. Роҳҳои дигар низ мавҷуданд.

Мисол: бо рақс ҳал намудани масъалаҳои геометрӣ. Ин намуди ҳалли масъалаҳо барои бачаҳо лаҳзаи дамгирӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо мондашавии худро ҳис намекунанд. Хонандае масъаларо мехонад. Шарти масъала чунин аст: Бо рақс шумо метавонед, шакли фигураҳои геометрӣ давра, секунҷа, чоркунҷа, трапетсия ва параллелограммро нишон диҳед.

Хонандае бо ягон асбоби мусиқӣ (доира ё таблак) оҳангеро менавозаду хонандаи дигар хангоми рақс бо ҳаракати дастони худ сохтани фигураҳоро нишон медиҳад. Хонандагони боқимонда хулоса бароварда, дар дафтарҳояшон фигураи ҳосилкардаи раққосро кашида, ҳалли масъаларо мефаҳмонанд. Мисол, ҳангоми иҷрои рақс хонанда дастони худро ба пеш ба шакли давра намуда, тани худро чун хати рост нисбат ба давра мерасонад, ки дар натиҷа шакли хатти расанда ба давра сохта мешавад.

Муаллим вақте мебинад, ки кораш натиҷаи дилхоҳ дод, роҳҳои дигари завқмандкуниро меҷўяд. Классики адабиёти тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ аввалин шахсе буд, ки барои ба омўзиши фанни риёзӣ ҳавасманд кардани ҳамсабақу дўстонаш аз бозиҳои риёзӣ истифода менамуд.

Абдулло ТАБАРОВ,  муаллими мактаби рақами 38-и ноҳияи Рўдакӣ
«Омӯзгор»

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин