Роҳи осони бекор кардани рамзи фаромӯшшудаи Windows

Ба ман бисер вақт бо чунин суол муроҷиат мекунанд: “ҳангоми фаромӯш кардани рамзи Windows чӣ бояд кард”, “чӣ гуна метавон рамзро кушод”, “чӣ гуна рамзро аз нав ба танзим даровардан мумкин аст” ва амсоли инҳо. Имрӯз ман ба шумо оид ба чӣ гуна аз ин вазъият баромаданро аз тарафи яке аз истифодабарандагони компютер ё худи маъмур, ки рамзи воридшавӣ ба системаро  фаромӯш карда бошанд, нақл карданиям.

Дар ҳолате, ки агар рамз аз ҷониби яке аз истифодабарандагони компютер фаромӯш шуда бошад, пас он, бе мушкилӣ метавонад аз ҷониби маъмур бекор карда шавад. Вале чӣ мешавад,  агар рамзро худи маъмур фаромӯш карда бошад? Биёед ҳар кадоми ин ҳолатҳоро дида мебароем.

Вазъияти аввал:  Дар яке аз компютерҳои шабакавӣ ҳадди ақал ду ном ба қайд гирифта шудааст: якеаш истифодабаранда ва дигараш маъмур аст.

Агар истифодабаранда рамзро фаромӯш карда бошад, пас шумо метавонед тариқи номи худ (бо ҳуқуқҳои маъмур) ба компютер ворид шуда, аз мизи корӣ нишонии “Мой компьютер” – ро ёфта, болои он тугмаи рости мушакро  пахш карда банди “Управление” – ро интихоб кунед:

Баъдан бахши “Служебные программы” – ро боз карда, аз он “Локальные пользователи и группы” – ро интихоб кунед.  Болои папкаи “Пользователи” пахш кунед ва дар тарафи рости равзана сабти номҳои бақайдгирифташуда пайдо мешаванд. Тугмаи рости мушро болои номи истифодабарандаи фаромӯшшуда пахш карда, банди “Задать пароль” – ро интихоб кунед:

Равзанаи огоҳкунанда пайдо мешавад – “Продолжить” – ро пахш кунед:

Баъдан шумо метавонед барои истифодабарнада рамзи нав гузоред. Агар ин майдонҳоро холӣ гузорем ва тугмаи “ОК” – ро пахш кунем, пас рамз холӣ мемонад.

Баъд аз ин компютерро аз нав ба кор дароред ва истифодабаранда метавонад бо рамзи нав вориди система гардад.

Вазъияти дуввум: Шумо рамзи маъмурии худро дар хотир надоред, ё ки ягона истифодарандаи компютер ҳастед (вале ҳамоно рамз дар ёдатон нест).

Дар ин ҳолат ба мо зарур аст, ки ба система тариқи номи “Администратор”, ки дар Windows ба таври низоммеъёр сохташудааст, ворид шавем. Аксарияти истифодабарандагони муқаррарӣ ҳатто дар бораи мавҷудияти он тамоман маълумот надоранд. Ин ном ба таври низоммеъёр бо рамз ҳифз карда нашудааст.

Ҳамчун Маъмур бо ду роҳ метавон ворид шуд: тариқи равзанаи классикӣ ё ки тариқи реҷаи бехатарӣ.

Равзанаи классикӣ бо чунин усул даъват карда мешавад: пас аз ба кор даровардани компютер, дар саҳифаи пазироӣ қарор доштан, маҷмӯи тугмаҳои Ctrl+Alt+Del – ро ду бор пахш кунед. Дар равзанаи классикии воридшавӣ номи Администратор – ро навишта (дар баъзе маврид Administrator) тугмаи “ОК” – ро пахш кунед.

Воридшавӣ тариқи реҷаи бехатарӣ: баъд аз ба кор даровардани компютер, тугмаи F8 – ро дар клавиатура пахш карда, каме дошта истед. Баъдан банди “Безопасный режим” – ро интихоб карда, тугмаи Enter – ро пахш кунед. Дар равзанаи минбаъда ба ғайр аз номи истифодабарандаи шумо ё дигар номҳои истифодабарандагони компютер номи Администратор низ пайдо мешавад, тариқи он ба система ворид шавед.

Шахсан ман тариқи равзанаи классикӣ ба система воридшуданро афзалтар медонам: ин роҳ зудтару осонтар аст. Ғайр аз ин дар баъзе аз компютерҳо дар реҷаи бехатарӣ метавонад мушу клавиатура кор накунад, бинобар ин ҳатто агар тариқи ин реҷа ба система ворид шуда бошем ҳам, дар он ҷо ҳеҷ коре карда наметавонем. 

Новобаста аз он ки бо кадом усул шумо вориди аккаунти Администратор шудед, давоми корро чӣ хеле, ки дар боло қайд карда гузашта будам, ҳамон хел анҷом медиҳем. Аниқтараш: дар мизи корӣ нишонии “Мой компьютер” – ро ёфта, болои он тугмаи рости мушакро пахш карда, банди “Управление” – ро интихоб кунед:

Баъдан бахши “Служебные программы” – ро боз карда, аз он “Локальные пользователи и группы” – ро интихоб кунед. Болои папкаи “Пользователи” пахш кунед ва дар тарафи рости равзана сабти номҳои бақайдгирифташуда пайдо мешаванд.

 Тугмаи рости мушро болои номи исифодабарандаи фаромӯшшуда пахш карда, банди “Задать пароль” – ро интихоб кунед:

Равзанаи огоҳкунанда пайдо мешавад – “Продолжить” – ро пахш кунед:

Баъдан шумо метавонед барои истифодабарнада рамзи нав гузоред. Агар ин майдонҳоро холӣ гузорем ва тугмаи “ОК” – ро пахш кунем, пас рамз холӣ мемонад.

Баъд аз ин компютерро аз нав ба кор дароред ва истифодабаранда метавонад бо рамзи нав вориди система гардад.

Вазъияти саввум: Вале чӣ бояд кард, агар номи сохташудаи Администратор таҳти ҳифзи рамз бошад ва мо онро надонем?

Наход аз сари нав Windows – насб кунем? Албатта не! Мо ин мушкилиро рафъ карда метавонем, агар аз барномаи Lazesoft Recover My Password истифода барем.      

Ин барномаро шумо метавонед аз Интернет аз сомонаи расмӣ пайдо кунед.

Барои ин кор метавонед аз дигар компютер истифода баред, фарз кардем аз компютери ҳамсоя, ёру дӯст, хешу ақрабо ё ин ки компютери ҷои кор, фикр дорам айни замон пайдо кардани компютери дигар мушкил нест.

Хулоса, ба дигар компютер нишаста, дар он барномаи бароямон заруриро аз Интернет ёфта, онро фаровир кунед. Баъдан ба ин компютер флешкортро насб карда, файли фаровиршудаи lsrmphdsetup.exe – ро кушоед.

Сипас, бо ҳама шартҳояш розӣ шуда, дар ҳар як равзанаи пайдошуда тугмаи Next ва дар охирон равзанаи пайдошуда бошад, тугмаи Finish – ро пахш кунед. Баъд аз ин барнома ба таври автоматӣ кушода мешавад ва дар мизи корӣ суроғаи ин барнома (ярлык) сохта мешавад.

Дар равзанаи кушодашуда тугмаи Burn Bootable CD/USB Disk Now! пахш мекунем:

Дар равзанаи навбатӣ навъи Windows – ро интихоб кунед, ки дар ҳамон компютере, ки мо рамзашро бекор карданием насб карда шудааст. Дар рӯйхат Windows 10 нест, вале ҳеҷ гапе нест: агар аз шумо “даҳ” бошад, пас аз ин ҷо Windows 8.1 – и биташ бароятон мувофиқро интихоб кунед.

Ҳа, гуфтагӣ барин дар яке аз форумҳо ман худ дидам навиштаҷотеро, ки гуфта шуда буд: метавон флешкорти боршавандаро бо Windows 8.1 64-bit сохт, ки он метавонад барои бекоркунии рамзҳои дилхоҳ навъи Windows мувофиқ ояд (ман дар Windows 10 64-bit ва Windows 7 64-bit таҷриба кардам, мувофиқ омад).

Баъд аз интихоб кардани навъи Windows – тугмаи “Next” – ро пахш мекунем:

Дар равзанаи навбатӣ маркерро ба бахши USB Flash гузошта, ҳарфи флешкортамонро интихоб мекунем (вай алакай ба компютер гузошта шудааст). Дар ҳолати ман ҳарфи флешкорт: F аст. Баъдан тугмаи “Start” – ро пахш мекунем:

Барнома якчанд вақт компонентҳои даркориашро аз сомонаи Microsoft ба худ мегирад:

Баъд аз ин барномаи аз мо мепурсад: “USB дискро формат кунам?” Ҳамаи файлҳои дар флеш буда, нобуд карда мешаванд. Тугмаи “Yes” – ро пахш мекунем.

Акнун то сохта шуданаш интизор мешавем.

Пас аз анҷом ёфтанаш тугмаи “Finish” – ро пахш мекунем:

Халос! Флешкорт бо барномаи бекоркунии рамз омода шуд. Флешкортро аз он берун мекунем ва ба сӯи компютери худ мешитобем.

Флешкортро ба компютери худ мегузорем. Акнун аз ҳама лаҳзаи муҳим ва дар айни замон лаҳзаи душвортарин ба онҳое, ки онро бори аввал ба кор хоҳанд бурд, оғоз меёбад. Мо бояд BIOS – ро ба танзим (боршавӣ бояд аз таҷҳизоти гузоштаамон хонда шавад) дарорем.

Ҳамин тавр, ман флешкорти боршавандаро дар компютери дигар бо барномаи Lazasoft Recover Password барои бекоркунии рамз  сохтам. Ман ин флешкортро ба компютери худ васл мекунам.

Дарҳол якчанд маротиба тугмаи Delete – ро дар клавиатура пахш мекунам. Пас аз якчанд сония ман ба Bios ворид мешавам.

Ба воситаи тугмачаҳои тирчаҳо дар клавиатура ба бахши Boot мегузарам (ҳарчанд дар BIOS -и ман метавон бо мушак низ кор кард – нусхаҳои пешинаи Bios чунин имкониятро надоранд).

Дар ин ҷо, таҷҳизоти якуми ман ҳоло диски сахт аст (ACHI PO: WDC WD50 …):

Ман ин сатрро бо тугмаи тирча аз клавиатура интихоб намуда, тугмаи Enter -ро пахш мекунам. Рӯйхати таҷҳизотҳое кушода мешаванд, ки шумо метавонед онҳоро бор кунед. Дар ҳолати ман ин диски сахт ва флешкорти ман аст (вай дар ин ҷо ду маротиба нишон дода шудааст). Ба ҷои аввали рӯйхат – флешкортро мебардорем (агар интихоб мавҷуд бошад: USB ё UEFI, пас UEFI-ро интихоб мекунем). Мо инро бо ёрии тирчаҳои дар клавиатура буда ё бо тугмаҳои +/-, ва ё бо тугмаҳои F5 / F6 амалӣ мекунем:

Акнун флеши мо дар ҷои аввали рӯйхати таҷҳизотҳои боршаванда ҷой дорад:

Акнун мо тағйироти кардаамонро сабт карда аз ин ҷо мебароем. Барои ин тариқи клавиатура ба бахши охири он Exit ҳаракат мекунем. Сатри Save Changes and Exit интихоб карда тугмаи Enter -ро пахш мекунем:

Пас Yes – ро интихоб кунед:

Компютер худ аз худ хомӯш шуда равшан мешавад. Дигар ман ба ҳеҷ чиз даст намерасонам интизорам, ки кай компютер аз флешкорти ман боршавиро оғоз мекунад.

Баъд аз муддате, як меню кушода мешавад, ки дар он бо пахш кардани тугмаи Enter мо бахши Lazesoft Live CD – ро интихоб мекунем:

Интизор мешавем:

Дар равзанаи навбати, дида мебароем, ки бахши Reset Windows Password (“Сброс пароля Windows”) интихоб шуда бошад, баъд аз ин тугмаи Next ро пахш мекунем:

Як равзана бо паёми дар бораи истифодаи ғайриэҷодии тиҷории барнома пайдо мешавад, Yes – ро пахш кунед:Дигарбора Next – ро пахш мекунем:

Дар равзанаи дигар номи истифодабарандаеро ҷудо мекунем, ки рамзашро бекор карданием ва тугмаи Next – ро пахш мекунем:

Тугмаи RESET/UNLOCK-ро зер мекунем:

Рамз бомуваффақият бекор карда шуд – тугмаи ОК – ро пахш мекунем. Баъдан тугмаи Finish – ро:

Ба “Пуск” медароем ва Reboot Computer (“Перезагрузить компьютер”) – ро пахш мекунем:

ОК – ро пахш мекунем:

Баъд аз ба кори худ шурӯъ кардани компютер, мо метавонем ба Windows бе рамз ворид шавем!

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

 

3+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин