Роғун – чароғи Тоҷикистон

Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст.
(Эмомалӣ Раҳмон)

Тоҷикмстон ҳамчун давлати мусстақил уҳуқуқбунёд ва демокративу дунявӣ зина ба зина мавқеи худро дар олами сиёсати ҷаҳонӣ устувор намуда, таввасути фарҳанги волои давлатдорӣ аллакай мақоми шоиста пайдо кардааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро узви ҷудонашавандаи хеш дониста, дар маъракаҳои муҳими сиёсии давлатҳои мутараққӣ намояндаи воломақоми кишвари моро даъват мекунад. Ин худ гувоҳи он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ба муқаррароти ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст.

Албатта, ягон кишвари мутамаддину пешрафтаи дунё дар шароити кунунӣ ором буда наметавонад. Аз як тараф, хатари терроризму ҷиноятҳои мухталиф, аз тарафи дигар шиддати бе майлони бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ водор менамояд, ки барои амнияти давлат ва мардум чораҳои муассир рўи кор ояд.

Бо мақсади мусоидат ба раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз мушкилоти таъминоти барқ раҳогардидан Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зарурияти бунёди Нерўгоҳи барқии обии Роғунро ба миён гузошт.

Муроҷиатномаи Президент аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуд, зеро бе рушди энергетика расидан ба ормонҳои миллӣ ғайри имкон аст. Тоҷикистон наметавонад бо чунин имконоти Худодод ба сўи дигар кишварҳо дасти ниёз дароз намояд. Моҳияти асосии иқдоми оқилонаи Сарвари давлат ба манфиати халқи тоҷик ва миллатҳои сокини кишвари биҳиштосои мо мебошад.

Ниёзи кишвар ва мардумро ба назар гирифта, Ҳукумат ба қароре омад, ки дар кўтоҳтарин фурсат Роғунро бисозад. Аз ин рў, дар роҳандозии ин сохтмони беназир саҳми мардум низ ба инобат гирифта шуд.

Хушбахтона, мардум бо дастаҷамъӣ ҷиҳати харидории Саҳмияҳои Роғун тадбирҳои мушаххас андешида бо охирин пасандозҳои хеш ба ободии Ватан марок зоҳир мекунанд.

Барҳақ, шоири зиндаёд устод Лоиқ гуфтааст:

Олам ҳама ҷо азиз, лекин барман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Ободии Ватан қарзи шаҳрвандии мост. Тоҷикистон бо ғурури Рустамонаи фарзандонаш Кохи нури Роғунро бунёд карда, тоҷи заррини рўшноиро истиқбол хоҳад намуд, дилу дидаи Ватанро нури Роғун боз ҳам равшантар мекунад. Оре:

Кохи нури Тоҷикистон Роғун аст,
Манбаи ганҷи фаровон Роғун аст.

Мо умед бар он дорем, ки ин иншооти аср дари бахту саодатро ба мардуми кишвар кушода, омили пешрафти Ватан ва хушбахтии сокинони диёр мегардад. Минбаъд кишвари мо метавнад дар Осиёи Миёна ба мулки доро табдил ёбад.

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин