Ростиро завол нест

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегирад.
(Сайидои Насафӣ)

Ростгўӣ ва росткорӣ аз шумораи он ҳасоили ҳамидаи инсонист, ки ба иродаву шуури ҳар кас вобаста аст. Касоне, ки умри худро дар фазои олами мунаввари ростгўӣ ва росткорӣ масраф мекунанд, бешубҳа хушбахтарин шахсиятҳо мебошанд.

Сухани рост ва орӣ аз бофтаю дуруғ ҳаргиз қимати худро гум намекунад ва баръакс, умри дурўғ кўтоҳ ва сабаби ҳама бадбахтиҳост. Адулқосим Фирдавсӣ дар ин маврид гуфтааст:

Бузург он касе, к-ў ба гуфтори рост,
Забонро биёрост, кажжи нахост.
Агар хоҳӣ аз ҳарду сар обрўй,
Ҳама ростӣ кун, ҳама рост гўй.

Оре, ростӣ инсонро ба обрўй ва сарбаланд карда, миёни хосу ом маҳбуб мегардонад. Он нафароне, ки бо ростӣ сару кор доранд ҳеҷ гоҳ боиси мамолату озор набошанд. Ба қавли Зоҳир Кирмонӣ:

Салоҳи мардумон дар ростгўист,
Ки дар кизбу каҷи беобрўист.

Таърих гувоҳ аст, ки ростӣ ҳамеша мисли Замину осмон, Хуршеду Моҳ ҷовидон аст. Ҳикмати гузаштагон барои ҳамаи мо дастур аст. Агар хоҳӣ, ки ба ту осебе нарасад, дар байни одамон обрўят бар ҷо бошад, корҳоят пешрав бошад, ба мақсади худ бирасӣ, ҳамеша ростқавл ва росткор бош! Ҳама он ҳақиқатҳое, ки дар ин бора гуфта шудаанд, ба ҳақиқати зиндагӣ рост меояд. Ростӣ чароғи олами тафаккури инсоният шинохта шудааст.

Дурўғ, муқобили ростӣ, хислати ба даст, ки оташи хашму ғазабро фузун мекунад. Бад бадбахтиҳо боис мегардад. Бузургони адабиёт ин амали зиштро мазаммат карда, моро таъкид мекунад, ки аз он дар канор бошем. Назари Асади Тўсӣ дар ин маврид чунин аст:

Забоне, ки бошад бурида зи ҷой,
Аз он беҳ ки бошад дурўғозмой

Илова бар ин гуфтаи ниёгон худи зиндагӣ низ чун мураббии сахтгир моро ба ростгўӣ ҳидоят мекунад. Ашхоси ростгўву ростқавл ҳамеша гули сари сабади маҳфилу чорабиниҳои дигаранд. Мардум онҳоро чун шахсиятҳои барўманду беназир ва муаддаб парастиш мекунанд.
Шоҳбайти Саъдии Шерозӣ раҳтўшаи зиндагии мост:

То роҳи рост тавонӣ расид дар мақсуд,
Ту рост бош, ки ҳар давлате, ки ҳаст ту рост.

Оре, девори рост аз афтидан эмин буда, дуру дароз пойдор хооҳад монд.

3+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин