Рулет «5 дақиқа»

Пеш аз ҳама лаълии тафдонро равған молида ба даруни тафдони 200 дараҷа мегузорем.
Баъдан шурӯъ мекунем ба тайёр кардани хамир.

Маҳсулот:
Тухм 3 дона, шакар 4 қошуқи ошӣ, асал 2 қошуқи ошӣ, 1,5 қошуқча моддаи мулоимкунанда (разрыхлитель), 1 стакан орд.

Тарзи тайёр кардан:
Ҳамаи маҳсулотҳоямонро якҷоя карда бо миксер ё ин ки бо лат занак лат мезанем.
Лаълиро аз тафдон бароварда хамири тайёршударо мерезем ва ба тафдон то сурхча шуданаш мегузорем. Баъдан аз тафдон бароварда мурабо мемолем ва тоб медиҳем.Ба болояш хокаи шакар мепошем.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *