Саъба ва Фил

Буд-набуд, як саъба буд. Вай дар шохи дарахт лона сохт, тухм гузошту бача баровард ва серташвиш шуд. Аз пагоҳ то бегоҳ ин тараф он тараф парвоз мекарду барои бачаҳояш дон меовард. Бачаҳояш ҳар лаҳза даҳон кушодаю садо дода, модарашонро интизор мешуданд. Рӯзе вақте, ки бачаҳои саъба калонак шуда, пару бол бароварданд, аз кучое як фил пайдо шуда омаду худро ба дарахте, ки дар шохи он лонаи саъба воқеъ буд, молидан гирифт. Дарахт ларзид, хонаи саъба вайрон шуд, бачаҳояш афтода нобуд шуданд. Саъба ба фили беинсоф лаънат хонда, зор-зор гиря кард.

Чанд вақт гузашт, боз саъба лона сохту тухм монд, бача баровард. Боз ҳамон фил омад. Омаду худро ба дарахт молидан гирифт.

Дарахт ларзид, хонаи саъба афтид, бачахояш афтиданд, нобуд шуданд. Саъба ин дафъа тоқат карда натавониста, доду фарёдкунон гуфт: -Эй фили бераҳм, чаро ҳар бор, ки бачаҳои ман ба воя мерасанд, меоию хонаамро вайрон,бачаҳоямро нобуд мекунӣ?

Фил хартумашро боло карда, писханд зада гуфт:

-Ой ҷондорак, ту худ кистӣ, ки бо ман ин тавр гуфтугӯ мекунӣ?!

Паҳлӯи ман мехорад, маро дарахт мефорад, худро мемолам ба тую бачахоят кор надорам. Агар маро гунаҳгор донӣ, рав, ҳар чӣ аз дастат ояд кун! Саъба ба чашми пуробу бо дили кабоб ба назди ошнои худ-зоғ рафт.

Зоғ гуфт: ҳоли зори ӯро дида, дил сӯзона пурсид:

-Ба ту чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ?! –Эй зоғи доно, -гуфт саъба-ман чӣ кор кунам? Ҳар боре, ки тухм мегузораму чӯҷаҳоям мебароянд, фил аз куҷое пайдо шуда меояд ва хонаамро вайрон карда, бачаҳоямро нобуд месозад.

Зоғ гуфт:

-Бадкирдор хурд аст ё калон, бояд ҷазояшро бинад. Ман як дӯст дорам, биё ба хонааш меравем, маслиҳат мекунем. Дӯсти зоғ занбӯр буд. Зоғ ва саъба ба хонаи вай рафтанду маслиҳат карданд. Занбӯр ҳам аз ин кирдори фил ҳайрон шуд ва фикр карда гуфт: -Ман як ошно дорам. Биёед ба хонаи вай меравем, маслиҳат мекунем. Ошнои занбӯр қурбоқа буд, ба хонаи вай рафта, маслиҳат карданд. Занбӯр ҳам ҷинсонашро гирифта омад. Ҳама ба пеши фил равон шуданд. Рафтанду занбӯр ба гуши фил даромада, неш задан гиирифт. Фил бетоқат шуд. Якпаҳлӯ хобида, гӯши худро ба замин молид. Ҳамин тавр, занбӯрҳои дигар ба чашмони ӯ неш заданд. Пилки чашмони фил варам карда, ҳеч чизро намедид. Чанд вақт наҷунбида хобид. Баъд ташна монда, аз ҷой хест.

Қурбоққа хешу таборашро ҷамъ карда, ба лаби ҷарӣ рафтанд ва кур-куркунон ба хондан даромаданд. Фил ба гумони он, ки ин чо об аст, ба ҷарӣ расид. Қариб ба ҷарӣ ғалтида буд, ки зоғ болои сараш парида омада гуфт: -Эй фил қафо гард, ки ба ҷарӣ меафтӣ. Фил саросема қафо гашт. Қурбоқаҳо он тарафтар рафта, боз қур-қур карданд. Фил об он ҷо будааст гуфта,  ба суйи қурбоқаҳо равон шуду, ба лаби ҷарӣ омад. Вай қариб ғалтида буд, ки зоғ болои сараш омад гуфт: -Эй фил, қафо гард, ки ба ҷарӣ меафтӣ. Фил саросема аз роҳаш гашт. Ҳамин хел чанд бор фили ташнаро қурбоқахо ба назди ҷарӣ бурданду зоғ ӯро қафо гардонд. Дафъаи охир, фил ба суйи ҷарӣ мерафт, варами пилкҳои чашмонаш нимроҳ кушода шуд. Дид, ки дар ҳакикат, дар лаби ҷарӣ истодааст, қафо гашт. Ин лаҳза саъба рӯ ба рӯяш парвоз карда, гуфт: -Фил, ту маро мешиносӣ?!

-Оё ту ҳамин саъба нестӣ, ки ман хонаатро вайрон кардаму, бачаҳоят нобуд шуданд? -пурсид фил.

-Ҳа, ман ҳамон саъбаам, акнун ту бигӯ, ки мағрурӣ, бузургию зурӣ нишондодани чӣ оқибат доштааст? –Оқибат талх –гуфт фил ва илова кард. – Ман дидаму донистам, ки хурдтарон агар муттаҳид шаванду, интиқом ҷӯянд, ҳар кор карда метавонанд.  Ана аз ҳамон вақт, ин ҷониб фил бо вуҷуди аз бузургтарин буданаш хушфеълу безарар шуд.

Омодакунанда: Қурбонова Шаҳло, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *