Сабзӣ, тухм ва каҳва

Боре як духтараки ҷавон ба назди падари худ омада, шикояткуниро оғоз кард:

-Падар, ман хаста шудам, хаёти ман чунон душвор аст, мушкилиҳои зиёде дорам, ман доимо муқобили ҷараён шино мекунам, дигар қувват надорам… чӣ кор кунам?
Падар дар ҷавоб табассум кард ва баҷои посух ба савол се зарфи обдорро ба болои оташ гузошт. Ба даруни як зарф сабзӣ, ба дуюмӣ тухм, ба зарфи сеюм бошад каҳва андохт. Пас аз чанд муддат ӯ сабзӣ, ва тухмро аз об берун гирифт, каҳваро бошад ба даруни пиёла рехт.

– Чӣ таъғир ёфт? – пурсид ӯ аз духтараш.

– Тухм ва сабзӣ дар об ҷӯшида пухтанд, каҳва бошад дар об ҳал шуд – ҷавоб дод духтар.

– Не духтарам, ин танҳо назари сарсари ба чизҳост. Нигоҳ кун – сабзии сахт дар даруни оби ҷӯш мулоим ва фарсуда шуд. Тухми зудшикан, ки дохилаш маҳлул буд, сахт шуд. Онҳо зоҳиран таъғир наёфтанд, танҳо таркиби худро зери таъсири ҳолати нохуби якхела – оби ҷӯш дигар карданд. Одамон ҳам ҳамин тавранд – боқувватҳо метавонанд аз таъсири ягон рӯйдодҳои нохуб заифу бемадор шаванд, дар ҳолате, ки нафарҳои заифу нозук аз таъсири ин гуна рӯйдод обутоб ёфта, боқувват мешаванд.

– Каҳва чӣ? – пурсид духтар.

– О! Ин аз ҳама шавқовараш! Каҳва дар муҳити нави нохуб ба пуррагӣ омехта шуд ва онро таъғир дод. Оби ҷӯшро ба нӯшокии хушбӯи беҳамто табдил дод.

Одамони махсусе ҳастанд, ки ҳеч як ҳолату руйдодҳо ба онҳо таъсир расонида, онҳоро таъғир дода наметавонанд. Баръакс онҳо худашон ҳолату руйдодҳоро таъғир дода, онро ба як чизи хубе табдил медиҳанд ва дар баробари он аз ин ҳолат як фоида ва дониши нав барои худ мегиранд.

0

2
Назари худро бинависед

avatar
2 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
2 Муаллифони тавзеҳҳо
InoplanetyaninBakhtovar Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Bakhtovar
Меҳмон
Bakhtovar

Аҷиб ва таъсирбахш!!!

Inoplanetyanin
Меҳмон
Inoplanetyanin

Мамнунем аз маъмурияти сомона,ки чунин қиссахои ачибро ба мо пешкаш мекунанд.Инчунин,хамчун шахси бо маъмурият шинос,дилпурона гуфтаниям,ки шумо хакикатан хам “қахва” баринед😏