Саги чашмгурусна

Саге дар пеши дӯкони қассоб устухоне ёфту, саросема ба даҳонаш гирифта гурехта рафт. Якчанд саги дигар дида, аз пасаш давиданд.

Саг бо тамоми қувваташ тохта, худро ба тарафи дарё заду аз кӯпрук гузашта истода, назараш ба об афтода монд. Дид, ки як саги дигар устухони калонро ба даҳан гирифта, баробари ӯ медавид. Ин акси худи вай буд.

«Оҳо, устухони вай аз устухони ман калонтар-ку!» аз дил гузаронд саг ва устухонашро партофта, худро ба об андохт. Устухон ҳам ҳамроҳи ӯ ба об рафт.

Об тез буд, саги чашгурусна бо сад азоб шино карда истода фаҳмид, ки аз ин мондаву аз он ронда шудааст.

  1. ташакури зиёд маъмурият

  2. Умед:

    Ман мехостам,ки афсонаи гурба ва кампирро пайдо кунам

  3. Умед:

    Илтимос ба ман хамин афсонаро пайдо кунед

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *