Саломатӣ асоси дарозумрист

Саломатӣ ин тани солим аст. Саломатӣ маҷмӯи сифатҳои ҷисмонӣ ва маънавии одам аст, ки барои татбиқи нақшаҳои эҷодӣ ва меҳнати сеҳрмаҳсули ӯ ба манфиати ҷамъият шарти зарурӣ мебошад.

Мехостам фикру андешаамро дар бобати ин мавзӯъ баён намоям. Омилҳое ҳастанд, ки саломатиро мустаҳкам менамояд. Тозагӣ гарави саломатист. Мо агар хоҳем, ки ҳамеша солиму бардам бошем сару либос, нохун, мӯйҳо ва тани худро ҳамеша тозаю покиза нигоҳ дорем.

Хӯрок хӯрдан низ тартиб ва низоми худро бояд дошта бошад. Пурхӯрӣ ба кас зиён дорад. Хуб мешуд, ки ҳар кас бояд аз андоза зиёд хӯрок нахӯрад. Буқрот мегӯяд : – Агар бемор аз пурхӯрӣ даст кашад саломатиаш ҳам тез барқарор мешавад. Обутоб додани организим ҳам яке аз омилҳои мустаҳкамкунии саломатӣ мебошад. Оббозӣ кардан ва офтоб хӯрдан ҳам организмро обутоб медиҳад.

Сайру тамошои манзараҳои зебо, гулу гулзор, сабзаву себаргаҳои навдамидаи саҳро, лолазорҳо ҳама ба чашмонамон нур ва ба дилҳоямон сурур мбахшад, ки боиси саломатиамон мегардад.

Ба қадри саломатӣ бояд расид. Инсон муъҷизаи саломатиро худаш меофарад. Ҳамин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдат –Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд намудаанд: “Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки бе он тавоноии давлатро тасаввур кардан имкон надорад”. Аз ин рӯ бояд ҳамеша аз пайи нигоҳдории саломатӣ шуд. Табибон исбот кардаанд, ки ҳангоми ногаҳон асабонӣ шудан фишори хуни шахси солим ҳам баланд мешавад. Аз ин рӯ бояд эҳтиёт шуд. Шоире мегӯяд:

Чаро нолам , зи дасти тангдастӣ, Ки ганҷи беқиём аст тандурустӣ.

Ман ба хулосае омадам, ки тозагӣ гарави саломатӣ асту саломати бахти баланди инсон. Беҳуда нагуфтаанд: “Тани сиҳат – ганҷи давлат”.

0

1
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
1 Муаллифони тавзеҳҳо
Гулназар Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Гулназар
Меҳмон
Гулназар

ОЛӢ!