Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Адабиёт барои синфи 10

Саволномаи 1

 1. Ҳавзаҳо ё марказҳои адабӣ.

Одамон дар ҳама ҳолат рӯи ниёз ба илм, фарҳанг ва адаб овардаанд. Дар асри ҶVI, сарфи назар аз нооромиҳои сиёсӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна, Эрон, Ҳиндустон марказҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ фаъолият кардаанд, ки дар рушди ҷомеъаву фарҳанг нақши муҳим гузоштаанд. Дар Осиёи Миёна Самарқанд, Бухоро, Балх, Бадахшон; дар сарзамини Эрон Исфаҳону Машҳад, Шероз, Табрез; дар мулки Ҳинд Деҳлӣ, Мултон, Лоҳур, Панҷоб, Кашмир, Сарҳинд. Ҳар кадоме аз ин доираҳои фарҳангию адабӣ дар пешрафти соҳаҳои мазкур нақши сазовор гузоштаанд. Масалан, дар Осиёи Миёна: Мушфиқӣ, Нисорӣ, Мутрибӣ, Шавкати Бухороӣ Самарқандхоҷаи Тирмизӣ, Мулҳами Бухороӣ, Фитрати Зодрӯз, Сайидо ва дигарон; дар Эрон: Соиби Табрезӣ, Камини Кошонӣ, Саймирзои Сафавӣ, Мирзо Муҳаммадтоҳири Насрободӣ ва дигарон; дар Ҳиндустон: Файзии Деканӣ, Бедили Деҳлавӣ ва ғайра. Бояд гуфт, ки авзои фарҳангу адабиёт дар нимаи аввали асри ҶVI нисбат ба нимаи дуюм хеле фарқкунанда аст. Ҳамлаи Шоҳ Исмоили Сафавӣ соли 1512 ба Хуросон, боиси парокандагии қувваҳои илмию адабӣ гардид. Бештар қувваҳои адабӣ рӯ ба Мовароуннаҳр оварданд. Восифӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» хабар медиҳад, ки: «Дар он вақт (с.1512) қариб понсад кас аз вилояти Хуросон азимати мулки Мовароуннаҳр карданд». Дар ин сарзамин илмҳои таърих, фалсафа, риёзиёт, ҳандаса, забону адабиёт, мантиқ, мусиқӣ хеле пеш рафтааст.

Масалан, Муҳаммадсолеҳи Карминагӣ дар илми мантиқ, Мавлоно Кавкабии Бухороӣ дар нуҷуму мусиқӣ, Исматуллоҳи Самарқандӣ дар сарфу наҳв, Хоҷа Калони Самарқандӣ дар ҳакмату риёзиёт аз ҷумлаи саромадони асри худ буданд. Илми мусиқӣ яке аз дастовардҳои халқӣ тоҷик дар асри ҶVI буда, дар се шаҳр: Ҳирот, Самарқанд ва Бухоро хеле пеш рафтааст. Дар ин бора Ҳофизи Таниш («Шарафномаи шоҳӣ»), Дарвешалии Чангӣ («Тӯҳфат-ус-сурур»), Саид Шарифи Самарқандӣ («Таърихи касира») аз симоҳои машҳури аср: Бобоҷони Ҳофиз, Дӯстмуҳаммади Удӣ, Муҳаммадалии Ноӣ, Аҳмади Ҳофиз, Ибни Чангӣ ва дигарон ёд кардаанд. Таърихнависӣ низ хеле пеш рафтаву асарҳои гаронарзише ба майдон омадаанд. Аз ҷумла «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Шайбонинома» ва «Футӯҳоти хонӣ»-и Биноӣ» «Мунтахаб-ут-таворих»-и Ҳофизи Убаҳӣ, «Шарафномаи шоҳӣ» ё «Абдуллоҳнома»-и Ҳофизи Таниш ва ғайра маҳсули ҳамин асранд.

2. Девони ғазалиёт»-и Ҳозиқ.

Дар девони шоир ғазал мавқеи марказӣ дорад. Чун анъана мавзӯи асосии ғазал ишқ аст. Ин мавзӯъ бо тамоми ҷузъиёт: ҳиҷрону висол, сабру тоқат, васфи ҳусну ҷамоли дилбар, бевафоӣ ва сустаҳдӣ, номеҳрубонӣ, сарддилӣ ва ғайра ба тасвир омадааст. Дар иртибот бо ин мавзӯъ маю бода (ҳамчун рамзи хушгузаронии умр, зиндагӣ), васфи баҳор ва ҷузъиёти ин фасли арӯси сол: резиши борони найсону шилдир-шилдири ҷоришавии чӯйҳои баҳорӣ, накҳати гулҳову муаттарии насими субҳгоҳӣ, сафои самову гармои ҳаво ва монанди инҳо хеле ҳунармандона аст. Лирикаи иҷтимоии ӯ баъзан вусъати бештаре пайдо намуда, ҳатто оҳангҳои қавии сиёсӣ низ мегирад. Ба ақидаи Ҳозиқ, оҳибмансабон бояд шахсони сазовору лоиқ бошанд. На ҳар як шахс аз ӯҳдаи корҳои роҳбарӣ баромада метавонад. Дар системаи роҳбарӣ бояд принсипи ҷиддие ҳукмрон бошад, то ин ки шахсони тасодуфии беистеъдод ба мансабҳои баланди давлатӣ соҳиб шуда натавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки агар шахси нолоиқе сари мансабе ояд, он гоҳ ҷомеъа дучори мушкилиҳои сершумор хоҳад шуд. Яъне ба ин восита лирикаи шоир ҷанбаъҳои воқеии ҳаётӣ гирифта, ба ҳаёти ҷамъият ва рӯзгори мардум бештар наздик мешавад. Шоир таъкид ба таъкид мегӯяд, ки шахсони ҳариси ҷоҳу мансабро набояд имкон дод, ки ҳадафҳои палиди худро амалӣ намоянд. Баръакс, пеши роҳи онҳоро бояд гирифт, то ин ки мардум аз ин тоифаи кӯтоҳ назар халос бошанд:

Баски масти бодаи ҳирсанд абнои замон,
Табъашон хуни падар аз шири модар мекашад.

Дар оғози расидан ба ҳадаф баъзан ин тоифа усули кори худро дигар хел намуда, рафтори чоплусонаро пеш мегиранд. Ҳамин ки ба ҳадафҳои ниҳоии худ расиданд, ҳамон замон тағйир меёбанд. Ба ин маънӣ шоири  мушоҳидакор огоҳ месозад, ки ба тавозӯи сохтакоронаи мансабхоҳон фирефта набояд гашт. Бояд гуфт, ки Ҳозиқ шоирест, ки ба қадри сухан ва суханвар бо тамоми ҳастии худ мерасад. Ӯ суханро дурру гавҳар мегӯяд, вале шеърро, хусусан сухани матини манзумро афзал мешуморад, яъне агар сухани насрӣ, ки он ҳам дурру гуҳар аст, накӯ аст ва агар манзум гардад, накӯтар хоҳад гашт.

3. Тахлили Газалиёти Хозик.

Дар хотирам расад чу хаёли қасидаат,
Гардад дилам сияҳ зи зуғоли қасидаат.
Гуфтӣ, ки зода табъи ман ин бикр фикрро,
Сад шӯр карда духтари золи қасидаат.
Ай, карда шеъри халқ ба чандин бало дучор,
Бояд гирист, оҳ ба ҳоли қасидаат.
Худ равшан аст гавҳари мазмуни дигарон,
Торику сакта аст зулоли қасидаат.
Ай рӯбаҳак, ба шери жаён панҷа мезанӣ,
Даркаш забон, ки нест маҷоли қасидаат.
Ҳозиқ, чӣ ҳолат аст дарад пардаи туро,
Нафсат намуда рух зи «камоли» қасидаат.

Саволномаи 2

1. Маснавии «Гулзори Ирам»

Хусусиятҳои узвҳо ба назар гирифта шудаанд. Инчунин майлҳои инсонӣ низ ҳар кадом табиати сириштии худро нигоҳ медоранд: Ишқ, Ҳусн,–Ақл, Дил, Хаёл, Назар, Ғамза, Қомат, Ҳиммат, Меҳр, Вафо, Ноз, Зулф, Табассум, Номус, Тавба, Зарқ, Рақиб ва ғ. ширкаткунандагони достонанд. Тавассути ташхис ва рамзу киноя ҳар кадом амал мекунанд. Муносибату рафтор, гуфтору кирдор ва фаъолияти мусбату манфӣ будаву доштани онҳо мисли он аст, ки онҳо дар вуҷуди инсонӣ доранд. Масалан, Ғайр, Зарқ, Тавба бештар садди роҳи ошиқу маъшуқаанд вале, дар достон ҳар кадоми инҳо фаъолияту амали худро мустақилона ба кор мебаранд. Қаҳрамонҳои асосии асар: Ақлу Дил ва Ишқу Ҳусн мебошанд. Дигар каҳрамонҳои лаҳзагӣ ва ё ёрирасон мебошанд. Онҳо хатти амалиётро фаъол гардонида ба ҷараёни ҳодисаву воқеаҳо таҳким мебахшанд. Ҳадаф аслан баёни ҳолоти ошиқу маъшуқа мебошад, ки онҳо Ҳусну Диланд. Ин қаҳрамонҳо (асосӣ ва ёвар) дар ашъори орифона–вазифаи дигар доранд.

Инчунин дар ашъори лирикӣ низ дучор мешаванд. Маснавии «Гулзори Ирам» ҳатто аз унвони он пайдост, ки дорои қавитари оҳангҳои ирфонӣ тасаввуфӣ аст. Аз нигоҳи сабку услуб, шеваи баёну ҳунари эҷод, истифода вазну қафия, радифу санъатҳои адабӣ, мазмунҳову ҳунари тасвир, корбасти калимаҳову ибораҳо, таъбирҳои халқӣ ва ғайра низ достон хеле ҷолиб аст. Кӯшиши шоир дар эҷоди маснавӣ аз он иборат аст, ки ӯ хостаст дар заминаи суннати бой ва бисёрсолаи боғановат тозакорӣ бикунад. Ӯ аз ӯҳдаи он ҳам баромада тавонистааст. Албатта, дар ин мавзӯъ Ибни Сино, Шайх Шоҳубиддин Сӯҳравардӣ («Рисолата фӣ ҳақиқат- ал-Ишқ») вале чун асари адабӣ-бадеӣ Фаттоҳии Нишопурӣ («Ҳусну Дил»), Котибӣ («Хусну Дил») навиштаанд. Мушфиқӣ бештар такя дар Фаттоҳӣ кардааст. Вале ба қавли Мушфиқӣ, Фаттоҳӣ дар эҷоди асар ба нуқсонҳо бештар роҳ дода аст. Аз ин рӯ, асари ӯро «қолаби бе рӯҳ» ва «чамани бе об» мегӯяд:

Муҷмале қисса он ки дошт зуҳур,
Нусхае аз фасеҳи Нишопур.
Гоире аз назм ночашида футӯҳ,
Дар назар ҳамчу қолаби берӯҳ…

Ин аст, ки достони Мушфиқӣ бештар дар таърихи адабиёт маҳбубият пайдо кардааст. Шоири асри XVII Нишонӣ аввалин касест, ки навиштааст. Чандин шоирони дигар низ бо ин ном ва ё дар ҳамин мавзӯъ асарҳо навиштааст.

2. Асарҳои насрии Бедил

Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, файласуф, мутафаккир ва инчунин нависандаи забардаст низ ҳаст. Асарҳои насрии Бедил мақому пояи ӯро дар рушду таҳаввулоти насри адабии аҳди таназзули феодализм нишон медиҳад. Осори насрии Мирзо Абдулқодири Бедил низ дар мавзӯъҳои мухталиф эҷод гардидаанд ва онҳо низ дар дохили «Куллиёт»-и ӯ омадаанд:

1.«Дебоча». Бедил бо чунин унвон бар муқаддимаи девони ашъори худ ба наср навиштааст. Муҳим он аст, ки дар ин асар аз пораҳои шеърӣ низ хеле устодонаву огоҳона истифода кардааст. Адиби мутафаккир пас аз  ҳамду наът, моҳияти каломи бадеъ, равобити шаклу мазмуни бадеӣ, машаққат ва назокати ҷараёни эҷоди бадеъ ва умуман кори эҷодӣ, хусусиятҳои эҷодиёти хеш, хусусан осори манзум ва коргирӣ аз мавзӯъҳои мадҳӣ, ҳаҷвӣ ва ғайра баҳсҳои судманд ба миён меорад.

2. «Нукот». Ин асари Бедил насрӣ буда, дар он аз зикри пораҳои гуногуни шеърӣ хеле фаровон кор гирифта шудааст. Дар ин асар Бедил ақоиди фалсафӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ, иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷомеашиносии худро баён намудааст. Ӯ барои таҳким бахшидан ба андешаҳову ақидаҳои гуногуни худ дар ин асар аз пораҳои шеърӣ хеле устодона кор гирифтааст. Назм ҳатто нисбат ба наср дар ин асар нуфуз дорад. Аз ҷумла дар асар бештар жанрҳои рубоӣ, мусаммати мухаммас, қитъа, ғазал, фард ё муфрадот истифода шудаанд. Чунончи: «Нукта – Маҷоз, яъне олами эътиборро ниҳоле тасаввур намудан аст, ки тухми он ҷуз ҳақиқат нест, дар мартабаи ниҳол аз тухм асло нишон натавон ёфт ва ҳамчунон аз шоху барг ҳеч натавон шикофт. Асари мазкур барои муайян намудани ақидаҳову ҷаҳонбинии Бедил, барои таъин намудани мавқеъ ва пояи адиб дар таҳаввули насри бадеии асримиёнагии тоҷик арҷманд аст.

3. «Руқаот». Руқаот ё номанигорӣ яке аз жанрҳои машҳури адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик аст, ки дар ду шакл – назму наср дучор мешавад. Санъати номанигорӣ махсусан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ниҳоят устодона ва дар ғояти фасоҳату малоҳат ба мушоҳида мерасад. Аз асри XI сар карда намунаҳои мансуру мустақили он зуҳур мекунад. Шояд асосгузори он Ҳаким Саноии Ғазнавӣ бошад. Маълум аст, ки дар ин жанри адабӣ хусусиятҳои насри адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, ёддоштӣ дар шакли омехта низ меояд. «Руқаот»-и Бедил асари насрӣ буда, дар он пораҳои шеърӣ низ истифода шудааст. Яъне маҷмӯи номаҳоест, ки Бедили Деҳлавӣ онҳоро дар вақтҳои гуногун, бо шахсони алоҳида навиштааст. Касоне, ки Бедил ба онҳо нома навиштааст, онҳо дӯстону муқаррабон, ҳамфикрону ҳамақидаҳояш, умуман шахсиятҳои боэҳтироми даврони эҷодкоранд. Мактубҳо бештар ҷавобӣ буда, ҷавоби номаи нафаре аз хамфикрону наздикони Бедил аст. Мактубҳо аз ин рӯ, арзиши адабӣ-шарҳиҳолӣ дошта, равобити адабӣ эҷодӣ, муносибати шахсиятҳо, симоҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангии замони мутафаккирро баён менамояд. Дар номаҳо бисёр лаҳзаҳои рӯзгори Бедил, муносибату гуфтор, рафтору равобити ӯ бо муосирон инъикос ёфтааст.

4. «Чор унсур». Асари калонтарини насрии Бедили Деҳлавӣ буда, соли 1705 ба табъ расидааст. Ин асар насрӣ бошад ҳам, бо пораҳои шеърӣ ақоиду андешаҳои муаллиф таҳкиму тақвият дода мешавад. «Чор унсур» дорои чор боб буда, асосан масъалаҳои фалсафӣ, чаҳор унсури офариниш: об, хок, бод, оташ, доир ба рӯҳи мутлақ, рӯҳи табиию наботӣ, ҳаёвонию инсонӣ баҳс ба миён овардааст. Дар асар фалсафаи офариниш, ҳаёту мамот, камолёбию заволпазирӣ, фано ва бақо хеле ба тафсил баён карда шудааст.
                 

3. Таҳлили панди Мушфиқӣ

Баҳор шуд, кадаҳ он беҳ, ки ранги лола намояд,
Бунафша дар назар ояд сари ғизола намояд.
Зи доғи лола расад дар чаман ба хотири мастон,
Саводи наргиси соқӣ чу дар пиёла намояд…

Саволномаи 3

1. Мазмуну мундариҷаи шеърҳои ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо.

Сайидо махсусан ба табақаҳои ҳунарманди ҷамъият таваҷҷӯҳи махсус дорад. Зеро онҳоро дар ашъори лирикиаш (ғазалиёту қитъаҳо…), дар «Шаҳрошӯб» ва инчунин ашъори махсуси ба ин тоира бахшидааш васфу тавсиф кардааст. Албатта, дар таърихи адабиёт фасли тоза низ ҳаст, ки дар шакли маснавӣ рӯи кор омадаанд. Дилбастагии шоир ба ин тоифаи мардум, шояд аз он ҷиҳат бошад, ки ӯ худ аз аҳли ҳунар аст. Сайидо дар ашъори ба табақаҳои ҳунармандон бахшидаи хеш намоядаи ҳашт навъи ҳунарро васф кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо: баққол, шустагар, нонво, наққош, наҷҷор, шотир, таштгар ва қассоб мебошанд. Ин ҳашт шеъри ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо дар маҷмӯъ дорои 290 байт аст ва онҳо манзумаҳоеанд, ки аз ибтидо то интиҳо дар як мавзӯъ эҷод шудаанд. Муҳим он аст, ки дар ин манзумаҳо инсони соҳибҳунар ва меҳнаткашу заҳматқарин мавриди ситоишу васф қарор гирифтааст. Яъне шоир ба ин восита меҳнатро васф мекунад, аҳамияту моҳияти ин ё он пешаро хеле бо ҷузъиёт баён менамояд. Масалан, аз пешаи наҷҷор мунтаҳо хоса-макони ошиқон бунёд мешавад, ки бе он на танҳо инсон балки ҳама махлуқи ҷондор эҳтиёҷ ба хона дорад. Пас касби мазкур сазовори васфу ситоиш ва барои мардум аввалиндараҷа мебошад. Ё ин ки дар манзумаи дигар оид ба пешаи баққолӣ сухан меравад ва он «Дар таърихи Хоҷа мирзоҷони баққол» унвон дораду аз 53 байто иборат буда, бо чунин матлаъ шурӯъ мешавад:

Диламро бурда сарви ҷомазебе,
Биҳиштиталъате одамфиребе.

Ба ҳамин тариқ, дар манзумаҳои дигари ба ҳунарварону соҳибипешагон бахшидаи Миробид Сайидои Насафӣ, аз ҷумла: «Дар таърифи Хоҷа Мирзомуҳаммади Шӯстагар», «Дар таърифу тавсифи нонво», «Дар таърифи Хоҷа Шафеъи наққош», «Дар таърифу тавсифи–шотир», «Дар таърифи қассоб» ва ниҳоят «Дар таърифи таштгар» касбҳо, пешаҳо, ҳунарҳо, ҳирфатҳо ва соҳибони онҳо бо хислату рафтор, гуфтору кирдор, муомилаву муносибат ва асрори ҳунарии эшон ва назокати кору фаъолияти онҳо ба тасвир гирифта шудааст. Масалан, назокати пешаи наққоширо («Дар таърифи Хоҷа Шафеъи наққош») кибоиси зебу зиннат ва ороиши ҳар як макон мегардад, чунин ба мушоҳида мегирад:

Гузорад пой бар ҳар остона,
Кунад он хонаро оинахона,
Ба килки худ намесозад ситамро,
Кунад ангушти ӯ кори қаламро.

Ё худ дар манзумаи «Дар таърифи қассоб» ҷузъиёти пешаи мазкурро аз забони гӯсфанд меорад, ки барои забҳ омадаст ва аз он боке надорад, ки барои забҳ омадаст ва аз он боке надорад, зеро тӯъмаи ҳалоли халифаи Ҷаҳонофарин шудан ормони интиҳони ӯст:

Ба дӯконаш равам дар хун тапида,
Наяндешам зи саҳрои бурида.
Агар хунам бирезанд, мотамам нест,
Зи поям гар биёвезанд, ғамам нест.

Ё ин ки дар манзумаи дигари шоир, ки «Дар таърифу тавсифи нонво»-ном дорад, ҳунари нонвоӣ ва кӯҳантаърих будани он, қадршиносӣ дидани пешаи мазкур миёни насли инсон ба тасвир оварда шудааст. Шоир макони омодашавии нон-танӯрро бо усули тоза ва басо образноку шево ба мушоҳида мегирад:

Танураш сурхрӯ аз оташи гул,
Хасу хораш бувад мижгони булбул.

Умуман ашъори ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо чанд ҷиҳати хоса дорад, ки онро таъкид намудан аз аҳамият холӣ нест:

Сайидо ҳам дар ашъори лирикӣ, асари алоҳида ва шеърҳои ҷудогона яъне бо се роҳ ба ин мавзӯъ васфи аҳли ҳунар ва пешаи онҳо рӯ овардааст. Шоир анъанаи адабӣ, суннати эҷодиро ба таври васеътар эҳё намуда, дар ҳамин замина баъзе тозакориҳо кардааст. Адиб ба ин восита эҷоди бадеъро ба рӯзгори халқ, ба аҳли меҳнат боз ҳам наздиктар намудааст. Таркиби луғавии забони адабии тоҷикро дар асри ХVII аз ҳисоби калимаву ибораҳои соҳавӣ нисбатан ғанӣ гардонидааст.

2. «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик»

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ба ин асари худ ду ном гузоштааст: «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» («Воқеаҳои роҳ ва–масофаи байни мамлакатҳо») ва унвони дигари ҳамин асар «Ғароиб-ул-хабар фи аҷоиб-ус-сафар» («Ҳикоёти ғариб аз аҷоиботи сафар») мебошад. Ин асари сафарӣ буда, соли 1887 таълиф шудааст. Асар зоҳиран ба ҳокими вақт амир Абдулаҳад бахшида шудааст. Ин асар аз муқаддима, бахши асосӣ ва хотима иборат аст. Муқаддимаи асар суннатӣ буда, аз таҳмид, наът оғоз мешавад ва муаллиф дар ҳамин бахш мақсади худро аз сафари Ҳиҷоз баён менамояд.

Дар қисмати асосии асар Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ тасвир менамояд, ки ӯ соли 1886 чӣ гуна бо нияти ба ҷо овардани маросими ҳаҷ ба сафари Ҳиҷоз баромадааст. Возеҳ аввалан роҳи хешро тариқи саҳроҳои Туркманистон, шимолии Эрон, соҳилҳои баҳри Хазар (Каспий), қаламрави мулки Қафқоз, баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназамин ва баҳри Сурх ба Ҳиҷоз рафта расидааст. Пас аз адои маросими муқаддаси ҳаҷ ӯ зимистони соли 1887 тавассути роҳҳои Эрон ба Бухоро омадааст. Дар ин асар оварда мешавад, ки муаллиф ҳангоми мусофират бисёр шаҳрҳои мутараққии олам мисли: Марв, Ашқобод, Боку, Искандария, Машҳад, Ироқ, Эрон ва ғайраро дидааст, ба тарзи зиндагӣ, урфу одат, рӯзгор, забон, маданият, муносибат, пешрафт, усули давлатдорӣ, ободонии шаҳрҳо, машғулияти халқҳои ин ё он шаҳру кишвар, боигарии онҳо, истеҳсолоту истеъмолоти онҳо, зироату боғдориҳо, дарёҳо, иқлимҳо, раставу бозорҳо, масҷиду мадрасаҳо, таълимкадаҳо, машғулияти дӯстдоштаи баъзе халқу кишварҳо ва ғайраро мушоҳида намудааст. Возеҳ, хусусан ба шаҳрҳои Боку, Тифлис, Батуми ва дар як қатор шаҳрҳои Русия ва ғайра чанд муддат меистад, аз ободонию маданият ва усули кишвардории онҳо амирро мехоҳад огоҳ созад. Ҳатто амирро барои беҳбудии мамлакат ба чораҷӯӣ мехонад, вале бисёр афсӯс, ки хидмати адибро дар Бухоро ба амир чоплусҳову чокарони ӯ дигархелтар шарҳ медиҳанд, ки амир Абдулаҳад ба Возеҳ ба чашми таҳқир менигарад. Миёни шоҳ ва шоир низоъ ба амал меояд. Ғояҳои пешқадам ва маърифатпарваронаву маорифхоҳонаи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар ин асар, дар он ҳам зоҳир мегардад, ки шоир маданият, санъат, илм ва фарҳанги пешқадамро тарғиб мекунад. Бояд гуфт, ки аввалан асар барои тарғиби макони муқаддаси ислом, Макка ва Мадина, ба ҷо овардани ҳаҷ таълиф шудааст ва муаллиф аслан ҳамин ҷиҳатро мехоҳад ба мардум шиносонад. Зеро дар ин муддат робитаи Бухоро ба Шарқу Ғарб чандон ҷоннок набуд ва аз ин рӯ, Возеҳ мехоҳад мардумони Бухоро ва атрофи онро бо муқаддасоти исломӣ шинос намояд ва ба хусус, насли миёнсол ва ҷавони қаламрави Бухороро бештар воқиф созад. Танҳо пас аз роҳ ёфтани Русияи подшоҳӣ, бо вуҷуди бисёр ҷанбаъҳои манфӣ, тарафҳои пешқадам низ ба мушоҳида мерасад ва ин ҷанбаи пешқадам пайвастан ба тамаддуни Ғарб ва техникаву тахнологияи Аврупо мебошад. Возеҳ дар ин ҷода то ба дараҷае пайрави Аҳмади Дониш аст, зеро ӯ мутаассиб нест. Возеҳ бештар ба он шаҳрҳо рафта буд, ки он ҷойҳо нисбат ба Бухоро хеле пешрафта ба шумор мерафтанд. Возеҳ асосан ба се ҷиҳат бештар диққат додааст:

а) сохтори сиёсии кишварҳо, мамлакатҳо,

б) сатҳи рушди иқтисодиву сиёсӣ,

в) ҳолати илму маданият, адабиёту ҳунар, техникаву технологияи то дараҷае пешрафта.

Возеҳ ба шаҳри Марв аз он ҷиҳат таваҷҷӯҳ мекунад, ки он аллакай тавассути роҳи оҳан ба Аврупо пайваста буд. Ӯ менависад:

«Аз ҳангоми убури доӣ (яъне ман, банда) то алҳол, ки ёздаҳ моҳ аст, Марв бисёр обод шуда ва тафовути куллӣ дар умроноту (ободонӣ) асвоқ (бозорҳо) ба ҳам расонидааст. Ва ба ҷиҳати дарё пуле сохтаанд муштамил бар сездаҳ хона аз чӯб…» Ё худ дар тасвири осиёби шаҳри Истамбул менависад: «Мошин дошт,–ки сабӯсро аз орд ҷудо мекард ва мошини дигар дошт, ки орди аълоро аз авсату (миёна) адно (пасттар) имтиёз медод». Возеҳ ин ҳама техникаву технологияро аз мувофиқати илму амал ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ медонад. Возеҳ Теҳронро аз он ҷиҳат тасвир мекунад, ки дар баробари мадрасаҳо мактабҳои усули нави ҳарбӣ-низомӣ ва техникаву технологияи Аврупоиро кор гирифтааст. Ӯ менависад:

«Ба иморати муаллимхонаи шаҳрӣ рафтем, ки ба даруни ҳуҷароти онҳо мардумон ва кӯдакони дигар ҳастанд, ки забонҳои мухталифа аз русиву фарангӣ ва арабию юнонӣ ва ғайра илми низоми сарбозӣ таълим медиҳанд». Ҳангоми сафар Возеҳ ба бисёр миллатҳо ва намояндагони динҳои дигар вомехӯрад. Ӯ ба як тан тоҷири арман дар бораи худ чунин нақл мекунад: «Ман марди толибилми фақирам ва на моле хариданӣ ва на бизоате фурӯхтанӣ дорам. Он чӣ ман дорам, ҳамин мояи илму ҳунар аст, ки касе онро намеписандад…»

3. Тахлили панди Сайидо

Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сӯхтам чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,
Теғи ноҳақ хурда сайди бисмилам омад баёд.

Саволномаи 4

1. Сохт ва мундариҷаи «Наводир-ул-вақоеъ».

«Наводир-ул-вақоеъ» дар мероси адабии Аҳмади Дониш мавқеи марказӣ дорад. Ин асар заҳмати 15-сола ва маводи якумраи гирдовардаи муаллиф аст. Нависанда ба таълифи асар соли 1870 оғоз намуда, онро соли 1885 ба итмом расонидааст. Таълифи ин асар муаллифи онро миёни аҳли ҷомеаи онрӯзаи Бухоро ҳамчун адиби тавоно ва мутафаккири забардаст шиносонид. Аҳмади Дониш дар ин асар бисёр масъалаҳои муҳимми фалсафию иҷтимоиро, ки мавриди қазовати файласуфон ва мутафаккирони гузашта буд, аз дидгоҳи нав ва дар аҳди бархурдҳо ботамаддуни Аврупоӣ ба таҳлилу тасвир гирифтааст. Аз ин рӯ, «Наводир-ул-вақоеъ» барои бедории фикрӣ, барои ҷунбиши мафкуравии миллат ва умуман муосирони Аҳмади Дониш, пайравони ӯ ва зиёиёни пешқадами охири асри XIX ва ибтидои садаи ХХ таъсири амиқу дақиқ гузоштааст. Зеро солҳои таҳсил дар мадраса, робита бо дарбору дарбориён, махсусан сафарҳои ӯ ба Россия, муносибат бо олимон, ҳарбиён, сиёсатмадорони Аврупо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ӯро нисбат ба сиёсат ва иқтисодиёти аморати бухоро тағйир дода буд. Сохтори асар «Наводир-ул-вақоеъ» аз нигоҳи сохту таркиб бисёр ҷолиб аст. Асар хати яклухти дорои сужети муайян нест ва қисматҳои сужетро ҳам дар бар намегирад. Асар дар маҷмӯъ аз бисту се боб иборат мебошад, вале боби 15-уми он фарқ дорад. Зеро ин боб «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ном дошта, дорои муқаддима ва се бобби ҷудогона мебошад, ки баъдтар онро шарҳ хоҳем дод.

Бобҳои «Наводир-ул-вақоеъ» гуногунмавзӯъ буда, чаҳордаҳ боби асар таҳлилу тадқиқи муаллиф аст, ки дар боби понздаҳ ҷамъбасти он ба сифати як навъ рисолаи ҷудогона оварда шудааст. Умуман, ҳамаи бобҳои асар аз нигоҳи ғояву мазмун ва мақсади муаллиф ба ҳам як навъ пайванди минтиқӣ дошта, яке дигарро тақвият медиҳад, пурра мекунад. Мушоҳидакор ё таҳлилгар, ки баёни бобу нақли ҳикоёт низ ба ӯ тааллуқ дорад, шахсияти олиму доно, мутафаккир ва ҷомеъашиноси бузургест, ки Шарқро бо тамоми ҷузъиёт ва Ғарбро ҳам хуб медононад. Метавонад мушоҳидакор шахсияте бошад, ки ҷаҳонбинии ниҳоят васеъ, сафаркарда, таълимдида ва қиёскунанда бошад. Дар асл чунин ҳам ҳаст. Аҳмади Дониш ҳамчун ҷомеъашинос ҷамъиятро бе сардор имконпазир медонад. Аз ин рӯ, дар «Наводир-ул-вақоеъ» оид ба тарбияи авлоди инсон, муносибати ниҳоят ҷиддӣ ва эҳтиёткорона нисбат ба фарзандон ва тарбияи мунтазами онҳо, хусусан оид ба ахлоқ ва муомилаи табақаҳои ҷамъиятӣ, ахлоқи табақаҳои ҳукмрон, риояи адолат ва маҳкум намудани ноадолатӣ, нақши амир, қозиву муфтӣ, вазиру қушбегӣ ва ғайра дар бобҳои ҷудогонаи асар андешаҳои шахсии худро баён намудааст. Аҳмади Дониш маориф, таҳсил ва таълиму тарбияро асоси ҷомеа медонад. Вай барномаи таҳсил, сабку усули таълим, китобҳои дарсӣ, ҷараёни дарсҳо ва ғайраро дар таълимдиҳандаҳои Бухорои замони муаллиф, яке аз масъалаҳои марказии асари худ медонад. Масъалаҳои мазкур дар бобҳои «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн (падару модар) ва ҳадду ҳуқуқи онҳо», «Дар таҳқиқи матои дунё ва ҳақиқати муомилоти он», «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбу пешаҳо» ва ғ. хеле бо далелу бурҳони қотеъ баён шудааст. 

Мазмуну мӯҳтавои асар. Мазмуни мухтасари «Наводир-ул-вақоеъ» тақрибан чунин аст:

Муқаддима.

Дар ин ҷо муаллиф сабаби таълиф шудани асарро бо–мазмуну мундариҷаи он зикр мекунад.

Боби якум. «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн…» Оид ба тарбияи фарзандон ва шинохти падару модар аст.

Боби дуюм. «Дар таҳқиқи матои дунё ва ҳақиқати муомилоти он». Дар ин боб бештар кормандони корҳои давлатӣ ва фаъолияти онҳо ба таҳлил гирифта шудааст, ки бояд онҳо маънавияти бой дошта бошанд, то аз ҳарисӣ парҳез кунанд. 

Боби сеюм. «Дар таҳқиқи таърихи олам ва тафтиши ҳудусу қидам». Ҳатто аз унвони боб пайдост, ки оид ба пайдоиши олам ва умуман фалсафаи офариниш баҳс рафтааст. 

Боби чаҳорум. «Дар иллати накбати уқало ва сабаби давлати суфаҳо». Дар ин боб оид ба сабабҳои бадбахтии оқилон ва хушбахтии бедонишон баҳс меравад. Аҳмади Дониш таъкид мекунад, ки инсон маҳз ба хотири манфиатҳои моддӣ талош наварзад, балки бештар ба маънавият таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Бояд инсон танҳо нафърасони ҷомеъа бошад. 

Боби панҷум. «Дар ҳикояти фаромӯшхона ва баёни қурби соат».

Боби шашум. «Дар ҳикояти Ҳоҷӣ ва манофеи сафар ва хислати занон» Доир ба саргузашти марди бухороӣ, ки ба сайҳат баромада хеле тӯлонӣ сафар кардааст, нақл карда мешавад.

Боби ҳафтум. «Дар ҳикояти Абулқосимбӣ ва сафари русия».

Боби ҳаштум. «Дар сафорати Абулқодирбек ва аҷоиби ҷашни Руссия».

Боби нӯҳум. «Дар ҳикояти гирдоби Искандар ва ғанои марди аҷамӣ».

Боби даҳум. «Дар таҳқиқи ишқу муҳаббати ҳақиқӣ ва маҷозӣ ва одоби ишқбозӣ». Ин боб низ мисли дигар бобҳо бо усули суолу ҷавоб навишта шудаанд.

Боби ёздаҳум. «Дар одоби никоҳ ва баёни хусусияти модаршӯ»

Боби дувоздаҳум. «Дар таҳқиқи қазову қадар» Дар ин бахш Аҳмади Дониш вуҷуди зиндагиро дорои чор рукн: хӯрдан, пӯшидан, зану фарзанд кардан ва маскан сохтан медонад.

Боби сездаҳум. «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳову пешаҳо».

Боби чордаҳум. «Дар таҳқиқи рӯҳ ва нисбати тааллуқи он ба абдон».

Боби понздаҳум. «Рисола дар назми тамадун ва таовун». Ин ягона боби «Наводир-ул-вақоеъ» аст, ки комилан мустақил буда, аз муқаддима, се фасл ва хотима иборат мебошад. Дар муқаддима сабабҳои пайдоиши одамӣ, хайри он ва ихтиёри ӯ дар чист… ва ғ. баҳс рафтааст.

Фасли аввал «Дар фазилати аморат ва раёсат ва муомилати салотин бо Ҳақ».

Фасли дуюм «Дар сулуки умаро бо сипоҳ ва хадам ва ҳашам».

Фасли сеюм «Дар тариқи раиятдорӣ ва фуқаропарварӣ ва расидан ба ғаври муҳоммии зердастон».

Хотима. Дар таъйини мулук ба нудамо ва муқаррабон. Дар ин рисолаи хурд оварда мешавад, ки инсон шарифтарини махдуқот аст. Ҳама чиз барои инсон офарида шудааст. Зоти инсон аз ақли шарифа ва нафси касифа мураккаб аст. Инсон бояд илму маърифат омӯзад ва аз рӯи илму маърифат ва ақлу фаросат роҳи дурустро паймояд.

Боби шонздаҳум. «Дар таҳқиқи ҳайати арз ва такаввуни маодин ва моюносаба золика». Дар ин боб Аҳмади Дониш оид ба ҷинсҳои кӯҳӣ, конҳо, маъданҳои зеризаминӣ, заминҷунбӣ, вулконҳо маълумот медиҳад.

Боби ҳабдаҳум. «Дар фараҷ баъд аз яъсу хамул».

Боби ҳаждаҳум. «Дар наводири ҳолоти ашхос, ки аз ҷанги сибоъ ҷастанд»

Боби нуздаҳум. «Дар таъбири рӯъёи ҳоила, ки далолат бар ҳудуси воқеа мекард». Муаллиф доир ба хобҳои дидаи хеш ҳикоят мекунад. Ин хобҳо баъзе лаҳзаҳои шарҳиҳолии худи муаллиф низ ҳаст. Яъне бисёр лаҳзаҳои тарҷумаиҳолии Донишро низ равшан месозад.

Боби бистум. «Дар таҳрири маъноии баъзе абёт, ки афозили аср истадъо намуда буданд». Дар ин боб Дониш баъзе байтҳои Бедилро–шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Боби бисту якум. «Ҳикояти бӯзинаи таббох».

Боби бисту дуюм. «Дар маънии ҳадиси «Сақф-ул-ҷаннати аршу-р-Раҳмони ва баёни ҳашру Нашр».

Боби бисту сеюм. «Дар ташхиси ахлоқи инсон». Аҳмади Дониш дар ин боб менависад, ки инсон дар хулқу атвор мисли тилло ва нуқра аст, зеро тилло ва нуқра то ин ки холис шаванд, аз чандин кӯраву бӯта мегузаранд. Инсон ҳам бояд аз чандин таҷрибаҳои рӯзгор гузарад, то ин ки хислатҳои разилаву бади худро рафъ созад. Ӯ бештар аз сокинони ҷомеаи онрӯзаи Бухоро намунаҳо меорад. Барои он ки инсони оқил ва инсони ҷоҳилро аз ҳам фарқ гузоред, бояд онҳоро санҷид.

2. Мероси адабии Мирзосодиқ

Олими фозил, муаррихи шинохта, муншии мумтоз ва ниҳоят шоири тавоно Содиқ аз худ девон ва маҷмӯаи дигаре боқӣ гузоштааст. Яъне девони ғазалиёт ва дигаре маҷмӯаи мусаммати мухаммас, қитъа ва маснавиҳои ӯ мебошад. Девони ғазалиёти Содиқ аз 345 ғазал, 14 мусаммат, 59 рубоӣ, 20 қитъа, 2 қасида, 34 муаммо ва 20 фард иборат мебошад.

Маҷмӯаи дигари асарҳои шоир, маснавиҳои «Дахмаи шоҳон», «Рафъи тумани Оҳугиру Хайробод», манзумаҳои «Қазову қодир», «Ба духтаре ошиқ шудани дарвеш» ва 33 қитъаи таърих мебошанд.

3. Тахлил панди Мирзосодики Мунши

Зор мурдему рухат сер надидем, дареғ,
Нуктае аз лаби лаълат нашунидем, дареғ.
Ҷон зи бемории ҳиҷрон ба лаб омад аз шавқ,
Шарбати васли ту ҳаргиз начашидем, дареғ.
Дар ғамат ғунчасифат сар ба гиребон бурдам,
Чун ғул аз ғусса гиребон надаридем, дареғ.
Монд дар пои дили хастаи мо хор фурӯ,
Гуле аз гулшани васли ту начидем, дареғ,
Бими онро, ки шавад сӯзи дили мо зоҳир,
Сӯхтем аз ғаму оҳе накашидем, дареғ.
Остони ту бувад мақсади арбоби вафо,
Мо ба он мақсади олӣ нарасидем, дареғ.
Ҷон надидем чу Содиқ ба ғами дарди ту ҳайф,
Сарф шуд нақди матое нахаридем, дареғ.

Саволномаи 5

1.Мавзӯъҳои асосии ғазалиёту мусамматҳои мухаммаси СоибиТабрезӣ –Соиб яке аз шоирони
тавонои ғазалсарост, ки дар таҳаввулоти–жанри мазкур саҳми арзанда дорад. Ӯ дар рушди мусаммати
мухаммас–низ хеле қавипанҷа мебошад. Мусамматҳои мухаммасҳои ӯ аз нигоҳи–мавзӯъ ва мӯҳтаво, инчунин
аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ асосан суннатӣ–бошад ҳам, дар ҳунари эҷод навоваронаанд. Чунончи,
мусаммати–мухаммаси аввали девони шоир, ки аз нигоҳи унсурҳои шаклӣ низ–тозакориҳо дошта, хеле
ҳунармандона эҷод шудааст ва аз чаҳор банд–иборат аст. бандӣ буда, дар маҷмӯъ 42 банд мебошанд ва 210
мисраъ ё ин ки 105–байтро ташкил медиҳанд. Ҳамаи мусамматҳои мухаммаси Соиб дар–мавзӯъҳои ишқӣ,
маю бода, баҳору зебоиҳои табиат ва ғайра эҷод–шудаанд. Аз тарафи дигар, хеле сабук бошад ҳам оҳангҳои
иҷтимоиро–низ фаро гирифтаанд. Вале оҳангҳои хеле қавии иҷтимоӣ, ки дар–ғазалиёти шоир дида мешаванд,
дар мусамматҳои мухаммаси ӯ дучор–намеоянд.–Чунончи, банди аввали мусаммати мухаммаси дуюми
девонро–барои намуна зикр менамоем:
Гаҳ ба ман теғи тағофул он парирӯ мезанад,
Гоҳам оташ бар ҷигар аз тундии хӯ мезанад,
Рӯ матоб, ай дил, агар теғ он ҷафоҷӯ мезанад,
Ҳар ки худро бар дами шамшери абрӯ мезанад,
Чун ҳилоли ид бар хуршед паҳлу мезанад.
Мусаммати мухаммаси мазкур дорои панҷ банд (басту панҷ–мисраъ) буда, ишқист ва маҳбуба аз ҳама ҷиҳат
(ҳам заҳиран ва ҳам–ботинам) бартарӣ дорад. Маҳбуба ҷафоҷӯ, бераҳм, бемеҳр, пурноз,–фохир, ношикебо,
бадзабон аст. Ошиқ баръакс: ҷафокаш, шикебо, содиқ,–ҳалим, ботавозӯъ, хоксор, хушмуомила, заҳматкаш
мебошад. Аз мӯҳтавои ғазали мазкур пайдост, ки мавзӯи марказии он ишқ буда,–дар он васфи маҳбуба,
ҷузъиёти зебоиҳои ҳусни ӯ, то андозае дур–афтодани ошиқ ва тадриҷан ба ҳиҷрон гирифтор шуданаш,
шикебоии–ошиқ, нози маҳбуба, дурӣ ҷустани ӯ аз ошиқ, вале ин ҳамаро аз гардиши–рӯзгор, аз ҳукми тақдир,
аз печидагиҳои зиндагӣ дидани ошиқ ба назар–мерасад.–Дар баробари ин ҳама, то ҳадде моҳияти андарзӣ
гирифтани образи–лирикии ошиқ ба мушоҳида мерасад, ки яке аз сифатҳои хеле нозуки–сабки сухани Соиб,
хосса услуби ғазалсароии ӯст.–Дар ашъори Соиб оҳангҳои тасаввуфию ирфонӣ низ хеле қавист, зеро–боре
сари ин масъала ӯро муосирин имтиҳон низ кардаанд.
2 Ҳавза ва марказҳои адабӣ–Дар асри XVIII ва оғози асри XIX дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна,–сарфи
назар аз нобасомониҳои давр, ҷунбиши тозаи адабӣ зуҳур кард.–Дар ин давра ҳаёти адабӣ асосан дар се
маркази сиёсӣ – маъмурӣ ва–фарҳангӣ-адабӣ: Бухоро, Хӯқанд ва Хева (Хоразм) ривоҷ ёфт. Инчунин,–ҳамин
ҷунбиши адабӣ на танҳо шаҳрҳои зикршуда, балки тамоми–қаламрави Осиёи Миёна, яъне шаҳрҳои
музофотиро ҳам фаро гирифт. Аз–ҷумла доираҳои адабӣ дар Самарқанд, Каттақӯрғон, Миёнкол,–Шаҳрисабз,
Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз,–Бадахшон ва дигар шаҳрҳо фаъол гаштанд.–Яке аз
доираҳои адабии бонуфузи ин давра маркази хонигарии Хева-–шаҳри Урганҷ мебошад. Тафовути ин доираи
адабӣ нисбат ба доираҳои–дигар он аст, ки адабиёти бадеӣ дар ин марказ ғолибан ба забони ӯзбекӣ–инкишоф
меёфт ва осори адабии ба забони тоҷикӣ эҷодшуда нисбатан–камтар ба назар мерасад. Дигар хусусияти ин
ҳавзаи адабӣ ин аст, ки–бисёр осори бадеӣ ва таърихӣ аз забони тоҷикӣ ба забонӣ ӯзбекӣ–тарҷума карда
шуданд аз ҷумла: «Тӯтинома»-и Зиёи Нахшабӣ, «Ҳафт–пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ,
«Баҳористон»,–«Юсуф ва Зулайхо», «Саломон ва Абсол»-и Абдарраҳмони Ҷомӣ,–«Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и
Зайнуддини Восифӣ, «Шоҳу Дарвеш»-и Ҳилолӣ ва–ғайра. Аз осори таърихӣ бошад, «Ҳабиб-ус-сияр»-и
Хондамир, «Равзат-–ус-сафо»-и Мирхонд ва аз насри халқӣ «Чор дарвеш» ба забони ӯзбекӣ–тарҷума шуданд.
Дар ин кор саҳми сарвари ин мактаби адабӣ – Мӯниси–Хоразмӣ басо бузург мебошад.–Аз тарафи дигар, ба ин
восита ин марди шариф дӯстии халқҳои тоҷику–ӯзбекро тақвият бахшида, иртиботи фарҳангӣ-адабии
халқҳои Осиёи–Миёнаро мустаҳкамтар намудааст.–Дигар доираи адабии шӯҳратманд дар он рӯзгор доираи
адабии–Хӯқанд ба шумор меравад, ки он дар аҳди Олимхони Хӯқандӣ (1799- 1809) ташаккул ёфта, дар
рӯзгори амир Умархон (1809-1822) эътибори–хоса пайдо кардааст.–Ба ин доираи адабӣ аз дигар гӯшаву
канорҳо қувваҳои адабӣ ҷамъ–омада буданд. Ин албатта, аз нуфузи он шаҳодат медиҳад. Абдулкарим–
Фазлии Намангонӣ дар тазкираи худ «Маҷмӯат-уш-шуаро» таъкид–мекунад, ки 75 тан қувваҳои адабӣ аз
дигар ҷойҳо ба ин ҳавзаи адабӣ–омадаанд. Зеро худи амир Умархон шоир буда, шеъру адабро–қадршиносӣ
мекардааст. Ҳатто аз Бухоро адибони чун Умеди–Самарқандӣ, Камоли Бухороӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ,
Шавқӣ, Ваҳшӣ,–Муштоқи Шаҳрисабзӣ, Маҳзуни Самарқандӣ ва дигарон ба ин доираи–адабӣ омада буданд.
Инчунин, баъзе адибоне ҳам буданд, ки онҳоро–маддоҳони амир Умархон гуфтан мумкин аст. Онҳо Вазир,
Адо, Нола,–Маъюс, Афсӯс, Дабир, Нусрат, Ҳотиф, Хиҷлат, Фазлӣ ва дигарон–буданд. Дар ин дира як гурӯҳи
дигари адибон-эҷод корони нисбатан–ҳақгӯю адолатҷӯе низ буданд, ки баъзе нуқсону камбудиҳоро рӯирост–
мегуфтанд. Ба ин тоифа адибон Гулханӣ, Махмур, Шӯхӣ, Нодир (Узлат),–Нозил ва дигарон дохил
мешаванд.–Дигар хусусияти хеле муҳими доираи адабии Хӯқанд ин аст, ки–адибони ҳавзаи адабии мазкур
шоирони зулисонайн (дузабонӣ) буда, бо–забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асар эҷод мекарданд.–Яке аз
хусусиятҳои ҷолиби доираи адабии Хӯқанд боз аз он иборат–аст, ки ин ҷо ҳаҷв нисбатан қувват пайдо карда
буд. Аз адибони ҳаҷвгӯи–ин доираи адабӣ метавон чандеро номбар кард. Аз ҷумла Маҳмуди–Махмур,
Нозили Хуҷандӣ, Гулханӣ ва монанди инҳо, ки дар ҳунари–ҳаҷвгӯӣ панҷаи нисбатан қавӣ доштанд.–
Чунончи, дар ҳаҷвиёти Авазмуҳаммад Нозили Хуҷандӣ, ки ба–забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод мекард,
камбудиҳо ва норасоиҳои–замону муҳит ошкоро баён карда шудаанд. Аз ҷумла, баъзе аз ҳаҷвияҳои–адибро
метавон зикр намуд: «Дар ҳаҷви Иброҳими қилтамоқ», «Дар–ҳаҷви Ҳакими нонвой», «Ҳаҷв дар ҳаққи
нархари ноҷинс» ва ғайра, ки–дар онҳо зоҳиру ботини ҳаҷвшавандаҳо, марому ҳадафи онҳо фош карда–
шудааст.–Хусусияти дигари доираи адабии Хӯқанд аз он иборат аст, ки дар он–бештар таттабӯот ё
ҷавобиягӯӣ ривоҷ гирифта будааст. Равнақи адабиёт дар ҳавзаи Бухоро нисбат ба доираҳои дигари адабӣ–
сусттар буд, зеро ҳукуматдорони Бухоро ба шеъру адаб чандон рағбат–надоштанд. Аз ин рӯ, доираи адабии
Бухоро пеш аз ҳама, бо он–характернок аст, ки адабиёт ғолибан дар шаҳрҳо ва навоҳии тобеи–Бухоро
нисбатан пеш рафтааст. Адибони қаламрави Бухоро бештар дар–шаҳрҳои Ҳисор, Самарқанд, Насаф,
Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Каттакӯрғон–ва Дарвозу Бадахшон гирд омада, маҳфилҳои адабиро ободу бонуфуз–
мекарданд. Ба хусус, дар замони ҳукумати Абдукаримбӣ ва Яъқуб–маҳфили адабии Ҳисор нисбатан фаъолтар
будааст. Аз шоирони ин–доираи адабӣ Тошхоҷаи Ирсӣ, Мирзо Олимҷони Ҳасрат, Мулло Раҷаби–Парӣ ва
дигарон бо Бухоро иртиботи қавӣ доштаанд.
3.Тахлили панди Соиб
Зиҳӣ рӯят баҳори зиндагонӣ,
Ба лаълат зинда номи бенишонӣ,
Бадомӯзи ҳавас ошиқ нагардад,
Намеояд зи гулчин боғбонӣ.
Ба ҳарфи ишқ саргармам, ки бошад
Ҳаёти шамъ аз оташзабонӣ.
Ду зулфат шоҳроҳи лашкари Чин,
Ду чашмат хобгоҳи нотавонӣ.
Макун чун Хизр бар худ роҳро дур,
Ки наздик аст роҳи ҷонфишонӣ.
Шароби кӯҳнаву ёри кӯҳанро
Ғанимат дон чу айёми ҷавонӣ.
Агар ошиқ намебудем, Соиб,
Чи мекардем бо ин зиндагонӣ?!
Саволномаи-6- 1. «Шаҳрошӯб»-и Сайидо ва сохтори он, тасвири ҳунармандон дар ин–асар.–«Шаҳрошӯб»-и
нахустин ба қалами шоири асри ХI тоҷикзабони ҳинд–Масъуди Саъди Салмон тааллуқ дорад. Маҳастии
Ганҷавӣ, Хусрави–Деҳлавӣ, Сайфии Бухорои, Огаҳӣ, Мирмуҳаммади Ҳошим, Мавлоно–Озарӣ ва бисёр
дигарон навъҳои гуногуни шаҳрошӯб навиштаанд.–Сайидо дар асри ХVII суннати эҷоди чунин асарро эҳё
кард, ки яке аз–хидматҳои дигари адиб дар таърихи адабиёт мебошад. «Шаҳрошӯб»-и–Сайидо дар навъи
муайяни адабӣ (ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ…)–навишта намудааст ва аз ин рӯ, асари шоир дар шакли худ
озод аст.–«Шаҳрошӯб»-и Сайидо аз омезиши шаклҳои гуногуни шеърӣ иборат–мебошад. Аз ин нигоҳ бунёди
«Шаҳрошӯб»-и Сайидоро байтҳои фард ташкил медиҳанд ва ҳар як байт як шеъри мустақил аст. Бинобар
ҳамин–ҳам асар вазни ягона низ надорад ва дар вазнҳои гуногун навишта–шудааст.–Миробид Сайидои
Насафӣ дар «Шаҳрошӯб» намояндаи касбу корҳои–гуногун мисли: заргар, бофанда, кӯлолӣ, танбӯрӣ, қаннод,
хиштпаз,–мӯзадӯз, чарчинфурӯш, тоқидӯз, деворзан, кабобпаз, ҳалвогар, дарзӣ ва–ғайраро хеле устодона
тасвир кардааст. Дар ин асари шоир ҳамагӣ 212–нафар намояндаи касбу ҳунар ба таври ҳазломезона васф
карда мешавад.–«Шаҳрошӯб» нишон медиҳад, ки Сайидо то кадомин поя бо мардуми–меҳнатӣ, бо табақаҳои
иҷтимоӣ-истеҳсолии ҷамъият наздик аст. Ба–мардум, ба нозукиҳои кору пешаи онҳо ба рӯзгору зиндагӣ ба–
муносибату рафтор ва гуфтору фаъолияти онҳо аз наздик ошно–мебошад.–Асар арзиши адабӣ-ҳунарӣ низ
дорад, зеро аз ҷониби шоири тавоно,–сухансанҷи соҳибистеъдод рӯи кор омадааст. Санъати суханофаринии–
адиб, ҳунари эҷоди санъаткор, сабки нигоришу шеваи таълифи Сайидо–дар ин асар то ба ҳадде хусусияти
халқӣ гирифтааст.
2Ҳунари Қоонӣ дар қасидасароӣ.–Сабаби ба қасида бештар рӯ овардани шоир он аст, ки шоҳони қоҷорӣ–
адабиётро асосан дар дарбор мутамарказ намуда будаанд. Аз ин рӯ,–шоир ба мақсади беҳбуди рӯзгори хеш
асосан ба эҷоди қасида камар–бастааст. Ҳукумати қоҷорӣ усули кишвардорӣ ва муносибат ба адабиёту–
адибонро мисли Ғазнавиёни давраи аввал ба роҳ монда буд. Аз ин ҷост,–ки Қоонӣ дар қасида ба Унсурӣ, дар
тарҷеъбанд ба Фаррухӣ ва дар–мусаммат ба Манучеҳрӣ пайравӣ намудааст.–Қоонӣ асосан қасидаҳои мадҳӣ
сурудааст. Ӯ дар тағаззули як қасидаи–мадҳии худ ба маҳбуба аз омадани фасли баҳор, аз эҳёи табиат ва–
зебоиҳои он, накҳати гулу лола, вазидани насими гуворо, атрогин–гардидани ҳаво ва резиши борони найсон
ва ғайра хабар медиҳад Тағаззули мазкур, албатта, комилан ба тағаззулоти Фаррухӣ–нарасида бошад ҳам,
дар тасвири ҷузъиёти фасли баҳор хеле–ҳунармандона мебошад. Хусусан, дар мазмунсозӣ табъи баланд
доштани–шоир ҳис шавад ҳам, дар кор гирифтан аз унсурҳои шаклӣ: вазн, қофия,–радиф, матлаъсозӣ ва
ғайра чандон ҳунармандона нест. Алоқамандона–ба тасвири баҳор, мавзӯъҳои дигари қасидаҳои Қоонӣ
васфи маю–бодагусорӣ, мусиқиву суруд, таваҷҷӯҳ ба маҳбуба ва умуман шодиву–нишот яке аз мавзӯъҳои
марказии қасидаҳои ӯ ва хусусан тағаззулоти–Қоонӣ аст. Ҳатто тағаззули як қасидаи шоир, ки ба васфи баҳор
ва–ҷузъиёти он бахшида шудааст, 38 байтро дар бар мегирад.–Дар қасидаҳои Қоонӣ мавзӯъҳои шикоятиву
эътирозӣ, танқиду ҳаҷвӣ–мисли шиква аз ноадолатиҳои рӯзгор, бадкории ҳасудон, бадгӯиҳои–ҳаннотону
нотавонбинон, танқиди муфтхӯрону айёшон, ҳокимону–соҳибмансабон, амалдорон, ҳамкасбони ҳасадхӯр,
қалтабонҳову–авомфиребон ва ғайра хеле хуб мушоҳида мешавад.–Қасидаҳои Қоонӣ, гуногунмавзӯъ буда,
дар онҳо панду андарз,–ситоиши шахсиятҳои динию мазҳабӣ, васфи инсони комил, тасвири–шаҳрҳову қасрҳо,
тарғиби адлу одилӣ ва адолатхоҳӣ, танқиди риёкорону–мутаассибон, манзаранигориву хушгузаронии умр ва
ғайра ба назар–мерасад. Масалан, баъзе қасидаҳояш арзиши таърихӣ доранд, ки дар–онҳо ҳодисаву воқеаҳои
таърихӣ, шахсиятҳои сиёсӣ ва фаъолияти онҳо,–лашкаркашиҳо, фатҳу ғалабаҳо, кишваркушоиҳо ва ғайра
баён шудаанд.–Яке аз ҳамин гуна қасидаҳои шоир 268 байтро дар бар гирифта,–калонтарин қасида дар
таърихи адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад.–Ё худ қасидаи «Дар манқабти Алӣ», ки аз 337 байт иборат
аст, аз қасидаи–қаблан зикршуда ҳаҷман калон буда, достонро ба ёд меорад
3.Тахлили панди Сайидо
Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сӯхтам чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,
Теғи ноҳақ хурда сайди бисмилам омад баёд.
Саволномаи-7-1«Зарбулмасал»: мавзӯъ ва мазмуну мӯҳтавои он.–Ҳаҷву истеҳзо ва танқид яке аз мавзӯъҳои
ҷовидонаи адабиёти–бадеист. Ин суннати адабӣ дар адабиёти охири асри XVIII ва оғози асри–XIX буд. Маҳз
чунин талаботи ҳаёт дар он рӯзгор «Зарбулмасал»-и–Гулханӣ барин асарҳои ҷавобгӯи даврро ба миён
овардааст.–«Зарбулмасал»-и «Гулханӣ асари насрат-тамсилӣ буда, ҳадафи–нависанда аз эҷоди асар бе восита
танқиди салтанати амир Умархон–набудааст. Ин асари мансури Гулханӣ ба забони ӯзбекӣ таълиф шудааст.–
Муаллиф асосан аз ҳикоёти «Калила ва Димна» хеле хуб истифода–бошад ҳам, бунёди хати сужаи асар бар як
ҳикоят «Махзан-ул-асрор»–гузошта шудааст. Дар ҳикояи Низомӣ саҷараи ду бумро мушоҳида–намудани
Анӯшервон тасвир карда мешавад. Яъне дар вайронае ду бум–ба ҳам саҷара мекарданд. Зеро буме ба назди
буми дигаре бо мақсади–хостгорӣ омадааст. Мехоҳед барои писари худ духтари буми дигарро–хостгорӣ
кунад. Ба ҳамин тариқ, дар ҳамин ҳолат аз назди ҳамон макони–вайрона Анӯшервон бо вазири донишманди
худ Бузургмеҳри Бахтакон–мегу зоштанд. Анӯшервон саҷараи бумҳоро мушоҳида намуда аз–вазираш
мепурсад, ки гӯш кун, то он ду парранда дар бораи чӣ сӯҳбат–доранд? Бузургмеҳр лаҳзае ба саҷараи бумҳо
гӯш дода, аз мақсади онҳо–бохабар гардида, ба Анӯшервони одил мегӯяд, ки онҳо фарзандони–худро хонадор
кардан мехоҳанд. Бум барои ширбаҳои духтараш панҷоҳ–ҳазор деҳи вайрона талаб карда истодааст. Буми
дигар ба шумо ишора–намуда гуфт, ки: -Агар ҳамаи шахс шоҳ бошад, сад ҳазор деҳаи хароб–хоҳам дод.–-
Анӯшервони ҷавоби бузургмеҳрро шунида хеле мутаассир мешавад,–ки ҳоло ҳам дар сиёсати пешгирифтаи
ман усули мамлакатдории ман,–нуксонҳо зиёд будаанд. Бояд аз паи ислоҳи нуқсонҳо шуд…–Гулханӣ дар
ҳамин заминга сӯҳбати ду кабутари қудошавандаро зикр–намуда, ба ин восита амир Умархонро одилу
адолатпарвар нишон–медиҳад.–Образҳои амалкунандаи асари Гулханӣ намояндагони табақаҳои–гуногуни
ҷамъият буда, нависанда нуқсонҳои онҳоро хеле соддаву оддӣ–фош месозад. Қаҳрамонҳои асар ҷонварҳои
гуногун ва бештар–паррандаҳо мебошанд. Образҳои тансилии асар: Бойӯғлӣ, Япалоққӯш,–Қӯрқуш,
Маликшоҳин, Худҳуд, Шӯрнӯл ва ғайра буда, ҳар кадом–хислату характер, рафтору кирдор, муносибату
гуфтори ба худ хос–доранд.–Дар маркази асар амалиёти қудогии Япалоққуш ва писари ӯ Қуланкир–султон ва
инчунин Бӯйӯғлӣ ва духтари зебои вай Гунашбону меистанд.–Муаллиф писарӯ падарро, ки аҳли меҳнатанд,
ҷонибдорӣ мекунад.–Маликшоҳин аз хизматҳои Қуланкир хуб розӣ аст. Вале Бойӯғлӣ марди–мағрур,
худписанд, ҳавобаланд ва инчунин мумсик аст. Аз ин ҷост, ки ӯ–япалоққушу писари ӯро писанд намекунад.
Ҳатто Япалоқ куҷову ман–куҷо? – мегӯяд.–Агар сухан дар бораи шахсиятҳои сиёсии давр, рӯҳониён,
амалдорони–муосираш равад, адиб ба образҳои тамсилӣ: паррандаҳо, ҷонварҳои дигарро ба кор мегирад.
Агар сухан дар бораи табақаҳои дигари иҷмоӣ:–савдогаро, муфтиҳо, баққолон, судхӯрдҳо равад, Гулханӣ
номи ҳақиқии–онҳоро ба кор мебарад. Чунончи Саид Азимҷони Сӯфӣ, Муҳаммад–Қосим – даллоли
рангфурӯш, Муҳаммад Аминхӯҷаи Муфтӣ ва дигарон,–ки ҳар кадом бо ному касбу пешаашон зикр шудаанд.
Усули корбурди–ҳикояҳо ва ҳикоясозӣ дар асари Гулханӣ ва «Калила ва Димна» монанд–аст. Масалан,
«Қӯрқуши хостгор дар ҳузури Бойӯғлӣ ҳикояти–Муҳаммадқосими даллоли рангфурӯшро нақл мекунад:–-
Қӯқуш гуфт: Омади суханони ту ба Муҳаммадқосими далоли–рангфурӯш монанд аст, ки як рӯз барои
деворзанӣ мардикор андохтааст.–Дар вақти намози аср, ҳангоми таҳорат ба мардикор нигоҳ карда–истода
тақияшро ба оби равон афтонда аст. Ӯ гирифта танавониста–тавонашро аз мардикор гирифтанӣ шудааст.
Баъд аз кор мардикор музд–талаб кардааст. Муҳаммадқосим тоқии ман се танга буд, тоқии ту базӯр–як танга
аст. Бо як тангаи музди корат ду танга мешавад. Ҳаққи як–тангаи ман дар гардани туст. Зеро ман ба ту нигоҳ
кардам ва тоқиям ба–об афтод. Акнун товони онро ту медиҳӣ. Боз як рӯзи дигар кор карда–деҳ. Дар ин ҳикоя
образи даллол – манфӣ аст, ки ба образи мусбат ––мардикор муқобилгузорӣ шудааст. Дар асар порчаҳои
шеърӣ ва–ҳикояҳои хурд-хурд манзхум низ зиёданд. Аз ҷумла ҳикоёти «Сангпушт»–ва Каҷдум» (насрӣ),
«Маймуни наҷҷор» (манзум) мебошанд. Умуман–Гулханӣ аз ҳикоёти классикони дигари таърихи адабиёт
истифода–кардааст:–Муҳим он аст, ки асари Гулханӣ барои соддабаёнӣ ва мактаби–вуқуъгӯии минбаъдаи
(девори шӯравӣ) адабиёти тоҷик заминаи хуб–фароҳам овард.
2. Мазмуни манзумаи «Тӯҳфаи дӯстон»–Маснавии «Тӯҳфаи дӯстон» дуюмин асари калони Шоҳин буда, дар–
пайравии «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ таълиф шудааст. Ин асар нотамом–аст. Шоҳин онро дар мавзӯи панду
андарз, мавъизату насиҳат ва умуман–тарбияи инсон хостааст эҷод намояд. Вале шоир мебинад, ки
тавассути–андарз сиёсатмадорони асрро бо роҳи рост ҳидоят кардан маҳол ва ҳатто–номумкин аст. Шояд аз
ҳамин сабаб шоир асарро ба поён намерасонад.–Маснавӣ бо хоҳиши устод ва роҳнамоиҳои пири маънавии
Шоҳин-–Зарири Ҷӯйборӣ дар чунин шакл тарҳрезӣ гардида будааст:–Боби аввал: Дар адл.–Боби дуюм: Дар
эҳсон.–Боби сеюм: Дар ишқ.–Боби чорум: Дар тавозӯъ.–Боби панҷум: Дар ризо.–Боби шашум: Дар қаноат.–
Боби ҳафтум: Дар тарбият.–Боби ҳаштум: Дар шукр–Боби нуҳум: Дар сабр–Боби даҳум: Дар хотима–Дареғо,
ки аз ин нақшаи мураттабсохта танҳо муқаддима ва фасли–аввали боби нахустини « Тӯҳфаи дӯстон»-ро
Шамсуддин Шоҳин–навиштаасту халос.–Дар асоси ҳамин бахшҳои сомондодаи Шоҳин метавон ба натиҷае–
омад, ки шоир авзои сиёсӣ, ҳолати рӯҳии зимомдорони аср, равиши–ҷамъияти онрӯза, муносибати дарбор бо
илму фарҳанг, шеъру адабиёт,–эҷодкорону қувваҳои зеҳнию фикрӣ, раъиятро хеле хуб таҳлил кардааст.–Ин
таҳлилу мушоҳидаҳо шоирро водор сохтааст, ки баъдан фикри дигар–кунад. Аз ин рӯ, шоир бо таълифи
муқаддимаву қисме аз нахустбоб–қаноат кардааст.–Ӯ зоҳиран амир Музаффар ва Абдулаҳадро васф ҳам
кардааст ва аз–тарзи муносибат бо тасвирҳои офаридааш, онҳоро сахт танқид низ–кардааст. Яъне
Музаффарро ба Ҷамшед ва Абдулаҳадро ба Заҳҳок–монанд мекунад:
Чу гетӣ зи Ҷамшед пардохт тахт,
Бар он тахт Заҳҳок андохт рахт.
Шукӯҳе дар ойини давлат намонд,
Ба Тӯронзамин зебу зиннат намонд.
Ба ҳамин тариқ, Шоҳин ин асари ахлоқии худро аз шикваю танқиди–замонааш оғоз менамояд:
Маро шиква поён надорад гузор,
Ки худ шиква баҳре бувад беканор.
Фиғон, к-ин ҳарифони кинозмой,
Ба меҳр андар оранд халқе зи пой.
Чу фарзанд аз онат ҳамепарваранд,
Ки чун гурба фарзанди худ мехуранд.
Ман идбор дидам, ту фирӯз бош,
Зи аҳволи ман ибратомӯз бош.–
Ё худ дар фасли «Дар гузориши айёми нофарҷом ва шикояти хосу–авом» меорад:
Ду-се рӯз ҷӯёи эҳсон шудам,
Сарояндаи мадҳи дунон шудам.
Бибурдам ба ороиши назм ранҷ
В-аз он кардам офоқро пур зи ганҷ.
Кафи хушки эшон, к-аз он нам нарехт
Ва гар рехт ҷуз хуни мардум нарехт.
Сагеро, ки ҷома даридӣ ба дев,
Фаришта аз ӯ даргирифтӣ ғирев.
Чунон барзадам сирати мардумӣ,
Ки гӯӣ назода чу ӯ одамӣ.–
Забони маснавӣ, шеваи таълиф ва услуби эҷоди Шоҳин дар «Тӯҳфаи–дӯстон» хеле дилнишин аст. Дар ин
ҳикоят, ки ҷавоне пиреро мегӯяд, ки–чаро ниҳол парвариш мекунӣ? Охир, ин шояд пас аз чандин сол самар
диҳад, вале ба ту чӣ фоида? –Пир мегӯяд, ки пешиниён шинонданд, мо–хӯрдем, мо ҳам мешинонем, то ки
ояндагон бихӯранд:
Яке аз салотини дерингаҳе,
Гузар карда бар нахлаи анбуҳе.
Ки биншонда пиреш аз нав ба хок,
Ба теғе ҳамекардаш аз ҳашв пок.
Бад-ӯ гуфт: ай марди деринасол,
Бад-ин умр кай бар хурӣ з-ин ниҳол.
Худ ин нахлро отдат ин аст кор,
Пас аз бист сол оварад баргу бор.
Чунин гуфт деҳқони донишвараш,
Ки гар ман нахурдам, хурад дигараш.
Чу худ хурдаӣ барги пешинагон,
Дарахте пасояндагонро нишон.
Ҳикояти мазкур моҳияти тарбиявӣ-ахлоқӣ дошта, дар он инсондӯстӣ–ва некӯкорӣ ба тасвир омадааст. Дар
симои ҷавон бошад, худхоҳӣ ва–кӯтоҳназарӣ баён шудааст
3.Тахлили панди Ш.Шохин
Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт,
Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.
Надидам ин ҳама ҳосил зи рӯзгори вуҷуд,
Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурӯ хуфтам.
Набаста сурати ҷамъияте ба худ Шоҳин,
Зи тундбоди аҷал чун ғубор ошуфтам.
Саволномаи-8- 1.«Баҳориёт»-и Сайидо-сохтор, мазмун ва мундариҷаи он.–«Баҳориёт» ва ё «Ҳайвонотнома»
асари тамсилии Миробид Сайидои–Насафӣ буда, дар рӯзгори Абдулазизхони аштархонӣ (1645-1680) соли–
1091ҳ. (1680м.) дар муддати ду-се рӯз таълиф шудааст ва дар ин бора–худи шоир чунин ишора дорад:
Ин нусха, Сайидо ба ду-се рӯз шуд тамом,
Дар рӯзгори ҳазрати Абдулазизхон.
Таърих аз ҳазору навад як гузашта буд,
Аз ҳиҷрати Расул-шаҳи охируззамон.
Асар ҳаҷман чандон калон набуда аз 184 байт иборат мебошад. Мантиқан агар андеша карда шавад,
«Баҳориёт» бо кибру ғурӯр оғоз–шуда бо низоъҳои паёпай ҷараён гирифта то ба интиҳо қариб давом–
мекунад. Муҳим он аст, ки бо сулҳ ва оштӣ тамом мешавад ва ҳатто–ҷонварон аз ҳамдигар узрпурсӣ
менамоянд, ки мақсади эҷодкор табиши–фалсафӣ мегирад. Яъне ҳама гуна ҷанг ба сулҳ хотима меёбад. Пас
ин–ҳамин маъниро низ дорад, ки ҷанг, кибру ғурур, ҳавобаландӣ, худхоҳӣ–умри тӯлонӣ надорад ва ҳатман
пушаймонӣ ба бор меорад.–Албатта, ба чунин натиҷаи фалсафӣ расидани Миробид Сайидои–Насафӣ бесабаб
нест. Шоир аз анъанаҳои адабии тоисломӣ ва–асримиёнагӣ иттилооти комил дошта дар эҷодиёти худ аз онҳо
кор–гирифтааст. Сайидо дар ҳамин замина низ тозакориҳо карда метавонад–ва ӯ чунин ҳам кардааст. Ӯ бо
эҷоди ин асари худ ду ҷанбаи суннати–адабии миллиро тақвият бахшидааст: яке осори тамсилиро таҳким–
бахшидаву дигаре адабиёти мунозиравиро эҳё кардааст. Намунаи–комили асари тамсилӣ-мунозиравӣ
«Дарахти Ассурик ва буз» аст, ки дар–адабиёти асримиёнагӣ таъсири фаровон гузоштааст. Махсусан дар
асри–ХI тавассути эҷодиёти Носири Хусрав ва бештар дар осори Асадии Тӯсӣ–мунозира ҷилои тозае касб
мекунанд. Намунаҳои комили мунозира панҷ–қасидаи Асадии Тӯсӣ: «Замину осмон», «Тиру камон», «Шабу
рӯз»,–«Габр ва мусулмон» «Арабу аҷам» ба ҳисоб меравад. Дар ин асарҳо–интихоби мавзӯъ ва
масъалагузорӣ, ҳалли масъала ва натиҷагирӣ аз он–тамоман нав, ниҳоят муҳим ва арзишманд мебошад.–
«Баҳориёт»-и Сайидо ҳамчун асари адабӣ, пеш аз ҳама дар нақши 18-–ҷонвар нишон додани муносибатҳои
табақавӣ дар ҷамъият аст. Дар рӯи–замин агар пурқувваттарин ҷонвар шер бошад, ҳақиру нотавон мӯрча ба–
шумор меравад.–Шоир ҳушдор медиҳад, ки хисоли ҳамида фурӯтанӣ, хоксорӣ,–шикастанафасӣ, ҳалимӣ,
дурандешӣ, сабурӣ, хайрхоҳӣ, некӯкорӣ,–дидароӣ, тавозӯъ барои солимии ҷомеъа ҳатмӣ ва ногузир мебошад.
Дар–муқобили хисоли ҳамида, ки номбар кардем, хислатҳои разила: кибр,–ғурур, худхоҳӣ, кӯтоҳназарӣ,
ҳавобаландӣ, сабӯкандешӣ, бузургманишӣ,–ҷоҳталабӣ, нодилӣ, пастфитратӣ, сифлагӣ, дунҳимматӣ, разилӣ,–
ғаразхоҳӣ, фитнаангезӣ гузошта мешавад. Шоир ду паҳлуи хисоли–инсониро (ҳамида ва разиларо) ҳатто дар
ниҳоди як ҷонвар ҷой медиҳад.–Аҷоиб он аст, ки зикри хислатҳои ҳамила ва дар ҳамин замина содир–
гардидани кибру ғурур ва ҳам тафохури бебунёд, аз забони худи ин ва ё–он ҷонвар таъкид карда мешавад.
Вале аз тарафҳои манфии ҳаёту–фаъолияти худ он ҷонвар забон намекушояд. Сифатҳои зишту носавоби–он
аз тарафи ҷонвари муқобили вай номбар гардида, сарзаниш карда–мешавад. Вале аз тарафҳои манфии ҳаёту
фаъолияти худ он ҷонвар забон–намекушояд. Сифатҳои зишту носавоби он аз тарафи ҷонвари муқобили–вай
номбар гардида, сарзаниш карда мешавад, ки хеле хуб ва табиист.–Ҷараёни хатти ҳаракати сюжет ва тезутунд
гардидани муносибатҳо, гӯё–ҷӯёи ҳақиқати воқеӣ аст. Ин аст ки шоир онро дар нақши табақаҳои басо–
беозору заҳматкаштарини рӯзгор мӯрча мебинад ва хеле хуб ҳам пайдо–мекунад, зеро ҷараёни бархурдҳо,
муқовимати низоъҳо, баҳамоии тазодҳо чунин роҳи ҳалли мушкилотро пеш меорад. Бузургии шоир,–эҷодкор
ва мафкурабардор ҳам дар ҳамин аст, ки роҳи баромадан аз–вазъияти баамаломадаро пайдо карда тавонад.
Ин мушкилотро Сайидо–дар созгории табақаҳои иҷтимоӣ дар меёбад. Ӯ таъкид менамояд, ки ҳар–як табақаи
иҷтимоӣ дар ҷомеъа ҷой, мақоле ва мавқеи худро дорад
2. Таҳлили ғазалиёти Бедили Деҳлавӣ–Аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво низ девони шоир хеле ҷолиб буда,–
асосан ишқ (ҳам ишқи ирфонӣ – тасаввуфӣ ва ҳам ишқи заминӣ – байни–инсонҳо), масъалаҳои фалсафӣ –
ҳакимона, ҳаётӣ – иҷтимоӣ, тарбиявӣ ––ахлоқӣ, васфи табиату манзаранигорӣ, тавсифи хисоли ҳамидаи
инсонӣ–ва мазаммати кирдорҳои разила, ҳимояи адолату ҳақиқат, танқиди–золимон, васфи хирад, илму
дониш, маърифату ақл, хоксориву фурӯтанӣ–ва ғайраро дар бар мегирад.–Чунон ки қаблан ёдовар шудем, дар
девони Бедили Деҳлавӣ пеш аз–ҳама, ғазал мавқеъ дорад. Ба қавли худи ӯ, ғазалсаро беҳтарину–тавонотарин
эҷодкор аст:
Бедил, гуҳари назм касерост, ки имрӯз,
Дар баҳри ғазал заврақи андеша давонад.
Албатта, мавзӯи марказии ғазал ишқ ва ҷозибаҳои қалбии инсон,–ҳиссиёту ҳаяҷонҳои рӯҳӣ, эҳсосоти
ниҳодию сиярӣ, ғалаёнҳои ботинӣ ва–ғайра мебошад. Аз ин рӯ, ишқи тасаввуфӣ – ирфонӣ дар ғазалиёти
Бедил–мақоми махсус дорад. Ин ишқи ҷӯё буда, асли хешро меҷӯяд ва аз ин рӯ,–он маънавиётсоз, тафакурсоз
ва давронсоз аст. Аз тарафи дигар, ин ишқ–инсони комилро ба воя мерасонад, зеро ногузиран ин инсон
марҳалаҳои–камолотро мепаймояд. Он вораҳидан аз олами нафсонӣ ва пайвастан ба–олами рӯҳонист. Яке аз
муҳимтарин хусусиятҳои назми Бедил ва аз ҷумла, ғазалиёти–шоири мутафаккир дар он аст, ки ӯ шеъри
андеша мегӯяд. Аз ин рӯ, дар–гузашта низ пас аз омӯзиши «Каломи шариф», «Чаҳор китоб», «Девон»-и–
Ҳофиз, баъд ба омӯхтани эҷодиёти Бедил шурӯъ менамуданд. Дигар аз нозукиҳои санъати ғазалсароии ин
мутафаккир он аст, ки–ҷузъиёти лирикии тасвир комилан махсус, воқеӣ, мушаххас, дастрас,–рӯзгориву табиӣ,
ҳаётианд. Ӯ аз чунин ашёву ҷузъиёти табиат–тасвирсозиву маъниофаринӣ мекунад, ки он танҳо хоси ҳунари
эҷодии–Бедил аст. Касе аз пайравонаш дар баробари шоир ҷой гирифта–натавонистаанд. Ё худ саъйи ҳавас –
орзу кардан, ин гулшан – дунёи–моддӣ, палӯ – ба маънии нерӯ, мусъидат дастгирӣ ва ғайра, зар – гарди–
дохили гул, ки барои нашъунамояш мусоъидат мекунад.–Яъне, шоир беҳбудии сатҳи зиндагиро марбут ба
дороӣ ё ғановати–моддӣ медонад, ки дуруст аст.
3.Тахлили панди Сайидо ва Бедил
Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сӯхтам чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,
Теғи ноҳақ хурда сайди бисмилам омад баёд
Саволномаи-9- 1. Мазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ–Дар Мағриб шоҳе бо номи
Таймус ҳукмронӣ мекард. Ин шоҳ фарзанд–надошт. Баъдҳо ӯ фарзанддор мешавад ва духтарашро Зулайхо
ном–мекунад. Зулайхо чунон зебо буд, ки дар ҳафт иқлим ҳаммонанд надошт.–Зулайхо ба балоғат расида,
шабе зеботарин ҷавонеро дар хоб мебинад ва–мафтуни ӯ мешавад. Танҳо бори сеюми хоббинӣ Зулайхо аз
ҷавон ному–нишон мепурсад:
Куҷо будӣ, ки ман девона будам,
Зи хешу ошно бегона будам.
Бигӯ шаҳрат куҷо, кӯят кадом аст?
Туро, ай бенишон, охир чӣ ном аст?
Дар ҷавоб ҷавон мегӯяд:
Азизи Мисраму дигар ту худ рас,
Бувад дар хона чун кас, ин сухан бас.
Ба ӯ аз ҳар тараф хостгорҳо омада бошанд ҳам, ба касе розӣ–намешавад.–Вазири шоҳи Миср – Азиз низ
тавсифи ҳусни Зулайхоро шунида, бо–ҳадяи зиёде хостгор равон менамояд. Таймус ба ин шахс розигӣ
медиҳад.–Зулайхо тӯй шуда ба Миср оварда мешавад. Зулайхо Азизи Мисрро–ҳамон ҷавони дар хоб дидааш
гумон карда хеле хурсанд буд. Вале–маълум мешавад, ки он ҷавони дар хоб дидааш нест. Азиз базми–
бошукӯҳе ороста ҳокими Миср-Малик Рӯён низ дар он иштирок–мекунад. Зулайхо дар қасри зеботарин
зиндагӣ кунад ҳам, хурсанд набуд.–Дар Канъон Яъқуб умр ба сар мебурд, ки дувоздаҳ фарзанд дошт. Юсуф–
фарзанди охирини ин мард буда, зеботарин мебошад. Ӯ на танҳо–зоҳиран, балки ботинан ҳам ниҳоят
хушодобу хушрафтор буд. Аз ин рӯ, Яъқуб ӯро бештар дӯст медошт. Ин боиси рашки бародарон гардид ва–
онҳо дар паи нест кардани Юсуф мешаванд. Онҳо як рӯзи баҳор падарро–розӣ кунонида Юсуфро бо худ
мебаранд. Онҳо панди падарро фаромӯш–намуда, Юсуфро бераҳмона мезананд, азоб медиҳанд. Ӯ аз
ташнагӣ–бемадор мешаваду меафтад. Яке аз бародарон ба Юсуф об медиҳад, вале–Шамъун хашмгин шуда, аз
ӯ обро кашида мегирад.–Вале Яҳудо бо ханҷар ба Шамъун ҳамла намуда, Юсуфро наҷот–медиҳад. Онҳо ба
сари чоҳе омада Юсуфро ба он чоҳ мепартоянд.–Онҳо бо нолаву зорӣ пеши падар меоянд ва пироҳани
хунолуди–Юсуфро ба падар нишон дода мегӯянд, ки Юсуфро гург хӯрдааст. Вақте–ки падар ба иғвои онҳо
чандон бовар намекунад, онҳо ба саҳро рафта–гургеро пайдо мекунанд ва даҳони онро хунолуд намуда ба
Яъқуб нишон–медиҳанд. Вале гург ба забони ҳол омада бегуноҳии худро хабар–медиҳад.–Корвони Молик аз
Мағриб ҷониби Миср раҳсипор буд. Онҳо барои–ҷустани об ҷӯёи чоҳ мешаванд. Башрӣ ном ғулом аз қаъри
чоҳ ба ҷои об–Юсуфро пайдо менамояд. Бародарони Юсуф аз ин кор хабар ёфта,–Юсуфро ба ивази ҳаҷдаҳ
дирҳам мефурӯшанд. Вақте корвон ба Миср–мерасад, ҳокими он ҷо Малик Рӯён, вазири ӯ Азиз ва завҷаи
вазир–Зулайхо низ огоҳ мегарданд. Зулайхо аз равзана Юсуфро дида ҷавони–дар хоб дидаашро мешиносад.
Азиз бо маслиҳати Зулайхо Юсуфро–ҳамчун ғулом харида ба хона меорад.–Зулайхо ба Юсуф на мисли хоҷа
бо ғулом, балки ҳамчун дӯстдоштаи–худ муносибат менамуд. Онҳо бо ҳамдигар саргузашти худро нақл–
мекарданд. Баъдтар Юсуф пешаи чӯпониро ихтиёр мекунад. Зулайхо–барои висол тадбирҳо меҷуст, вале
Юсуф аз рафтори ӯ ҳаросида аз Худо–имдод металабид. Бо хоҳиши Зулайхо қасри мӯҳташаме сохта
мешавад.–Зулайхо Юсуфро ба тамошои қаср мебарад. Дар ҳуҷраи ҳафтум Юсуфро–оғӯш карданӣ мешавад,
вале Юсуф дурӣ меҷӯяд. Зулайхо аз қафо домани–Юсуфро кашида медаронад. Пас ба назди Азиз омада
Юсуфро тӯҳмат–мекунад. Баъд аз ин бо дархости Зулайхо Юсуфро бо дахолати занони–Миср ба маҳкама
меафкананд. Зулайхо аз кардаи худ пушаймон–мешавад. Дар зиндон обдор ва суфрагустори шоҳ низ зиндонӣ
буданд.–Шабе обдор хоб мебинад, ки шоҳ аз ӯ оби ширин хостааст. Юсуф хоби–ӯро ба некӣ таъбир менамояд,
ки аз зиндон озод гардида соҳиби мансабе–хоҳӣ шуд. Он гоҳ дар бораи ман,- мегӯяд Юсуф, – ба шоҳ хабар
бидеҳ.–Иттифоқо, шабе Малик Рӯён низ хобе даҳшатборе мебинад, вале касе–онро таъбир карда
наметавонад. Обдор хабар медиҳад, ки Юсуф ном–шахси таъбиргаре дар зиндон ҳаст, ки бо амри Азиз
зиндонӣ шудааст.–Юсуфро аз зиндон озод намуда ба назди шоҳ меоранд. Ӯ хоби шоҳро–мудҳиш мегӯяд ва
тадбирҳоро ҳам қоил мешавад.–Рӯён Азизро аз вазирӣ холӣ намуда, Юсуфро вазир таъин менамояд.–Зулайхо
дар вайронае истиқомат карда, исломро мепазирад. Юсуф инро–фаҳмида ба назди Зулайхо меравад. Ӯ ҳоли
Зулайхоро дида раҳмаш–меояд ва Зулайхоро ба боргоҳи худ меорад. Зулайхо ғаму ғуссаро аз худ дур
намуда аз нав ҷавон мешавад ва ҳуснаш бо амри Худо, барқарор–мегардад:
Маро дубора бахшад зиндагонӣ,
Диҳам бозам зи сар ҳусни ҷавонӣ.
Намояд дидаам равшан зи рӯят,
Муаттар ҳам димоғи ҷон зи бӯят.
Зи лаъли ҷонфизоят ком ёбам,
Дар оғӯшат ҳамин ором ёбам.
Юсуф базм ороста бо Зулайхо хонадор мешавад. Онҳо якҷоя сӣ сол–умр ба сар мебаранд. Баъд аз он Юсуф
олами фониро падруд мегӯяд.–Зулайхо сари қабр омада онро оғӯш мекунад ӯ низ ҷон месупорад.–Достони
Ҳозиқ бо ҳамин хотима меёбад
2.Ғазалиёти Шоҳин
Кунад ба шеъри ту, Шоҳин, ақидаи комил,
Касе, ки мухлиси ашъори табъи мавзун аст.
Дар лирикаи Шамсуддин махдуми Шоҳин ғазал мавқеи марказӣ–дорад. Ӯ дар ин ҷода давомдиҳандаи
анъанаҳои назми беш аз ҳазорсолаи–тоҷик мебошад. Хидмати таърихии ӯ ҳамчун шоир аз он иборат аст, ки–
дар заминаи суннат навпардозиву тозакориҳо кард. Аз ин рӯ, дар–лирикаи Шоҳин ва хусусан дар ғазалиёти ӯ
ишқу ошиқӣ, нозу ҷафои–маҳбуба, васфи ҳусну ҷамоли маъшуқа, исёнҳои қалбиву садои дилҳои–лабрези
муҳаббат, ҳолати ошиқи ҳайрону истиғнои маҳбубаи бемеҳр,–пойдорию устувории ошиқу ношикебоию
аҳдшиканиҳои маҳбуба,–муҳаббати қалбию садоқати ошиқ ва носабуриву ҷафопешагии дилбар,–азоби
ҳиҷрону фироқ, нозбардориву пуртоқатии ошиқу кибру ғурур,–фахру таннозии маҳбуба аз мавзӯъҳои
аввалиндараҷаи ғазалиёти Шоҳин–аст. Ба ин маънӣ, «ман»-и қаҳрамони лирикӣ маънии васеътар мегирад.–
Ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ: қувват гирифтани зулм, пешгириии ноадолатиҳо,–ҳимояи бенавоёну бечорагон,
софдиливу раҳмхорӣ, дурандешиву–назарбаландӣ ва ғайра бештар ворид мешавад. Дар баробари мавзӯъҳои–
мазкур: васфи табиат ва махсусан манзаранигорӣ, ситоиши баҳорон ва–ҷузъиёти пурнафосати ин фасли зебои
сол: абрҳои нилгуну–мурғобипайкар, пахтамонанду кӯҳҷусса, резиши борони найсону–шилдир-шилдири
обҳои ҷӯйборон, вазидани насими субҳу накҳати–гулҳои муаттари баҳорӣ, чаҳ – чаҳи булбулону нағмаи
гунҷишкҳо,–дамидани сабзаҳои махмалину гулҳои гуногунранги дарахтон ва ғайра,–ки ин ҳама дар ғазалиёти
Шоҳин ҷанбаъҳои қавии иҷтимоӣ мегиранд,–ифодагари ҳадафҳои муайяну розҳои гуногунанд. Ин
мавзӯъҳоро–ҷузъиёти дигар: маю бодагусорӣ – ҳамчун рамзи хушгузаронии умр,–баҳрабардорӣ аз ҳаёт, дурӣ
аз ғаму кулфат ва ноҷуриҳои рӯзгорон ва–ғайра пурра мегардонад.–Дар баробари инҳо мавзӯъҳои боз ҳам
қавитари иҷтимоӣ: шикоят аз–зулму золимӣ, норизоӣ аз ноадолатиҳову ноодилии зимомдорон,–
нотавонбинию ҳасудхуриҳо, найрангбозиву мардумфиребӣ, кибру ғурур,–бӯҳтону дурӯғгӯӣ ва ғайра низ сахт
маҳкум карда мешавад, ки Шоҳин–дар ҷузъиёти ифодаву тасвири онҳо низ тозакориҳо дорад
3.Тахлили панди Хозик ва Шохин
Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт,
Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.
Надидам ин ҳама ҳосил зи рӯзгори вуҷуд,
Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурӯ хуфтам.
Набаста сурати ҷамъияте ба худ Шоҳин,
Зи тундбоди аҷал чун ғубор ошуфтам. (Хозик)
Саволномаи -10-
1.Тахлили газали «Таксими Мерос»-МушфикиЛексикаи ҳаҷвӣ- мутоибавии ашъори Мушфиқӣ хоси ҳамон
касбу–пеша, оддӣ, бозорӣ ва баъзан туркист. Аҳёнан аз одоб берун низ–мебошанд.–Барои намуна ғазали
ҳаҷвии «тақсими мерос»-ро зикр хоҳем кард,–ки хеле ҳаҷви малеҳ дорад. дар ин ғазал тавассути санъати
таҷову–муҳобила аз оғоз то анҷоми он нобаробарии зану мард ва ҳатто хоҳару–бародар бошанд ҳам,
нобаробарӣ сарфи назар карда намешавад, ба–тасвир гирифта мешавад. Аз сӯи дигар, ҳарисӣ нисбат ба молу
чиз,–сарвату неъмат нишон дода шудааст. Ҳатто шеъри мазкур моҳияти–шарҳиҳолӣ дорад:
Ҳамшира хакрҷи мотами бобо аз они ту,
Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту.
Анбори пур зи ғаллаи бобо аз он ман,
Он қоҳҳои монда ба саҳро аз они ту.
Ин ҷомахобу бистару болин аз они ман,
Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.
Танбӯри пур зи хотами бобо аз они ман,
В-он нағмаҳои тарнатороно аз они ту.
В-он ҷои хоби мондаи бобо аз они ман,
Тасбеҳи пора-пораи бобо аз он ту.
Дастор, ҷома, фӯтаи бобо аз они ман,
Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.
Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман
Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.
Ҳамёни пур зи тангаи бобо аз они ман,
Занги фулуси мондаи бобо аз они ту
Ҷумла гилему қолини бобо аз они ман,
В-он нақшҳои мондаи бурё аз они ту.
Аз рӯи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман,
Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.
Мардум гусел кардану шиштан аз они ман,
Такфини хоб кардани бобо аз они ту.
Рафтан ба сӯи қабру нишастан аз они ман,
Дастархони чалкаку ҳалво аз они ту.
Аз ин ғазал бармеояд, ки шоир урфу одати ҷории замонро, ки дар–онҳо ба занон чандон эътибор дода
намешавад, сахт ҳаҷв мекунад.–Зоҳиран он чизҳое, ки ба хоҳар аз мероси бобо пешниҳод карда–мешаванд,
ҳам аз нигоҳи миқдор, доираи фарогирӣ, ҳаҷм, саршумор,–андоза, арзишманди ҳиссаи ба хоҳар
пешниҳодшуда бештар аст. Вале–амалан ба хоҳар чизе мушаххас дар даст намемонад. Ва он чи ки моли–
меросист, ба бародар расидааст. Аз ин рӯ, шоир мантиқан ҳамшираро–ҳимоя мекунад
.2.Шеърхои хунармандон бахшида ба Сайидоро тахлил кунед. Сайидо махсусан ба табақаҳои ҳунарманди
ҷамъият таваҷҷӯҳи махсус–дорад. Зеро онҳоро дар ашъори лирикиаш (ғазалиёту қитъаҳо…), дар–
«Шаҳрошӯб» ва инчунин ашъори махсуси ба ин тоира бахшидааш васфу–тавсиф кардааст. Албатта, дар
таърихи адабиёт фасли тоза низ ҳаст, ки–дар шакли маснавӣ рӯи кор омадаанд. Дилбастагии шоир ба ин
тоифаи–мардум, шояд аз он ҷиҳат бошад, ки ӯ худ аз аҳли ҳунар аст. Сайидо дар–ашъори ба табақаҳои
ҳунармандон бахшидаи хеш намоядаи ҳашт навъи–ҳунарро васф кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо: баққол,
шустагар, нонво,–наққош, наҷҷор, шотир, таштгар ва қассоб мебошанд. Ин ҳашт шеъри ба–ҳунармандон
бахшидаи Сайидо дар маҷмӯъ дорои 290 байт аст ва онҳо–манзумаҳоеанд, ки аз ибтидо то интиҳо дар як
мавзӯъ эҷод шудаанд.–Муҳим он аст, ки дар ин манзумаҳо инсони соҳибҳунар ва меҳнаткашу–заҳматқарин
мавриди ситоишу васф қарор гирифтааст. Яъне шоир ба ин восита меҳнатро васф мекунад, аҳамияту моҳияти
ин–ё он пешаро хеле бо ҷузъиёт баён менамояд. Масалан, аз пешаи наҷҷор–мунтаҳо хоса-макони ошиқон
бунёд мешавад, ки бе он на танҳо инсон–балки ҳама махлуқи ҷондор эҳтиёҷ ба хона дорад. Пас касби мазкур–
сазовори васфу ситоиш ва барои мардум аввалиндараҷа мебошад.–Ё ин ки дар манзумаи дигар оид ба пешаи
баққолӣ сухан меравад ва он–«Дар таърихи Хоҷа мирзоҷони баққол» унвон дораду аз 53 байто иборат–буда,
бо чунин матлаъ шурӯъ мешавад:
Диламро бурда сарви ҷомазебе,
Биҳиштиталъате одамфиребе
Ба ҳамин тариқ, дар манзумаҳои дигари ба ҳунарварону–соҳибипешагон бахшидаи Миробид Сайидои
Насафӣ, аз ҷумла: «Дар–таърифи Хоҷа Мирзомуҳаммади Шӯстагар», «Дар таърифу тавсифи–нонво», «Дар
таърифи Хоҷа Шафеъи наққош», «Дар таърифу тавсифи–шотир», «Дар таърифи қассоб» ва ниҳоят «Дар
таърифи таштгар»–касбҳо, пешаҳо, ҳунарҳо, ҳирфатҳо ва соҳибони онҳо бо хислату рафтор,–гуфтору кирдор,
муомилаву муносибат ва асрори ҳунарии эшон ва–назокати кору фаъолияти онҳо ба тасвир гирифта шудааст.
Умуман ашъори ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо чанд ҷиҳати хоса–дорад, ки онро таъкид намудан аз
аҳамият холӣ нест:–-Сайидо ҳам дар ашъори лирикӣ, асари алоҳида ва шеърҳои ҷудогона–яъне бо се роҳ ба
ин мавзӯъ васфи аҳли ҳунар ва пешаи онҳо рӯ–овардааст.–-Шоир анъанаи адабӣ, суннати эҷодиро ба таври
васеътар эҳё намуда,–дар ҳамин замина баъзе тозакориҳо кардааст.–-Адиб ба ин восита эҷоди бадеъро ба
рӯзгори халқ, ба аҳли меҳнат боз–ҳам наздиктар намудааст.–-Таркиби луғавии забони адабии тоҷикро дар
асри ХVII аз ҳисоби–калимаву ибораҳои соҳавӣ нисбатан ғанӣ гардонидааст.
3.Тахлили панди Мушфики ва Сайидо
Баҳор шуд, кадаҳ он беҳ, ки ранги лола намояд,
Бунафша дар назар ояд сари ғизола намояд.
Зи доғи лола расад дар чаман ба хотири мастон,
Саводи наргиси соқӣ чу дар пиёла намояд -Мушфики
Саолномаи-11- 1. Эҷодиёти Шавкати Бухороӣ–Аз зикри мухтасари зиндагиномаи Шавкат бармеояд, ки ӯ аз
Бухоро–баромада дигар ба ватанаш наомадааст. Шоир тамоми умр дар ғарибӣ–зиста дур аз диёр олами
фониро тарк кардааст.–Бо вуҷуди азобҳои ғарибӣ, Шавкати Бухороӣ тавонистааст аз худ–мероси бое боқӣ
гузорад. Ӯ дар эҷоди бадеъ бо тахаллусҳои «Нозук» ва–«Шавкат» шеър гуфтааст. Шояд дар оғоз «Нозук»
тахаллус карда,–баъдтар «Шавкат»-ро тахаллуси хеш қарор дода бошад.–Мероси адабии Муҳаммадисҳоқ
Шавкати Бухороӣ, ки ба сифати–девони ашъор то ба имрӯз маҳфуз мондааст, аз газалиёт, қасоид,–рубоиҳо,
муфрадот, ашъори пароканда ва муқаттаот иборат мебошад.–Дар девони шоир ғазал пеш аз ҳама мавқеи
аввалиндараҷа дорад, ки то–744 ғазалро ба ӯ мансуб медонанд.
2. Достони «Комде ва Мадан»-и–Бедили Деҳлавӣ.–Достони «Комде ва Мадан» аввалин достони
асримиёнагист, ки–қаҳрамонҳои марказии он – ошиқ ва маъшуқа намояндаи аҳли ҳунар,–санъатанд. Ин
достон мустақил ё ҷудогона набуда, дар дохили маснавии–«Ирфон» ҷой дода шудааст. Аз сабаби он, ки соли
таълифи «Ирфон»–1712 эътироф шудааст, пас санаи эҷоди «Комде ва Мадан» низ бояд–ҳамон сол бошад.
Достони «Комде ва Мадан» аз 900 байт иборат буда,–10 бобро фаро мегирад. Достон дар шакли маснавӣ
буда, дар баҳри–Хафифи махбуни аслам (баъзан аслами мусаббағ, махбуни маҳзуф,–махбуни мақсур) таълиф
шудааст. Ғоя ва ҳадафи эҷодии Бедил. Дуруст аст, ки достони «Комде ва–Мадан» достони ишқист ва бо
оптимизми бисёр қавӣ саршор аст. Ишқи–дар ин асар рӯи тасвиромада дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат сахт
ҳимоя–карда мешавад. Ишқи ду дилдода пок, беолоиш, холӣ аз макру ҳилла,–сидқӣ, софдилона ва самимӣ
буда, ҳар ду дилдода ҳам муборизанд. Онҳо–тарсу ҳарос аз шоҳу амиру каси дигаре надоранд. Гузашта аз ин,
Комде–ва ошиқи ӯ – Мадан намояндаи як табақаи иҷтимоиянд. Онҳо–соҳибҳунаранд ва ҳунарашон онҳоро
машҳур кардааст. На Комде ва на–Мадан ҳариси молу чиз нестанд. Онҳо барои дороиву молу пул талош–
намеварзанд. Шоҳ ба Мадан шаддаи марворид инъом кард, вале Мадан–дар ҳузури шоҳ шаддаи марворидро
нисори қудуми Комде намуд.–Аз тарафи дигар, бунёди ғоявии асарро адл ва адолатхоҳиву–додгустарӣ
фароҳам меорад. Албатта, адлу дод дар муқобили зулму бедодӣ меистод. Шоир ба ин восита гуфтанист, ки
адлу дод ҳимоя аст.–Мутафаккир асоснок менамояд, ки набояд фирефтаи ноадолатиҳо ва–истеъдодҳо шуд.
Зеро зулм ва золимӣ бебақо буда, мағлубпазиранд ва–адлу додгустарӣ бошад, шикастнопазир ва
ҷовидонаанд. Бедил бо–нишон додани ду шоҳ ва усули муносибати онҳо, ҳаминро таъкид–карданӣ ҳаст, ки
шоҳони ҷонибдори зулм роҳи хаторо интихоб–кардаанд. Онҳо хатман шикаст мехуранд ва аз арсаи таърих
мераванд.–Онҳоро таърих низ бо нафрат ёд мекунад. Вале шоҳони одил–таърихсозанд ва мамлакати онҳо
дарозумру мардумонаш меҳнатқарин–мебошанд. Тавассути эҷоди бадеъ сурат гирифтани образи шоҳи одил–
яке аз вазифаҳои дараҷаи аввали адибони асримиёнагӣ низ ҳаст. Маҳз,–ана ҳамин падидаи адабӣ ғояи шоҳи
одилро тавлид карду адибон ба–тарғиби он камар бастанд
3.Тахлил панди Шавкати Бухоро ва Бедил
Баски белаълаш шаробам оташи ҳалкардааст,
Шӯълаи ҷаввола донам гардиши паймонаро,
Қомати хам нафси пиронро зи ҳастӣ монеъ аст,
Ҳалқаи дум гашта занҷир ин саги девонаро.
Хонаи танро қиёми бандагӣ дорад ба по,
Як қади одам бувад девор ин кошонаро.
Нарм кун дилро, фиреби неъмати алвон махӯр,
Орд кун дар осиёе нони пухт ин донароШ.Бухоро
Саволномаи -12- 1Хусусияти бадеи газалиёти Мушфикиро бо мисол ГуедДар бештари ашъори лирикии
Мушфиқӣ хусусан дар ғазалиёташ,–шоир оҳангҳои шиквоӣ, танқидӣ ва эътирозӣ хеле баланд садо додаанд.–
Зеро шоир аз тангии маишӣ, аз рӯзгори нобасомон, аз ҳаёти вазнин басо–бо сӯзу гудоз ва бо ҳасрат сухан
мегӯяд. Албатта, қаҳрамони лирикии ӯ–ҳангоми тасвир маҳдуд нест ва аз ин ҷиҳат, шояд шоир умуман
аҳволи–аҳли қаламро дар назар дошта бошад. Ба ҳар ҳол пеш аз ҳама шахсияти–шоир бояд фаҳмида шавад. Ӯ
ҷое тамоман ноилоҷ мондани худро таъкид–кардааст;
Дармони дил куҷост, ки баҳри даво равам,
Бечораам, илоҷ надорам куҷо равам?
Ё ин ки:–Рӯи муроде ҳаргиз надидам,
Аз номуродӣ умрам сар омад.
Ин аст, ки шоир барои тасалӣ ёфтан ва таскин додани дили худ, ба–сӯзи дилу ашки чашм (гиряи ҷигарсӯз) дар
ин дунёи бевафо созиш кардан–мехоҳад. Аз ин ҷост, ки танқиди рӯирости шоҳону амирон ва вазирону–
ҳокимон дар эҷодиёти ӯ хеле кам аст. Яъне ӯ созиш кардааст. Аз тарафи–дигар, шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад,
ки шоир бештар ба ҳазлу шӯхӣ ва ашъори мутоибавӣ рӯ меорад. Албатта, ин мазӯъ низ як навъ эътирози–
сахт, як шакли танқиди зимомдорони замона мебошад:
Ба ашку оташи дил сохтем аз олами фонӣ,
Хаёли сим кам дорему савдои заре камтар.
Дигар аз масъалаҳои бисёр ҷиддӣ дар лирикаи Мушфиқӣ тасвири–табиат, манзараҳои диёр, гулу гиёҳ, абру
борон, офтобу гармо, насиму–боди баҳорон, накҳати баҳориву махмалинпӯшшавии дашту даман,–
назаррабоии кӯҳу ҳомун, хаёлангезии водиҳои гулпӯш ва ғ. мебошад. Ин–ҳолат на танҳо дар ғазалиёту
рубоиёт, инчунин дар қасидаҳои ӯ хеле–ҷолиб ба тасвир омадааст. Яке аз мавзӯъҳои хеле марказӣ дар
эҷодиёти Мушфиқӣ ҳаҷву–мутоиба мебошад. Ӯ ба ин мавзӯъ ҳанӯз аз овони ҷавонӣ-солҳои таҳсил–дар
мадраса оғоз кардааст. Тақрибан солҳои 1557-58 шоир ашъори–ҳаҷвии худро мураттаб намудааст. Ин аст, ки
«Девони мутоибот»-и–шоир ашъори ҳаҷвӣ- мутоиботии ӯро фаро мегирад. Мушфиқӣ дар–бораи арзиши
ҳаҷву мутоиба мегӯяд:
Шамшери ҳаҷв олату афзони шоирист
Ин ҷинс бад мадону аз ин навъ бад мабар.
Бештар ҳаҷви ӯ доираи васеи ҳамкасбон, зиёиёни замони–Мушфиқиро дар бар мегирад. Инчунин ҳаҷву
мутоиботи Мушфиқӣ ба–табақаҳои ҳокими замон, амалдорон, соҳибмансабон, сармоядорон низ–равона
гардидааст:
Хоҷа гандум ваъда карду ним ҷав ҳосил нашуд
Дар садои ваъда доим ҳиммати дун асту доҳ
Ӯ разолат карда бошад, мо қаноат мекунем,
Бигзарад ин соли қаҳту монад он рӯи сиёҳ.
2. Образҳои асосии достони «Комде ва Мадан»-и Бедил–Дар достони «Комде ва Мадан» образҳои асосӣ ва
лаҳзагӣ, мусбат ва–манфӣ иштирок менамоянд. Образҳои марказии он: Комде, Мадан,–шоҳи кишвари Комде,
шоҳи мамлакати Шимол.–Ғоя ва ҳадафи эҷодии Бедил. Дуруст аст, ки достони «Комде ва–Мадан» достони
ишқист ва бо оптимизми бисёр қавӣ саршор аст. Ишқи–дар ин асар рӯи тасвиромада дар ҳама ҷо ва дар ҳама
ҳолат сахт ҳимоя–карда мешавад. Ишқи ду дилдода пок, беолоиш, холӣ аз макру ҳилла,–сидқӣ, софдилона ва
самимӣ буда, ҳар ду дилдода ҳам муборизанд. Онҳо–тарсу ҳарос аз шоҳу амиру каси дигаре надоранд.
Гузашта аз ин, Комде–ва ошиқи ӯ – Мадан намояндаи як табақаи иҷтимоиянд. Онҳо–соҳибҳунаранд ва
ҳунарашон онҳоро машҳур кардааст. На Комде ва на–Мадан ҳариси молу чиз нестанд. Онҳо барои дороиву
молу пул талош–намеварзанд. Шоҳ ба Мадан шаддаи марворид инъом кард, вале Мадан–дар ҳузури шоҳ
шаддаи марворидро нисори қудуми Комде намуд.–Аз тарафи дигар, бунёди ғоявии асарро адл ва
адолатхоҳиву–додгустарӣ фароҳам меорад. Албатта, адлу дод дар муқобили зулму бедодӣ меистод. Шоир ба
ин восита гуфтанист, ки адлу дод ҳимоя аст.–Мутафаккир асоснок менамояд, ки набояд фирефтаи
ноадолатиҳо ва–истеъдодҳо шуд. Зеро зулм ва золимӣ бебақо буда, мағлубпазиранд ва–адлу додгустарӣ
бошад, шикастнопазир ва ҷовидонаанд. Бедил бо–нишон додани ду шоҳ ва усули муносибати онҳо, ҳаминро
таъкид–карданӣ ҳаст, ки шоҳони ҷонибдори зулм роҳи хаторо интихоб–кардаанд. Онҳо хатман шикаст
мехуранд ва аз арсаи таърих мераванд.–Онҳоро таърих низ бо нафрат ёд мекунад. Вале шоҳони одил–
таърихсозанд ва мамлакати онҳо дарозумру мардумонаш меҳнатқарин–мебошанд. Тавассути эҷоди бадеъ
сурат гирифтани образи шоҳи одил–яке аз вазифаҳои дараҷаи аввали адибони асримиёнагӣ низ ҳаст. Маҳз,–
ана ҳамин падидаи адабӣ ғояи шоҳи одилро тавлид карду адибон ба–тарғиби он камар бастанд.
3.Тахлили панди Мушфики Ва Бедил
Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нағунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.
Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.
Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфон гаштааст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.
Чашм то вокардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст,
Аз насими субҳ доман бар камар дорад баҳор. (Бедил)
Саволномаи -13- 1Маснавии «Дахмаи шоҳон».-М.Мунши–Мирзосодиқ на танҳо дар навъҳои хурди лирикӣ
хушзавқ аст, балки–дар достонсароӣ ҳам адиби тавоно мебошад. Аз ӯ чор маснавӣ низ боқӣ–мондааст. Аз
ҷумла: «Рафъи тумани Оҳугиру Хайробод», «Ба духтаре–ошиқ шудани дарвеш», «Қазову қадар» ва «Дахмаи
шоҳон». Маснавии–«Дахмаи шоҳон», ки соли таълифи он аниқ қайд нашудааст, муҳаққиқон–таърихи онро
солҳои 1785, 1791 ва 1796 ишора кардаанд. «Дахмаи–шоҳон» аз нигоҳи сохтор ва мазмуну мундариҷаи худ
хеле ҷолиб аст.–Достон аз муқаддима ва қисмати асосӣ иборат мебошад. Муқаддимаи–асар аз се бахш
фароҳам омадааст. Дар бахши аввал мулоҳизаҳои–фалсафии адиб, муносибати ӯ ба мирону шоҳон, адлу дод,
ноодиливу–бедодӣ баён гардидааст.–Дар бахши дуюм оид ба авзои замон, муҳити зиндагӣ, бевафоии дунё,–
арзиши илму дониш, фазлу ҳунар баҳс карда мешавад. Бахши сеюми–муқаддимаи асар доир ба мушоҳидаву
сайру гашти шоир дар атрофи–шаҳри Бухоро ва ҳаводиси ба ӯ дучоромада баҳс мекунад. Муқаддимаи–
достон бо зерфасли «Тасвири девони маъбад» интиҳо меёбад.–Қисмати асосии достон, ки пас аз муқаддима
меояд, «Ибтидои шурӯъ–дар мақсуд» нахустзерфасли он мебошад. Мушоҳидаҳои шоир ба–тасвири «Дахмаи
Субҳонқулихон» оғоз гардида, сонӣ тасвири Дахмаи–Убайдуллоҳхон, «Дахмаи Абулфайзхон» ва «Дахмаи
Абдулмӯъминхон»–меояд ва бо ҳамин достон ба поён мерасад.–Дар қисмати асосии достон, ҳангоми сайри
шоир ногаҳ аз дахмае–садое баланд мешавад, ки:
Кушо сӯи мо чашми ибрат, нигар,
Ки будем шоҳони зарринкамар!
Ҳадаф зикри бебақоии дунё, пушаймонӣ аз амалҳои носавобу зишт–мебошад.–Баъд шоир садои басо ҷозибу
ҷолибе аз як дахмаи мармарин–мешунавад, ки он аз зиндагии бемаънӣ, кирдори носавоб, амалҳои–нохуби худ
ҳангоми ҳукуматдорӣ бо сӯзу гудоз ривоят мекунад. Ин–дахмаи ҳокими аштархонӣ – Субҳонқулихон
будааст.–Мирзосодиқ баъд аз шунидани садои ин амир боз пештар меравад ва–дахмаи Убайдуллоҳхон пеш
меояд. Ӯ садои ин амирро мешунавад, ки аз–таърихи салтанати золимонаи худ ҳикоя менамояд. Амири
мазкур аз–фаъолияти золимонаи хеш сахт пушаймон гардида, худро хеле сарзаниш–мекунад. Убайдуллоҳхон
аз кардаҳояш пурра норизост ва таъкид–мекунад, то ин ки одамон чунин ғалатҳоро содир накунанд. Яъне дар
достон сокини ҳар як дахма саргузашти худро бо тамоми–ҷузъиёт, бо забони худаш қоил мешавад. Агар
зишткору золим бошад,–пас аз кардааш сахт пушаймон аст. Агар заррае кори хуб карда бошад,–натиҷаи онро
ҳатман дидааст. Дареғо, ки ин амирон ҳанӯз солҳои–салтанатдорӣ инро фикр накрдааст. Онҳо салтанати
худро «безаволу–ҷовид» донистаанд. «Дахмаи шоҳон»-и Содиқ дар заминаи ривояте, ки–миёни мардум паҳн
шудааст, эҷод гардидааст. Он ривояти шоҳони–афсонавии Эрони қадим мебошад ва бо наср таълиф шуда, аз
пораҳои–шеърӣ барои тасдиқи фикр кор гирифта шудааст.–Яъне Искандари Мақдунӣ бо Афлотун ва
лашкараш ба қаламрави–Аҷам ворид шуда, Афлотун дахмаҳоро ба ӯ нишон медиҳад. Инҳо–дахмаҳои
Ҷамшед, Рустам, Фаридун, Исфандиёр, Наримон, Манучеҳр,–Барзӯ, Сӯҳроб ва дигарон аст.–Тавофути асари
Содиқ аз дахмаи ривоятӣ аз он иборат аст, ки:–1. Дар ривоят аз кирдори нек қисса карда мешавад ва дар
асари–Содиқ танҳо амалҳои зишти онҳо баён шудааст.–2. Асари халқӣ бо усули ривоят, нақл буда, асари
Содиқ бевосита аз–забони худи қаҳрамон аст.–3. Дар асари халқӣ пир донишманду соҳибтаҷриба буда, дар
асари–Содиқ мушоҳидаи адиб асоси тасвир қарор дода шудааст.–4. Мавзӯъ ва мазмуни асари Содиқ дар
адабиёти тоҷик нав буда, ба–адабиёт таъсири амиқ мегузарад. Адибон: Мирзо Абдулазими Сомӣ,–
Абдурраҳмони Тамкин, Аҷзии Самарқандӣ дар пайравии Мирзосодиқ–асар таълиф кардаанд.–Бояд гуфт, ки
тозакориҳо ва навовариҳои Мирзосодиқ дар таҳаввули–ғазал ва эҷоди маснавӣ хеле ва хеле назаррас
мебошад. Аз ин рӯ, ӯ дар–таърихи адабиёти охирҳои асри XVIII ва оғози асри XIX чун адиби–навовар мавқеъ
дорад.
2. Аҳмади Дониш ва маорифпарварони дигар.–Ҷараёни маорифпарварӣ яке аз дастовардҳои таърихии
адибони–тоҷик дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ба шумор меравад. Хидмати–таърихии Аҳмади Дониш
аз он иборат аст, ки ӯ тавассути эҷодиёти худ–ба зуҳуру ташаккули ҷараёни маорифпарварӣ бунёд гузошт.–
Аҳмади Дониш афкори маорифпарвариро ҳам ба воситаи эҷодиёти–худ, ҳам ба воситаи ҳамфикронаш
оммавӣ намудааст. Мутафаккир дар–асарҳои «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисолаи таърихӣ», фасли понздаҳуми–
«Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ва ғайра–ба ин масъала таваҷҷӯҳи бештар
кардааст.–Бузургтарин адиб, шоир, олим ва мутафаккир, устод С.Айнӣ оид ба–баҳрабардории худ аз Аҳмади
Дониш ва махсусан, аз китоби «Наводир-–ул-вақоеъ»-и ӯ менависад: «Ҷоҳои ба ман таъсирбахши «Наводир-
ул-–вақоеъ» он ҷоҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зиндагӣ дида будам–ва аз он аҳвол дилтанг мешудам,
аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ кардан ва ислоҳ–шудани он аҳвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки дунё
ҳамин тарз омадааст, ҳамин тарз ҳаст ва ҳамин тарз ҳам меравад, чӣ–бояд кард?»… Аммо, вақте ки ман он
аҳволро дар мундариҷоти–«Наводир-ул-вақоеъ» бо тасвири реалӣ-бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ–дида будам,
хондам, ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ–гуфтам ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки
ман аслоҳ карда–наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст… Инқилоби фикрӣ кам–ҳам бошад, дар ман
ана дар ҳамон вақт рӯй дод».–Албатта, дар ин қазовати устод С.Айнӣ мо ҷунбишҳои фикрӣ,–бедории
мафкуравии аҳли қаламро ба ҳаёт, ба рӯзгор мебинем. Яъне аз–чунин тарзи муҳокимаронӣ пай бурдан
мумкин аст, ки муносибати–рӯшанфикрон нисбат ба рӯзгору зиндагӣ, ба сохти давлатдорӣ дигар–шудааст.–
Чунин бедории фикрӣ дар замони зиндагии Аҳмади Дониш зуҳур–карда будааст. Минбаъд ҳам он доираи
васеътареро фаро гирифтаву–барои худшиносии мардум мусоидат кардааст. Аз ҷумла, дар интиҳои–садаи
XIX ва оғози асри ХХ як зумра аҳли қалами Осиёи Миёна:–Шамсуддин Шоҳин, Абдулқодирхоҷа Савдо,
Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ,–Тошхоҷа Асирӣ, Мирзо Сироҷ, Фитрату Муқимӣ ва дигарон дар осори–адабии
худ барои бедории фикрии омма хидматҳои бедареғ кардаанд.–Ба хусус, тасвирҳои реалистии Аҳмаи Дониш
ба таҷрибаи эҷодии–устод С.Айнӣ таъсири бузург расонидааст. Ҳатто тасвирҳои реалистии–Аҳмад Маҳдуми
Дониш ҷавони болаёқат – устод С.Айниро ба ваҷду–ҳаяҷон овардааст. Ин аст, ки С.Айнӣ таассуроти худро
пас аз хондани–ҳикояти «Баққол»-и Дониш дар асари худ «Ёддоштҳо» чунин баён–кардааст:–«-Ин тасвири
Аҳмад Махдум ба ман ончунон таъсир кард, ки–баққоли мазкур аз назарам ҳеҷ дур намерафт. Баққолеро, ки
дар раставу–бозор дар ду тарафи кӯча, дар дӯконҳояшон нишаста молҳояшонро–мефурӯхтанд, дуру дароз
пешашон истода тамошо кардан барои ман–мумкин набуд…–Охир дар рӯ ба рӯи гӯшаи ҷанубу ғарбии саҳни
мадрасаи Кӯкалтош–баққолеро ёфтам, ки аз ҷиҳати қиёфаи зоҳирӣ ҳам ба баққоли Аҳмади–Дониш монандӣ
дошт… Ман ҳар рӯз соатҳо дар гӯшаи саҳн нишаста,–кору кирдори он баққолро дар зери назари диққат
мегирифтам ва ҳама–кори ӯро мувофиқи кирдори баққоли Аҳмад Маҳдум меёфтам ва дар ин–ҳол ба назари
зиндагибинӣ ва ҳақиқатнигории муаллифи «Наводир-ул-–вақоеъ» таҳсин бар таҳсинам муафзуд».–Аз ин рӯ,
осори илмӣ, таърихӣ, адабӣ-бадеии насрӣ ва манзуми–Аҳмади Дониш на танҳо барои илму адабиёт
арзишманд аст, балки–барои халқу давлат ва умуман ҷамъият аҳамияти бунёдӣ дорад. Зеро–осори ӯ бедории
фикрӣ, ҷунбишҳои маънавиётсоз ва инқилоби–мафкуравии миллиро таъмин намуд. Барои худшиносӣ ва
ҳуввияти–миллӣ заминаҳои асосӣ бунёд кард.
3.Тахлили шеъри Мунши
Зор мурдему рухат сер надидем, дареғ,
Нуктае аз лаби лаълат нашунидем, дареғ.
Ҷон зи бемории ҳиҷрон ба лаб омад аз шавқ,
Шарбати васли ту ҳаргиз начашидем, дареғ.
Дар ғамат ғунчасифат сар ба гиребон бурдам,
Чун ғул аз ғусса гиребон надаридем, дареғ.
Монд дар пои дили хастаи мо хор фурӯ,
Гуле аз гулшани васли ту начидем, дареғ,
Бими онро, ки шавад сӯзи дили мо зоҳир,
Сӯхтем аз ғаму оҳе накашидем, дареғ.
Остони ту бувад мақсади арбоби вафо,
Мо ба он мақсади олӣ нарасидем, дареғ.
Ҷон надидем чу Содиқ ба ғами дарди ту ҳайф,
Сарф шуд нақди матое нахаридем, дареғ.
Саволномаи-14- 1Вазъияти адабиёт дар асри Х1Х Нимаи дуюми асри XIX дар ҳаёти халқҳои Осиёи Миёеа
давраи–нави сиёсӣ мебошад. Зеро Россия аз ибтидои асри XVII бо Осиёи Миёна–робитаҳои тиҷоратӣ дошт.
Аврупои Ғарбӣ низ ба Шарқ таваҷҷӯҳ–мекард. Хусусан, Англия мехост нуфузи худро дар Осиёи Миёна
бештар–намояд.–Дар нимаи дуюми асри XIX як қатор тағйироти сиёсӣ дар–қаламрави Осиёи Миёна ба вуқӯъ
пайваст. Ин иртиботи тарафайн боиси–зуҳури баъзе мушкилот ва омилҳои монеъшавии мамолики дигари
ғарбӣ–низ мегардид. Авзои сиёсии дохилии Осиёи Миёна низ хеле мураккабу–печ дар печ буд. Хони Хӯқанд –
Олимхон бо мақсади ба давлати хонии–худ тобеъ кардани Ӯротеппа понздаҳ мартиба ба он ҷо лашкар
кашид,–амири Бухоро – Насруллоҳхон дар тӯли бист сол барои тасарруфи–ноҳияи Шаҳрисабз сиву ду дафъа
лашкар кашидааст. Дар ин ҷангҳо–қаламрави Мурғоб, ноҳияҳои Ӯротеппа, Хуҷанд, Фарғона ва дигар–шаҳру
навоҳии Осиёи Миёна хеле харобу заъиф гардида буд.–Ҳангоми лашкаркашии давлатҳои парокандаи саркаш
ҳазорон–ҳазор одамон нобуд мегардиданд.–Ҳокимони хонигариҳои Бухоро ва Хӯқанд қисми коршоями–
мардуми вилоятҳои забткардаашонро барои амалӣ намудани ноҳияҳову–нақшаҳои худ истифода мебурданд.
Масалан, амир Шоҳмурод аз–музофотҳои гуногуни Ургут, Зомин, Ҷиззах, Ӯротеппа, Панҷакент ва–ғайра
шахсони дастандаркорро муҳоҷир намуда, харобазорҳои–Самарқандро обод менамуд. Аз тарафи дигар,
қаламрави Осиёи Миёна–таваҷҷӯҳи Англияро ҳам ҷалб карда буд. Аз ин нуқтаи назар, зиёд–гардидани
нуфузи Россия барои халқҳои Осиёи Миёна беаҳамият набуд.–Аморати Бухоро, хонигариҳои Хева ва Хӯқанд
мунтазам байни ҳам дар–муносибати душманона буданд. Ин аст, ки Англия барои суст намудани–нуфузи
Россия дар Осиёи Миёна чораандешиҳо мекард. Ҳолати–пешомада Россияро ҳамаҷониба ҳушёр менамуд.
Зеро бо роҳҳои–дипломатӣ ва ё иқтисодӣ ҳал намудани қазияи мазкур аз имкон берун–мегардид. Россия роҳи
беҳбудии ин пешомадҳоро дар чораҷӯиҳои ҳарбӣ–медид. Соли 1864 миёни Хӯқанду Бухоро ҷанг буд. Россия
соли 1865–Тошкандро ишғол кард. Маҳз ба ҳамин хотир, байни солҳои 1865-1868–нуфузи ҳарбии Россия дар
ин сарзамин бештар гардида буд. Солҳои–1865-68 Хӯқанд, Ҷиззах, Самарқанд, Фарғона ба Россия тобеъ
карда–шуданд. Амалан Хева ва Бухоро, ки истиқлоли сиёсӣ доштанд, ба Россия–тобеъ карда шуда буданд. Ба
ҳамин тариқ, солҳои 60-уми асри XIX–Осиёи Миёна аз нигоҳи сиёсӣ ва ҷуғрофӣ ба империяи Россия ҳамроҳ–
карда шуда буд. Дар Тошканд генерал – губернатори Туркистон ташкил–ёфт. Натиҷаи ин рӯйдодҳои сиёсӣ
ангезаҳои зеринро пеш овард:
1.Низоъҳои сиёсии дохилии хонигариҳои Осиёи Миёна аз байн–рафт.
2.Россия низ мавқеъи худро дар Шарқ аз нигоҳи стратегӣ таҳким–бахшид.
3. Россия нисбат ба Осиёи Миёна аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ–пешрафта буд. Аз ин рӯ, дар қисмати
шимоли Осиёи Миёна ҳолати–гузаштан аз зироат ба саноат андаке бошад ҳам, ҷараён мегирифт.
4. Низоми фаъолияти бозорҳо, бонкҳо, ривоҷи тиҷорат, хоҷагии–қишлоқ, роҳҳо ва ғ. андаке ҳам бошад
назаррас гардид.
2. Асарҳои (манзуми)насрии Бедил Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, файласуф, мутафаккир ва инчунин–
нависандаи забардаст низ ҳаст. Асарҳои насрии Бедил мақому пояи ӯро–дар рушду таҳаввулоти насри адабии
аҳди таназзули феодализм нишон–медиҳад. Осори насрии Мирзо Абдулқодири Бедил низ дар мавзӯъҳои–
мухталиф эҷод гардидаанд ва онҳо низ дар дохили «Куллиёт»-и ӯ–омадаанд:
1.«Дебоча». Бедил бо чунин унвон бар муқаддимаи девони ашъори худ–ба наср навиштааст. Муҳим он аст, ки
дар ин асар аз пораҳои шеърӣ низ–хеле устодонаву огоҳона истифода кардааст. Адиби мутафаккир пас аз–
ҳамду наът, моҳияти каломи бадеъ, равобити шаклу мазмуни бадеӣ,–машаққат ва назокати ҷараёни эҷоди
бадеъ ва умуман кори эҷодӣ,–хусусиятҳои эҷодиёти хеш, хусусан осори манзум ва коргирӣ аз–мавзӯъҳои
мадҳӣ, ҳаҷвӣ ва ғайра баҳсҳои судманд ба миён меорад.
2. «Нукот». Ин асари Бедил насрӣ буда, дар он аз зикри пораҳои–гуногуни шеърӣ хеле фаровон кор гирифта
шудааст. Дар ин асар Бедил–ақоиди фалсафӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ, иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ,–ҷомеашиносии
худро баён намудааст. Ӯ барои таҳким бахшидан ба–андешаҳову ақидаҳои гуногуни худ дар ин асар аз
пораҳои шеърӣ хеле–устодона кор гирифтааст.
3. «Руқаот». Руқаот ё номанигорӣ яке аз жанрҳои машҳури адабиёти–асримиёнагии форс-тоҷик аст, ки дар ду
шакл – назму наср дучор–мешавад. Санъати номанигорӣ махсусан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ–ниҳоят
устодона ва дар ғояти фасоҳату малоҳат ба мушоҳида мерасад.–Аз асри XI сар карда намунаҳои мансуру
мустақили он зуҳур мекунад.–Шояд асосгузори он Ҳаким Саноии Ғазнавӣ бошад. Маълум аст, ки дар–ин
жанри адабӣ хусусиятҳои насри адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, ёддоштӣ–дар шакли омехта низ меояд.–«Руқаот»-и
Бедил асари насрӣ буда, дар он пораҳои шеърӣ низ–истифода шудааст. Яъне маҷмӯи номаҳоест, ки Бедили
Деҳлавӣ онҳоро–дар вақтҳои гуногун, бо шахсони алоҳида навиштааст. Касоне, ки Бедил–ба онҳо нома
навиштааст, онҳо дӯстону муқаррабон, ҳамфикрону–ҳамақидаҳояш, умуман шахсиятҳои боэҳтироми даврони
эҷодкоранд.–Мактубҳо бештар ҷавобӣ буда, ҷавоби номаи нафаре аз хамфикрону–наздикони Бедил аст.
Мактубҳо аз ин рӯ, арзиши адабӣ-шарҳиҳолӣ–дошта, равобити адабӣ – эҷодӣ, муносибати шахсиятҳо,
симоҳои илмӣ,–адабӣ, фарҳангии замони мутафаккирро баён менамояд. Дар номаҳо–бисёр лаҳзаҳои рӯзгори
Бедил, муносибату гуфтор, рафтору равобити ӯ–бо муосирон инъикос ёфтааст.
4. «Чор унсур». Асари калонтарини насрии Бедили Деҳлавӣ буда, соли–1705 ба табъ расидааст. Ин асар насрӣ
бошад ҳам, бо пораҳои шеърӣ–ақоиду андешаҳои муаллиф таҳкиму тақвият дода мешавад. «Чор унсур»–
дорои чор боб буда, асосан масъалаҳои фалсафӣ, чаҳор унсури–офариниш: об, хок, бод, оташ, доир ба рӯҳи
мутлақ, рӯҳи табиию–наботӣ, ҳаёвонию инсонӣ баҳс ба миён овардааст. Дар асар фалсафаи–офариниш, ҳаёту
мамот, камолёбию заволпазирӣ, фано ва бақо хеле ба–тафсил баён карда шудааст
.3.Тахлили панди Бедил.
Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нағунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.
Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.
Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфон гаштааст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.(Бедилл)
Саволномаи -15- 1. Мазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ–Дар Мағриб шоҳе бо номи
Таймус ҳукмронӣ мекард. Ин шоҳ фарзанд–надошт. Баъдҳо ӯ фарзанддор мешавад ва духтарашро Зулайхо
ном–мекунад. Зулайхо чунон зебо буд, ки дар ҳафт иқлим ҳаммонанд надошт.–Зулайхо ба балоғат расида,
шабе зеботарин ҷавонеро дар хоб мебинад ва–мафтуни ӯ мешавад. Танҳо бори сеюми хоббинӣ Зулайхо аз
ҷавон ному–нишон мепурсад:
Куҷо будӣ, ки ман девона будам,
Зи хешу ошно бегона будам.
Бигӯ шаҳрат куҷо, кӯят кадом аст?
Туро, ай бенишон, охир чӣ ном аст?
Дар ҷавоб ҷавон мегӯяд:
Азизи Мисраму дигар ту худ рас,
Бувад дар хона чун кас, ин сухан бас.
Ба ӯ аз ҳар тараф хостгорҳо омада бошанд ҳам, ба касе розӣ–намешавад.–Вазири шоҳи Миср – Азиз низ
тавсифи ҳусни Зулайхоро шунида, бо–ҳадяи зиёде хостгор равон менамояд. Таймус ба ин шахс розигӣ
медиҳад.–Зулайхо тӯй шуда ба Миср оварда мешавад. Зулайхо Азизи Мисрро–ҳамон ҷавони дар хоб дидааш
гумон карда хеле хурсанд буд. Вале–маълум мешавад, ки он ҷавони дар хоб дидааш нест. Азиз базми–
бошукӯҳе ороста ҳокими Миср-Малик Рӯён низ дар он иштирок–мекунад. Зулайхо дар қасри зеботарин
зиндагӣ кунад ҳам, хурсанд набуд.–Дар Канъон Яъқуб умр ба сар мебурд, ки дувоздаҳ фарзанд дошт. Юсуф–
фарзанди охирини ин мард буда, зеботарин мебошад. Ӯ на танҳо–зоҳиран, балки ботинан ҳам ниҳоят
хушодобу хушрафтор буд. Аз ин рӯ, Яъқуб ӯро бештар дӯст медошт. Ин боиси рашки бародарон гардид ва–
онҳо дар паи нест кардани Юсуф мешаванд. Онҳо як рӯзи баҳор падарро–розӣ кунонида Юсуфро бо худ
мебаранд. Онҳо панди падарро фаромӯш–намуда, Юсуфро бераҳмона мезананд, азоб медиҳанд. Ӯ аз
ташнагӣ–бемадор мешаваду меафтад. Яке аз бародарон ба Юсуф об медиҳад, вале–Шамъун хашмгин шуда, аз
ӯ обро кашида мегирад.–Вале Яҳудо бо ханҷар ба Шамъун ҳамла намуда, Юсуфро наҷот–медиҳад. Онҳо ба
сари чоҳе омада Юсуфро ба он чоҳ мепартоянд.–Онҳо бо нолаву зорӣ пеши падар меоянд ва пироҳани
хунолуди–Юсуфро ба падар нишон дода мегӯянд, ки Юсуфро гург хӯрдааст. Вақте–ки падар ба иғвои онҳо
чандон бовар намекунад, онҳо ба саҳро рафта–гургеро пайдо мекунанд ва даҳони онро хунолуд намуда ба
Яъқуб нишон–медиҳанд. Вале гург ба забони ҳол омада бегуноҳии худро хабар–медиҳад.–Корвони Молик аз
Мағриб ҷониби Миср раҳсипор буд. Онҳо барои–ҷустани об ҷӯёи чоҳ мешаванд. Башрӣ ном ғулом аз қаъри
чоҳ ба ҷои об–Юсуфро пайдо менамояд. Бародарони Юсуф аз ин кор хабар ёфта,–Юсуфро ба ивази ҳаҷдаҳ
дирҳам мефурӯшанд. Вақте корвон ба Миср–мерасад, ҳокими он ҷо Малик Рӯён, вазири ӯ Азиз ва завҷаи
вазир–Зулайхо низ огоҳ мегарданд. Зулайхо аз равзана Юсуфро дида ҷавони–дар хоб дидаашро мешиносад.
Азиз бо маслиҳати Зулайхо Юсуфро–ҳамчун ғулом харида ба хона меорад.–Зулайхо ба Юсуф на мисли хоҷа
бо ғулом, балки ҳамчун дӯстдоштаи–худ муносибат менамуд. Онҳо бо ҳамдигар саргузашти худро нақл–
мекарданд. Баъдтар Юсуф пешаи чӯпониро ихтиёр мекунад. Зулайхо–барои висол тадбирҳо меҷуст, вале
Юсуф аз рафтори ӯ ҳаросида аз Худо–имдод металабид. Бо хоҳиши Зулайхо қасри мӯҳташаме сохта
мешавад.–Зулайхо Юсуфро ба тамошои қаср мебарад. Дар ҳуҷраи ҳафтум Юсуфро–оғӯш карданӣ мешавад,
вале Юсуф дурӣ меҷӯяд. Зулайхо аз қафо домани–Юсуфро кашида медаронад. Пас ба назди Азиз омада
Юсуфро тӯҳмат–мекунад. Баъд аз ин бо дархости Зулайхо Юсуфро бо дахолати занони–Миср ба маҳкама
меафкананд. Зулайхо аз кардаи худ пушаймон–мешавад. Дар зиндон обдор ва суфрагустори шоҳ низ зиндонӣ
буданд.–Шабе обдор хоб мебинад, ки шоҳ аз ӯ оби ширин хостааст. Юсуф хоби–ӯро ба некӣ таъбир менамояд,
ки аз зиндон озод гардида соҳиби мансабе–хоҳӣ шуд. Он гоҳ дар бораи ман,- мегӯяд Юсуф, – ба шоҳ хабар
бидеҳ.–Иттифоқо, шабе Малик Рӯён низ хобе даҳшатборе мебинад, вале касе–онро таъбир карда
наметавонад. Обдор хабар медиҳад, ки Юсуф ном–шахси таъбиргаре дар зиндон ҳаст, ки бо амри Азиз
зиндонӣ шудааст.–Юсуфро аз зиндон озод намуда ба назди шоҳ меоранд. Ӯ хоби шоҳро–мудҳиш мегӯяд ва
тадбирҳоро ҳам қоил мешавад.–Рӯён Азизро аз вазирӣ холӣ намуда, Юсуфро вазир таъин менамояд.–Зулайхо
дар вайронае истиқомат карда, исломро мепазирад. Юсуф инро–фаҳмида ба назди Зулайхо меравад. Ӯ ҳоли
Зулайхоро дида раҳмаш–меояд ва Зулайхоро ба боргоҳи худ меорад. Зулайхо ғаму ғуссаро аз худ дур
намуда аз нав ҷавон мешавад ва ҳуснаш бо амри Худо, барқарор–мегардад:
Маро дубора бахшад зиндагонӣ,
Диҳам бозам зи сар ҳусни ҷавонӣ.
Намояд дидаам равшан зи рӯят,
Муаттар ҳам димоғи ҷон зи бӯят.
Зи лаъли ҷонфизоят ком ёбам,
Дар оғӯшат ҳамин ором ёбам.
Юсуф базм ороста бо Зулайхо хонадор мешавад. Онҳо якҷоя сӣ сол–умр ба сар мебаранд. Баъд аз он Юсуф
олами фониро падруд мегӯяд.–Зулайхо сари қабр омада онро оғӯш мекунад ӯ низ ҷон месупорад.–Достони
Ҳозиқ бо ҳамин хотима меёбад
2. Мундариҷаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» ва гузориши масъалаҳои иҷтимоӣ–дар он.–Шамсуддин Шоҳин мехост
дардҳои ҷомеаи худро ба воситаи панду–насиҳат, андарзу мавъизат даво бахшад. Ӯ ин корро бо эҷоди
маснавии «Тӯҳфаи дӯстон» то андозае сомон ҳам дод. Вале донист, ки амирони–бемаърифат омодаи
шунидану кор гирифтан аз он нестанд. Амирони–мағитиро бо Атобакҳои форси замони Саъдӣ наметавон
муқоиса намуд.–Ғайр аз ин, Шоҳин дар ин муддат тавассути эҷодиёти Аҳмади Дониш аз–нигоҳи тафаккури
идрок хеле пеш рафта буд. Хусусан, дар таҳаввули–зеҳниву фикрии Шоҳин нақши «Наводир-ул-вақоеъ» басо
бузург аст. Аз–тарафи дигар, ӯ дар дарбор амиру атрофиёни вайро хуб омӯхт. Дид, ки–ислоҳи ҷиддӣ зарур
аст. Бинобар ин Шоҳин асари навбатӣ ва охирини–худ – «Бадоеъ-ус-саноеъ»-ро эҷод кард. Аз сабаби он ки
амиру аморат–барои ҳимояи худ ба ҳама чиз қодир буданд ва аз ҳеҷ кори зиште рӯй–намегардониданд,
бинобар он ҳам Шоҳин марому мақсади худро дар–зери пардаҳои киноя ва маҷозу рамзҳои бадеӣ ифода
намудааст. Ана–ҳамин далел боиси он гардидааст, ки «Бадоеъ-ус-саноеъ» асари охирини–Шоҳин бошад. Аз
тарафи дигар, Шоҳин дар давраҳои нисбатан охири–рӯзгори хеш аз амиру аморат хеле хастадилу ноумед
гардида будааст. Ин–ҳолат ба таври васеъ ва бо оҳанги қавии фалсафиву сиёсӣ дар «Бадоеъ-–ус-саноеъ» хеле
ҷиддӣ ба тасвир омадааст. Ӯ менависад: « Мир–Муҳаммад Шамсуддин алмутахаллис ба Шоҳин аз он ҷиҳат,
ки–тарокуми навоиб ва тазоҳуми масоиб муҷиби ихтилоли афкор ва боиси–инҳирофи атвор гардида буд, хост
ки ба муқтазои ҳол маҷмӯат-уш-–шикоят пардозад ва дар адои шикоят дастури ғариб оғозад, чунончи–
нигорандаро алалфавр эҷоби ханда ва баъдалғавр эроси гиря тавонад–намуд». Яъне дар мантиқи оддии
ифода шоир гуфтааст, ки: «Аз он ҷо ки–буд, хостам ки мувофиқи ҳолам маҷмӯаи шикоят сохта дар адои ин–
шикоят тарзи иншои аҷибе вазъ кунам, ба он тарзе ки хонанда баробари–хондан бихандад, аммо баъди ба
фаҳми мазмуни он расидан, бигиряд».–Бо назардошти мавзӯъ дар ин асар се ҷанбаъ ба мушоҳида мерасад:–1.
Танқиди муҳит ва ҷамъияти он давра,–2. Танқиди аҳли замон, арбоби давлат ва соҳибмансабон.–3. Тасвири
ҳолу рӯҳия ва вазъияти худи шоир, шахсияти–мушоҳидакор, ки ҳолии дигаре надорад.–Асар ба фаслҳову
зерфаслҳо ҷудо нашавад ҳам, ҳадафи эҷодкор–тақрибан чунин баён шудааст:–1. Зикри ибораҳои киноявие, ки
пеш аз баёни воқеа меоянд.–2. Инъикосу таҳлили воқеаву ҳодисаҳо, ки аз танқиди замон ва ё аз–баёни ҳолати
худи муаллиф иборатанд.–3. Ҳикоёти хурде ба тарзи тамсилӣ.–4. Истифодаи ибораҳои маҷозиву киноявӣ.–5.
Хулоса ва натиҷагариҳои худи муаллиф.–Шоҳин огоҳ менамояд, ки ба зоҳири ҳодисаву воқеаҳо фирефта
набояд–шуд. Ҳар кас бояд пардаро аз рӯи зиннату ороишҳо бардорад ва–ҷамъиятро дар воқеияти ошкоро
бубинад.
3.Тахлили панди Хозик ва Шохин
Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт,
Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.
Надидам ин ҳама ҳосил зи рӯзгори вуҷуд,
Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурӯ хуфтам.
Набаста сурати ҷамъияте ба худ Шоҳин,
Зи тундбоди аҷал чун ғубор ошуфтам. (Хозик)
Саволномаи -16- 1. Муссамматҳои Сайидо.–Муссаммат дар эҷодиёти Сайидо пас аз ғазал, дар ҷои дуюм
меистад,–ки аз 1050 байт иборат аст.–Сайидо бештар ба ғазалиёти Хусрави Деҳлавӣ, Камолу Ҳофиз, Ҷомиву–
Ҳилолӣ, Калиму Толиб, Мӯҳташами Кошиву Соиби Табрезӣ,–Мушфиқиву Урфӣ муссаммат бастааст. Худи
ҳамин ҷуръати Сайидо–гувоҳи он аст, ки ӯ дар эҷоди муссаммат устод мебошад, зеро ба–ғазалиёти шоирони
дараҷаи аввали адабиёт тазмин бастааст. Шоир–ғолибон дар ин кор ба эҷодиёти Соиб рӯ оварда, бештар ба
ғазалҳои–Соиб тазмин бастааст.–Муссаммат навъе аз шеъри тасмит (мусаммат) буда, аз бандҳои 3-10–мисраӣ
иборат аст. Он метавонад аз 5 ё 6 банд иборат бошад ва ду навъ–мешавад: яке муссаммати мустақил, ки пурра
эҷоди худи шоир аст ва дигаре се мисраъ аз худи шоир ва ду мисраи дигар аз шоири муосир ё–салаф аст.
Албатта, муссаммат аз нимаҳои дуюми асри ХIII зуҳур карда, дар асри–ХV ҳар ду навъи он хеле инкишоф
кардааст ва дар ин аср (ХV) хусусан–устод Ҷомӣ онро басо ривоҷ додааст. Сайидо суннати адабии мазкурро–
дар асри ХVII таҳаввули махсус бахшида, онро аз нигоҳи мазмуну–мӯҳтаво тозагиҳо ворид сохт.
2. МАЗМУНИ МУХТАСАРИ «КОНИ ЛАЗЗАТ ВА–ХОНИ НЕЪМАТ»–Ин асарро Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ
солҳои 1880-81 таълиф кардааст.–Асар аз ду ҷилд иборат буда, дорои муқаддима, ду матлаб ва хотима–
мебошад. Муқаддима ва матлаби якум дар ҷилди якум, матлаби дуюм ва–хотима дар ҷилди ду ҷой дода
шудааст.–Дар муқаддима оид ба 18 навъи нон, дар матлаби якум, ки аз 22 боб–иборат аст, оид ба 109 навъи
таом маълумот медиҳад. Дар матлаби–дуюм, ки аз бист боб иборат мебошад, оид ба 169 навъи ҳалво
маълумот–додааст.–Маълум аст, ки дар ин соҳа асарҳои зиёде навишта шудааст. Аз ҷумла:–«Қарободини
Қодирӣ», «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Тӯҳфат-ул-мӯъминин»,–«Амал-ус-солиҳин», «Қарободини кабир»,
«Матлаъ-ул-улум», «Иксири–аъзам», «Махзан-ул-адвия», «Тарёки имомӣ», «Ганҷи шоиқон», «Лаззат-–ул-
висол» ва ғайра. Соли 1434 Абӯисҳоқ Ҳаллоҷи Атъимаи Шерозӣ–«Канз-ул-иштиҳо»-ном девоне мураттаб
сохт, ки он аз ғазалҳо оид ба–навъҳои гуногуни хӯрокҳоро дарбар мегирад. Вале асари Қорӣ–Раҳматуллоҳи
Возеҳ арзишмандтар аст, зеро дар ин рисола хусусиятҳои–таому таркиби онҳо ва усули тайёр намудани онҳо
хеле ба тафсил баён–карда мешавад. Муаллифи асар навъҳои таъом, аснофи ҳалвою мураббо–ва ғайраро бо
тартиби алифбои арабӣ зикр намуда, ба он бобҳо чунин–номгузорӣ менамояд. Масалан, «Боби алиф», «Боби
дол», «Боби син» ва–ғайра.–Дар матлаби аввали рисола аз ҷумла навъҳои зерини онҳо номбар–карда
мешавад: Иброҳимия, оши анбарборис, оши угро, олуболупалав,–оши орд, оши ришта, анорпалав,
боқилапалав, барро, барӣ, барии–кашмирӣ, бурони ҷазар, исфаноҷ, бурони бодинҷон, бурони хиёр,–бурони
морчӯба, бовардӣ, буғро, буғрои ҳиндӣ, буғрои анор, буғрои–хоразмӣ, палав, яхнипалав, луқмапалав,
шибетпалав, палави сода,–палави зард, палави қурма, палави ҳанонӣ, бурак, баҳат, ҷамолпалав,–чукпалав,
ҷавозиба, ҷазария, чалов, ҷӯшира, рангинак, сумоқия, уҷҷа,–асида ва ғайра.–Аз ҳама муҳим он аст, ки «Кони
лаззат ва хони неъмат» на фақат нону–ошҳо ва ширинҳои маъмулии халқҳои Осиёи Миёна, инчунин
таъомҳои–машҳури халқҳои баъзе аз мамлакатҳои берун аз Осиёи Миёнаро низ аксари онҳо махсус қайд
карда мегузарад. Чунончи: «Барро (як навъи–таъом дар Ҳиндустон) аз ағзияи (ғизои) аҳли Ҳинд аст». Ё ин
ки:–«Бӯрони хиёр (номи хӯрок). Ин таъомро дар Язд мепазанд». Ё худ:–«Бӯрони бодинҷон (номи таъом) – ин
хӯрокро дар Шероз мепазанд» ва–монанди инҳо.–Метавон таъкид намуд, ки «Кони лаззат ва хони неъмат»
бештар–таъому шириниҳои дар байни мардумони Осиёи Миёна, Хоразм, дар–баъзе шаҳрҳои Ҳиндустон,
Эрон, Афғонистон, Туркия ва Арабистон–машҳурро фаро мегирад. Хусусан, қисми зиёди навъҳои нону
таъом,–ҳалвою мураббо, ки дар асар омадаанд, миёни халқҳои Бухоро, Хуҷанд,–Самарқанд, Кӯлоб, Қӯқанд
ва дигар ҷойҳо маъмуланд. Аз ҷумла: нони–ширмол, нони кӯмоч, нони варақӣ, нони нахудӣ, нони сагак,
нони–тафтон, палов, шӯрбо, қавурма, кабоб, кӯфта, ширбиринҷ, дӯлма, оши–орд, оши софӣ, оши ришта,
тушбера, оши угро, боқилапалов, шавла,–кичирӣ, ҳалвои тар, ҳалвои ордӣ, ҳалвои кунҷит, ҳалвои лавзӣ,
ҳалвои–шакархамир, ҳалвои ангур, ҳалвои писта, ҳалвои собунӣ, ҳалвои мағзӣ,–мураббои олуча, мураббои
пӯсти тарбуз, мураббои сабзӣ, мураббои–биҳӣ, мураббои тут, мураббои райҳон, мураббои амруд ва ғайра
дар–шаҳрҳои номбаршуда басо серистифода машҳуранд.–Муҳим он аст, ки Возеҳ дар асари худ хусусиятҳои
шифобахшии–таъомҳо ва таркиби кимиёвии таъомҳо, усули тайёр намудани онҳоро–хеле хуб баён мекунад.
Барои намуна метавон чанд навъи хӯроквориро–тибқи тасвиру баёни Возеҳ зикр намуд.
3.Тахлили шеъри Сайидо
Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сӯхтам чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,
Теғи ноҳақ хурда сайди бисмилам омад баёд.
Саволномаи -17- 1. Таҳлили образҳои достони «лайли ва мачнун»-и шохин–Дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-
и Шоҳин мисли дигар достонҳо–образҳои доимӣ ва лаҳзагӣ, мусбат ва манфӣ амал мекунанд. Дар асар–
образҳои марказӣ: Лайлӣ, Маҷнун волидайни онҳо ва махсусан,–падарони онҳо, қосид мебошанд. Образҳои
мусбати достон: Маҷнун,–Лайлӣ, падару модари Маҷнун, Навфал ва лашкариёни ӯ, духтари–Навфал, қосид,
устодону ҳамсабақҳо мебошанд. Образҳои манфии асар:–падару модари Лайлӣ, Ибни Салом, сардори
қабилаи Наҷд ва–ҷонибдорони онҳоянд.–Ибни Салом, Навфал ва ҷонибдорони онҳо образҳои машҳур, вале–
лаҳзагианд, ки дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи хатти сужет иштирок намуда,–воқеаро басо мураккабу тезутунд
менамоянд.–Маҷнун ҳамчун образи асосӣ ва ҳалкунанда дар достони Шоҳин хеле–фаъол аст. Ҳатто ӯ духтари
Навфалро дӯст медорад ва қариб ки–баробари бо ӯ хонадор шудан, аз зиндагӣ қонеъ шавад. Ӯро номаи–
Лайлӣ ба шӯр меорад. Аз ин рӯ, Лайлӣ дар муҳаббат устувортар аст.–Зеро пас аз тӯй ҳам аз Ибни Салом дурӣ
меҷӯяд ва устуворию садоқати ӯ–дар ишқ зоҳир мешавад. Ӯ талаби дигар ё норизоии дигареро аз ягон–ҷиҳат
ҳатто тасаввур ҳам намекунад. Дар достони мазкур образҳои–падари Лайлӣ ва падари Маҷнун ҳалкунанда
мебошанд. Онҳо хеле–фаъоланд. Танҳо фарқ дар он аст, ки яке аз рӯи хоҳиши фарзанд амал–мекунад (падари
Маҷнун), дигаре тамоман муқобил (падари Лайлӣ).
2.Ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои иҷтимоӣ – ахлоқии Бедил.–Маълум аст, ки зери мафҳуми ҷаҳонбинӣ системаи
фалсафии–таълимоти адиби мутафаккир фаҳмида мешавад. Аз ин нигоҳ, эҷодиёти–Бедил ва системаи
ҷаҳонбинии ӯ бо таълимоти исломи шариф муқобил–нест. Зеро ӯ ҷонибдори таълимоти фалсафаи ваҳдати
вуҷуд буда, ҳадди–ниҳоии он Холиқ-ҳастии мутлақ ва азалӣ ва сунъи ӯ махлуқ-одам ҷӯён–асли хеш аст.–Аз ин
рӯ, Бедил инсонро ҳамаҷониба дар маркази эҷод мегузорад.–Онро ҳамчун асрори олами сағир ба тасвир
мегирад: «Ай шамъи базми–қудс, надонам чӣ маҳзарӣ»… Қиёсҳое, ки барои маърифати инсон ба кор–
гирифта мешавад, ғолибан ба олами моддӣ тааллуқ дошта, таҷрибагоҳи–он зиндагӣ, ҳаёт, рӯзгор ва табиат
аст. Ин аст, ки инсони тасвиркардаи–Бедил пайваста дар гиру дор, раду бадал буда, доираи амалиёту–
фаъолияташ пур аз низоъ, тазод, мухолифат, бархурд аст. Нерӯи–тафаккур, қудрати ақлонӣ, зеҳну заковати
ин инсон ҷӯё, кӯшо ва фаъол–мебошад. Илму тадқиқ, қиёсу тарҷеҳ, созандагию ихтироъ муҳимтарин–
сифатҳои фаъолияти инсони тасвиркардаи Бедил аст. Ҳадафи ин инсон:–«Оламеро барорам аз ғафлат.»–
Ғафлат хоси ҷаҳони инсонист ва душмани ҳушёриву зиракии инсон–аст. Аз сабаби он ки ин инсон оламеро
(ҷомеъаро) аз ғафлат азми–наҷотдиҳӣ дорад, пас тибқи таълимот ва ҷаҳонбинии Бедил, бархурдҳои–
мафкуравӣ, зиддиятҳои ботинӣ, низоъҳои сиратӣ ихтилофҳои маънавии–ниҳоят аҷоиб ва бозёфти шоири
мутафаккир аст, ки боиси кашфи–ҷузъиёти афкори ахлоқию фалсафӣ ва адабию зебошиносии мутафаккир–
аст. Бинобар он, инҳитоту инқирози маънавӣ ва ё рушду таҳаввули он ба–огоҳӣ ё ғофилии инсон сахт
вобастагӣ дорад.–Бедил ҳам мисли кулли адибони асримиёнагӣ ҷонибдори ахлоқи–ҳамида ва барҳамзанандаи
ахлоқи разила аст. Зеро ахлоқи разила:–ришва, зино, дурӯғ, кибр, қатл, фиреб, ҷаҳл, ғазаб, таносонӣ,
муфтхӯрӣ,–хабаркашӣ, одамбезорӣ ва ғайра боиси завволи ҷомеа аст. Ахлоқи–ҳамида: инсондӯстӣ,
ростқавлӣ, вафодорӣ, сабӯрӣ, меҳнатқаринӣ ҳалолкорӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ, покдоманӣ, саховатмандӣ,
софдилӣ–ва ғайра сабаби болоравии маънавиёти инсон ва ҷомеа мебошад
3.Тахлили шеъри Шохин Ва Бедил
Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт,
Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.
Надидам ин ҳама ҳосил зи рӯзгори вуҷуд,
Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурӯ хуфтам.
Набаста сурати ҷамъияте ба худ Шоҳин,
Зи тундбоди аҷал чун ғубор ошуфтам. _Шохин_
Саволномаи -18- 1. Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ва Эрон–дар нимаи дуюми асри XVI–Дар таърихи
халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон асри ҶVI аввалин–асрест, ки таназзули феодализм дар қаламрави мазкур
шиддат мегирад.–Заминаҳои ин таназзул нисбатан барвақттар оғоз гардида буд. Зуро пас–аз вафоти Темур
(1336-1404) меросхорони ӯ барои соҳиб шудан ба тахт–сар бардошта, оромии мамлакатро халалдор
мекарданд. Баъдтар–империяи Темуриёнро туркҳои бадиянишин бо сарварии Муҳаммади–Шайбонӣ барҳам
доданд. Муҳаммад Шайбонихон соли 1500–Самарқанди бостониро тасарруф намуд. Тӯли 5 сол, яъне то соли
1505 ӯ–тамоми қаламрави Мовароуннаҳрро таҳти назорати худ гирифт. Ҷангу–низоъҳои пайдарпай, тохту
тозҳои мунтазам, мансабхоҳиву ҷоҳталабиҳо–қаламрави Хуросону Мовароуннаҳрро басо харобу заъиф
намуда буд.–Хоҷагии халқ паст мерафт, зеро низоъҳои қаламравӣ, кашмакашиҳои–дохилӣ низоми инкишофи
ҷамъиятро вайрон менамуд. Табақаҳои–меҳнатии аҳолӣ бештар ва ҳамаҷониба зарар медиданд.–Охирин
намояндаи Темуриҳо – Султон Ҳусайн Байқаро соли 1506–вафот намуд. Ду писари Султон Ҳусайн ҳангоми
ҳамлаи Шайбонихон–шаҳри Ҳиротро ҳимоя карда натавонистанд. Дар натиҷа, Шайбонихон–соли 1507
Хуросонро низ забт намуд ва ҳокими Мовароуннаҳру Хуросон–гардид.–Соли 1510 нооромии гӯшношуниди
дигар рух дод. Шоҳ Исмоили–Сафавӣ Ҳиротро тасарруф намуда, то интиҳои садаи ҶVI низоъҳои–сиёсӣ ва
мазҳабӣ ниҳоят тезутунд боқӣ менонанд.–Соли 1513 Исмоили Сафавӣ ба Мовароуннаҳр ҳамла мекунад, вале–
чандон муваффақ намешавад. Танҳо пас аз вафоти Шайбонихон то соли–1598 (наздик ба 90-сол) ҷонишинҳои
ӯ давлатдорӣ карда бошанд ҳам,–комилан комёб нашуданд.–Хони бообрӯ – ҳокими Бухоро – Убайдуллоҳхони
Шайбонӣ баҳри–озодии Хуросон аз Сафавиҳо шаш дафъа лашкар кашида бошад ҳам,–бенатиҷа анҷомид.
Танҳо дар замони Абдуллоҳхон (1557-1598) ба ӯ–муяссар кардид, ки як андоза муттаҳидии хонҳои ӯзбекро
таъмин кунад.–Зеро ҳам Хуросон ва ҳам Хоразм ба давлати хонӣ муттаҳид карда–шуданд. Вале пас аз вафоти
Абдуллоҳхон қувваҳои марказгурез аз нав–сар бадоштанд ва ҳукумати Шайбониҳо ба ҳамин восита аз арсаи
таърих–рафт.–Яке аз ҳодисаҳои ниҳоят даҳшатбори аср низоъҳои мазҳабӣ ба шумор–меравад. Дар қаламрави
Мовароуннаҳру Хуросон баробари зада–даромадани Шоҳ Исмоили Сафавӣ муборизаҳои тезутунде миёни
шиаҳо–ва сунниён сар зад. Ҳаводиси мазкур аз он сабаб ҳам буд, ки Исмоили–Сафавӣ худро вориси мазҳаби
шиа эълон намуда, баҳри ривоҷи он дар–байни мардум тавассути қатлу ғорат ниятҳои дигари худро низ
амалӣ–менамуд. Дар асл ҳадафи ин сиёсатмадор васеъ намудани ҳудуди давлат–ва сарзамини худ аз ҳисоби
мамолики ободон ва ба даст даровардани боигариву сарват буд. Ин низоъҳои мазҳабӣ амалан то охирҳои
асри–ҶVI идома карда, боиси харобиҳои гӯшношуниди халқҳои–Мовароуннаҳру Хуросон гардида буд.
Ҳатто, ду тан суханварони–машҳури ин давра Мавлоно Бадриддин Ҳилолӣ ва Камолуддини Биноӣ–қурбони
ана ҳамин гуна низоъҳои мазҳабӣ шудаанд. Аз тарафи дигар,–яке аз сабабҳои ҷудоии Мовароуннаҳру Эрон
ана ҳамин моҷароҳои–сиёсию мазҳубӣ гардида буд.
2.«АҚОИД-УН-НИСО» ВА МАЗМУНУ–МУНДАРИҶАИ ОН.–Соли таълифи асар зикр нашудааст ва аз
ишораҳои муаллиф пайдост,–ки он пеш аз «Кони лаззат ва хони неъмат» эҷод карда шудааст.–Муаллиф ин
асарашро «…мухтасарест дар баёни аҳволу афъоли занон»–мегӯяд.–«Ақоид-ун-нисо» аз нигоҳи сохтор низ
ҷолиб буда, дорои муқаддима–ва 16 боби хурд-хурд мебошад.–Дар муқаддимаи рисола муаллиф панҷ нафар
занони обруманди–замонро ном мебарад. Онҳо: Бибишоҳ Зайнаб, Бибихоли Ҷӯйборӣ,–Бибимоҷони Базморо,
Хола Панир, Бибиқалмоқи Оллоҳгӯй мебошанд.–Муаллиф ин бибиҳоро аз «уламову фуқаҳои замони худ»
ном бурда, қайд–мекунад, ки: «…ҳар зане, ки хилофи фармудаи эшон кунад, гунаҳкори–азим бошад».–Баъд аз
муқаддима бобҳои китоб оғоз мешавад, ки чунин унвонгузорӣ–шудаанд:–Боби якум: «Дар баёни вузӯъ ва
ғусл»…–Боби дуюм: «Дар баёни авқоте, ки намоз соқит аст ва тарки он воҷиб–аст»–Боби сеюм: «Дар баёни
рӯза»…–Боби чорум: «Дар никоҳ дар шаб ё рӯзи зифоф».–Боби панҷум: «Дар баёни аъмоли шаби зифоф».–
Боби шашум: «Дар баёни зоёнидани занон».–Боби ҳафтум: «Дар баёни ҳаммом рафтан».–Боби ҳаштум: «Дар
баёни созҳо ва феъли он».–Боби нӯҳум: «Дар баёни фаслҳо ва авқоти он».–Боби даҳум: «Дар баёни
муоширати занону шавҳарон».–Боби ёздаҳум: «Дар баёни матбуоте, ки ба назар воҷиб аст».–Боби
дувоздаҳум: «Дар баёни таъвиз ба ҷиҳати захми чашм».–Боби сенздаҳум: «Дар баёни маҳраму номаҳрам».–
Боби чордаҳум: «Дар баёни истинҷоби дуо».–Боби понздаҳум: «Дар баёни меҳмон».–Боби шонздаҳум: «Дар
баёни хоҳар хондан».–Мазмуни бобҳо кинояомез буда, ин занҳо, ки асилзодаву–ашрофзодаанд, ҳар кадоме
муҳокимарониҳои хеле аҷоиб доранд.
3.Тахлили газали дустдошта.
,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,
Саволномаи -19- 1. «Баҳориёт»-и Сайидо-сохтор, мазмун ва мундариҷаи он.–«Баҳориёт» ва ё
«Ҳайвонотнома» асари тамсилии Миробид Сайидои–Насафӣ буда, дар рӯзгори Абдулазизхони аштархонӣ
(1645-1680) соли–1091ҳ. (1680м.) дар муддати ду-се рӯз таълиф шудааст. Асар ҳаҷман чандон калон набуда аз
184 байт иборат мебошад. Асар аз муқаддима, қисмати асосӣ ва хотима иборат буда, муқаддимаи–он ҳамди
Худо ва наъти Расули акрам (с.) –ро дар бар мегирад. Баъд аз он, шоир қайд мекунад, ки баҳри рафъи хастагӣ
ва парешонии–табъи мардумон ният дорад, ки аз вуҳуш-ҳайвонот сухан бикунад. Шоир–барои мушоҳида ба
саҳро баромада сараввал мушакеро мебинад, ки–назди дари хонаи худ нишаста хештанситоӣ дорад. Худситоӣ
ва таърифкугии муш то ба ҷое мерасад, ки боиси хашм–гирифтани ҷонвари дигаре мешавад. Гурбаи
даргузаре инро шунида тоқаташ тоқ мегардад ва мушро сахт–танқид намуда, худашро таъриф мекунад. Ба
ҳамин тариқ, худтаърифкунии гурбаро шунида саг ба низоъ ҳамроҳ–мешавад. Вай гурбаро сарзаниш намуда,
худашро ситоиш мекунад. Яъне–дар «Баҳориёт» ҳамагӣ 18 ҳайвон иштирок мекунад, ки яке пас аз дигаре
зуҳур карда сифатҳои манфии тарафи муқобилро як-як номбар намуда,–мазаммат менамояд ва пасон ва
худситоӣ шурӯъ мекунад. Тартиби–ширкати ҷонварон дар асар чунин аст: муш, гурба, саг, гӯсфанд, гург,–гов,
уштур, сангпушт, хорпушт, рӯбоҳ, харгӯш, маймун, оҳу паланг, фил,–карк, шер ва мӯрча бо баёни хислатҳои
бади ҳамдигар ва зикри сифатҳои–хуби хеш мунозираи хеле тезутунд менамоянд.–Шоир дар тасвири
мунозираи ҳайвонот хеле мушоҳидаҳои дақиқу–нозук менамояд, зеро зиддиятҳои тибии ҷонваронро, ки ҳатто
мардумон–низ медонанд, қайд намуда нафъу зарари расонидаи онҳоро таъкидан–баён мекунад: мушу гурба,
гурба ва саг, гӯсфанду гург ва ғ.–Дар асар худситоии хеле зиёдеро шер дар бораи худ ва аҷдодаш раво–
мебинад, ки он боиси хашм гирифтани мӯрча мегардад. Шер каркро–сарзаниш мекунад, Сарзаниши шер, ки
баҳодурон ба мӯрча муқоиса карда мешавад,–таҳқир шудани мӯрча ба садои фахромези шер боиси хашм
гирифтани–мӯрча мешавад. Ҳадафи мӯрча аслам донпайдокунӣ буд, вале мазаммати–шерро шунида ғазаб
мекунад ва абнои ҷинси хешро мисол меорад, ки–агар мо иттифоқ шавему сарҷамъ гардем, шерри ҷаҳонро
пӯст хоҳем–канд. Таъсири суханони мӯрча то ба ҳадде мерасад, ки ҳамаи ҷонварон аз–кирдори хеш пушаймон
мешаванд ва онҳо ҳатто аз ҳамдигар узр хоста–оштӣ мекунанд. Шоир лаҳзаи мазкурро чунин ба қалим
овардааст:
Чун аз забони мӯрча ин ҳарф шуд баланд,
Таслим карда карда расиданд ваҳшиён.
Гуфтанд узрҳо зи таҳи дил ба якдигар,
Афтод пои оштиё андар он миён. Муҳим он аст, ки бо сулҳ ва оштӣ тамом мешавад ва ҳатто–ҷонварон аз
ҳамдигар узрпурсӣ менамоянд, ки мақсади эҷодкор табиши–фалсафӣ мегирад. Яъне ҳама гуна ҷанг ба сулҳ
хотима меёбад. Пас ин–ҳамин маъниро низ дорад, ки ҷанг, кибру ғурур, ҳавобаландӣ, худхоҳӣ–умри тӯлонӣ
надорад ва ҳатман пушаймонӣ ба бор меорад.
2. Мавзӯъ ва мазмуни ғазалиёти шоир Мунши–Мирзосодиқ лирик, шоири ғазалсаро аст. Ӯ дар ғазалсароӣ
ғолибан ба–Саъдӣ, Хусрав, Ҳофиз, Камол ва ба Соибу Бедил пайравӣ кардааст. Аз ӯ–то ба имрӯз 345 ғазал
боқӣ мондааст, ки 2291 байтро ташкил медиҳад.–Вале аслан девони Содиқ дорои 15 ҳазор байт будааст.
Шоир дар аксари–жанрҳои назми замон: ғазал, қасида, рубоӣ, мусаммат, қитъа, маснавӣ ва–ғайра шеър
гуфтааст.–Бо вуҷуди шоири сермаҳсул будан, пеш аз ҳама, Содиқ лирик – шоири–ғазалсаро мебошад. Ӯро
абулмаонии сонӣ, шоҳаншоҳи иқлими сухан–ном бурдаанд, ки беҳуда нест.–Барои намуна чанд ғазали
шоирро метавон зикр намуд ва зимни он аз–санъати сухан, истеъдоди эҷодӣ, ҳунари сухансанҷӣ ва пояи
шоирии ӯро–метавон муайян намуд. Аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво ғазали боло ишқӣ буда, маҳбуба–
ҷафопеша, бераҳм, бесабру тоқат, бемеҳр, сангдил, ҳатто хунрез аст.–Ошиқ бовафо, пурмеҳр, ростқавл, собир,
ғамноку ғамхор, ҳатто–ҷоннисор мебошад. Ҳадафи ошиқ висол аст ва маҳз ба хотири вафои–маҳбуба ба
ҷоннисорӣ розист. Албатта, оҳангҳои қавии иҷтимоӣ касб–намудани ғазалиёти ин давра ва махсусан,
ғазалҳои Мирзосодиқ ба–қонунияти инкишофи адабиёти давр ва авзои таърихии замон сахт–вобастагӣ дорад.
Зеро мантиқан нақши образҳои лирикӣ – ошиқ ва–маъшуқа ба ҳам нақши образҳои лирикӣ – ба ҳам зиёд
гузошта шудааст.–Ба назари шоир ин дарду ранҷҳо, азобу шиканҷаҳо завқи лаззати дигар–доранд:
Дарду алами ишқ аҷаб лаззати завқе,
Дарду аламе нест туро бас аҷаб аст ин.
Ишқу муҳаббатро Содиқ беолоишу пок, озодаву соф тасаввур мекунад–ва чунин ишқ кори ҳар дуну сифла
нест. Яке аз масъалаҳое, ки дар ашъори Содиқ ва бештар дар ғазалҳои ӯ ба–назар мерасад, инъикоси
оҳангҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар ин аср низ–вобаста ба сиёсати пешгирифтаи ҳукуматдорони амирӣ ҳолати
қувваҳои–эҷодӣ-адабӣ чандон хуб набудааст. Бинобар он, оҳанги шикоят аз ҳолати–танги муҳит ва аҳволи
нохуби аҳли адаб, бо омезиш ба панду насиҳат,–андарзу мавъизат, танқиди ҷаҳолату нодонӣ, зулму бедодӣ,
ноодиливу–қаллобӣ, фитнагариву фиребдиҳӣ, инчунин танқиди зимомдорони замон,–рафтори рӯҳониён,
кирдори зоҳидону парҳезкорон ва ғайра дар лирикаи–Содиқ тасвир шудааст.
3.Тахлили панди Сайидо ва Мунши
Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сӯхтам чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,
Теғи ноҳақ хурда сайди бисмилам омад баёд (Сайидо)
Саволномаи -20- 1.Таркиби девони Бедили Деҳлавӣ–Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил асосан дар
ҳамаи навъҳои–адабӣ эҷод кардааст. Ӯ махсусан дар кадом навъи адабие, ки эҷод карда–бошад, хатман
тозакору навовар эътироф шудааст.–Девони ӯ дар дохили «Куллиёт»-аш ҷойгир буда, 37500 байтро дар бар–
мегирад. Девони Бедил аз нигоҳи навъҳои адабӣ низ нисбатан боғановат–буда, аз ғазалиёт, рубоиёт, қасоид,
қитъаот, таркибот ва тарҷеот,–ташбеҳот ва тамсилот иборат мебошад. Навъҳои адабии мазкур дар–давраҳои
гуногун эҷод карда шудаанд.–Таҳлили ғазалиёти Бедили Деҳлавӣ–Аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво низ
девони шоир хеле ҷолиб буда,–асосан ишқ (ҳам ишқи ирфонӣ – тасаввуфӣ ва ҳам ишқи заминӣ – байни–
инсонҳо), масъалаҳои фалсафӣ – ҳакимона, ҳаётӣ – иҷтимоӣ, тарбиявӣ ––ахлоқӣ, васфи табиату
манзаранигорӣ, тавсифи хисоли ҳамидаи инсонӣ–ва мазаммати кирдорҳои разила, ҳимояи адолату ҳақиқат,
танқиди–золимон, васфи хирад, илму дониш, маърифату ақл, хоксориву фурӯтанӣ–ва ғайраро дар бар
мегирад
2.Вазъияти адабиёт дар нимаи дуюми асри XIX–Адабиёти нимаи дуюми асри XIX, ҳамчунон ки аз унвони
мавзӯъ–низ пайдост, давоми мантиқӣ ва бевситаи таърихи куҳанбунёди адабиёти–тоҷик аст. Ин адабиёт тӯли
чандин ҳазорсолаҳо, ки марҳалаҳои камолот–мепаймояд, аз бисёр бархурдҳо, монеаҳо, мушкилиҳову
нобасомониҳо–гузаштааст. Эҷодкорони ин адабиёт дар ҳар давру замон ҳамчун–мафкурабардорону
мунавварфикрони халқу миллати хеш ҷилва–намудаанд. Онҳо гоҳе дучори бисёр шикастурехтҳо ва гоҳе
ноили ҷумла–пешравиҳо гардидаанд. Дар маҷмӯъ дар ҳама гуна давру замон, новобаста ба фишору таъқибҳо
ҳолат ва рӯҳияи халқи худро ифода–кардаанд.–Барои рушди ин адабиёт дар асрҳои миёна, махсусан ду
омили–марказӣ: яке идеологияи ҳукмрони давр – идеологияи исломӣ ва дигаре–сохтори сиёсӣ-сохти феодалӣ
буд. Албатта, ин ду омил-яке омили–идеологӣ ва дигаре иқтисодӣ дар рушду таҳаввули таърихи адабиёт–
нақши муайян гузоштаанд.–Нуфузи идеологияи исломӣ ғолибан дар соҳаи фарҳангу маориф–басо бузург
мебошад. Қонунҳои ҳуқуқии инсон ва ҷомеа дар асоси–шариати исломӣ амал менамуд. Русуму ахлоқ ва
низоми давлатдорӣ низ–дар ҳамин замина созмон дода мешуд. Бояд гуфт, ки адабиёт ойинаи–таърихи ҳамон
халқест, ки эҷодкор ба он халқ тааллуқ дорад. Ин на–инъикосгари даврони муайянест, ки рӯзгори адиб дар он
мегузарад. Аз–ин нуқтаи назар, адабиёт воқеият, ҳақиқатро инъикос менамояд.–Бинобар ин вобаста ба
сиёсати давр ва сиёсатмадорон, яъне амирон,–усули мамлакатдории онҳо, дарбор ва мардум, муносибати–
соҳибмансабон бо халқ, ҳимояи адолати иҷтимоӣ ва ғайра дар ҳама–давру замон муносибати адибон гуногун
аст. Адибоне ҳам ҳастанд, ки–дидаву дониста амири нолоиқу ноӯҳдабароро ситоиш кардаанд ва зулму–
бедодҳои ӯро дар либоси адолатхоҳиву мардумннавозӣ ба қалам–медоданд. Баръакс, адибони дигар низ
буданд, ки ба сиёсат ва ҷомеъа–назари танқидӣ доштанд. Онҳо дар осри худ нуқсону норасоиҳоро гоҳе–
пардапӯшона ва гоҳе ошкоро баён мекарданд
3.Тахлили панди Бедил.
Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нағунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.
Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.
Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфон гаштааст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.(Бедилл)
Саволномаи -21- 1. Мушфики ва муроси У Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ
дар–шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои–шоир аслан аз Марв будаанд. Ин
аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ–будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба–
Абдуллохон қасидае навишта, аз мулки хеш- аз Бухоро дур афтодани–худро хабар медиҳад.
«Ғариби мулки хешам дар замони давлатат, шоҳо!»–Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аввал аз падар ва сонитар аз
модар ятим–мемонад. Дар ин бора баъзе ишораҳои шарҳиҳолии ӯ гувоҳӣ медиҳанд.–Чунончи:
Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр,
Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.
Мушфиқӣ аз сабаби тангии маишӣ ба хидмати яке аз–ҳунармандони шаҳри Бухоро дохил шуда, аз ӯ бисёр
дастгириҳо–мебинад. Бо дастгирии ин марди шариф таҳсили ибтидоиро ба поён–расонида, ба мадрса дохил
мешавад.–Мушфиқӣ илмҳои ҷории замонааш: ҳикмат, ҳайат, нуҷум, рамлу–ҳисоб, каломро хуб меомӯзад.
Хусусан умуми адабӣ ва аз миён назмро–бештар дӯст медорад. Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии
шоир дар шаҳри–Бухоро сипарӣ мешавад. Ӯ шеъргӯиро дар ҳамин шаҳр шурӯъ кардааст.–Мактабҳои адабии
Бухоро Мушфиқиро ҳамчун шоири тавоно–мепазиранд, вале ҳусудони дарборӣ ӯро хеле фишор медиҳанд.
Шоир дар–ҷавонӣ ғолибан ашъори мутоибавӣ гуфтааст, зеро даврони ятимӣ ва–бепарастории ӯ эҷоди чунин
ашъор боис гардидааст.–Мушфиқӣ соли 1564 ба Самарқанд меояд, ки шояд сабаби сафари–шоир ҳамоно
тангии маишӣ бошад. Шоир дар Самарқанд ба вазифаи–китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва даҳ
сол дар ин шаҳр–истиқомат мекунад. Ӯ дар ситоиши Султон Саид чанд қасида низ эҷод–кардааст. Саид чанд
қасида низ эҷод кардааст ва девони якуми ғазалиёти–худро низ ба ин ҳоким бахшидааст. Аз баъзе ишораҳои
шоир пайдост, ки–рӯзгори ӯ дар Самарқанд низ чандон хуб набудааст. Пас аз вафоти Султон Саид соли 980
(1573) бародари хурдии ӯ–Ҷавонмардалӣ ба тахт мешинад, вале соли 1576 писарони–Ҷавонмардалихон аз
падар рӯ гардонида ба Абдуллохон забон як–намуда буданд. Абдуллохон худи ҳамон сол
Ҷавонмардалихонро қатл–намуда, баъди чанд муддат он ду писари Ҷавонмардалихонро низ ба–қатл
мерасонад. Нобасомониҳо, албатта, ба Мушфиқӣ азми сафари–Ҳиндустон мекунад, зеро дер боз чунин орзу
дошт. Дар Мовароуннаҳр–овоза шуда буд, ки гӯё шоҳи Ҳиндустон Акбаршоҳ шеърпарасту–шоирдӯст аст.
Мушфиқӣ низ соли 1577 ба Ҳиндустон меравад.Уро Акбаршоҳ хуш пазируфта бошад ҳам, пас аз як сол, соли
1578 шоир боз–ба диёри худ меояд.
Мероси адабии Мушфиқӣ
Шуд Мушфиқӣ аз килкат ойини сухан тоза,
Мушкиннафасон бинанд анфоси ту мушкинтар.
Аз Абдурраҳмони Мушфиқӣ то рӯзгори кунунӣ осори зерини адабӣ–боқӣ мондааст:–1. Девони мутоибот.–2.
Ду девони ғазалиёт.–3. Девони қасоид.–4. Се маснавӣ:–а)«Соқинома»–б) «Гулзори Ирам»–в) «Ҷаҳоннамо»–
Дар эҷодиёти Абдурраҳмони Мушфиқӣ ғазал мақоми–аввалиндараҷа дорад. Ду девони ғазалиёти шоир аз
чаҳор ҳазор байт иборат аст. Мавзӯъҳои асосии ғазалиёти шоир асосан ишқу исёнҳои–ботинии инсон, садои
қаблҳои лабрези муҳаббат, сӯзи ошиқу бемеҳрии–маҳбуба, ниёзи ошиқу бениёзии маъшуқа, маю бодагусорӣ,
мусиқиву–навохоҳӣ, тасвири баҳору ситоиши табиат ва ғайра аст. Ин мавзӯъҳо бо–ангезаҳои дигари
иҷтимоӣ: ноадолатиҳову золимӣ, бемеҳрию–сустпаймонӣ, ҳавобаландиву кибр, фиребу дасисакорӣ,
мунфиқиву–авомфиребӣ ва ғайра хеле қавианд
2. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шоҳин ва муносибати он бо баъзе–достонҳои ҳамноми гузаштагонаш.
Дар таърихи адабиёт, ба қавле 147 кас дар ин мавзӯъ асар навиштаанд,–ки ҳамаи онҳо дар пайравии
Низомист. Аввалин касе, ки ба Низомӣ–ҷавобия гуфтааст, Хусрави Деҳлавист. Аз ин рӯ, бо асарҳои ин ду
тан–эҷодкор такя намудан бисёр қонуниятҳои адабиро муайян ҳам месозад.–Маълум аст, ки унвони асарҳо ва
сужети онҳо дар маҷмӯъ як аст.–Фарқият дар лаҳзаҳои ҷудогонаи хатти сужет мебошад. Зеро ба ин–мумкин
нест. Албатта, Шамсуддин Шоҳин ҳангоми эҷоди асар таҷрибаи хуби эҷодӣ–дошт. Аз ин ҷост, ки
қонуниятҳои ҷавобияро риоя кардааст. Бо вуҷуди–он шоир барои ҷолибияти асари хеш, барои фардияти
эҷодиёти худ дар–хатти сужети достон ва афзалияти образҳо баъзе ҷузъиёти ҳалкунандаро–илова намудааст.
Аз ҷумла, лаҳзаи ба саҳро рафтани Маҷнун ва раҳо–кардани ӯ оҳувонро аз банди сайёд, озод намудани
Маҷнун гавазнро аз–дом, Маҷнунро ба қабилаи Лайлӣ бурдани пиразан ва ғайра, ки дар–достони «Лайлӣ ва
Маҷнун»-и Низомӣ дида мешаванд, дар достони–Шоҳин сарфи назар шудаанд. Шоҳин ҳатто дар
зиндагиномаи–қаҳрамони марказӣ – Маҷнун лаҳзаи ҳалкунандаи дигарро илова–мекунад. Ин лаҳзаи нав
хонадоршавии Маҷнун ба духтари Навфал–мебошад. Инчунин, лаҳзаҳои дигари нодир: вафоти падару
модари–Маҷнун, ба хонаи Лайлӣ овардани Маҷнун лаҳзаҳоеанд, ки на танҳо дар–достони Низомӣ, балки дар
достонҳои Амир Хусрав, Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва–дигарон дида намешавад.–Сабабҳои тавофути лаҳзаҳои ҷудогона
дар мақсади адибон ва усули–пешгирифтаи онҳо низ ҳаст. Низомӣ дар асараш ба тасвирҳои психологӣ–ва
рӯҳии образҳои Лайлӣ ва Маҷнун бештар таваҷҷӯҳ кардааст. Аз ин–рӯ, тасвирҳои ӯ нисбатан тафсил меёбанд,
ҷузъиёти бадеӣ ва баёни–ҳолату рӯҳия дар асари Низомӣ муфассалтар сурат мегирад. Дар асари–Шоҳин
бошад, ҳадафи эҷодкор нишон додани лаҳзаи фоҷеавии ишқи–Лайлӣ ва Маҷнун буд. Шоҳин нисбат ба
тасвирҳои психологӣ бештар ба–воқеияти ҳаётӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Албатта, ин ҳолатҳо бесабаб–
набуд. Ӯ пайваста дар рикоби амир буд. Завҷааш аз олами фонӣ барвақт–сафар кард. Тарбияи тифли навзод
ва ғайра Шоҳинро водор намуда–буданд, ки ҷанбаъҳои воқеияти тасвирро бештар пурқувват бисозад.–Яъне
Шоҳин ба нақши замону муҳит ва шароиту ҳолати воқеӣ бештар–таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Саволе пеш
меояд, ки воқеиятҳои тасвир дар–кадом лаҳзаҳо бештар ба назар мерасанд? Барои намуна метавон ишора–
намуд, ки Лайлӣ ва Маҷнунро бо зӯрӣ аз ҳам ҷудо мекунанд, Лайлиро ба–каси дигар медиҳанд, Маҷнунро низ
маҷбуран бо духтари Навфал–хонадор мекунанд. Онҳо дар муқобили ноадолатиҳо ҳеҷ коре карда–
наметавонанд. Инҳоро метавон лаҳзаҳои шарҳиҳолии худи Шоҳин гуфт.–Амир ғайри хоҳиши Шоҳин
мақсадҳои худро дар ҷои аввал мегузошт.–Вазъияти шоирро комилан сарфи назар мекард ва ғайра.
3.Тахлили панди мушфики ва Шохин
Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт,
Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.
Надидам ин ҳама ҳосил зи рӯзгори вуҷуд,
Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурӯ хуфтам.
Набаста сурати ҷамъияте ба худ Шоҳин,
Зи тундбоди аҷал чун ғубор ошуфтам. _Шохин_
Саволномаи -22- 1.Мавзӯъ ва мазмуни асари насрии Қоонӣ – «Парешон».–Қоонӣ на танҳо дар навъҳои
гуногуни адабии манзум: қасида,–таркиббанду тарҷеъбанд, мусамматот, ғазал, рубоӣ, қитъаот ва ғайра,–
балки ӯ дар наср низ табъи фавқулодда баланд доштааст. Агар ӯ дар–навъҳои адабии манзум: дар қасида ба
Анварӣ ва Хоқонӣ, Унсурӣ,–Фаррухӣ; дар мусаммат ба Манучеҳрӣ; дар қитъа бештар ба Анварӣ ва–Саъдӣ;
дар рубоӣ ва тарҷеот ба Фаррухӣ дунболравӣ карда бошад, дар–наср маҳз ба Саъдӣ пайравӣ намудааст. Ин
аст, ки Қоонӣ дар зери–таъмири «Гулистон»-и Саъдӣ асари насрии худ – «Парешон»-ро таълиф–менамояд.
Гузашта аз ин асар Қоонӣ номаҳо ва зиндагиномаи худро низ–ба наср таълиф намудааст.–«Парешон»-ро
Қоонӣ дар овони 29-солагии хеш, соли 1836 таълиф–намудааст. Дар асар зимни фасли «Сабаби таълифи
китоб…» аз–Муҳаммадшоҳи ҳоким (солҳои салтанаташ 1834-1848) ёд карда мешавад, ки шояд китоб бо
хоҳиши ӯ таълиф шуда бошад. Қоонӣ сабаби–«Парешон» ном ниҳодани асари худро дар вазъи ногувору
ноороми–аҳволи шахсии хеш медонад: «ҷидду ҳазле чанд дар ҳам рехтам ва бархе–назму наср бо ҳам омехтам
ва он ҷамъро ба муносибати ҳоли худ–«Парешон» ном ниҳодам».–Сохтори асар чунин наст: Муқаддима,
фасли «Сабаби таълифи китоб»,–қисмати асосӣ ва хотима. Қисмати асосии асар дорои 123 ҳикоят буда, ба–
масъалаҳои гуногуни ахлоқӣ, тарбиявӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, инсондӯстиву–накӯкорӣ, саховатмандию
баландҳимматӣ, сабру таҳаммул, дӯстиву–рафоқат ва ғайра бахшида шудааст. Аз сабаби он ки «Парешон»
зери–таъсири «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ рӯи кор омадааст, дар он–тарбияи инсон ва адолату
адолатхоҳӣ аз масъалаҳои марказӣ ва–асоситарин ҳисоб мешаванд. Азбаски «Парешон» асари ахлоқӣ-
тарбиявист, пас ситоиши–хислатҳои ҳамида: инсондӯстӣ, халқпарварӣ, ватанхоҳӣ, некӣ ва–некӯкорӣ,
саховатмандӣ, олиҳиматӣ, адолатпарварӣ, илмдӯстӣ, хоксорӣ,–фурӯтанӣ, хайрхоҳӣ, некандешӣ, пуртамкинӣ,
таҳаммулкорӣ, дурандешӣ,–пурсабрӣ ва ғайра дар он бо тамоми ҷузъиёт ба тасвир гирифта шудааст.–
Хислатҳои разила аз қабили: бадӣ, бадандешӣ, кибр, ғурур, золимӣ,–худхоҳӣ, мардумозорӣ, ғоратгарӣ, қатлу
куштор, сабукфикрӣ,–кӯтоҳназарӣ, дунҳиматӣ, такаббур, рибохорӣ, ришваситонӣ,–авомфиребӣ, қалтабонӣ,
даюсӣ, нокасӣ, бодахорӣ, майпарастӣ,–муфтхӯрӣ ва ғайра дар ин асар хеле ба таври ҷиддӣ маҳкум карда–
мешаванд. Масалан, дар ин ҳикоят, ки мастию бодапарастӣ ҳамчун–унсури дуркунандаи инсон аз ақл ва аз
ҳадди одамӣ ба тасвир гирифта–мешавад, хеле муҳокимаронии ҷолиб ба назар мерасад. Хонанда мавқеи–
адибро ба тезӣ ҳис карда метавонад. Ин ҳикоят «Бодапаймои тавбакор»–ном дошта, басо ҳазломезу ҳаҷвӣ ба
назар мерасад. Дар ин ҳикоят симои–нохуши бадмасте тасвир шудааст, ки бодаи дусола обрӯву эътибори–
сисолаашро барҳам задааст ва дар охир ӯро ба марг расонидааст
.2. Мероси адабии Гулханӣ–Чунон ки қаблан таъкид шуд, Гулханӣ бо ду забон-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ,–дар ду
навъи адабӣ: назм ва наср аз худ андак бошад ҳам, мероси адабии–пурмӯҳтаво ба ёдгор гузоштааст. Ҳоло аз
ин адиб чанд ғазалу як қасида–ва як қиссаи тамсилӣ бо номи «Зарбулмасал» ба забони ӯзбекӣ маълум–аст.
Яъне аниқтараш 12 ғазалу як қасида ва аз 12 ғазал 7-то ба забони–тоҷикӣ ва 5 то ба забони ӯзбекӣ эҷод
гардидааст:–Фаъолияти адабии Муҳаммадшарифи Гулханӣ ҳангоми таҳсил ва–сипоҳигарӣ бо эҷоди шеърҳои
лирикӣ оғоз гардидааст.–Муҳаммадшариф бо тахаллусҳои «Гулханӣ» ва «Ҷуръат» эҷод–кардааст. Мавзӯи
ғазалиёти Гулханӣ суннатӣ буда, ишқу исёнҳои–ботинии инсон, васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба, нозу ифтихори
ӯ, садоқати–ошиқу бемеҳрии маъшуқа, барди ҳиҷрону сӯзи фироқ ва ғайра мебошад.–Яке аз мавзӯъҳои
дӯстоштаву марказии ашъори шоир ҳаҷву истеҳзо,–тамасхуру танқид аст. Вале дар ҳар сурат дар ғазалҳои
шоир ишқу–масоили дигари иҷтимоӣ бештар мавқеъ дорад. Умуман, лирикаи Гулханӣ аз нигоҳи мазмуну
мӯҳтаво ва мавзӯъи–ишқӣ, иҷтиомӣ ва ҳаҷвӣ буда, дар он унсурҳои шеваи гуфтугӯии–мардумони кӯҳистони
тоҷик хеле мавқеъ дорад
3.Тахлили панди Коони Ва Гулхани
Гудозу сӯзу дарду доғ з-инсон бар ман аст имшаб,
Чу шамъ эғозу анҷоми ман аз худ рафтан аст имшаб.
Зи ман уммеди нақди дину дил дигар бувад нодир,
Чароғи корвонам гӯӣ чашми раҳзан аст имшаб.
Баёзи гардани соқӣ таҷаллигоҳи маҳфил шуд,
Гилеми тӯри моро гӯӣ водӣ Эман аст имшаб.
Зи поям барфикандӣ, по ба поят ман сарафкандам,
Барафкан парда аз рухсор, афкан-афкан аст имшаб.
Кулаҳ бишкаст соқи, мӯҳтасиб паймонаи майро,
Ту бишкан фарқи он бадхӯй, бишкан-биштан аст имшаб.
Ба имшаб-имшаб додӣ навиди васл дере шуд,
Ҳанӯзам гӯш дар роҳи ту чашми равзан. (ГулхаНи)
Саволномаи -23- 1.Хайрат ва зиндагии у Яке аз шоирони тавонои ибтидои асри XX тоҷик
Муҳаммадсиддиқи–Ҳайрат аст, ки бо эҷодиёти худ ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири–муайян
гузоштааст. Ҳайрат соли 1878 дар гузари Арӯсони Бухоро–таваллуд ёфтааст. Номи шоир Муҳаммадсиддиқ
буда, «Ҳайрат»–тахаллуси адабии ӯст. Падари шоир дар масҷиди гузари Арӯсон муаззин–буда, барои тарбияи
писараш ҳаматарафа саъй доштааст. Шоир дар–овони ҳафтсолагӣ аз модар ва дар дувоздаҳсолагӣ аз падар
ятим–мемонад. Ҳайрат дар синни 15-солагӣ ба мадраса дохил шуда, илмҳои–ҷории замонро комилан фаро
мегирад. Вай соли 1895 бо устод–Садриддин Айнӣ рафоқат пайдо намуда, онҳо аз ҳамдигар хеле баҳраҳо–
мебаранд.–Ҳайрат аз нигоҳи иқтисодӣ чандон доро набуд ва аз ин ҷиҳат танқисӣ–мекашид. Ин аст, ки шоир
барои беҳбудии ҳолати иҷтимоии хеш, соли–1898 ба сифати мирзо, ба хидмати Ашӯрбек ном даллоли пӯсти
қароқӯлӣ–дохил мегардад. Аз сабаби он ки Ҳайрат бемор шуда буд, соли 1900 бо–маслиҳати дӯстону
наздикон барои тағйири муҳит ба Фарғона меояд.–Бемории шоир вазнин гардида соли 1902 Ҳайрат аз дунё
чашм мепӯшад.–Ҳайрат махсусан бо таъсири мактаби адабии Шарифҷон Махдум–назокати илми шеърро
хеле барвақт аз худ менамояд. Аз тарафи дигар,–муҳити илмӣ-адабии шаҳри Бухоро низ ба эҷодиёти ӯ
таъсири зиёд–менамояд. Ин аст, ки ӯ ба шеъргӯӣ аз овони хурдсолӣ шурӯъ мекунад.–
Мероси адабии Ҳайрат–Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ҳанӯз аз даврони хурдсолӣ то таҳсили–мадраса ба шеъру
шоирӣ рӯ оварда буд. Устод Садриддин Айнӣ дар ин–бора менависад, ки: «… аз камоли истеъдод ва ишқи
адабиёт дар–хурдсолӣ ба мартабаи устодӣ расида буд». Ҳайрат тавонист дар муддати–кӯтоҳ аз худ ашъори
зиёде ба ёдгор гузорад. Ашъори шоирро баъд аз–вафоти ӯ яке аз бузургону фозилони замон-Мирзо
Абдулвоҳиди Мунзим–ба сифати девон мураттаб намудааст. Ба ҳамин тариқ, девони ашъори–Ҳайрат дорои
2447 байт буда, аз шаклҳои шеърии зерин: ғазалу қасида,–қитъаву рубоӣ, мусаммати мухаммас, мусаммати
мусаддас ва ғ. иборат–мебошад.–Дар девони ӯ ғазал нисбат ба шаклҳои дигари шеърӣ мавқеъ дорад.–Мавзӯи
марказии ашъори Ҳайрат ишқу ошиқӣ, шӯру валвалаҳои–ботинии инсон, садои дилҳои лабрези вафодирию
муҳаббат, садоқату–самимият мебошад. Бахусус ғазалиёти ӯ аз ин ҷиҳат афзалияти бештаре–дорад
2. Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна дар асри Х1Х–Нимаи дуюми асри XIX дар ҳаёти халқҳои Осиёи Миёеа
давраи–нави сиёсӣ мебошад. Зеро Россия аз ибтидои асри XVII бо Осиёи Миёна–робитаҳои тиҷоратӣ дошт.
Аврупои Ғарбӣ низ ба Шарқ таваҷҷӯҳ–мекард. Хусусан, Англия мехост нуфузи худро дар Осиёи Миёна
бештар–намояд.–Дар нимаи дуюми асри XIX як қатор тағйироти сиёсӣ дар–қаламрави Осиёи Миёна ба вуқӯъ
пайваст. Ин иртиботи тарафайн боиси–зуҳури баъзе мушкилот ва омилҳои монеъшавии мамолики дигари
ғарбӣ–низ мегардид. Авзои сиёсии дохилии Осиёи Миёна низ хеле мураккабу–печ дар печ буд. Хони Хӯқанд –
Олимхон бо мақсади ба давлати хонии–худ тобеъ кардани Ӯротеппа понздаҳ мартиба ба он ҷо лашкар
кашид,–амири Бухоро – Насруллоҳхон дар тӯли бист сол барои тасарруфи–ноҳияи Шаҳрисабз сиву ду дафъа
лашкар кашидааст. Дар ин ҷангҳо–қаламрави Мурғоб, ноҳияҳои Ӯротеппа, Хуҷанд, Фарғона ва дигар–шаҳру
навоҳии Осиёи Миёна хеле харобу заъиф гардида буд.–Ҳангоми лашкаркашии давлатҳои парокандаи саркаш
ҳазорон–ҳазор одамон нобуд мегардиданд.–Ҳокимони хонигариҳои Бухоро ва Хӯқанд қисми коршоями–
мардуми вилоятҳои забткардаашонро барои амалӣ намудани ноҳияҳову–нақшаҳои худ истифода мебурданд.
Масалан, амир Шоҳмурод аз–музофотҳои гуногуни Ургут, Зомин, Ҷиззах, Ӯротеппа, Панҷакент ва–ғайра
шахсони дастандаркорро муҳоҷир намуда, харобазорҳои–Самарқандро обод менамуд. Аз тарафи дигар,
қаламрави Осиёи Миёна–таваҷҷӯҳи Англияро ҳам ҷалб карда буд. Аз ин нуқтаи назар, зиёд–гардидани
нуфузи Россия барои халқҳои Осиёи Миёна беаҳамият набуд.–Аморати Бухоро, хонигариҳои Хева ва Хӯқанд
мунтазам байни ҳам дар–муносибати душманона буданд. Ин аст, ки Англия барои суст намудани–нуфузи
Россия дар Осиёи Миёна чораандешиҳо мекард. Ҳолати–пешомада Россияро ҳамаҷониба ҳушёр менамуд.
Зеро бо роҳҳои–дипломатӣ ва ё иқтисодӣ ҳал намудани қазияи мазкур аз имкон берун–мегардид. Россия роҳи
беҳбудии ин пешомадҳоро дар чораҷӯиҳои ҳарбӣ–медид. Соли 1864 миёни Хӯқанду Бухоро ҷанг буд. Россия
соли 1865–Тошкандро ишғол кард. Маҳз ба ҳамин хотир, байни солҳои 1865-1868–нуфузи ҳарбии Россия дар
ин сарзамин бештар гардида буд. Солҳои–1865-68 Хӯқанд, Ҷиззах, Самарқанд, Фарғона ба Россия тобеъ
карда–шуданд. Амалан Хева ва Бухоро, ки истиқлоли сиёсӣ доштанд, ба Россия–тобеъ карда шуда буданд. Ба
ҳамин тариқ, солҳои 60-уми асри XIX–Осиёи Миёна аз нигоҳи сиёсӣ ва ҷуғрофӣ ба империяи Россия ҳамроҳ–
карда шуда буд. Дар Тошканд генерал – губернатори Туркистон ташкил–ёфт. Натиҷаи ин рӯйдодҳои сиёсӣ
ангезаҳои зеринро пеш овард:–1.Низоъҳои сиёсии дохилии хонигариҳои Осиёи Миёна аз байн–рафт.–2.Россия
низ мавқеъи худро дар Шарқ аз нигоҳи стратегӣ таҳким–бахшид. 3. Россия нисбат ба Осиёи Миёна аз нигоҳи
сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ–пешрафта буд. Аз ин рӯ, дар қисмати шимоли Осиёи Миёна ҳолати–гузаштан аз
зироат ба саноат андаке бошад ҳам, ҷараён мегирифт.–4. Низоми фаъолияти бозорҳо, бонкҳо, ривоҷи
тиҷорат, хоҷагии–қишлоқ, роҳҳо ва ғ. андаке ҳам бошад назаррас гардид
3.Тахлили панди Хайрат
Ай мӯниси дил, дӯш ту меҳмони кӣ будӣ?
Дил бе ту ба ҷон омаду ҷонони кӣ будӣ?
Маст аз маи ишқат ману бо ғайр задӣ ҷом,
Ранҷури ту ман будаму дармони кӣ будӣ?
Ҳамсӯҳбати ағёриву як бор нагуфтӣ,
Бо худ, ки қарини дили бирёни кӣ будӣ?
Бурдӣ ту, қарор аз ману ороми кӣ гаштӣ?
Мурдам зи фироқи ту, бигӯ, ҷони кӣ будӣ?
Аз гиряи ман киштии афлок равон гашт,
Ай рӯҳи равон, лӯъбати хандони кӣ будӣ?
Саволномаи -24- 1.Щохин ва мероси адабии у Шамсуддин Муҳаммад махдуми Шоҳин соли 1859 дар Бухоро,
дар–оилаи мулло Амони Хатлонӣ таввалуд шудааст. Мулло Амони Хатлонӣ–дар овони ҷавонӣ барои
илмомӯзӣ ба Самарқанд омада, баъди ду соли–таҳсил азми Бухоро намуда, дар ин маркази илмию адабии–
Мовароуннаҳр мадрасаро хатм мекунад. Пас аз хатми мадраса Мулло–Амон чанд муддат дар яке аз
мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ ҳам–кардааст. Шоҳин баъдҳо дар маснавии «Тӯҳфаи дӯстон» ғамхории–
волидайнашро дар бораи худ аз забони падараш чунин ёдоварӣ мекунад. Шоҳин ҳангоми мактабхонӣ
тахминан дар ҳашт ё нӯҳсолагӣ ба шеър–гуфтан шурӯъ кардааст. Инчунин, ӯ дар хушнависӣ маҳорати том
дошта,–баъди хатми мактаб падараш ин ҳунари Шоҳинро дида, вайро пешаи–мирзоӣ меомӯзонад. Хаттотон
нозукиҳои ин пешаро ба Шоҳин ёд–медиҳанд. Ӯ тӯли ду-се соли шогирдӣ тарзи хатнависӣ ва иншоро хуб ёд–
мегирад. Баъдтар дар синни 15-16- солагӣ Шоҳин барои таҳсили илм ба–мадраса дохил мешавад.–Падару
бобоёни Шоҳин аз тоифаи аҳли фазлу адаби Хатлон будаанд.–Баъдтар падари Шоҳин ба Самарқанд ва аз он
ҷо ба Бухоро меояд, ки–мақсадаш танҳо таҳсили илм будааст. Аз рӯи ишораи сарчашмаҳои ин–аср, Шоҳин
фарзанди хурдтарини хонадон мебошад ва аз баъзе–ишораҳои шоир маълум мешавад, ки дар хонадони онҳо
духтаре ҳам ба–дунё омада будааст. Зеро Шоҳин вафоти хоҳарзодаҳои худро дар як–қитъаи таърих ишора
мекунад. Баъд аз хатми мадраса Шамсуддин Шоҳин чанд гоҳе имоматӣ низ–мекунад. Шоир дар «Тӯҳфаи
дӯстон» 87сол умр дидани падарашро–таъкид кардааст. Таъмини рӯзгор пас аз вафоти падараш бар ӯҳдаи ӯ–
меафтад. Дар ин айём яке аз шайхони Бухоро – Абӯтоҳир Зарири–Ҷӯйборӣ ба шоир ҳаматарафа ёрӣ
мерасонад. Ба ин маънӣ Шоҳин–мегӯяд:
Шукри Худо, ки чун падар аз ман канора ҷуст,
Шуд илтифоти хоҷаи офоқ ёварам.
Вале баъд аз чанде Зарири Ҷӯйборӣ низ вафот мекунад. Дар ҳар сурат қозикалон низ ба шоир то ба ҳадде
ёрии моддии хешро–дареғ надоштааст, зеро баъзе ишораҳои Шоҳин ба он гувоҳанд. Аммо–касби имоматӣ
Шоҳинро қонеъ кунонида наметавонад. андон мувофиқи мақсуд набудааст. Аз ин рӯ, дар ин касб чандон
зиёд–машғул нашудааст. Баъдтар аз соли 1885 сар карда чанд гоҳе яке аз–муқаррабони дарбори амир
мешавад.–Абдулаҳад ба хизмати мирзоӣ Шоҳинро пазируфта, ӯ дар дарбор–ҳамчун хушнависи машҳур ва
хаттоти номӣ маълум мегардад.–Парвоначии дарбор – Абдулқодир шоири ҷавонро ҳамаҷониба месанҷад.–
Яъне на танҳо касби ӯро, балки илму дониш ва фазилату истеъдоди–Шоҳинро пай бурда, вайро ҳамчун
фарзанди худ эҳтиром менамудааст.–Ҳатто бо дахолати парвоначӣ Шоҳин дар ситоиши Абдулаҳад қасидаҳо–
низ менависад. Ин ҳолат ҳасудони Шоҳинро бедортар менамояд ва онҳо–ба шоир фишор меоваранд. Аз
тарафи дигар, бо фармони амир–Абдулқодири парвоначӣ ҳокими Шеробод таъин карда мешавад ва ӯ аз–
Бухоро меравад. Дарбориён аз фурсат истифода намуда ба Шоҳин–сахттар ҳуҷум мекунанд. Ин аст, ки
парвоначӣ Абдулқодир бо баҳонаи–ҳимояи Шоҳин ба ӯ духтарашро хонадор менамояд. Домод шудан ба–
ҳокими Шеробод Шоҳинро аз ҳамлаи ҳасудон то андозае эмин–мегардонад. Аз тарафи дигар, амир
Абдулаҳад низ ба Шоҳин аз наздик–шинос гардида, донишу маҳорати шоирро ҳис намуда, мехоҳад ӯро–
ҳамсӯҳбати бевоситаи худ намояд. Амир чунин ҳам кард ва ҳатто дар–сафарҳояш Шоҳинро бо худ гирифта
мебурд. андон мувофиқи мақсуд набудааст. Аз ин рӯ, дар ин касб чандон зиёд–машғул нашудааст. Баъдтар аз
соли 1885 сар карда чанд гоҳе яке аз–муқаррабони дарбори амир мешавад.–Абдулаҳад ба хизмати мирзоӣ
Шоҳинро пазируфта, ӯ дар дарбор–ҳамчун хушнависи машҳур ва хаттоти номӣ маълум мегардад.–
Парвоначии дарбор – Абдулқодир шоири ҷавонро ҳамаҷониба месанҷад.–Яъне на танҳо касби ӯро, балки
илму дониш ва фазилату истеъдоди–Шоҳинро пай бурда, вайро ҳамчун фарзанди худ эҳтиром менамудааст.–
Ҳатто бо дахолати парвоначӣ Шоҳин дар ситоиши Абдулаҳад қасидаҳо–низ менависад. Ин ҳолат ҳасудони
Шоҳинро бедортар менамояд ва онҳо–ба шоир фишор меоваранд. Аз тарафи дигар, бо фармони амир–
Абдулқодири парвоначӣ ҳокими Шеробод таъин карда мешавад ва ӯ аз–Бухоро меравад. Дарбориён аз
фурсат истифода намуда ба Шоҳин–сахттар ҳуҷум мекунанд. Ин аст, ки парвоначӣ Абдулқодир бо баҳонаи–
ҳимояи Шоҳин ба ӯ духтарашро хонадор менамояд. Домод шудан ба–ҳокими Шеробод Шоҳинро аз ҳамлаи
ҳасудон то андозае эмин–мегардонад. Аз тарафи дигар, амир Абдулаҳад низ ба Шоҳин аз наздик–шинос
гардида, донишу маҳорати шоирро ҳис намуда, мехоҳад ӯро–ҳамсӯҳбати бевоситаи худ намояд. Амир чунин
ҳам кард ва ҳатто дар–сафарҳояш Шоҳинро бо худ гирифта мебурд. Мероси адабии Шоҳин.
Ба навиштан натавон шеъри маро кард тамом,
Гарчи з-ошуфтадилӣ завқи сухан кам дорам.
Осори Шамсуддин Шоҳин ба таври нисбатан ҷомеъ танҳо пас аз 42–соли вафоти шоир гирдоварӣ шудааст.
Дар мероси адабии лирикии–Шоҳин ҷои асосиро, пеш аз ҳама ғазал ишғол менамояд. Пас аз ғазал–қасида,
рубоӣ, қитъа, мусаммати мухаммас, тарҷеот таркиби девони ӯро–фароҳам овардаанд. Инчунин, осори
достонӣ: «Лайлӣ ва Маҷнун»,–«Тӯҳфаи дӯстон» ва асари мансури «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и адиб то кунун–
дастрас шудааст.
2. Асарҳои илмии Аҳмади Дониш–1. «Манозир-ул-кавокиб» («Манзараи ситораҳо»). Асари–мазкур доир ба
илми нуҷум-ситорашиносӣ буда, оид ба мавқеъ,–мақому ҳолоти ситораҳо, ҷойгиршавии онҳо ва зуҳури
бисёр–ҳаводису воқеоти марбути ситораҳо ва ғайра баҳс мекунад.–Муаллиф ин асари худро ба яке аз
дӯстонаш бахшидааст. Санаи–таълифи китоб соли 1865 мебошад.–2. «Рисола фӣ аъмол ил-кӯра» («Рисола
доир ба амалиёт–бо кӯра»). Аҳмади Дониш дар ин рисола оид ба кашфиёти илмии–асри худ, доир ба кайҳон
маълумоти нодири илмӣ медиҳад.–Хусусан, баъди мулоқоти ӯ бо капитани рус Стреомухов, ки–капитан ба
Дониш ду глобус: ҳам глобуси замин ва ҳам глобуси–саморо тӯҳфа менамояд. Аз ин рӯ, Дониш баъзе ахбори
тоза оид ба–ҷанбаъҳои ҷуғрофӣ ва астрономӣ медиҳад.–3. «Таъодули хамсаи мутаҳайира» («Ҳаракати панҷ–
ситора»). Ҳадафи Аҳмади Дониш ҷойгиршавӣ ва ҳаракати Уторуд,–Зӯҳра, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал буда,
рисолаи мазкур низ ба–илми нуҷум бахшида шудааст. Яъне ҳар яке аз ин ҷирмҳои самовӣ–бо хосиятҳои
ҷудогонаи худ шарҳ дода мешавад. Аҳмади Дониш–ин асарашро соли 1883 дар шаҳри Ғузор таълиф
намудааст.–4. «Меъёр-ут-тадайюн» («Ҳадди диёнат»). Аҳмади Дониш–ба масъалаҳои муҳимми сиёсӣ,
иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятиву ҳуқуқӣ аз нигоҳи илми шариат низоми муайян таъин–менамояд.
Ҳадафи муаллиф амиру аморат ва сохтори роҳбарии–ҷомеъаро, ки аҳли диёнат мебошанд, ба адлу адолат ва
инсоф–даъват мекунад. Дониш ин асарро соли 1894 таълиф намудааст.–5. Дар мероси илмии Аҳмади Дониш
боз як асари–таърихии ӯро низ метавон номбар кард, ки мутахассисон онро–«Рисола ё мухтасаре аз таърихи
салтанати хонадони манғития»-–ном ниҳодаанд. Дар ин асар сари қудрат омадани амирони–манғития аз
Дониёл то Абдулаҳад маълумот дода мешавад. Асар–оид ба шахсияти амирон, усули кишвардории онҳо,
муносибатҳои–дохилӣ-дарборӣ ва хориҷии онҳо, хусусан бо Россия, ҳолати раъият–ва ғайра хеле маълумоти
пурарзишу судманд медиҳад, ки дар ин–бора баъдтар маълумот хоҳем дод.
3.Тахлили панди Шохин.
Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт,
Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.
Надидам ин ҳама ҳосил зи рӯзгори вуҷуд,
Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурӯ хуфтам.
Набаста сурати ҷамъияте ба худ Шоҳин,
Зи тундбоди аҷал чун ғубор ошуфтам.
Саволномаи -25- 1. Коони ва мероси адаби у октябри соли 1808 дар шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Падари ӯ
Мирзо–Муҳаммад Алӣ худ шоир буда, бо тахаллуси Гулшан шеър мегуфтааст.–Гулшан аслан аз
Кирмоншоҳон буда, баътар ба Шероз меояд. Дар овони–мактабхонии Коонӣ падараш аз олам гузаштааст.
Қоонӣ баъдтар барои–таҳсил ба Исфаҳон рафта, сипас бо шоҳзода Мирзо Шуҷоуссалтана ––писари
Фатҳалишоҳ дӯстӣ пайдо намуда, ба ин восита бо ёрии моддии–шоҳзода барои таҳсил ба Машҳад меравад.
Қоонӣ худ мегӯяд, ки дар–Машҳад зиндагиаш нисбатан хушҳолона будааст. Чунончи, «… бахтам–қавӣ,
кисаам фарбеҳ, хостаам зиёд», – ба ёд меорад шоир. Ин ёрии моддӣ–имкон медиҳад, ки Қоонӣ ба омӯзиши
илмҳо боз ҳам ҷиддитар машғул–шавад. Ин аст, ки Қоонӣ ба омӯзиши илмҳои гуногун хеле ҷиддӣ машғул–
шуда сарфу наҳв, мантиқ, бадеъ, маонӣ, баён, ҳандаса, ҳисоб, нуҷум,–калом, фиқҳ ва ғайраро ҳамаҷониба
меомӯзад. Ӯ аз илми мусиқӣ низ–комилан бохабар будааст. Аз рӯи шаҳодати сарчашмаҳо ва баъзе–ишораҳои
тарҷумаиҳолии худи Қоонӣ, ӯ дар синни 16-17 солагӣ ба ҷами–арӯзро аз худ мекунад. Сарчашмаҳо ба
забондонии Қоонӣ низ ишора–намуда таъкид кардаанд, ки шоир забонҳои арабӣ ва туркиро хеле хуб–
медонистааст. Ӯ дар ҳамин поя забонҳои франсавӣ ва англисиро низ–омӯхта будааст. Ҳатто Қоонӣ ба писари
7-солаи худ Сомонӣ забони–франсавиро то ба ҳадде бо тамоми нозукиҳояш омӯзондааст, ки Сомонӣ–дар он
синну сол ба забони мазкур озодона сӯҳбат менамудааст.–Шеъргӯии шоир хеле барвақт оғоз гардида, ӯ дар
ибтидо бо тахаллуси–«Ҳабиб» эҷод мекардааст.–Баъдтар шоир ба хидмати Ҳасаналӣ Мирзо, ки ҳокими
Машҳад буд,–дохил шуда, се сол хидмат мекунад. Фарзанди Ҳасаналӣ Мирзо Уктои–Қоон ном дошт ва шоир
тахаллуси худро аз Ҳабиб ба Қоонӣ иваз–менамояд. Баъдтар шоҳзодаро ҳокими Кирмону Язд таъин
мекунанд ва–Қоонӣ низ ба ин макон меояд.–Қоонӣ пас аз он ки бо Фатҳалишоҳ шинос мешавад, муддате
хидмати–ӯро ихтиёр менамояд, Фатҳалишоҳ ба шоир унвони эҷодии–муҷтиҳидушшуаро дода, ба ӯ таваҷӯҳи
бештар зоҳир менамояд.–Соли 1835 дар Теҳрон Муҳаммадшоҳ ба тахт менишинад. Қоонӣ худи–ҳамон сол ба
Теҳрон омада, ба хидмати ӯ дохил мешавад. Муҳаммадшоҳ–ба ӯ лақаби «Ҳассон-ул-аҷам»-ро медиҳад, ки
баҳри сазовор гардидан ба–ин унвон садри аъзам Ҳоҷ Мирзо Оқосӣ мусоидат намудааст. Қоонӣ ду дафъа
хонадор шуда бошад ҳам, дар зиндагии оилавӣ–бахташ омад накард. Пас аз ранҷу азобҳои хеле тӯлонӣ, ки
ҳам аз ҳар ду–ҳамсараш ва ҳам аз хешовандони онҳо дида буд, вай сахт бемор–мешавад. Қоонӣ серфарзанд
буда, яке аз писарони шоир Муҳаммад Ҳасан адиби–хеле рангинхаёл будааст.–Муҳаммад Ҳасан аз овони
хурдсолӣ ба шеъргӯӣ машғул шуда, бо–тахаллуси Сомонӣ эҷод мекардааст.
Мероси адабии Қоонӣ.–Қоонӣ ба шеъргӯӣ дар овони 11-12- солагӣ шурӯъ намуда, аз худ осори–адабии бое
боқӣ гузоштааст. Мероси адабии маҳфузмондаи Қоониро–беш аз сад ҳазор байт донистаанд. Он осор асосан
аз қасида, ғазал,–қитъаоту рубоиёт иборат мебошад. Дақиқан таркиби девони Қоонӣ–чунин аст: қасида 330-
то, ғазал 78-то, рубоӣ 29-то, мусаммат 6-то,–таркиббанд 13-то, тарҷеъбанд 1-то, қитъа 155-то, маснавӣ-2то;
2. Инъикоси замон, вазъияти сиёсӣ – иҷтимоӣ дар ғазалиёти Сайидо.–Оид ба мавзӯи мазкур Сайидо асари
ҷудогонаи худ – «Баҳориёт» ё худ–«Ҳайвонотнома»-ро навиштааст.–Гузориши масъалаи мазкур дар
ғазалиёти шоир пурвусъаттар–мебошад.–Яъне аз доираи мавзӯъҳои ишқӣ рӯ овардан ба рӯзгори иҷтимоии–
инсон ва ҷамъият яке аз хусусиятҳои ғазалиёти шоир ба шумор меравад. Сайидо бесарусомониҳои
ҷамъиятро–дар мансабталошиву ҷаҳонпарастии муосирон мебинад ва аз ин рӯ, ба–ҳимояи мардумони оддӣ
овоз баланд мекунад:
Дар талоши салтанат афтодаанд аз пой халқ,
Тоҷ агар ин аст, олам сарнагун хоҳад шудан.
Аз ин сабаб, ӯ аз ғами халқ, аз ҳоли мардумони оддӣ дилхуну–ҷигаркабоб аст ва фиғону нолааш танҳо баҳри
беҳбудии рӯзгори–бечорагону дармондагон мебошад:
Ашки ман гар инчунин, к-аз дил бурун хоҳад шудан,
Доғҳои синаам гирдоби хун хоҳад шудан
3.Тахлили панди Коони ва Бедил
Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нағунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.
Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.
Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфон гаштааст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.(Бедилл)
Саволномаи -26- 1. Ташкили давлати Темуриёни Ҳинд–Темуриёни Ҳинд ва ё ин сулола дар сарчашмаҳо бо
номи Бобуриён низ–ёд мешавад, аз ибтидои асри ҶVI то оғози асри ҶIҶ дар Ҳиндустон–ҳукмронӣ кардаанд.
Аниқтараш тӯли солҳои 1526-1858 сулолаи мазкур–дар қаламрави Ҳинд ҳукумат кардааст. Асосгузори
ҳукумати Темуриёни–Ҳинд намояндаи ҳамин сулола – Заҳируддин Бобур мебошад. Онҳоро–инчунин
муғулҳои бузург низ меноманд. Ин сулола дар охирҳои–салтанати Аврангзеб пароканда гардида бошад ҳам,
амалан то истилои–Англия (с.1857) вуҷуд дошт. Силсилаи мазкур аз Бобур (1526-30) оғоз–гардида, Ҳумоюн
(1530-39; 1555-56), Акбар (1556-1605), Ҷаҳонгир (1605-–27), Шоҳиҷаҳон (1627-58), Аврангзеб (1658-1707),
Баҳодуршоҳ (1707-–1712), Ҷаҳонгиршоҳ (1712-13), Фаррух Сияр (1713-19), Муҳаммадшоҳ–(1719-48),
Аҳмадшоҳ (1748-54), Оламгири II(1754-59), Шоҳолами II (1806-–37) идома намудааст ва охирин намояндаи
сулолаи мазкур Баҳодуршоҳи–II солҳои 1839-1858 ҳукмронӣ кардааст.
2. Услуб ва хусусиятҳои бадеии ашъори Бедил.–Осори насрӣ ва манзуми ҳар як адиб дар кадом асре, ки
бошад, аз–сабки умумии адабӣ берун нест. Вале истеъдодҳо дар таърихи адабиёт–тавонистаанд, ки дар
ҷузъиёт тозаҷӯиҳо кунанд. Масалан, Рӯдакӣ дар–асри X, Носири Хусрав(XI), Саноӣ (а.XII), Низомӣ (а.XII),
Ҷалолуддини–Балхӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саъдӣ (а.XIII), Ҳофизу Камол (а.XIV),–Ҷомӣ(а.XV) ва ғайра.–Аз ин
нуқтаи назар, осори Бедил низ дар заминаи сабки умумии давр ––сабки ҳиндӣ эҷод шудааст ва хусусиятҳои ин
сабкро комилан фаро–гирифтааст. Аз тарафи дигар, эҷодиёти Бедил, ки онро истеъдоди басо–ҳайратовар рӯи
кор овардааст, дар ҷузъиёт тозакориҳои хеле сершумор–дорад, ки ҳатто сабки умумии даврро сарчашмаҳо
сабки бедилӣ ном–ниҳодаанд. Ба ин маънӣ, то андозае адабиёти беш аз 700-сола ҷанбаи–ҷамъбастӣ мегирад,
ки ин падидаро худи Бедил, пеш аз ҳама, ҳис–кардааст. Чунончи, мегӯяд:
Зи баъди мо на ғазал, не қасида мемонад,
Зи хомаҳо ду-се ҳарфи чакида мемонад.
Зеро ҳадафи шоир жанри ҷудогона набуда, умуман, шеър, яъне–адабиёт аст.–Ӯ шоирест, ки ҳангоми саррофии
сухан ҳунари хоса зоҳир мекунад.–Ҳатто ашёҳои муқаррарии табиат: кӯҳ, санг, хок, об, сабза, дарахт, абру–
борон ва ғайра моҳияти махсуси эстетикӣ мегиранд ва ба таври–ҳайратовар ҷаззобу ҷолиб ва зебову
назаррабо мешаванд. Ба ин маънӣ–Бедил мегӯяд:
Ҳар сангпорае, ки фитад чашми мо бар ӯ,
Аз як назар ақиқи Яман мекунем мо.
3.Тахлили газали Бедил.
Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нағунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.
Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.
Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфон гаштааст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.(Бедилл)
Саволномаи -27- 1.Хаёт ва куллиёти Бедил. Бузургтарин шоир, мутафаккир ва нависандаи забардаст
Мирзо–Абдулқодири Бедил, яке аз он эҷодкоронест, ки на танҳо ба адабиёти–давр балки ба ҷараёни
минбаъдаи таърихи адабиёт низ ҳамаҷониба–таъсир расонидааст. Бедили Деҳлавӣ соли 1644 дар шаҳри
Азимободи–вилояти Банголаи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Аз ин сана (1054) 32 тарҳ карда шавад, 1022
мемонад ва он бо–622 ҷамъ карда шавад, соли 1644 ҳосил мешавад, ки санаи володати–Бедили Деҳлавӣ
мебошад. Абдулқодир ном ва Бедил тахаллуси адабии–шоир буда, унвони афтихории эҷодиаш Абулмаъонӣ
мебошад. Бедил ба–маънии дилдода, яъне ошиқ шарҳ дода шудааст. Падару бобоёни Бедил–аз мардумони
атрофи Самарқанд буда, аз сабаби нобасомониҳои авзои–таърихии Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон рафта
будаанд. Ба таркиби номи–хешовандон ва номи худи шоир илова гардидани вожаи мирзо гувоҳи он–аст, ки
нафаре аз аҷдоди ӯ сардори бузург гузашта будааст. Гузаштагони–Бедил аз тоифаи сипоҳиён будаанд.–Бедил
дар овони тифлӣ аз падар ятим монда, тарбия ва таълими–ибтидоиро аз модар гирифтааст. Ӯ дар 5-6 – солагӣ
ба мактаб дода–мешавад. Бедил, дар 7- солагӣ «Қуръон»-ро ҳифз намуд. Баъдтар–илмҳои дигари замонаи
хеш: сарфу наҳви арабӣ, мантиқу ҳикмат, фиқҳу–калом, тафсиру ҳадис, адабиёт, тасаввуфу ирфон ва ғайраро
комилан–фаро гирифтааст. Устодони Бедил амакаш Мирзо Қаландар, тағояш -–Мирзо Зариф, донишмандону
орифони дигар: Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ,–Шайх Камол, устод Абулқосим, Шайх Фозил ва дигарон будаанд.–
Бедил аз мусоҳибаҳои аҳли илму фазл дар кошонаҳои – Мирзо–Қаландару Мирзо Зариф баҳраи комил
бардоштааст.–Истеъдоди шоирии Мирзо Абдулқодири Бедил дар синни 10-солагиаш–ошкор шудааст. Зеро
Бедил дар «Чор унсур» хотиррасон мекунад, ки–солҳои мактабхониаш аллакай шеър мегуфтааст. Умуман, ин
шоири мутафаккир аз нигоҳи тангии маишӣ басо–танқисиҳо кашидааст. Бедил ҳатто то синни 41-солагӣ
манзили–истиқоматӣ надоштааст. Баъдтар бо дастгирии дӯстон шоир соҳиби–манзили шахсӣ мешавад. Зеро
ихлосмандонаш ба ӯ аз шаҳри Деҳлӣ–ҳавлии истиқоматӣ ёфта медиҳанд.–Ҳамсари аввалаи Бедил дар синни
38-солагии шоир аз олам чашм–мепӯшад ва ӯ бори дигар хонадор шуда, баъдҳо дар синни 64-солагӣ–
писардор гардидааст. Дареғо, писари шоир дар овони тифлӣ аз олам–гузаштааст.–Шоири мутафаккир поёни
рӯзгори хешро дар шаҳри Деҳлӣ–гузаронида, дар ҳамон ҷо, дар синни 77-солагӣ, яъне соли 1721 вафот–
кардааст. Куллиёти Бедил
Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст,
Дар чандин вақт он фуруд омадааст.
«Таврот» набуд, то бигӯям, ки ҳама
Якбора зи осмон фуруд омадааст.
Эҷодиёти ин шоири мутафаккир хеле гуногунмавзӯъ ва серсоҳа буда,–дар шаклҳои назму наср боқӣ мондааст,
ки «Куллиёт»-и ӯро фароҳам–меорад. Муҳим он аст, ки Бедил аз овони хурдсолӣ ба корҳои эҷодӣ рӯ–оварда,
фузун аз 65 сол эҷод кардааст.–Таркиби «Куллиёт»-и Бедил дар маҷмӯъ шомили 65 ҳазор байт буда–чунин
аст:–1) «Дебоча», 2) «Ирфон», 3) «Тӯри маърифат», 4) « Нукот», 5) «Ишорот–ва ҳикоёт», 6) «Руқаот», 7) «Чор
унсур», 8) «Муҳити аъзам», 9) «Тилисми–ҳайрат», 10) «Ғазалиёт», 11) «Рубоиёт», 12) «Қасоид», 13) «Қитъаот»,
14)–«Таркибот ва тарҷеот», 15) «Ташбеҳот ва тамсилот».–Девони Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар дохили «
Куллиёт»-и ӯ–омадааст, аз ғазалиёт, рубоиёт, қасоид, қитъаот, таркиботу тарҷеот,–ташбеҳот ва тамсилот
иборат мебошад. Миқдори умумии абёти таркиби–девони Бедил 37500 байтро ташкил медиҳад.–Дар девон
ҷои аввалро ғазалиёт ишғол менамояд, ки миқдоран 2165–ғазал буда, 23 ҳазор байтро дарбар мегирад.–Яке аз
навъҳои адабии дигар, ки дар девони Бедили Деҳлавӣ мавқеи–намоён дорад, рубоӣ мебошад. Дар девони
шоир 3500 рубоӣ дарҷ–гардидааст.
1Мавзуъ ва мундаричаи «Музокихот»-и Савдо Савдо на танҳо шоири тавоно, балки дар насри адабӣ ҳам
табъи–баланд доштани худро нишон додааст. Аз ӯ асари насрӣ низ боқӣ–мондааст, ки намунаи хеле хуби
насри мутоибавӣ мебошад. Ин асари–мутоибавӣ таҳти унвони «Музҳикот» машҳур аст. Асари мазкур аз
панҷ–қисм иборат буда, муаллиф онҳоро таҳти унвони «Нағма» ёд кардааст.–Жанри «Музҳикот» анъанавӣ
нест. Масалан, ба асарҳои машҳуртарин–нависандаи ҳаҷвнигори асри XIV-Убайди Зоконӣ («Ахлоқ-ул-
ашроф»,–«Сипанд», «Даҳ фасл» ё «Таърифот» ва ғайра) монанд нест. Яъне аз–ҷиҳати хусусиятҳои жанрӣ
асари Савдо навоварӣ дар насри бадеист. Аз–ин рӯ, дар лексикаи забони адабии тоҷик низ таъсири фаровон–
гузоштааст. Аз жанри дигар, дар насри ҳаҷвию мутобавии Савдо–унсурҳои насри мусаҷҷаъ ба назар мерасад,
ки ин унсур яке аз–хусусиятҳои насри бадеии мутоибавии нависандаро фароҳам овардааст:–«Аммо мисрае
намехонд, ки каломоташ пӯла нашуда бошад ва аркони–авзонаш шӯла. То ҳалворӣ гоҳе лӯндае ҳалвое дар
кори мулло кардӣ ва–муллоро аз ин ҳавлои бедуд хушнуд сохтӣ. Мулло бо даҳони ширин ба–ширинмақолӣ ба
мадҳи зуҳур-ул-ғайбаш низ пардохтӣ.–Баъзе аз бобҳои «Музҳикот»-и Савдо хеле хотирмону ҷолибанд Аз–
ҷумла, боби «Нағмаи чаҳорум: Достони Бибипанирии Кайвонӣ ва Она–Маҷони Ходим». Эпизоде дорад,
чунончи:«Рӯзе дар маҷлисе, ки ҷамъе аз–занони акобиру аъён ҳозир буданд, келинбикаи баландҳиккаро зиён–
гирифт (бемор шуд). Лаб мегазиду дандон мехоид. Бибипанирии–Кайвонӣ ба тарзи муомилашиносӣ ва
қоидадонӣ ба дастур дар кораш–кард, муфид наяфтод. То Она Маҷони Ходим пеш омада гуфт:–-Эй, дугона,
корро бебаёна (номаълум) бояд кард ва тадбирро мавқеъ–бояд шинохт, то ки чарх чун тир бар нишона ояд.
Биби Маҳрӯй-–модаршӯи ман, дасте дорад эм ва таҷрибае дорад қадим, касе ӯро биёрад,–то аласе фармояд.
Як хусусияти ниҳоят ҷолиби дигари эҷодиёти мутоибавии манзуму мансури–Абдулқодирхоҷаи Савдо боз дар
он аст, ки ӯ таркиби луғавии хеле аҷоиб–дорад. Истифодаи калимаҳову ибораҳои халқӣ-гуфтугӯӣ, эзор,
хиштак, даму–нафас, алас, дугона, бебаёна, дастмол ва ғайра. Инчунин Савдо баъзе–калимаҳоро худ месозад,
кашф мекунад, ки онҳо ба қоидаҳои сарфу наҳв–чандон итоат намекунанд. Масалан: сихи хала (чӯбчае, ки
маркабро бо он–идора мекунанд), ишқидан (ошиқ шудан), меоҳ (оҳ гуфтан), палавидан (ош–хӯрдан), чико (чи
кор), тӯғрӣ (рост), фиребидан (фиреб додан), чалидан–(мутобиқ шудан) ва ғайра. Яъне ӯ исмҳоро ҳамчун феъл
ба кор бурдааст ва ин–тарзи корбурд дар забони адабӣ нест.–Бояд гуфт, ки дар таърихи адабиёти тоҷик, агар
чуқуртар андеша шавад,–оддитарин адиб ҳам мавқеъ дорад, зеро анъана дар ин адабиёт, ки ниҳоят–қавист,
пас андак адиб ҳам, дар заминаи он даъвии тозаҷӯӣ мекунад.–Аз ин нуқтаи назар, Савдо низ дар таърихи
адабиёт мақоми худро дорад. Ӯ–яке аз он шахсонест, ки сабки бедилиро қадре ҳам бошад, заминаҳои воқеӣ–
бахшид. Дар рушди адабиёт, истиқболи суннат саҳм гирифт. Ба адабиёти давр,–муосирон ва адабиёти
минбаъдаи тоҷик андаке бошад ҳам таъсир гузошт ва–мавқеи худро ёфт.
3.Тахлили панди Бедил ва Савдо.
Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нағунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.
Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.
Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфон гаштааст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.(Бедилл)

Саволномаи -28-1.«Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» ва–мазмуни мухтасари он–
Дигар аз асарҳои Аҳмади Дониш, ки дар он афкори сиёсиву–иҷтимоӣ ва маорифпарварии ӯ хеле дақиқу амиқ
баён шудааст, «Рисолаи–таърихӣ»-и мутафаккир мебошад. Рисолаи мазкур қисмати аввали–асарест, ки
Аҳмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Азбаски–асар нотамом мондааст, муҳаққиқон вобаста ба
мазмуну мундариҷаи он–ба ин асар унвонҳои «Таърихча», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи–салтанати
хонадони манғития», «Тарҷумаи ҳоли амирони санғития»–мондаанд. Маълум аст, ки рисола дар овони
пиронсолии олим таълиф–шудааст, зеро танҳо наздиктарин эҷодкорон аз таълифи он хабарор–шудаанд. Ин
асар тақрибан пас аз даҳ соли таълифи «Наводир-ул-–вақоеъ» эҷод шудааст. Аз ин рӯ, Аҳмади Дониш тӯли
даҳ сол–тавонистааст сохтори сиёсии Бухоро, амиру аморат, сиёсатмадорону–усули кишвардории онҳоро боз
ҳам чуқуртар омӯзад.–Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» оид ба аморати Бухоро–ва тартиботи сиёсиву
иҷтимоии он ва иқтисодиёти кишвар, бо ислоҳот ва–бартараф намудани як қатор нуқсонҳо беҳбудии онро
чашмдор буд. Ӯ–дар давоми даҳ соли омӯзиши минбаъда хеле фикру ақидаи худро оид ба–ин масъала тағйир
дод. Ана ҳамин ҷанбаъ рисолаи «Таърихча»-ро рӯи–ҳастӣ овард
.2. Хаёт ва эчодиёти Соиби Табрези–Яке аз бузургтарин симоҳои адабию фарҳангии садаи ХVII, адиби–
навовару эҷодкори тозакор Мирзо Муҳаммадалии Соиб – фарзанди–Мирзо Абдурраҳим аст, ки бо эҷодиёти
ғаниву гуногунҷилои худ на–танҳо ба адабиёти асри хеш, балки ба ҷараёни минбаъдаи адабиёт низ–таъсири
амиқу дақиқ гузоштааст.–Мирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1603 дар шаҳри Исфаҳон по ба–арсаи ҳастӣ
ниҳодааст. Аз нигоҳи баромади иҷтимоӣ Соиб аз табақаи–бозаргонони ҷомеъа буда, аҷдоди ӯ асосан аз
Табрез будаанд ва дар–рӯзгори шоҳ Аббоси Кабир бо ташаббуси ин сиёсатмадор онҳо бо гурӯҳе–аз
ҳампешагонашон ба Исфаҳон кӯчонида шудаанд. Дар ин бора худи–Соиб баъзе ишораҳо низ намудааст:–
Соиб аз хоки поки Табрез аст,
Ҳаст Саъдӣ гар аз гили Шероз.
Азбаски Соиб аз табақаи бозаргонон буд, ба ӯ муяссар шудааст, ки–ҳамаи илмҳои ҷории замони худро фаро
бигирад ва чунин ҳам кардааст.–Хусусан, илмҳои фалсафа, ҳикмат, «Қуръон»-у тафсир, ҳадису фиқҳ,–сарфу
наҳв, луғат, адабиёт, калом, мантиқ, қофия, арӯз, бадеъ ва ғайраро–ба хубӣ омӯхтааст.–Ба хусус, дар илми хат
баҳраи комил дошт, зеро назокати ин ҳунарро–аз устоду амаки худ-Шамсуддини Табрезӣ (Шамси Сонӣ), ки
лақаби–Ширинқалам дошт, омӯхта будааст. Ин аст, ки «Хамса»-и Низомии–Ганҷавӣ, «Куллиёт»-и Шамси
Табрезӣ ва бисёр асарҳи дигар ба қалами ӯ–китобат шудаанд. Соиб дар овони ҷавонӣ ба зиёрати Макка ва
Мадина рафта, пас аз–адои ҳаҷ дар ватан бисёр наистода, муддате дар Кобул истиқомат ихтиёр–мекунад.
Соиб дар Кобул бо ҳукмрони он ҷо Зуфархон наздикӣ пайдо–менамояд. Зеро ҳоким дар симои Соиб шахси
донишманду эҷодкори–соҳибистеъдодеро дармеёбад. Худи Зуфархон низ табъи шоирӣ дошта,–сухану
суханварро аз ин сабаб хеле хуб қадршиносӣ мекард. Ин аст, ки–Зуфархон Соибро ҳатто устоди хеш мехонад.
Баъдтар бо дастгирии–Зуфархон Соиб ба дарбори Султони Ҳинд – Шоҳиҷаҳон низ роҳ меёбад. Соиби
Табрезӣ баъдҳо хидмати дарборро низ истеъфо дода, беш аз даҳ–сол берун аз дарбор ба эҷод пардохтааст.–
Поёни умри ӯ низ дар Исфаҳон гузашта, соли 1677 олами фониро–падруд гуфтааст ва оромгоҳаш дар
Исфаҳон буда, онро рамзи–«Анҷумани адабии Соиб» гуфтаанд.–Соиби Табрезӣ фарзандони хешро низ дар
роҳи сухандӯстию–маърифатхоҳӣ парвариш намуда, яке аз писарони шоир, ки шахсияти–шинохтае дар
қаламрави онрӯзаи диёраш будааст, Мирзо Раҳими Соиб–ном дошта, дар шеъру адаб маъруфу эътирофшуда
будааст.
Эҷодиёти Соиби Табрезӣ–Эҷодиёти Мирзо Муҳаммадалии Соиби Табрезӣ хеле бою рангин ва–серпаҳлӯ буда,
ҷолибан дар эҷодиёти ӯ ғазал мавқеи аввалиндараҷа–дорад. Дар маҷмӯъ ба қалами Соиб 120 ҳазор байт
тааллуқ дошта, аз он–ҷумла маснавии «Қандаҳорнома» низ ба ӯ нисбат дода мешавад.–Гузашта аз он, Соиби
Табрезӣ ба забони туркӣ низ эҷод карда будааст.–Муҳимтарин хусусияти таркиби девони Мирзо
Муҳаммадалии Соиб–он аст, ки ӯ ашъори худро-лирикаи хешро табақабандии аҷоиб мекунад.–Яъне ашъори
ишқии худро, ки дар он нозу истиғнои маъшуқа, васфи–зебоиҳои вай, ҳусну ҷамоли ӯро васф кардааст, таҳти
унвони «Миръот-–ул-ҷамол» (оинаи ҳусн) меорад. Ашъоре, ки дар он ҷузъиёти ҳусни–зоҳирии маҳбуба:
чашму абрӯ, холу зулф, асбобҳои ороишӣ мисли–шонаву оина ситоиш карда мешавад, онро «Ороиши нигор»
меномад ва ё–худ шеърҳои ба васоити шодию нишот, хушгузаронии умр, рӯзгор,–зиндагӣ, яъне маю
майгусорӣ, бодапаймоӣ ва ғайра бахшидаи худ, ин–адиби мутафаккир унвони «Майхона»-ро гузоштааст.
Инчунин, ашъори–дидактикӣ-тарбиявӣ ва ахлоқиро бо мавзӯъҳои дигари ҳаётию фалсафӣ–ва ҷанбаъҳои
дигари иҷтимоидоштаро «Воҷиб-ул-ҳифз» ном ниҳодааст.–Бояд гуфт, ки худи ҳамин падида дар таърихи
адабиёти тоҷик доир ба–мураттабсозии девони ашъор нодир буда, дар чунин шакл корбаст намудани он хоси
Соиби Табрезӣ аст. Ба ашъори дар боло зикргардида–бахши қасоид илова шуда, ба ин восита «Куллиёт»-и
Соиб фароҳам–омадааст.–Мирзо Муҳаммадалии Соиби Табрезӣ на танҳо дар навъҳои лирикӣ:–қасида, ғазал,
қитъа, рубоӣ ва ғ. табъи баланд доштааст, ӯ хусусан дар–эҷоди ғазал шӯҳрати махсус пайдо намудааст.
Инчунин, мутафаккир дар–эҷоди осори манзуми калонҳаҷм низ табъи баланд доштааст. Аз ин рӯ, аз–ӯ
маснавиҳои «Қандаҳорнома» ва «Маҳмуд ва Аёз» низ ба ёдгор аст.–Дар ин ҷо як нуктаи дигарро месазад
хотиррасон созем, ки Соиб аз–замони хеш то рӯзгори кунунӣ на танҳо дар Шарқ, балки дар олам–ҳамчун
намояндаи мактаби сабки ҳиндӣ шӯҳрат дорад.–То кунун оид ба рӯзгору фаъолияти адабии ӯ ба ҷуз қайду
ишорат,–мақолаҳо, муаррифиномаҳо, баёзҳову тазкираҳои муосири адабиёти–тоҷик, инчунин фаслҳои
ҷудогонаи таърихҳои адабиёти форсӣ низ–бахшида шудаанд, ки арзиши ниҳоят гарони илмӣ-тадқиқотӣ ва
оммавӣ–доранд. Зеро дар онҳо дар баробари адабиёти даври шоир, оид ба–ҷараёни зиндагии Соиб, паҳлӯҳои
рӯзгори ӯ, лаҳзаҳои ҳаёти адиб,–камолоту эҷодиёти вай, таркиби девони адиб, саҳми ӯ дар таҳаввули–
адабиёти асраш ва таърихи минбаъдаи адабиёт, хусусиятҳои эҷодӣ,–мавзӯъҳои ашъор, сабки гуфтору шеваи
баён, ҳунари эҷоду маҳорати–суханварӣ, тарзи таълифу истеъдоди сухангустарӣ ва ғ. маълумоти–зарурӣ дода
шудааст
3.Тахлили панди Соиби Табрези
Умр рафту хор-хораш дар дили бетоб монд,
Мушти хошоке дар ин вайрона аз селоб монд.
Иқди дандон дар канорам рехт аз тори нафас,
Риштаи хушке зи чандин гавҳари ноёб монд.
Танпарастӣ фурсати молидани чашме надод,
Рӯи матлаб дар ниқоби пардаҳои хоб монд.
Дил зи беишқӣ даруни синаам афсурда шуд,
Доғи ин қандили равшан дар дили меҳроб монд Соиб
Саволномаи -29- 1. Мавзӯъ, мазмуну мундариҷаи ғазалиёти шоир асосан ҷанбаҳои–иҷтимоии зиндагӣ, ҳаёт,
ноадолатиҳои рӯзгор, шебу фарозҳои олам,–печидаҳои дунёи моддӣ, нооромию бедодгариҳои муҳити
иҷтимоӣ,–ғарибию ранҷҳои мусофират, нодорию тангии маъишӣ, бевафоии умр,–дунё, мунофиқии
зимомдорони вақт, макру ҳиллаҳои зоҳирбинон,–тангназариву ғаммозии одамони ноақл ва ғайра мебошад.
Муҳим он аст,–ки дар ҳамин замина мавзӯъҳои ишқӣ ва ошӯбҳои қалбии инсон, шӯру–валвалаҳои ботинӣ,
эҳсосоти нозуки одамӣ ва ғайра баён шудааст. Яъне–мавзӯъҳои ишқӣ ҷилои аввалиндараҷа надоранд ва
бештар оҳангҳои–шиквоию ҳасбиҳолӣ ба ҷои аввал омадаанд.–Бояд гуфт, ки мавзӯъҳои иҷтимоӣ аслан барои
ғазал гарониҳо пеш–меоранд, вале шоир тавонистааст, ки дар баёни чунин мавзӯъҳо ҳунари–худро нишон
бидиҳад:
Куҷо аз модари айём осоиш ҳавас бошад?
Париданҳои рангам ҷунбиши ғавҳора бас бошад.
Гули ҷамъияти равшандилон аз риштаи оҳ аст,
Баёзи субҳро шероза аз тори нафас бошад.
Ба зоҳирбинӣ азбас кор уфтодаст мардумро,
Агар қадди касе кӯтоҳ бошад, нимкас бошад.
Ҳадаф дар ғазали мазкур ғанимат шуморидани умр, эҳтиёткорӣ,–мазаммати зоҳирбиниву кӯтоҳназарӣ аст.
Дар ин шеър таъбири халқии–«одаму дам» ба кор гирифта шудааст.
2Мероси адабии Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ–Сарфи назар аз мураккабии авзои замони зиндагии Ҳозиқ ва–
нобасомониҳои рӯзгори ӯ, аз ин шоир осори пур- арзише боқӣ мондааст.–Он осор аз «Девони ғазалиёт»
достони «Юсуф ва Зулайхо», рисолаҳои–«Воқеоти исломӣ» ва «Таҳқиқ-ул-қавоид» иборат мебошад. Рисолаи–
«Таҳқиқ-ул-қавоид» номи дигар низ дорад, ки он «Шарҳи қонунча» аст.–«Девони ғазалиёт»-и Ҳозиқ.–Дар
девони шоир ғазал мавқеи марказӣ дорад. Чун анъана мавзӯи–асосии ғазал ишқ аст. Ин мавзӯъ бо тамоми
ҷузъиёт: ҳиҷрону висол,–сабру тоқат, васфи ҳусну ҷамоли дилбар, бевафоӣ ва сустаҳдӣ,–номеҳрубонӣ,
сарддилӣ ва ғайра ба тасвир омадааст. Дар иртибот бо ин–мавзӯъ маю бода (ҳамчун рамзи хушгузаронии
умр, зиндагӣ), васфи–баҳор ва ҷузъиёти ин фасли арӯси сол: резиши борони найсону шилдир-–шилдири
ҷоришавии чӯйҳои баҳорӣ, накҳати гулҳову муаттарии насими–субҳгоҳӣ, сафои самову гармои ҳаво ва
монанди инҳо хеле ҳунармандона–аст.
3.Тахлили газали Ш.Бухорои ва Хозик
Баски белаълаш шаробам оташи ҳалкардааст,
Шӯълаи ҷаввола донам гардиши паймонаро,
Қомати хам нафси пиронро зи ҳастӣ монеъ аст,
Ҳалқаи дум гашта занҷир ин саги девонаро.
Хонаи танро қиёми бандагӣ дорад ба по,
Як қади одам бувад девор ин кошонаро.
Нарм кун дилро, фиреби неъмати алвон махӯр,
Орд кун дар осиёе нони пухт ин донаро Ш.Бухоро
Саволномаи -30-1.Пояи шоирии Сайидо.Аз рӯи қазовати Муҳаммад Бадеъ Малеҳои Самарқандӣ: «…Ҳар
касс–шеъри ӯро медонаду ҳар шахс бошад беҳтар медонанд ва бештар–мехонанд». Ин фармуда маҳбубият ва
шӯҳрати шеъри Сайидо ва ҳунари–эҷоди ӯро дар бар гирифтааст. Дар ҳақиқат мақому мартабаи Сайидо–дар
эҷоди ғазалу мухаммас ва ашъори ихтисосдодаи ӯ ба ҳунармандию–ҳунармандон, инчунин осори тамсилӣ-
мунозиравӣ басо сазовори таҳсин–аст. Албатта, шоир вобаста ба мақоми адабии худ қадршиносӣ нашуда–
бошад ҳам, ҷомеъа ё худ оммаи мардум эҷодиёти Сайидоро аз бар карда,–ба ҳунари шоир ва санъати назми ӯ
таваҷҷӯҳи хос доштаанд. Муҳим он–аст, ки ин паҳлуи масъаларо худи шоир ҳамдарк кардааст. Ҳатто борҳо–
дар ашъораш ба ин ҷиҳат ишораҳо кардааст:
Маро кай метавонад аз забонҳо ҷамъ кард акнун,
Ман он рози ниҳон будам, ки берун аз даҳон рафтам.
Ҳадаф дар байти боло бақои исми эҷодкор, пойдории эҷоди бадеъ,–қадршиносии адабиёт ва ҳунари
сухансанҷӣ мебошад. Ё худ мақсади–Сайидо ба ҷуз аз шеъру сухангустарӣ чизи дигаре дар ин олам
набудааст–ва ӯ пайваста дар андешаи эҷоди бадеъ-шеър будааст:
Ҷуз фикри шеър пешаи мо нест, Сайидо,
Моро ба даҳр мансаби дигар надодаанд.
Яке аз хидматҳои назарраси Сайидо дар таърихи адабиёт он аст, ки ӯ–адабиётро, хоса шеърро ба зиндагӣ, ба
ҳаёт, ба рӯзгори мардум, ба халқ,–ба табақаҳои иҷтимоии заҳматии ҳаёт наздик кард ва инро дар ин ва ё он–
марҳилаи эҷодӣ не, балки тамоми умри хешро маҳз ба ҳамин масъала–бахшида, ба ҷуз он фикри дигаре
накардааст.–Хизмати шоир оид ба пазироии суннат ва дар ҳамин замина ба даст–овардани тозакориҳои
адабӣ басо сазовори таҳсин аст.–Сайидо дар рушди жанрҳо, таҳаввули анвои адабӣ, тақозои тематикӣ,–
ҷузъиёти бадеии лирикӣ, ҳунари эҷоду маҳорати таълиф, коргирӣ аз–санъатҳои шеъриву воситаҳои тасвир ва
ғайра низ раҳу равиши хоси–худро дорад.
2.Ахамияти Адабиёт дар заёти мо.
3.Тахлили панди Сайидо.
Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сӯхтам чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,
Теғи ноҳақ хурда сайди бисмилам омад баёд (Сайидо)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *