100 мӯҷизаи биологӣ

  1. Паррандаҳое, мавҷуданд, ки (фотимачумчуқ, майна ва ғ.) хӯрок дар меъдаи онҳо дар 8 – 10 дақиқа ҳазм мешавад.
  2. Дар Африқо дарахте мавҷуд аст, ки аз худ рӯшноӣ медиҳад, зеро дар таркиби ин дарахт миқдори зиёди фосфор мавҷуд аст. Аҷибаш дар он аст, ки шабона дар зери ин дарахт бе мушкилӣ китоб хондан мумкин аст.
  3. Дарахти нормушк (эвкалипт) беш аз 100 метр қад мекашад.
  4. Дони гандум дар таркиби худ 13 – 14% об дорад.
  5. Растаниҳое мавҷуданд, ки гулҳои онҳо дар соатҳои муайян кушода ва пӯшида мешаванд. Ин гуна растаниҳоро “соатҳои биологӣ” меноманд.
  6. Ламинария (карами баҳрӣ) яке аз обсабзҳои калонтарин ба ҳисоб меравад, ки то 5 метр қад мекашад.
  7. Арчаҳо зиёда аз 1000 сол умр мебинанд.
  8. Дар Бразилия дарахте мерӯяд, ки бо захми кардани бадани он аз баданаш шир мерезад, таркиби ин шир ба монанди шири гов аст. Агар чанд ҷои ин дарахтро захмӣ кунем он то 4,5 – 5 литр шир медиҳад.
  9. Барои то 3 метр қад кашидани арча зиёда аз 100 – 120 сол вақт лозим аст.
  10. Дарахти тут 200 – 300 сол умр мебинад.
  11. Меваи тут дар таркибаш тақрибан 10% моддаи қандӣ дорад.
  12. Гули анҷир ягона гулест, ки танҳо тавассути занбӯри бластофаг гардолуд мешавад.
  13. Тухмҳои пахта бо нахҳои дароз пӯшида шудаанд дар як тухм то 7 000 нах дида мешавад. ( Дарозии ҳар як нах то 60мм мешавад).
  14. Ҳамагӣ 500 навъи харбуза мавҷуд аст, ки 230 навъи он дорои номҳои тоҷикӣ мебошанд.
  15. Баъзе намуди карамҳо дар як шабонарӯз то 10 литр обро истифода мебаранд.
  16. Дарахти себ аз 100 сол то 300 сол умр мебинад.
  17. Дар як грамм хоки хокистаранг ҳамагӣ 2 миллиард ва дар як грамм қум 0,5 миллиард бактерияҳо мавҷуданд.
  18. Морҳо то се сол чизе нахӯрда хоб рафта метавонанд.
  19. Дар Япония марде мавҷуд аст бо номи Киото, ки ба монанди хирс ба хоби зимистона меравад.
  20. Фил ягона ҳайвонест, ки 4 зону дорад.
  21. Вазни заррофа то 900 кг мерасад, қадаш бошад то 5,5 метр. Заррофаи навзод тақрибан 2 метр қад дорад ва вазнаш 50 кг мебошад.
  22. Заррофаҳо дар як рӯз танҳо аз 10 дақиқа то 2 соат хоб мекунанд. Онҳо бисёртар рост истода хоб мекунанд.
  23. Дар шаҳри Фениксии Амрико тимсоҳе мавҷуд аст, ки мошин меронад.
  24. Соддатаринҳое мавҷуданд, ки баъди мурда рафтанашон аз скелеташон оҳаксанг ҳосил мешавад.
  25. Тавассути фораминифераҳои мурдарафта, ки яке аз намуди соддатаринҳо мебошанд, синну соли қабатҳои Замин ва мавҷуд будан ё набудани нафтро дар қабатҳои замин муайян мекунанд.
  26. Пирамида (аҳром) – ҳои Миср ва баъзе биноҳои куҳнаи он аз оҳаксангҳои аз гӯшмоҳи ё садафи соддатаринҳои гӯшмоҳидор ҳосилшуда сохта шудаанд.
  27. Дар пулҳои куҳнаву фарсуда зиёда аз 500 намуди бактерияҳо мавҷуд аст, ки бовуҷудоварандаи бемориҳои зуком, сил, зардпарвин ва ғ. мебошанд.
  28. Дар як грамм хок аз 150 ҳазор то 1млн. Адад соддатаринҳо зиндагонӣ мекунанд. Дар 1 га. замини корам то 8,5 – 9 тонна фарди соддатаринҳо зиндагонӣ мекунанд.
  29. Як исфанҷ дар як шабонарӯз 20 литр ва тӯдаи онҳо бошад дар ин қадар вақт 1500 литр обро меполоянд.
  30. Дар уқёнуси яхбастаи Шимолӣ яхпораҳо чунон тез об мешаванд, ки пас аз 30 сол шояд Қутби Шимол дохили об монад.
  31. Дар Африқои Ҷанубӣ шутурмурғро ба ҷои саг барои муҳофизати рамаи гӯсфандони худ истифода мебаранд.
  32. Гӯши медуза тӯфони баҳру уқёнусҳоро 15 соат пештар аз бавуқуъ омадан мефаҳмад.
  33. Андозаи бадани рӯдаковокҳо гуногун мебошад, намуди аз ҳама хурдашон 1мм буда, намуди аз ҳама калонашон бошад то 3 метр мерасад.
  34. Бандкирми болиғ дар бадани одам то 15 сол зиндагӣ карда метавонад.
  35. Аскаридаи модина, ки дар бадани инсон муфтхӯрӣ мекунанд, дар як шабонарӯз тақрибан 200 000 тухм мемонад.
  36. Гепард яке аз ҳайвонҳои баландсуръат буда, дар як соат то 112 км роҳро тай мекунад, оҳӯ 80 км, дар байни ҳайвонҳои обӣ делфин ҳайвони баландсуръат буда, дар як соат 55 км роҳро тай мекунад.
  37. Дар Австралия одамон баъзе намуди кирми лойхӯракро дар хӯрокашон истифода мебаранд.
  38. Дар Австралия Коала ном хирс зиндагӣ мекунад, ки ҳеҷ гоҳ об наменӯшад. Хӯроки асосии Коала барги дарахти эвкалипт аст, бинобар ин шираи он ҷои обро мегирад.
  39. Дар 1 га замин то 4,5 млн. кирми лойхӯрак зиндагӣ мекунад. Онҳо дар як шабонарӯз то 250 кг хокро аз рӯдаашон мегузаронанд.
  40. Як шуллуки тиббӣ дар як вақт то 50 грамм хунро мемакад, ки ин миқдор ғизо барои 0,5 сол зиндагӣ кардани он кифоя аст.
  41. Вазни китбачаи навзод ба 5 тонна мерасад.
  42. Шуллуки тиббӣ то 2 сол бе хӯрок зиндагӣ карда метавонад.
  43. Вазни харчанги баҳрӣ (омар) то 25 кг мешавад.
  44. Каждумҳо асосан шабона фаъоланд.
  45. Бордоршавии баъзе аз ҳайвонҳо аҷиб аст, махсусан ғундаҳо. Ғундаи модина баъди бордор шуданаш ғундаи наринаро мехӯрад.
  46. Заҳрнокии ғундаи модина нисбат ба ғундаи нарина 160 маротиба зиёдтар мебошад.
  47. Канаҳо пӯсти инсон ё ҳайвонро хоида, роҳ кушода ба даруни пӯст медароянд ва дар он ҷо зиндагонӣ мекунанд.
  48. Канаҳо то 6 сол бехӯрок зиндагӣ карда метавонанд.
  49. Таъсири заҳри қароқут ба организми зинда аз заҳри мор 15 маротиба зиёдтар мебошад.
  50. Занбӯрҳо дар қуттии занбӯри асал ба якдигарашон ахбор ё худ хабар медиҳанд.
  51. Дар Куба шахсест, ки 60 сол хоб накардааст. Ин шахс деҳқони Кубагӣ Висенти Медина мебошад, ки гирифтори бемории бехобӣ аст. Ӯ аз 4 солагӣ инҷониб хоб накардааст. Ин рафтори ӯ табибонро дар тааҷҷуб мондааст.
  52. Ҳашаротҳое мавҷуданд, ки як ё якчанд рӯз зиндагонӣ мекунанд. Ин гуна ҳашаротҳоро қатори якрӯзаҳо меноманд.
  53. Шутурҳо баъд аз ташнагии сахт тақрибан аз 140 то 350 литр обро менӯшанд.
  54. Гаҳвораҷунбонак, ки ҳашароти дарранда ба ҳисоб меравад дар 70 рӯз 147 ширинча, 41 пашшаи дарозфил ва 266 пашшаи хонагиро мехӯрад.
  55. Занбӯрҳое, ки баҳор ё тобистон пайдо мешаванд, ба ҳисбои миёна 35 – 40 рӯз, вале занбӯрҳое, ки тирамоҳ зиндагонӣ мекунанд то 8 моҳ зиндагонӣ мекунанд.
  56. Сагмоҳии хурдтарин мистихтис мебошад, ки дарозиаш 1 см аст.
  57. Моҳиҳо дар як шабонарӯз баробари вазни худ об менӯшанд.
  58. Агар занбӯрҳо одамро газанд худашон мемиранд, чунки неши аррашаклро доро мебошанд, ки онро аз дохили пӯст кашида гирифтан наметавонанд ва ин боиси мурдани онҳо мегардад.
  59. Занбӯри модина ки малика ном дорад, дар баҳорон дар як шабонарӯз то 2000 тухм мемонад.
  60. Занбӯрҳои модина пас аз бордор кардани занбӯрҳои нарина мемиранд.
  61. Хурӯси калонтарини Дунё “Боеч” ном дорад, ки дар муддати 18 моҳ 26 кг вазн пайдо кардааст.
  62. Малахҳо хӯроки дӯстдоштаи гӯсфанд, асп ва фил мебошанд.
  63. Баъзе сӯзанакҳо дар як соат то 100 – 150 км ҳаракат мекунанд.
  64. Кирмаки занбӯри асал хеле тез инкишоф карда дар 7 соат вазнаш то 2 маротиба меафзояд.
  65. Госин ягона паррандаест, ки чор пой дорад. Ин парранда дар Амрико зиндагӣ мекунад.
  66. Кива ном парранда, ки дар Зелландияи Нав зиндагонӣ мекунанд, хело умри кӯтоҳ дошта, дар давоми умри худ ҳамагӣ як маротиба тухм мегузорад.
  67. Як намуди шапалак ки монарх ном дорад, то 3000 км парвоз мекунад.
  68. Магасҳо баъди 3 рӯзи аз зоча баромаданашон ба тухммонӣ шурӯъ мекунанд ва дар 3 моҳи тобистон то 9 маротиба насл медиҳанд, ки дар натиҷа 5 трлн. Фарди магас пайдо мешавад.
  69. Мӯрчагон фарди аз дигар оилаи мӯрчагон бударо аз душманон ҳифз карда онро ҳамчун ғулом истифода мебаранд.
  70. Хуни нармбаданҳо вобаста ба он ки дар таркибаш кадом элементи кимёвӣ дорад (оҳан ё мис) сурх ё кабуд мешавад.
  71. Як тухми шутурмурғ 10 кг вазн дорад, ки ба 150 тухми мурғи хонагӣ баробар аст.
  72. Дар гӯши терпанга нисбат ба гӯши гов миқдори I (йод) 10 000 маротиба зиёдтар аст.
  73. Дар Бразилия колокол ном паррандаи хурдакаке зиндагонӣ мекунад, ки овози он аз 2 км шунида мешавад.
  74. Дар Австралия мурғе мавҷуд аст, ки дар болои тухмаш хоб накарда чӯҷа мебарорад.
  75. Нештаршаклон шабона фаъоланд, чунки онҳо дар равшании зиёд тоқат надоранд ва аз равшании зиёд мефавтанд.
  76. Равғанмоҳӣ то 10 млн. тухм мегузорад.
  77. Тляпия ном моҳии Африқоӣ ки, тухмиҳои моҳии модинаро дар даҳони худ то баромадани моҳичаҳо нигоҳ медорад.
  78. Дар баҳрҳои тропикӣ суфрамоҳиҳои барқӣ зиндагӣ мекунанд, ки онҳо аз худ ҷараёни барқро бо шиддати 70 Вт ҷудо мекунанд.
  79. Дар Дунё дар 1 сол то 5 млн. тонна моҳи сайд карда мешавад, ки он аз рӯи вазн ба 650 млн. сар гов баробар аст.
  80. Вазни моҳии белута то 1000 кг мешавад.
  81. Паррандаи аз ҳама хурдтарини Дунё колибра аст, ки 2 грамм вазн дорад.
  82. Хазандаҳо дар як сол 4 – 5 маротиба пӯсти худро иваз мекунанд.
  83. Андозаи бадани баъзе соддатаринҳо (бронтозаврҳо) то 3 метр ва вазнашон то 50 тонна мешавад.
  84. Дар Калифорния обсабзе мавҷуд аст, ки дар як шабонарӯз то 50 см қад мекашад.
  85. Фароштурукҳо, достакҳо ва баъзе аз паррандагони дигар дар вақти парвоз хомӯшакҳо ва дигар ҳашаротҳои майдаро дошта мехӯранд.
  86. Паррандаҳое, мавҷуданд, ки (фотимачумчуқ, майна ва ғ.) хӯрок дар меъдаи онҳо дар 8 – 10 дақиқа ҳазм мешавад.
  87. Калонтарин боғи ботаникӣ дар Лондон аст, ки 110 га заминро ишғол кардааст.
  88. Тарзи нафасгирии паррандаҳо аҷиб аст, онҳо як маротиба нафас мегиранд ва ду маротиба нафас мебароранд.
  89. Дили кабӯтарҳо дар ҳолати оромӣ 165 маротиба ва дар вақти парвоз 550 маротиба кашиш мехӯранд.
  90. Дар Афғонистон ҷонваре мавҷуд аст, ки Самандар ном дорад ва дар оташ намесӯзад.
  91. Мӯрчахӯр ном ҳайвоне мебошад, ки дар як шабонарӯз 30 000 мӯрчаро мехӯрад.
  92. Андозаи бадани шутурмурғи Африқоӣ то 2,75 метр ва вазанаш то 75 кг мерасад. Вай бо суръати 70 км/соат давида метавонад.
  93. Баъзе паррандагон дар як рӯз то 400 маротиба чӯҷаи худ хурок медиҳанд. Фотимачумчуқ яке аз ин намуди паррандагон мебошад.
  94. Мӯҳраҳои гардани заррофаи гардандароз баробари мӯҳраҳои гардани одам мебошанд, яъне вай ҳамагӣ дар гардани худ 7 мӯҳра дорад.
  95. Гов дар як шабонарӯз 50 литр луъоби даҳонро ҷудо мекунад.
  96. Хирсҳо дар 3 солагӣ ба балоғат мерасанд.
  97. Аз равғани дар бадани одам буда, метавон 7 дона собуни калон истеҳсол кард.
  98. Бадани одам он қадар карбони зиёд дорад, ки агар онҳоро ҷамъ кунем 90 000 дона қалам сохта мешавад.
  99. Бадани инсон барои баровардани 2200 дона гӯгирд фосфор дорад.
  100. Морж яке аз ҳайвонҳои калонатрин мебошад, ки дарозии танаи он ба 4 метр ва вазнаш то 2000 кг мерасад.
  1. Салом Маъмурият ман мехохам ки дар хамин сайт саволномахои синфи 7-ро аз фанни Зоология дохил кунед!!!!

  2. Шероз:

    Салом маъмурият барои хатми синфи 11 маводхоро дохил мекардед хуб мешуд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *